хона Саводи Расонаӣ Муносибати дӯстонаи нашрияи «Азия-Плюс» дар Тоҷикистон бо аудиторияи худ дар кадом сатҳ...

Муносибати дӯстонаи нашрияи «Азия-Плюс» дар Тоҷикистон бо аудиторияи худ дар кадом сатҳ аст

“Биёед нашрҳои рӯзномаи моро муҳокима кунем? Шумо чиро меписандед ва чиро  не. Шарт нест, ки танҳо матнҳоро, биёед дизайнро низ муҳокима кунем”, менависад Олга Тутубалина, сардабири гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» дар саҳифаи гурӯҳи  Facebookии худ.  Инак дар ин бора сӯҳбат хоҳем кард, ки аз ин чӣ ҳосил шуд ва муносибати дӯстнаи «Азия Плюс» бо аудиторияи худ дар кадом сатҳ аст.

Умуман, нашрияи Азия Плюс, ки соли дуюм боз дар Тоҷикистон баста аст, бо аудиторияи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле ифтихор дорад. Агар шумо ба рақамҳо назар афканед, ин нишондиҳандаҳои хоксорнаанд , аммо сатҳи ҷалби аудитория  дар ҳамон саҳифаи Asia-Plus Media Group дар Facebook назар ба дигар саҳифаҳои дорои  обуначиёни зиёд,  бештар аст.

– “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоии худ ҳеҷ гоҳ таблиғоти агресивӣ надошт ва   харҷи заҳматро   дар он кори беҳуда мешумурд. Бале, аудиторияро муддати тӯлонӣ ҷамъ кардем, тақрибан ҳашт сол лозим омад. Ҳоло дар саҳифаи расмии “Азия-Плюс” дар Facebook панҷоҳ ҳазор обуначиён мавҷуданд, дар гурӯҳи «Азия-Плюс» даҳ ҳазор, аз рақибони наздиктарин дусад ҳазор, аммо ҷалб намудани «Азия-Плюс» хеле зиёдтар аст, ҳатто бо ҳамон панҷоҳ ҳазораш. Ман фикр мекунам, ки ин нишондиҳандаи муҳимтарин аст, зеро таблиғгар ба аудиторияи васеъ ниёз надорад,барояш аудиторияе муҳим аст, ки вафодор аст ва  аксуламал нишон медиҳад. “Азия-Плюс” медонад, ки кӣ ба саҳифаи вай медарояд, хусусият ва афзалиятҳои онҳо чӣ гунаанд, – мегӯяд Зебо Тоҷибоева, собиқ директор ва ҳоло роҳбари лоиҳаи хусусии Your.Tj, дар бораи фаъолияти нашрия дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ба аудиторияи худ рӯзноманигорони гурӯҳи расонаҳои АП барои машварат муроҷиат карданд ва посух гирифтанд. Масалан, навиштаи редаксия дар мавриди муҳокимаи нашрҳои рӯзномаи «Азия Плюс» беш аз 50 шарҳ ҷамъ овард, ки дар онҳо танҳо якчанд нафар гила кардаанд, ки матнҳои нашрия ноқисан ва сарфу наҳв мелангад, боқимонда кӯшиши карданд, ки воқеан кӯмак  расонанд.

“Он, ки шумо аз мо машварат дархост мекунед,  алакай хуб аст”, -навиштааст Сурайё Иброҳимова дар зери пост.

Сардабири гурӯҳи расонаҳо Олга Тутубалина мегӯяд, ки вай амдан ба корбарон барои маслиҳат дар гурӯҳи «Азия Плюс» дар Facebook муроҷиат кард, на дар саҳифаи расмӣ, ҳарчанд дар он ҷо обуначиён зиёдтаранд.

Олга Тутубалина

– “Дар гурӯҳ сӯҳбатҳо як навъ самимитар ҳастанд, оре,одамон каманд, аммо фикру андешаҳояшонро бештар ифода мекунанд. Эҳтимол маҳз дар ҳамин ҷо ҷомеаи расонаии мо ба маънои классикиаш шакл гирифтааст ”, – шарҳ медиҳад Олга.

Ӯ мегӯяд, ки чанд сол пеш нашрия  барои тағйир додани рӯзнома ислоҳотро оғоз карда буд, аммо нақшаҳо тавре мо пешбинӣ кардем, амалӣ нашуданд. Бо вуҷуди ин, рӯзноманигорон аз иҷрои онҳо даст кашидан намехоҳанд ва ҳоло ба ин раванд корбарони худро аз шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҷалб кардан мехоҳанд. Гузашта аз ин, аудитория дар шабакаҳои иҷтимоӣ шакли чопии рӯзномаро низ фаъолона муҳокима мекунад.

– Чизҳое ҳастанд, ки мо умуман дар бораи он фикр накарда будем. Масалан, мо дар шумораи душанбегии рӯзнома як саҳифаи  адабӣ доштем, ки бе пушаймонӣ аз он даст кашида будем. Аммо маълум шуд, ки хонандагони мо ба он ниёз доранд, албатта на дар он шакле, ки қаблан буд. Ягон намуди маҳфиле лозим аст, ки дар он ҷо одамон адабиётро муҳокима карда тавонанд. Мо фикр хоҳем кард, ки ин корро чӣ гуна бояд амалӣ кунем ”,- мегӯяд Олга.

Аудиторияи феълии рӯзномаи «Азия Плюс» шахсони дорои маълумоти олӣ мебошанд,ки синну солашон 40 ва аз он болотар аст ва ягон бархурди воқеъӣ бо ин хонандагон вуҷуд надорад. Олга ба ёд меорад, ки қаблан мардум мактубҳои зиёд бо тавсияҳо ва маслиҳатҳо ба идораи редакция равон мекарданд, хонандагон  омада бо хабарнигорон сӯҳбат мекарданд. Ҳоло ҳам номаҳо меоянд, аммо танҳо аз одамони ноумед, одатан, одамони сину солашон калон бо дархостҳои шахсӣ барои кӯмак муроҷиат мекунанд. Баъзан одамон дорои мушкилоти вазнин худашон ба нашрия  меоянд.

-Ду сол қабл мо тасмим гирифтем, ки рӯзномаи мо барои одамони ояндадор, сарватманд, баландпарвоз ва ҳатто бонуфуз бошад. Мо кӯшиш кардем, ки мавзӯи рӯзномаро тағйир диҳем, барои аудиторияи навамон бештар нависем. Аммо мо то ҳол намедонем, ки муваффақ шудем ё на. Ин камбудии мост. Мо изҳор доштем, ки рӯзномаи мо барои онҳо аст, аммо ба онҳо дар ин бора чизе нагуфтем. Мо пайвандро дақиқ накардаем, иртиботро хуб ба роҳ намондем. Умуман, чизҳое ҳастанд, ки  аз болои онҳо бояд кор кунем,- иқрор мешавад Олга.

Тамоми контенте, ки дар  гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар рӯзнома, радио, сомона – нашрия таҳия мешавад, ба шабакаҳои иҷтимоӣ интиқол  дода мешавд ва ба майдонҳои мухталиф такя мекунад. Далелаш он аст, ки  ду сол боз бо сабабҳои номаълум сомонаи расмии Азия-Плюс дар қаламрави Тоҷикистон баста шудааст ва рӯзноманигорон мекӯшанд, ки контенти худро ба истифодабарандагон бо осонтарин роҳҳо  расонанд. Аз лаҳзаи басташавӣ, аудиторияи гурӯҳи расонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле афзоиш ёфтааст, масалан, канали Telegram, ки аз ҷониби “Азия-Плюс” (8.3K) идора мешавад, калонтарин дар Тоҷикистон аст.

– Аудиторияи мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол ва содиқ аст ва гуноҳ аст, ки аз ин истифода накунем. Корбарон дар ҳақиқат ба хабарнигорон кӯмак мерасонанд. Масалан, мо ба туфайли муштариёни худ мавзӯъҳоро интихоб мекунем, матлабҳои барояшон бештар писандро  назорат мекунем ва ҳатто  дар бораи чӣ навиштан лозим нест ва агар нависем, пас чӣ гуна бояд бинависем. Аудитория дар бартараф кардани хатоҳои мо кӯмак мекунад ва аксар вақт ин раванд ба муколама ва баъзан ба мавзӯи нав мубаддал мешавад. Ҳамчунин  аудитория барои ёфтани қаҳрамонон кӯмак мерасонанд. Дар ин ҷо мо истиҳола намекунем – мо барои  ёфтани  тамосҳо кӯмак мепурсем, ба наздикӣ  аз ҳамин роҳ як коршиноси навро пайдо кардем,- мегӯяд Олга Тутубалина, сардабири нашрия.

Албатта, мисли ҳама гуна нашрияҳои дигар, гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» бадбинони худро ҳам дорад, баъзан аккаунтҳои нашрия мавриди ҳамлаи ботҳо қарор мегиранд, аммо дар аксари ҳолатҳо онҳо тоҷикистониёни оддӣ ҳастанд, ки дар дохили кишвар ё берун аз он зиндагӣ мекунанд ва ҳама чиз барои онҳо беаҳмият нест.

– Мо корбароне ҳам дорем, ки ҳамроҳ бо фаъолияти нашрия “зиндагӣ” мекунанд, онҳо ба ҳар як калима, ба ҳар  як ҳаракат шарҳ менависанд. Аксар вақт сарзаниш мекунанд: ” нодуруст навиштед”, “ин дар менталитети мо нест”, “рӯзноманигорони хоин”- тақрибан  ҳамеша ба ҳамин минвол. Вале мо онҳоро хеле дӯст медорем, зеро онҳо ҳамеша моро рӯҳбаланд мекунанд. Мухлисони доимӣ низ ҳастанд, ки ҳамеша барои шарҳ додани қазия вақт меёбанд, омодаанд кӯмак кунанд, самимона мехоҳанд, ки мо беҳтар шавем ва ба пешниҳодҳои мо посух медиҳанд. Мо онҳоро хеле қадр мекунем ва ифтихор мекунем,  манзалати онҳо аз обуначиёни оддӣ  бештар аст, зеро онҳо дӯстони ҳақиқианд. Эҳтимол, ягон ВАО бе ин гуна аудитория кор карда наметавонад, – мегӯяд Олга.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Дар Тоҷикистон расонаи наве бо номи Your.TJ таъсис ёфт, ки бо мухотабонаш бо...

Рӯзи кории 12-14 соат, аммо озодии комили амал-  чунин аст тартиби зиндагии имрӯзаи яке аз менеҷерони ВАО-и тоҷик- Зебо Тоҷибоева, ки дар охири соли...

Пурсарусадотарин ҷанҷолҳои расонаӣ дар соли 2019 дар Осиёи Марказӣ

Cоли гузашта бозори расонаҳо дар Осиёи Марказӣ хеле гарм буд: ҳамлаҳо ба рӯзноманигорон, даъвоҳои ҷуброн   аз нашрияҳо бо маблағи миллионҳо  ва инчунин кашмакашиҳо дар...

Рузноманигорони осиёимарказие, ки дар соли 2019 моро ба ҳайрат оварданд

Тақрибан тамоми соли сипаришуда, нашрияи «Хабарнигори нав» фаъолияти рӯзноманигоронро дар Осиёи Марказ пайгирӣ мекард ва ҳатто беҳтарин матлабҳоро дар пайванди ҳаррӯзааш #апочитать дар телеграм...

Натиҷаи кори расонаҳо дар Осиёи Марказӣ: соли таҳқиқот, лоиҳаҳои видеоӣ ва умедҳо

Соли 2019 барои рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ  бо як қатор сабабҳо хотирмон буд: ВАО-и Қазоқистон бо транзити сиёсӣ ва ваъдаҳои ҳукумати "нав" рӯбарӯ шуданд; васоити...

Муносибати дӯстонаи нашрияи «Азия-Плюс» дар Тоҷикистон бо аудиторияи худ дар кадом сатҳ аст

“Биёед нашрҳои рӯзномаи моро муҳокима кунем? Шумо чиро меписандед ва чиро  не. Шарт нест, ки танҳо матнҳоро, биёед дизайнро низ муҳокима кунем", - менависад...