Рӯзноманигорон – муаллифони тоҷик дар cутуни саҳифаи расонаашон чӣ менависанд?

FFT

Тибқи қоидаҳои  одобу ахлоқи рузноманигорӣ расонаҳо байни иттилоот ва афкор бояд ба таври дақиқ  сарҳад гузоранд. Аз ин рӯ, аксар вақт муаллифон андешаҳои шахсиашонро дар калонкаҳои (сутун дар саҳифа) махсус баён мекунанд. “Хабарнигори нав” матлабҳои калонканависонро дар расонаҳои Тоҷикистон таҳлил кард.

Дар Тоҷикистон рӯзноманигор Далер Шарифов боздошт шуд, ки ба барангехтани таҳаммулнопазирии мазҳабӣ, таблиғи бартарияти бархе аз шаҳрвандон нисбат ба одамони дигар аз нуқтаи назари динӣ гумонбар дониста мешавад. Дар ҷомеаи васоити ахбори омма, ӯ бо калонкаҳои муаллифии худ хеле хуб шинохта шудааст, яъне солҳои қабл Далер кӯшиш мекард, ки фикри худро дар бораи рӯйдодҳои муҳим баён кунад. Далер Шарифов  солҳои 2014 ва  2015 дар сомонаи “Озодагон” (ин нашрия аз соли гузашта кор намекунад) навишта буд:

«Мӯҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон. Аз рӯзи  боз интихоб шуданатон як сол гузашт. Дар тӯли ин вақт, шумо якчанд маротиба ба минтақаҳое сафар кардед, ки дар он ҷо одамони ба мулоқот роҳёфта ба шумо дар бораи ҳаёт, дастовардҳо ва мушкилоташон  нақл карданд. Аммо, ҳеҷ кадоме аз онҳо дар бораи мушкилоти шумо суол накарданд» (ин дар соли 2014 буд). Пас аз ин муқаддима  муаллиф ба Президент саволҳо медиҳад, ки  кай бори охирин барқро дар хонааш хомӯш карданд ​​(соли 2014 Тоҷикистон дар фасли зимистон аз нерӯи барқ ​​маҳрум буд), оё хешовандоне дорад, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта бошанд (дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли 2014 аллакай беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон буданд), ё ин ки оё ҳолатҳое буданд, ки ба ягони  хеши сарвари давлат ба сабаби ҳиҷоб доштанаш ба дарс рафтан иҷозат надодаанд (он солҳо донишҷӯёни ҳиҷобпуш бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданд).

Далер Шарифов, RFE/RL

Дар ҷои дигар, Далер дар бораи усули муосири истифодаи калимаи  “девона”   барои нишон додани аломати мусбати чизе, масалан, “аруси девона” нақл намуда,  пас аз он мавзӯъро  ба он«тоб» медиҳад, ки дар кишвар парадоксҳо  на танҳо дар истифодаи калимаҳо мавҷуданд:

«Ҳатто агар касе дар бораи мушкилоти ҷомеа ва кишвар ҳақиқатро гӯяд ё ба манфиати ҷомеа изҳори назар кунад, дар бораи ӯ мегӯянд: “вай девона шудааст, ки ба корҳое дахолат мекунад, ки ба  ӯ рабт надоранд “. Аммо агар касе чоплусӣ кунад ва ё дар вазифа нишаста дуздида бошад, дар бораи ӯ мегӯянд, ки “ӯ шахси оқил, доно ва зирак аст”.

Он давраҳо, рӯзноманигорон аз ибрози андешаҳои худ намеҳаросиданд. Ҳатто вақте  Олга Тутубалина  дар калонкаи муаллифии худ зиёиёни эҷодиро бо ахлот муқоиса кард ва барои ин метафорааш  уро ба маблағи  6,2 ҳазор доллар (бо қурби соли 2014) ҷарима бастанд, рӯзноманигорони тоҷик матнҳои хеле боғайратона менавиштанд.  «Азия Плюс» бо сабаби калонкаи худ дар бораи зиёиёни эҷодӣ дар додгоҳ овора буд,  вале дар саҳифаҳои он муаллифон аз фаъолоне пушибонӣ мекарданд, ки дар васоити ахбори оммаи давлатӣ таъқиб мешуданд.

«Ба чунин навъи матлабҳо метавон  мақолаи ба наздикӣ дар рӯзномаи парлумонии «Садои Мардум» дар бораи Улфатхоним Мамадшоева, узви комиссияи таҳқиқии рӯйдодҳои моҳи май бо сарлавҳаи” Новобаста аз он ки чӣ кор мекунӣ, ба ту нишон хоҳанд дод»-ро номбар кард. Мавод бо чунин сарлавҳаи таҳдидкунанда аз номи нафаре бо номи Рустам Қурбонов нашр шуд. Муаллиф кист, маълум нест. Ба назарам чунин менамояд, ки ӯро ҳатто дар нашрия намешиносад. Аммо азбаски «мақола» дар нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст, ман мехостам фаҳам, ки ин таҳдид аз номи кист? Аз  Парлумон?», –навишта буд соли 2014 собиқ мухбири рӯзнома, рузноманигори шинохта- Рамзия Мирзобекова.

Соли 2011

Аллакай дар моҳи апрели соли 2018, дар калонкаи муаллифиаш Олга Тутубалина ба хонандагон шарҳ дода буд:

«Мо тавре ки вазифадорем,  кор намекунем. Мо ба хонандагони худ маълумоти пурра, актуалӣ ва ҷолибро пешниҳод намекунем. Мо наметавонем таҳлили сараро анҷом диҳем, равандҳоро тадқиқот кунем ё гузоришҳои беназирро омода созем ,  зеро тамоми вақти мо барои дарёф кардани иттилооти ночизе сарф мешавад, ки  мо баъдан нашру паҳн мекунем.”

Моҳи июни ҳамон сол, дар як навиштаи диграш, вай дар мавзӯи он гуфта буд, ки дар Тоҷикистон «кастаи дахлнопазир» мавҷуд аст: инҳо одамони дорои мавқеъҳои  гуногунанд, аммо як чизи умумӣ доранд – як қисм дуздӣ мекунанд, қисми дигар ҷиноятҳои онҳоро руйпуш мекунанд. Ва ин охирин навиштаи Тутубалина дар бахши «Андеша» буд, ки онро «Азия-Плюс» дар сомонааш  нашр мекунад.

Ҳоло ҳам ин рубрика холӣ нест, аммо он ҷо акнун ,одатан, андешаҳои коршиносон  нашр мешаванд, масалан, «мушовири сиёсӣ» Баҳодур Шарипов дар бораи он ки оё Тоҷикистонро Ариана номгузорӣ кунад ё не, андешаронӣ мекунад.

“Номи кишвар ба таври автоматӣ дар сатрҳои аввали рӯйхати номҳои кишварҳои ҷаҳонӣ баланд мешавад, ки  омили муҳим барои ҷалби тавваҷҷуҳ ва эътибор аст ва барои такон бахшидан ба суръати рушди соҳаи сайёҳӣ, ки кишвар барои он заминаи бузург дорад, зарур аст”, -менависад ӯ.

Қаҳрамонҳои нав, мавзӯъҳои нав

Чунин дигаргуншавиҳо бо рӯзноманигори машҳур Зафар Абдуллоев низ рух доданд, ки дар Тоҷикистон ҳамчун калонканависи қавӣ шӯҳрат дорад. Вай ҳоло ҳам калонкаҳои ҷанҷолии муаллифӣ менависад, аммо онҳоро ба Грета Тунберг мебахшад – аниқтараш, ба мавқеи вай розӣ намешавад ва ё ба таҳримҳо алайҳи Русия. Нӯҳ сол пеш, Зафар чунин навишта буд:

“Ин низом як артиши бузурги чоплусонро тавлид кардааст, ки  фарҳанги воқеии шахсиятпарастӣ ва пешвопарастиро ба вуҷуд оварда, беш аз пеш президентро бовар мекунонанд, ки  «ин як чизи муқаррарӣ аст». Табиист ки дар чунин низом мансабдорон танҳо дар бораи чи гуна ба президент писанд омадан фикр мекунанд, на ба халқ. Аз ин рӯ, онҳо даст ба қонуншиканӣ ва фасод зада, механизми давлатиро заиф кардаанд.”

 Ё намунаи дигар:

“Дар боло нишастан, вонамуд кардан, ки гӯё ҳеҷ чизи баде рух намедиҳад ё кам-кам гунаҳкоронро бе тағйири аслии  низоми ҳуқуқ танбеҳ додан ва дар ин кор шарик набудан- худфиребист.”

Зафар Абдуллоев

Акнун рӯзноманигорони тоҷик дигар  ибрози чунин  луқмапартоиҳо  намекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки аудитория ҳам дигар ба он ниёз надорад. Масалан, яке аз калонкаҳои машҳури муаллифиро дар матбуоти тоҷик Сайёфи Мизроб, сардабири рӯзномаи мустақили «СССР» мебарад. Калонкаи Сайёф дар ҳар шумораи рӯзнома  ва сипас дар сомонаи нашрия нашр мешавад. Ӯ сода ва эҳсосӣ менависад ва матнҳои ӯро муҳокима мекунанд.

«Ман мутмаинан мегӯям, агар 16.11.1993 ӯро [Эмомали Рахмон] сарвари давлат интихоб намекарданд, сенарияи Давлати исломӣ дар қораи Осиёи Марказӣ такрор мешуд!», – мегуяд ӯ дар яке аз матнҳои худ дар ин рубрика таҳти сарлавҳаи “Маҳалла ва миллат“. Сипас ӯ ба таври возеҳ  муҳаббати худро ба тоҷикони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ изҳор мекунад ва дар бораи “қаҳрамон”-е, ки 30 нафар чечен ва сибирҳоро латукӯб кард ва гуфт: “Ман тоҷик ҳастам”, нақл мекунад. Ва дар бораи он қисса мекунад, ки чӣ гуна ӯ ба хотири миллат корро дар «Радиои Озодӣ»  тарк кард.

Дар калонкаи дигари худ “Ба Тоҷикистон кӣ ҳамла кард ???” Сайёф Мизроб дар мавзӯи ҳамла ба сарҳад, ки моҳи ноябри соли гузашта сурат гирифт ва ҳамчун ҳамлаи террористӣ баҳогузорӣ шуд, андешаронӣ мекунад. Ӯ иддао дорад, ки ин  фоҷиа, аз як тараф, омодагии хуби сарбозони тоҷикро нишон дод ва аз тарафи дигар, заъфи расонаҳои маҳаллиро ошкор кард. Муаллиф қайд мекунад, ки пас аз ҳамла, исломгароён ва ҷонибдорони онҳо аз БиБиСи ва «Радиои Озодӣ» кӯшиш карданд, ки ин  “ҳамлаи даҳшатнок”-ро ҳамчун кори дасти мақомоти кишвар нишон диҳанд ва ягон ВАО-и ватанӣ ба онҳо муқобилат накард.

Ба таври алоҳида муаллиф аз он нороҳат аст, ки рӯзноманигорон савол додаанд, ки чаро  дасти яке аз ҷасадҳое, ки  Вазорати корҳои дохилӣ аксҳои онро пас аз фоҷиа паҳн кард,  баста буд. Дар калонкаи худ Сайёф Мизроб чунин посух медиҳад: зеро террорист маҷрӯҳ,  боздоштшуда ва зинда буд. Ана барои ҳамин.

Ҳамчун тавзеҳ барои ин калонка, муаллиф аксҳои бо плани барҷаста гирифташудаи  се ҷасади афсарону сарбозони тоҷикро, ки ҳангоми ҳамла фавтидаанд, истифода мебарад,  ки аз  он аксҳо коллаж  сохтаанд. Сайёф дар матн алоҳида шарҳ медиҳад, ки ин аксҳо бори аввал дар ВАО нашр мешаванд.

Тақрибан як моҳ пас аз ин калонка, дар рӯзномаи «СССР» калонкаи дигар бо сарлавҳаи «Бозор ва террор» (Базар и террор) пайдо шуд, ки он низ ба ҳамла бахшида шуда буд. Дар ин муддат ДИИШ алакай масъулияти ҳамлаи террористиро ба дӯш гирифта буд. Манбаъҳои наздик ба тафтишот ба хабарнигорон гуфтанд, ки яке аз ташкилкунандагони ин ҳамла савдогаре аз бозори «Корвон» будааст ва полис ба ҷамъоварии изи ангуштони  савдогарони  ин бозор шурӯъ кардааст. Дар калонкаи нав муаллиф аллакай мақомоти қудратиро айб мегирад, ки гӯё  дер ба худ омаданд, савдогаронро хотиррасон мекунад, ки онҳо нархи озуқавориро пайваста боло мебаранд, аз мақомот даъват мекунад, ки дар ниҳоят нархи молҳои ононро муқаррар кунанд ва аз полис  даъват мекунад, ки савдогаронро дар бозорҳои дигар беҳтар назорат кунанд.

Сайёф Мизроб

Муаллифони калонкаҳои оянда дар рӯзномаи «Фараж» тамрин мекунанд, дар ин ҷо бахши махсусе бо номи «Саҳифа барои донишҷӯён» вуҷуд дорад, ки дар он ҷавонон матнҳои худро чоп мекунанд. Яке аз ин мавод (№50, 12/11/2019) чунин сарлавҳа дорад: “Қаҳрамон” (“Герой”). Дар матн муаллиф ба таври хеле ҷиддӣ нақл мекунад ,ки қаҳрамон кист. Қаҳрамон касест, ки ба ватан ва модараш ғамхорӣ мекунад, хароб намекунад, балки обод мекунад, дар бораи бехатарии ватанаш фикр мекунад, бо ватани худ ифтихор мекунад ва ғайра.

“Қаҳрамон барои ман кист?”, муаллиф муҳокима мекунад ва номбар мекунад: қаҳрамони ман падари ман аст, ки намегузорад  бемор шавам, қаҳрамон модарест, ки дар тӯли се соат  барои 10 дақиқа дидани писараш дар назди дарвозаи қисми ҳарбӣ интизор мешавад

Дар охири калонка ҳеҷ гуна интрига нест: андешаи он, ки қаҳрамон онест, ки бачаи хуб аст, довом дорад: “Қаҳрамонон онҳое  мебошанд, ки дирӯз хурд буданд ва гиря мекарданд, ҳоло бо медалҳои олимпӣ ба ватан бармегарданд.” Ва қаҳрамононро номбар мекунад: Дилшод Назаров (барандаи медали тиллои олимпӣ) Расул Боқиев (медали нуқра олимпӣ), Сомон Маҳмадбеков – қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо ва Беҳрӯз Хоҷазода – чемпиони ҷаҳон оид ба самбо. “Қаҳрамон он касест, ки тӯли солҳои дароз Ватанро обод мекунад”,-  хулоса мекунад муаллиф.

Ва баҳс кардан ҳам намешавад.

Калонкаи муаллифӣ дар Тоҷикистон яке аз жанрҳои маъмултарин дар тӯли солҳои зиёд, алахусус дар матбуоти тоҷикзабон,ба ҳисоб меравад. Аммо агар қаблан навиштаҳои муаллифон дар ҷомеа резонанс  эҷод мекарданд, ҳоло зиёдтар нофаҳмӣ эҷод мекунанд. Дар бисёре аз расонаҳо, акнун амалҳои мақомотро  на ба забони пресс-релизҳо , балки бо истифода аз тасвирҳои зебо ва калимаҳои сермаъно шарҳ медиҳанд, формат  имкон медиҳад, ки ҳам бешууронро сарзаниш  ва ҳам норозибудагонро таҳдид кард. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё метавонад онро ҳамчун колонканависӣ арзёбӣ кард ё ин як жанри нав аст?

LEAVE A REPLY

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь