6 онлайн-хизматрасонӣ барои гузаронидани пурсиш

0
1082

Гирифтани робитаи бо истифодабаранда – унсури асосии ҳар як лоиҳаи онлайнӣ аст. Барои гузаронидани пурсиши шунавандагони мастер-класс, истифодабарандагони хизматрасонӣ, хонандагон ва ғайра воситаҳои махсус, оддӣ ва ройгон кӯмак мерасонанд.

  1. Simpoll – конструктори оддии пурсиш ва шаклҳои робитаи баръакс мебошад, ки имкон медиҳад ба осонӣ се навъи пурсишро таҳия намояд:
  • анкета – шакли иборат аз якчанд савол дар як ё якчанд саҳифа;
  • овоздиҳӣ – пурсиши як савол бо вариантҳои ҷавоб;
  • тестӣ – пурсиши иборат аз якчанд савол бо санҷиши ҷавобҳои дуруст.

 

Нархномаи ройгон инро дарбар мегирад:

  • 3 пурсиш (анкетаҳо);
  • 10 савол дар як анкета;
  • 100 ҷавоб ба як савол;
  • 10 мегабайт барои ҷойгиркунии файлҳо;
  • муҳофизат аз иштироки такрорӣ;
  • қоидаҳо барои саволҳо;
  • маҳдудият оид ба муддати пурсиш ё шумораи иштирокчиён;
  • боздиди натиҷаҳо (боркашии натиҷаҳо дар файл дастрас нест).

Anketolog – конструктори анкетаҳо бо нусхаҳо, инчунин панели онлайнӣ бо 79 500 посухдиҳандагони фаъол (дастрасӣ ба база барои пардохти иловагӣ).

Нархномаи ройгон инро дарбар мегирад:

  • 3 пурсиш (анкетаҳо);
  • 10 савол дар анкета;
  • 50 ҷавоб ба ҳар як анкета;
  • 2 мегабайт барои ҷойгиркунии файлҳо;
  • 3 саҳифаи шахсии ширкат ё маҳсулоте, ки дар онҳо тамоми пурсишҳо ҷамъ оварда шудаанд;
  • боздиди натиҷаҳо (боркашии натиҷаҳо дар файл ба назар гирифта нашудааст).
  1. Testograf – хизматрасонии бисёрвазифавӣ барои гузаронидани пурсиш ва гирифтани ҷавоб. Шумораи зиёди нусхаҳо, аз ҷумла анкетаҳои тайёр барои пурсишҳои ғайритиҷоратӣ мавҷуданд.

Нархномаи ройгон инро дарбар мегирад:

  • шумораи номаҳдуди пурсишҳо;
  • шумораи номаҳдуди ҷавобҳо;
  • муҳофизат аз иштироки такрорӣ;
  • виджети пурсиш;
  • натиҷаҳои боргузорӣ дар формати CSV;
  • таъмини амният: сертификати SSL, ҳимоя аз ҳамлаҳои DDoS, back-up-и ҳаррӯза.

  1. Surveymonkey имкон медиҳад, ки пурсиши гуногуни душворро на танҳо дар сомона гузаронанд: дар хизматрасонӣ барномаҳои пурраи мобилӣ барои IOS ва Android мавҷуданд. Интегратсия бо шабакаҳои иҷтимоӣ, MailChimp ва Eventbrite дастрас аст.

Нархномаи ройгон инро дарбар мегирад:

  • 10 савол;
  • 100 ҷавоб;
  • нусхаҳои пурсиш.
  1. Survio – восита барои эҷоди саволномаҳои онлайнӣ ва анкетаҳо. Дорои шумораи зиёди нусхаҳо, аз ҷумла анкетаҳо барои соҳаи маориф ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, дуруст кардани тарҳи фасеҳ. Бо пардохти иловагӣ, ба истифодабарандагон панелҳои онлайнии Cint Link пешниҳод карда мешаванд.

Нархномаи ройгон инро дарбар мегирад:

  • 5 пурсиш;
  • шумораи номаҳдуди саволҳо дар анкета;
  • 100 ҷавоб дар як моҳ;
  • таъмини амният: сертификати SSL;
  • танзими санаи оғоз ва хотимаи ҷамъоварии ҷавобҳо;
  • манъи бозгашт ба саволҳои пештара;
  • содироти ҷадвалҳо дар форматҳои PNG ва SVG.
  1. GoogleForms – онлайн-хизматрасонии комилан ройгони ширкати Google барои гузаронидани онлайн-пурсишҳо.

Имкониятҳои хизматрасонӣ:

  • шумораи номаҳдуди пурсишҳо (анкетаҳо);
  • шумораи номаҳдуди ҷавобҳо;
  • боздиди натиҷаҳо дар намуди графика ва диаграмма;
  • борфарории натиҷаҳо дар ҷадвали Google;
  • фаъолияти муштараки муаллифон аз болои саволномаҳо;
  • тавсифи пурраи вазифавӣ дар дастгоҳҳои мобилӣ;

шумораи зиёди мавзӯъҳои ороишӣ ва танзими фасеҳи дизайни анкетаҳо.

Манбаи мавод – te-st.ru. Маслиҳат ва тавсияҳоро оид ба тарзи гузаронидани онлайн-пурсиш аз ин истинод метавонед дарёфт намоед.

LEAVE A REPLY

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь