хона Нақди Расонаӣ Акси ҷасадҳо дар ВАО. Чоп кардан лозим аст ё на

Акси ҷасадҳо дар ВАО. Чоп кардан лозим аст ё на

Шашуми ноябр, вақте  Тоҷикистон солгарди қабули Конститутсияро ҷашн мегирифт, бузургтарин сомонаҳои иттилоотии кишвар дар саҳифаҳои худ на танҳо табрикот, балки аксҳои  мудҳиш ва такондиҳандаро низ ҷой доданд. Шаби панҷум ба шашуми ноябр 20 ҷангҷӯи номаълум ба постгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон, ки 60 км аз Душанбе дуртар қарор дорад, ҳамла карданд, баъзеашон дар ҳамон ҷо кушта ва  дигарон боздошт шуданд. Маркази матбуоти ВКД ҷасадҳои сухта ва порашудаи ҳамлагаронро нашр кард ва ВАО-и ватанӣ  ин аксҳоро дубора бознашр намуданд.

«Одамони ҳассос пайвандҳоро пайгирӣ накунанд», «контенти  ваҳмовар», «тамошои маҳдуд барои занону кӯдакон» –   дар чунин мавридҳо пештар ба ҳамин шакл менавиштанд. «Азия Плюс», achbor.com аксҳои фавтидагонро бидуни коркард ҷойгир карданд. Нашрияҳои боқимонда каме боназокаттар буданд – ҷасадҳои сӯхташударо аз наздик нишон надоданд, аммо хун, ҷасадҳои оддӣ ё сухташуда буданд, ҳарчанд онҳоро аз дур нишон доданд.Чанде аз ин аксҳоро «Радиои Озодӣ», яктоашро «СуғдНюс» ва яктои дигарро «Авесто» нашр кардаанд. Бояд гуфт, ки дар нимаи дуюми рӯз, 6-уми ноябр «Радиои Озодӣ» ҳангоми нашри хабарии навбатӣ дар ин мавзӯъ аллакай аксҳоро тира карда буд.

Пурра аз «контенти такондиҳанда» «Вечерка»(бо интихоби симхори абстрактӣ) ва АМИТ «Ховар» худдорӣ карданд, ки нишони КДАМ-ро ҳамчун иллюстратсия барои хабар истифода карданд. Аксҳои тиранокада дар каналҳои Telegram ва пайвандҳои WhatsApp паҳн карда мешуданд. Дар телевизионҳои давлатӣ,  дар бораи ҳодисае, ки он шабгузашт чизе нагуфтанд, гарчанде ки ғайр аз ҷангиён ду корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми ин ҳодиса ҷон додаанд.

Барои расонаҳои тоҷикӣ нашри акси ҷасадҳои ҷангҷӯёни кушташуда кори ғайримаъмулӣ нест. Тобистони соли 2018 ВАО айнан ҳамин тавр аксҳои террористони кушташударо чоп карданд, ки аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон маҳв шуда  буданд. Он замон фоҷиаи мудҳише рух дода буд, ки боиси ба ҳалокат расидани сайёҳони хориҷӣ гардид. Террористонро нобуд карданд, ВКД расмҳои кушташудагонро паҳн кард, дар Интернет аксҳо пайдо шуданд, ки чӣ гуна ҷангиён савганд ёд мекарданд. Журналистони тоҷик ҳатто коллажҳо сохтанд: – ана инаш ҷинояткорон зинда зери парчами сиёҳ, ин ҷо бошад  онҳо аллакай кушта шудаанд.

Ҳама аксҳо  бо плани барҷаста, аз наздик буданд, мазмун, мардум онҳоро бо ҳам махлут накунанд. ВАО мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ   чизро вайрон накардаанд. Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» ҳеҷ гуна маҳдудиятро барои интишори чунин контент надорад, аксҳо аз манбаъҳои расмӣ гирифта шуда буданд. Дар кодекси ахлоқ ва одоби рӯзноманигорони тоҷик ягон калима дар бораи паҳн накардани чунин аксҳо нест. Дар воқеъ  масълаи  нашр кунем ё не ва агар нашр кунем, пас чӣ гуна,  масъалаест, ки ҳар як нашрия худаш қарор қабул мекунад.

Шояд, ба назарам чунин намуда бошад, а?

Рӯзи 6 ноябр, то чошт Вазорати корҳои дохилӣ,  тасвирҳои ваҳимро аз сомонаи худ ҳазф кард, аммо  дар расонаҳо онҳо пайдо шудан мегирифтанд. Дар ин муддат, рӯзноманигорон тавонистанд дастбандҳоро дар яке аз ҷасадҳои сухташуда пай баранд ва ба додани саволҳои нороҳаткунанда шурӯъ карданд. Бояд гуфт, ки ҳануз ҳам  ба он саволҳо ҷавоб нагирифтаанд.

Чунин ба назар мерасид, ки расонаҳои Тоҷикистон барои нишон додани ин аксҳо ба аудитория сабаб доштанд, аммо нашрияҳои русии “Коммерсантъ” ё “РБК“, ки яке аз аввалинҳое буданд, ки саволҳо доданд, аз ҷумла дар бораи дастбандҳо, ин аксҳоро  нишон надоданд ва ҳеҷ чизро ҳам аз даст надоданд. Аксар нашрҳои хориҷӣ дақиқан ҳамин тавр амал карданд. Матбуоти тоҷик ба дигар роҳ рафт ва  чунин менамояд, ки  ба доми гузоштаашон худашон  афтоданд.

Аввалан,  аудиторияе, ки бо чунин контент дучор шудааст, дар ҳар сурат эҳсосоти сахтро аз сар мегузаронад, ки барои қабули қарорҳои асоснок ва таҳлил монеъ мешаванд. Аз руй он, ки дирӯз ва имрӯз корбарони оддии шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи аз байн бурдани силоҳбадастон паёмҳоро пост мекарданд ва  миннатдории самимии худро ба мақомотҳои қудратӣ изҳор менамуданд, шояд  ҳамин тавр ҳам шуд.

Сониян, ин «контенти шокӣ» ба ақли солим мухолиф аст:  дар ҳама ҳолатҳо хабарҳо дар бораи ҳамлаи террористӣшумораи боздидҳоро ҷамъоварӣ мекунанд ва зарурати додани ҷузъиёти ваҳшатовари такондиҳанда лозим нест. Ғайр аз ин, дар аксҳо дигар  на ҷинояткорҳо , балки ҷасадҳои онҳост, яъне марг ҳатто парвандаҳои ҷиноятии овозадорро ҳам  қатъ мекунад. Аз ин бар меояд, ки вақте ки ВАО аксҳои ҷасадҳои сӯхташударо нашр мекунанд, онҳо танҳо тасвирҳои шахсони мурдаро нашр мекунанд, ки дар қатори дигарҳо метавонанд онҳоро кӯдакони хурдсол, пиронсолон ва махсусан занони ҳассос ҳам бибинанд.

Ва солисан. Чаро милитсияи тоҷик аксҳоро аз маҳалли бартараф кардани ҷангҷӯён паҳн мекунад,  то андозае фаҳмост: ин амали тарсдиҳӣ аст ё роҳи исботи чизе. Агар ин тавр бошад, пас бознашри ин аксҳои такондиҳанда аз ҷониби васоити ахбори оммаи тоҷик кори олии хадамоти матбуотии мақомот мебошад. Рӯзноманигорон аксҳоро нашр карданд, ҳамаро тарсонданд, дар робита ба «ҷангҷӯён» мавҷи хашм ва ғазабро ба вуҷуд оварданд ва танҳо баъд саволҳо доданд: «шояд ба назарам тофта бошад, ё..» ва чаро дасти ҷасадро баста буданд?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Вежагиҳо ва тазодҳои YouTube-канали шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон

Аз 14 шабакаи телевизиони давлатии Тоҷикистон 11-тои он ва аз 15 шабакаи телевизиони мустақили кишвар 13-тои  он YouTube-канали худро таъсис додаанд.   Аммо дар пасманзари...

Чӣ гуна рӯзноманигорони Қазоқистону Тоҷикистон бо COVID-19 мубориза мебаранд

Дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ, Интернюс озмуни грантии “Иттилоот ҳаётро наҷот медиҳад” – ро эълон кард, ки он ба дастгирии васоити ахбори маҳаллӣ...

Тарҳрезӣ ва ба пеш бурдани лоиҳаҳои вижа дар Тоҷикистон

Рӯзноманигор, продюсер, барандаи лоиҳаҳои “Салом, соседи“, “В чем сила, сестра?” ва коргардони филми ҳуҷҷатии “Мардикор” - Маҳпора Киромова дар вебинари махсуси Интернюс, ки 9-уми...

Ҳаҷви тоҷикӣ дар YouTube: бемаъно ва бераҳмона

0
Ҳаҷви миллии тоҷикон таърихи ғанӣ дорад. Барои мисол, масалҳои достони Хоҷа Насриддин ва шоири афсонавӣ Убайд Зоконӣ, ки нозукиву равшании шӯхии онҳоро ба забони...

Вебинар: Чӣ гуна дар барномаи ZOOM мусоҳибаҳоро ташкил ва сабт кард?

Рустам Гулов, мутахассиси саводнокии расонаӣ ва мултимедиаи Интернюс дар Тоҷикистон, дар бораи чӣ гуна дуруст танзим кардани ZOOM барои гузаронидани мусоҳиба, хусусиятҳои иловагии муфиди...