хона Медиалента 5 маслиҳат барои расонаҳое, ки мехоҳанд ток-шоу ба навор гиранд

5 маслиҳат барои расонаҳое, ки мехоҳанд ток-шоу ба навор гиранд

Коргардон-таҳиягар,ҳаммуаллифи аввалин ток-шоуҳои машҳур дар Қирғизистон- Иброҳим Ҳасан-Ахунов аз 24 то 29 ноябр барои кормандони соҳаи ВАО дар Душанбе тренинг оид ба “Истеҳсоли камхарҷ дар телевизион ва платформаҳои онлайнӣ” баргузор мекунад. Пеш аз ҳама, иштирокчиён ба тарзи наворгирии ток-шоу таваҷҷӯҳ доранд. Дар танаффуси байни дарсҳо, Иброҳим  ба расонаҳое , ки бо ин фомарт кор кардан мехоҳанд,  аз  тариқи “НР”чанд маслиҳати муфид дар бораи паҳлуҳои  муҳими ин самти фаъолят дод.

Интихоби мавзӯъ

Ба иловаи он, ки муаллиф бояд дар мавзӯи ток шоу ғарқ шавад,  таваҷҷӯҳи самимӣ низ дошатанаш зарур аст. Мавзӯъҳои ток-шоу метавонанд тамоман гуногун бошанд, аммо бояд  тарзи пешниҳодеро  пайдо кард, ки ҳатто мавзӯи мураккаб мушахассан ба одами оддӣ таъсир расонад. Масалан, мавзӯи технологияҳои сабз хеле мураккаб аст, аммо онро метавон тавре пешниҳод кард, ки  ҳамаро фаро бигирад. Мувофиқат кардани мавзӯи ток-шоу бо хабарҳои мубрам шарт нест, зеро  он метавонад  падидаи идомадоре бошад, ки  мардум аллакай  бо он ошноӣ доранд . Ҳангоми эҷоди ток-шоу, силсилавиӣ будани он  бояд дар мадди назар бошад, ба ибораи дигар  ҳеҷ кас барои як ток-шоу пул намедиҳад. Бояд силсилаи барномаҳое бошад, ки дар атрофи як чиз сохта мешаванд. Масалан, ток-шоуи Малахов, ин муносибати инсон дар зуҳуроти гуногун аст.

Гурӯҳи қавии мутахассисон

Барои сохтани ток-шоу як гурӯҳи комил, на танҳо баранда, балки коргардон,наворбардор ва муҳаррир зарур аст. Албатта, дар айни замон ҳама чиз имконпазир аст: айфони нав, вақте ки ҳамаи чаҳор камераи он кор мекунанд, имкони  гирифтани наворҳои босифатро бидуни мутахассисони иловагӣ  медиҳад. Албатта, ин ток-шоу шояд  ба фаҳмиши классикиаш нест, аммо, аз нигоҳи техникӣ, ҳатто як нашрияи онлайнии на он қадар бой ба худ чунин форматро раво дидан метавонад. Ҳоло ку вақти ҷустуҷӯ аст ва меъёрҳои қатъӣ вуҷуд надоранд. Мо ҳама озмоиш мекунем ва чизе  боқӣ мемонаду чизе аз байн меравад.

Аммо бояд дарк кард, ки  аҷобати ток-шоу дар он аст, ки онро ҳама ва ҳамин ҳоло тамошо мекунанд ва бо ҳамин далел  барои телевизион ин формат хеле мувофиқ аст. Намоишҳои гуногун дар Интернет чун як чизи инфиродии шумост. яъне кадом вақте хостӣ тамошо мекунӣ. Дар робита ба нашрияҳои онлайнӣ, пахши мустақим барои  ток-шоу мувофиқ аст.

Интихоби қаҳрамон

Қаҳрамони ток-шоу одам ё одамоне мебошанд, ки ин мавзуъ бевосита ба онҳо вобастагӣ дорад. Коршиносон, мансабдорон, табибон… дар ток-шоу, ба сифати нозирон ва шарҳдиҳандагон мебошанд, ки метавонанд ибрози андеша кунанд, роҳҳои ҳалли мушкилотро пешниҳод кунанд, аммо нақши дуввумдараҷа доранд. Ҳама ток-шоуҳо дар атрофи достон/сюжети одами зинда сохта мешаванд. Достон набошад – ток-шоу ҳам нест.

Озмоишҳо

Ин жанр он қадар васеъ аст, ки дар он кор кардан озмоишҳои доимиро талаб мекунад. Ба барномаи “Вечерний Ургант” нигоҳ кунед – сартосар озмоиш ҳаст!

Баранда

Барандаи ток-шоу бояд табиӣ, яъне самимӣ ва ростқавл , ҳамзамон ситора ва шахсияти ҷаззоб бошадт. Ҷаззобиятро дар худ сайқал додан мумкин аст, бо он таваллуд шудан шарт нест: мансабдоронро дар вақти қудрат ба ёд оред, – онҳо харизмаи зиёд доранд, аммо вақте ки ба нафақа мераванд, аксарияти онҳо ба  пиронсолони оддӣ табдил меёбанд.

Дар тренинги “Истеҳсоли камхарҷ дар телевизион ва платформаҳои онлайнӣ”,  ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар Душанбе гузаронида мешавад, намояндагони шабакаҳои телевизионҳои мустақил, давлатӣ, студияҳои истеҳсолӣ, ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ҳамингуна омӯзиш дар миёнаҳои моҳи декабр  дар Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Ин лоиҳа дар доираи барномаи Осиёи Марказӣ- MediaCAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (ЮСАИД) баргузор мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Вежагиҳо ва тазодҳои YouTube-канали шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон

Аз 14 шабакаи телевизиони давлатии Тоҷикистон 11-тои он ва аз 15 шабакаи телевизиони мустақили кишвар 13-тои  он YouTube-канали худро таъсис додаанд.   Аммо дар пасманзари...

Чӣ гуна рӯзноманигорони Қазоқистону Тоҷикистон бо COVID-19 мубориза мебаранд

Дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ, Интернюс озмуни грантии “Иттилоот ҳаётро наҷот медиҳад” – ро эълон кард, ки он ба дастгирии васоити ахбори маҳаллӣ...

Тарҳрезӣ ва ба пеш бурдани лоиҳаҳои вижа дар Тоҷикистон

Рӯзноманигор, продюсер, барандаи лоиҳаҳои “Салом, соседи“, “В чем сила, сестра?” ва коргардони филми ҳуҷҷатии “Мардикор” - Маҳпора Киромова дар вебинари махсуси Интернюс, ки 9-уми...

Ҳаҷви тоҷикӣ дар YouTube: бемаъно ва бераҳмона

0
Ҳаҷви миллии тоҷикон таърихи ғанӣ дорад. Барои мисол, масалҳои достони Хоҷа Насриддин ва шоири афсонавӣ Убайд Зоконӣ, ки нозукиву равшании шӯхии онҳоро ба забони...

Вебинар: Чӣ гуна дар барномаи ZOOM мусоҳибаҳоро ташкил ва сабт кард?

Рустам Гулов, мутахассиси саводнокии расонаӣ ва мултимедиаи Интернюс дар Тоҷикистон, дар бораи чӣ гуна дуруст танзим кардани ZOOM барои гузаронидани мусоҳиба, хусусиятҳои иловагии муфиди...