Чаро дар Бадахшони Тоҷикистон расонаҳои мустақил вуҷуд надоранд?

Курбон Аламшоев

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бузургтарин минтақа дар Тоҷикистон буда, масоҳаташ тахминан ба Латвия баробар аст. Воқеан, дар ин ҷо як ВАОи мустақил вуҷуд надорад ва дар зарурат мардум аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ВМКБ маълумот меҷӯянд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аслан як минтақаи беназир аст; мегуянд, ки дар замони шӯравӣ фоизи дорандагони маълумоти олӣ дар Помир дар Иттиҳоди Шӯравӣ бузургтарин буд. Аз эҳтимол дур аст, ки маълумоти боэътимоди ин далелро тасдиқкунанда пайдо шавад, аммо одамоне, ки шахсан бо аҳолии Помир шиносанд, ба ин шубҳа надоранд. Мардуми Помир аксар вақт соҳибонмаълумот, омузандагони забонҳои хориҷӣ ва мусиқинавозони хубанд. Донишгоҳи аз ҳама пешрафтаи Тоҷикистон,( Донишгоҳи Осиёи Марказӣ) ҳоло дар маркази вилояти Бадахшон – шаҳри Хоруғ ҷойгир аст; ҳамчунин як маркази муосири ташхис кушода шудааст, ки бояд барои сайёҳони соҳаи тибб ҷолиб бошад. Воқеан, дар ин ҷо аллакай сайёҳони гурӯҳҳои мухталиф ба қадрӣ кофӣ ҳастанд; Помир ҷои дӯстдоштаи сайёҳон аз тамоми ҷаҳон аст.

Бо вуҷуди ин ҳама афзалиятҳои ВМКБ,норасоиҳои  ҷиддӣ ҳам ҷо доранд . Ин минтақаи дурдасттарин ва дастнорастарин дар Тоҷикистон аст. Дар беҳтарин ҳолат,агар кор омад кунад, барои аз Душанбе то Хоруғ расидан, ҳадди аққал 12-14 соат лозим  аст.  Иловатан аксар вақт мусофирон бо таҳаммул кардани нороҳатиҳо-роҳҳои ноҳамвор, кандаву пасто баланд ин масофаро  пушти сар мекунанд  “Ин роҳ нест, балки як самт аст” – мегуянд мардум бо тамасхури талх, вале  чораи  дигаре надоранд: байни Помир ва қисматҳои дигари Тоҷикистон ягон роҳи ҳавоӣ ё роҳи оҳан вуҷуд надорад. Ва боз дар ВМКБ расонаҳои мустақил вуҷуд надоранд, дар бораи ин минтақа дар матбуоти марказии тоҷик ё нашрияҳои хориҷӣ кам менависанд.

Танҳо васоити ахбори оммаи давлатӣ ҳастанд:як рӯзномаи минтақавии Бадахшон, як рӯзномаи шаҳрӣ ва ҳафт рӯзномаи ноҳиявӣ, телевизиони минтақавии Бадахшон бо вақти шонздаҳ соат ва радиои минтақавӣ, , ки бештар барои  истеъмолкунандагони маҳаллӣ дар ин минтақа кор мекунанд Дар соли 2007, радио ба пахши FM гузашт, аммо барои аксарияти аҳолии минтақа бо сабабҳои техникӣ то ҳол дастнорас аст. Танҳо сокинони шаҳри Хоруғ ва деҳаҳои наздик ба телевизиони минтақавӣ дастрасӣ доранд.

Рӯзномаи Бадахшон ҳар ҳафта бо теъдоди 3100 нусха  ва дар матбааҳои Душанбе чоп мешавад. Рӯзномаҳои ноҳиявӣ моҳе як ё ду бор нашр мешаванд. Дар ин ҷо ягон рӯзномаи марказии мустақил барои фурӯш мавҷуд нест, газетаҳои давлатиро кормандони мақомоти маҳаллӣ тавассути обуна мегиранд. Аз тамоми ВАО-е, ки дар ВМКБ фаъолият мекунанд, ягонтааш сомонаи  худро надорад.

Нобиға будан кифоя нест, бояд дар пойтахт зиндагӣ кард”

Албатта, на ҳама вақт чунин буд: рӯзноманигорон дар минтақа солҳои дароз кӯшиш мекарданд, ки кори нашрияҳои мустақилро роҳандозӣ кунанд. Чунин кӯшиш охирин бор чанд сол қабл буд. Масалан, рӯзноманигор Ифтихори Миршакар нақл мекунад, ки чӣ гуна соли 2014 як гурӯҳ ҷавонон аз шаҳри Хоруғ рӯзномаи худро боз карданд.

– Аз моҳи апрели соли 2014 то июни соли 2015 мо бо дастгирии молиявии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) рӯзномаи мустақили “Помир инфо” -ро нашр кардем. Аз сабаби набудани маблағ, нашрияро ҳар моҳ бо теъдоди 300 нусха нашр мекардем. Нашрия дар бораи тамоми воқеаҳои муҳиме, ки дар ВМКБ рух медоданд, нақл мекард. Аммо моҳи июни соли 2015 бо сабаби надоштани маблағ нашри он қатъ гардид. ”- мегуяд Ифтихор.

Ба гуфтаи вай, барои редаксия маҳаллии мустақили таҳқиқотӣ манбаи ягонаи маблағгузорӣ – грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ мебошанд.

 

– Азбаски аксарияти аҳолии мо камбизоат аст, одамон ба рӯзномаҳо обуна намешаванд. ВМКБ дорои сатҳи баланди бекорӣ, нархҳои баландтарини маводи ғизоӣ ва чизҳои зарурӣ дар Тоҷикистон аст ва он ҳам бо даромади камтарини одамон. Ва чанд ширкат ё корхонаҳое, ки дар минтақа андаке муваффақанд, бовар доранд, ки ҳама дар бораи онҳо медонанд, аз ин рӯ ба онҳо реклама лозим нест. “-шарҳ медиҳад Ифтихор.

Мусоҳиби мо мегӯяд, ки барои рушди “Помир Инфо”, якчанд лоиҳа омода карда, ба сохторҳои гуногуни байналмилалӣ фиристодаанд, аммо дастгирӣ наёфтанд.

– Ба назарам, барои донорҳои байналмилалӣ кор кардан дар Душанбе ва минтақаҳои ҳамсояи кишвар, нисбат ба Помири дурдаст ва кӯҳистон бештар роҳат аст. Вақте рӯзноманигорони ҷавон аз ман мепурсанд, ки чаро, ба ҷуз истисноҳои нодир, ҳеҷ кас ВАО-и мустақилро дар ВМКБ дастгирӣ намекунад, ман ба онҳо бо иқтибос аз Стендал ҷавоб медиҳам: “Нобиға будан кифоя нест, бояд дар пойтахт зиндагӣ кард” – мегӯяд Ифтихор.

Не маблағ, на кормандон ва  на хоҳиш

Рӯзноманигори дигар, Қурбон Аламшоев, ки замоне рӯзномаи “Помир” -ро нашр мекард, тақрибан ҳамин ҳикояро нақл мекунад.

– Вақте ки мо рӯзномаи “Помир” -ро таъсис додем, мо орзуи хеле калон доштем. Аммо, маблағҳое, ки мо аз сарпарастони маҳаллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дарёфт кардем, барои чизе кофӣ набуданд, -мегӯяд Қурбон.

Вай ҳама мушкилотеро, ки идораи  рӯзномаи “Помир” рӯ ба рӯ шуда буданд, номбар кард, ки дар байни онҳо набудани чопхонаи муосир асту хароҷоти нақлу ҳамл ва набудани кормандони касбиву қолабҳои шахшудаи муносибатҳо ҳам.

УЦА

– Мутаассифона, дар ҷомеаи мо чунин як стереотип вуҷуд дорад: агар ВАО мустақил бошанд, пас ба таври автоматӣ – алайҳи мақомот ва  душман ҳастанд. Ин боиси тааассуф  аст. Фикр мекунам, ки васоити ахбори оммаи мустақил метавонанд ёварони беҳтарини мақомот дар амалӣ сохтани ниятҳои нек бошанд. ”, -мегӯяд Қурбон.

Кӯшиши дигаре дар эҷоди маҳсулоти расонаӣ, ки махсус барои Помир  бошад, ба Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори маъруф ва менеҷери ВАО дар кишвар тааллуқ дорад.

– Дар радиои “Имрӯз”, ягона радиостансияе, ки танҳо бо забони тоҷикӣ пахш мешуд, мо моҳи декабри соли 2013 пахши барномаи  фарҳангӣ ва этнографиро бо забони помирӣ- “Тат Гапен” роҳандозӣ намудем. Барномаи дусоата  ҳафтае панҷ маротиба дар рӯзҳои  корӣ пахш мешуд. Тақрибан як моҳ пас, дар моҳи январи соли 2014 баста шуд. Мушкилоти техникро, расман, баҳона карданд, аммо дар асл, барнома бо сабаби забони пахш баста шуд, зеро ин барнома бо забонҳои помирӣ буд, -мегӯяд Рустами Ҷонӣ

«Аз Бадахшон чи хабар?»

Агар шумо аз рӯзноманигорони тоҷик бипурсед, ки иттилооти муътамадро дар бораи ҳодисаҳои Помир аз куҷо  мегиранд, аксарият ба ғайр аз манбаъҳои мустақим,  ба якчанд гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ишора мекунанд. Яке аз инҳо – Помир News соли 2012, замоне пайдо шуд, ки тибқи фарзияи расмӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ барои боздошти қотилони Генерали Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гузаронида мешуд. Дар ҷараёни баргузории амалиёт, аз минтақа ягон маълумоте ба даст намеомад ва аъзои гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш карданд, ки дар бораи ҳодиса сӯҳбат кунанд.

-“Гурӯҳи мо 27 ҳазор узв дорад, ки тақрибан ҳамаи онҳо соли 2012 пайдо шуда, то ҳол бо мо ҳастанд”, -мегӯяд журналисти маъруфи тоҷик, модератори гурӯҳ Рамзия Мирзобекова. –  Аз ҳодисаҳои Помир мардумони оддӣ нақл мекунанд, ки дар ин минтақа зиндагӣ доранд. Албатта,  на ҳамеша маълумот боэътимод аст, аммо ҳамаи модераторҳои мо дар ВАО кор карданд ва   ба паҳлуҳои  иттилооот сарфаҳм мераванд , мо кӯшиш мекунем, ки хабарҳои дуруғинро фавран нест кунем.

Ба ғайр аз журналистон, корбарони оддӣ, ки ба рӯйдодҳои Помир таваҷҷӯҳ доранд, барои иттилоот ба чунин гурӯҳҳо меоянд; қариб ки ҳеҷ кас ба нақлҳои ВАО марказӣ дар бораи ВМКБ боварӣ надорад.

– ВМКБ имрӯз дар фазои холии иттилоотӣ қарор дорад, аксарияти иттилоот беэътимод ва ғаразнок мебошанд , рӯзноманигорони мустақили тоҷик дар бораи вазъи воқеии минтақа амалан иттилоъ надоранд,- мегуяд Рустами Ҷонӣ.

Ва ҳамкасбаш Қурбон  низ бо ӯ розӣ аст.

Набудани расонаҳои муқаррарии мустақил дар ВМКБ ба он оварда расонд, ки дигар расонаҳое, ки берун аз минтақаи мо кор мекунанд, маълумоти аз ҳақиқат дурро медиҳанд, аксаран аҳолии Помирро беасос сиёҳ мекунанд. Ин халоро инчунин шахсони номаълум бо лақабҳои  мустаъори мухталиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ пур мекунанд ”, -мегӯяд Аламшоев.

Дар мавриди ифтитоҳи дафтарҳои мухбирон  дар Помир, аз сабаби мавҷуд набудани маблағгузории кофӣ,  он берун аз иқтидори  редаксияҳост.

-Вақте расонаҳои марказӣ  рӯзноманигорони Помирро ба кор даъват менамоянд, ба онҳо маоши ночизе пешниҳод мекунанд. Онҳо ба назар намегиранд, ки Хоруғ аз ҳама шаҳри гаронқимати Тоҷикистон аст. Агар шумо аз Душанбе то Кӯлоб бо нархи 20 сомонӣ (тақрибан 2 доллар) ва дар ду соат расед,  аз Хоруғ то Мурғоб (маркази минтақа дар шарқи ВМКБ -), шумо  бо сарфи 140 сомонӣ (тақрибан 14 доллар) ва ҳашт соат  мерасед. . Расонаҳои марказӣ ин нуктаро ба инобат намегиранд. Аз ин рӯ, рӯзноманигорони маҳаллӣ наметавонанд бо онҳо кор кунанд,- мегӯяд Қурбон.

Гузашта аз ин, ҳар як рӯзноманигори тоҷик хуб медонад, ки хабарҳо ё мақолаҳо дар Помир қариб ҳамеша шумораи зиёди хонадаро фаро мегиранд; Ин минтақа на танҳо барои сокинонаш, балки барои ҳама ҷолиб аст. Ин шӯхӣ нест, ки ВМКБ-ро «Боми ҷаҳон» меноманд ва дар хориҷи кишвар ҳам Тоҷикистонро аксаран бо хотири Помир мешиносанд. Мутаассифона, ин қаламрав дар дохили  кишвар ҳоло ҳам Terra Incognita аст.

LEAVE A REPLY

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь