Пандемия ба реклама эҳтиёҷ надорад: расонаҳо дар Тоҷикистон дар интизории бӯҳрон карахт шудаанд

Тоҷикистон ва Туркманистон дар тамоми қаламрави пасошӯравӣ ягона кишварҳое боқӣ мондаанд, ки дар онҳо COVID-19 ҳанӯз ба қайд гирифта нашудааст. Аммо агар мӯъҷизае рух диҳад ва коронавирусро воқеан ба ин кишварҳо  нарасонад ҳам, оқибатҳои иқтисодии пандемия, эҳтимолан, онҳоро бетаъсир намегузорад. Дар ҳар сурат, пешгӯиҳои иқтисодӣ барои Тоҷикистон умедбахш нестанд ва расонаҳои маҳаллӣ аллакай аз амалӣ шудани онҳо пай бурда истодаанд.

Зебо Тоҷибоева лоиҳаи расонаии худ Your.Tj-ро  охири соли гузашта оғоз карда буд. Вай аз ибтидо нақша дошт, ки на танҳо тавассути таблиғот дар сомонаи худ, балки бо ташкили чорабиниҳои офлайнӣ низ рушд кунад. Дар моҳҳои апрел-май созмон мебоист якчанд чорабиниҳоро баргузор кунад ва маблағ ба даст орад, аммо аз сабаби авҷ гирифтани пандемия зарур омад, ки чорабиниҳоро  ба таъхир гузоранд. Сарфи назар аз он, ки ягон ҳолати сироят аз  COVID-19 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, тамоми марзҳои ҷумҳурӣ баста шудаанд ва даъват кардани коршиносон аз хориҷ барои иштирок дар чорабиниҳо ғайриимкон аст. Ғайр аз он, аксари созмонҳо муваққатан аз баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ карданд.

– Мо воқеан ба ин чорабиниҳо умед мебастем ва ҳоло ҳатто намедонем, ки онҳо кай баргузор мешавад. Кӯшишҳои ҷалб кардани буҷаҳо ба онлайн шояд натиҷа надиҳанд, зеро тиҷорат ба сарфакории бештар ру меоварад, ҳама кӯшиш мекунанд, ки бо харҷи кам манфиати бештар ҷуянд, пеш аз ҳама   ҳиссаи буҷаро барои реклама ва чорабиниҳои гуногун кам мекунанд. Албатта, мо  таъҷилан мутобиқ шуда истодаем, зеро шумораи кармандонамон кам аст, аммо бароои расонаҳои калон мушкилтар хоҳад буд-,мегӯяд вай.

Коршиносони маҳаллӣ инчунин дар бораи он, ки давраҳои мушкил фаро расида истодаанд ва тиҷоратро мебояд камарбандашро маҳкамтар бандад, низ гуфта истодаанд.Масалан, сиёсатшинос Парвиз Муллодҷонов дар мақолаи худ барои «Азия Плюс» мушкилотҳои маъмулеро, ки иқтисодиёти Тоҷикистон бо онҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд, номбар мекунад.

Пеш аз ҳама, якбора паст шудани фаъолитяҳои корӣ дар Русия, ки қариб 90 фоизи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар он ҷо кор мекунанд, боиси кам шудани даромади онҳо мегардад. Аз сабаби беқурбшавии рубл нисбати доллар, паст шудани сифати интиқоли пул ба назар мерасад, яъне  ҳамон маблағ бо рубл фиристода мешавад, аммо арзиши воқеии он хеле пасттар аст. Илова бар ин, баҳор барои бисёре аз муҳоҷирони меҳнатӣ мавсимест, ки онҳо ба Русия барои кор мераванд, аммо имсол аксари шаҳрвандони Тоҷикистон маҷбуранд дар ҷумҳурӣ бимонанд, ки онҳо аллакай дар пайдо кардани кор ба мушкилот дучор шудаанд.

Қурби расмии асъори амрикоӣ нисбати сомонӣ дар муддати кӯтоҳ аз 9,70 то 10.20 боло рафт. Беқурбшавии сомонӣ як қатор оқибатҳои ба ҳам алоқамандро ба вуҷуд меорад, аз ҷумла  болоравии нархи ҳама намуди молҳои воридотӣ ва хӯроквориро.

Дар ниҳояти кор, буҷа, бахши молиявӣ ва бонкии кишвар зарар мебинанд. Чунин вазъ имрӯз дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад, аммо дар Тоҷикистон, ки вобастагӣ ба омилҳои беруна дорад, таъсир ба буҷа метавонад назаррас бошад. Мушкилоти Тоҷикистон дар надоштани захираҳои назарраси молиявӣ мебошад, ки  метавонистанд оқибатҳои бӯҳронро сабуктар кунанд.

Ҳамаи ин тағйиротҳои манфӣ тиҷорати маҳаллиро маҷбур мекунанд, ки рафтори худро дигар кунад.

– Ҳама дар ҳолати интизорӣ ҳастанд, ҳама хеле боэҳтиётт рафтор мекунанд: захира мекунанду харҷ намекунанд. Мо як ташкилоти тиҷоратие ҳастем, ки аз ҳисоби реклама зиндагӣ мекунем. Даромад аз  реклама кам шуд, ҳоло гуфта наметавонам, ки чанд фоизро ташкил медиҳад, аммо ҳафтаи гузашта аз ин коҳиш мо дар ҳайрат будем, ин аллакай таъсирбахш аст. Якчанд шарикони стратегӣ ҳастанд, ки маъракаҳои рекламавии худро дар платформаҳои мо боздоштанд, дар ҳоле ки даромад аз он дар буҷа пешбинӣ шуда  буд. Ҳоло маълум нест, ки дар ин моҳ ва моҳи оянда чӣ рух хоҳад дод, хусусан  ки 24 апрел моҳи рӯза гирифтани мусалмонон оғоз мешавад  ва маъмулан моҳи рамазон барои расонаҳо мавсими хоб  аст ”- шарҳ медиҳад Искандар Икромӣ, директори иҷроияи гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс».

Дар бораи  он, ки рекламадиҳандагон фаъолияти худро коҳиш дода истодаанд, дар шимоли кишвар низ мегуянд. Масалан, ба гуфти директори лоиҳаҳои ВАО ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии ТРК СМ-1 Акрам Урунов дар тӯли 2-3 моҳи оянда онҳо коҳиши таблиғотро аз 30 то 40 фоиз интизоранд.

– Аломатҳои бӯҳрон аллакай эҳсос мешаванд. Баъзе соҳибкорон мавқеи интизориро пеша карданд. Яке аз рекламадиҳандагони асосии мо аз бахши бонкӣ маъракаи рекламавииии худро дар шабакаи мо ба мӯҳлати номуайян боздоштааст. Ва ин танҳо оғози кор аст, – мегӯяд ӯ.

 “Ҳамаи ВАО-и ғайридавлатӣ бо мушкилоти худ рӯ ба рӯ мемонанд”

На танҳо давлат, балки васоити ахбори оммаи маҳаллӣ барои мубориза бо бӯҳрони оянда дар Тоҷикистон захираҳои молиявӣ надоранд Дар бозори реклама, ки ба ҳисоби миёна ҳаҷми он дар як сол 10 миллион долларро ташкил медиҳад (барои муқоиса, дар Қирғизистон – 19 миллион доллар аст) ва қисми зиёди ин маблағҳо (30-40%) барои рекламаи беруна сарф карда мешаванд, барои  ВАО-и хусусӣ пул кор кардан хеле душвор аст.

– Осебпазирии расонаҳои маҳаллӣ дар набудани пули нақд ва мавҷудияти мудирияти бӯҳронӣ барои оптимизатсияи равандҳо аст. Масалан, ман намедонам, ки  касе дар сурати карантини эҳтимолӣ фикри чӣ гуна кор карданро карда бошад. Ҳоло серхарҷтарини банди хароҷотҳо дар ВАО-и мустақили чопӣ, ин хароҷот барои чоп мебошад. Пас аз як муддати кӯтоҳ, нархи чоп боз боло хоҳад рафт, зеро коғаз қимат хоҳад шуд ва эҳтимол дорад, ки норасоии коғаз ва чанд оқибати дигари ба он марбут ба вуҷуд ояд. Ҳоло барои баъзе нашрияҳое, ки қисман ба онлайн гузаштаанд, беҳтар мебуд, ки нусхаҳои чопии худро бубанданд. Аммо ман нашунидам, ки касе дар бораи ин иқдом тасмим гирифта бошад. Бале, дар онҳо реклама ҳаст, аммо  метавон бо рекламадиҳандагон сӯҳбат карда онро ба онлайн интиқол дод. Дидани он  кифоя аст, ки расонаҳои чопии Русия дар шароити кунунӣ чӣ гуна рафтор карданд. Албатта, вазъият дар он ҷо мураккабтар аст, аммо ҳоло вақти мусоид барои баромадан аз ин вазъ бо сари баланд мавҷуд аст. Зеро пас аз ин зарур меояд, ки нашрияро баст, чунки барои чоп кардан маблағи кофӣ нахоҳад буд, – пешниҳод менамояд Зебо Тоҷибоева.

Дар мавриди оптимизатсияи хароҷотҳои худ,  дар бадтарин ҳолат дастаи Your.Tj омода ҳастанд аз бинои иҷорагирифташуда даст кашанд, ягон бинои арзонтар пайдо кунанд ё  дар хонаҳо нишаста кор кунанд. Ҳамин гуна чораҳо дар мавриди зарурӣ, аз ҷониби роҳбарияти ширкати телерадиошунавонии Тироз низ андешида хаҳанд шуд. Тавре ки роҳбари ин ширкат Хуршед Улмасов мегӯяд, ВАО аллакай мушоҳида дорад, ки чӣ гуна рекламадиҳандагон буҷаи бе ин ҳам ками рекламаро то ҳади имкон коҳиш медиҳанд ва ин тамоюл дар оянда низ афзоиш хоҳад ёфт.

– Агар зарурати оптимизатсия кардани хароҷотҳо пеш ояд , мо метавонем ба кори пурраи фрилансерӣ ва фосилавии кормандон, бо музди меҳнати оптимизатсияшуда гузарем. Аммо маълум нест, ки захираи фонди музди меҳнат то кадом вақт мерасад, – мегӯяд Улмасов.

Аксар ВАО дар Тоҷикистон ба дастгирӣ аз берун умед надоранд.

“Дар шароити бӯҳрони иқтисодии пешбинишуда, ҳама нашрияҳои ғайридавлатӣ ба таври анъанавӣ бо мушкилоти худ рӯ ба рӯ мемонанд. Кӯмак аз тарафи давлат аз эҳтимол дур аст ва хатари он, ки ВАО аз майдони фазои иттилоотӣ нопадид мешаванд, зиёд аст, -шарҳ медиҳад Акрам Урунов.

Ба гуфтаи вай, онҳо то ҳол дар бораи оптимизатсияи хароҷотҳо дар ШТР «СМ-1»  фикр накардаанд.

“Мо ҳоло чӣ гуна оптимизатсия кардани хароҷотҳоро намедонем, вариантҳои гуногунро баррасӣ хоҳем кард, аммо маоши кормандонро ихтисор нахоҳем кард, зеро  он қадар калон нестанд” – мегӯяд ӯ.

Дар гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс», дар заминаи бӯҳрони наздикшуда, усулро дар таҳия намудани пешниҳодҳои тиҷоратӣ тағйир доданд.

– Мо ҳоло пешниҳодҳои мухталиф омода карда истодаем, ки хеле ҷолибанд, зеро бӯҳрони дар пеш истода ба баъзе ширкатҳо зарба мезанад, аммо барои дигарон имкониятҳои васеъро мекушояд. Аз ин рӯ, мо пешниҳодҳои худро ҳадафнок мегардонем  ва  бо нархе пешниҳод мекунем, ки дар дигар вақт ба рекламадиҳандагон гирифтани онҳо амри маҳол мебуд, – мегӯяд Искандар Икромӣ.

Оид ба оптимизатсияи хароҷот дохилӣ, ба гуфт ӯ нақшаи бӯҳронӣ дар рафти омодашавӣ аст, аммо сиёсати кадрӣ ва шароити кор дар гурӯҳи расонаӣ мисли пештара боқӣ хоҳад монд.

Дар ояндаи наздик ба ВАО кӯмак лозим хоҳад шуд

Бо вуҷуди он ки ҳеҷ кадоме аз посухдиҳандагон дар бораи тағйирот дар сиёсати кадрӣ дар нашрияҳои худ ҳарф намезананд, маҳз пардохти музди меҳнати кормандон боиси нигаронии мудирон мегардад.

– Ҳоло барои нигоҳ доштани штати кормандон ба ВАО дастгирии оддитарин лозим аст. Аз давлат чизҳои зиёд лозим нест, мо бе ин ҳам дар бозор мо  камем –  танҳо сабукӣ ё таътил барои пардохти андозҳо лозим аст. Барои онҳое, ки дар ГЖК нишастаанд (комплекси рӯзнома ва маҷаллаи «Шарқи Озод») ва ин бинои ҳукумат аст, пеш аз ҳама, бояд иҷораро тамоман бекор кард ё онро ба таври назаррас коҳиш дод. Ин ба хизматрасониҳои коммуналӣ низ дахл дорад, ки нархи онҳо вақтҳои охир хеле баланд бардошта шудааст, – мегӯяд Зебо Тоҷибоева.

Акрам Урунов ҳам бо  мавқеи вай розӣ аст.

– Дар ояндаи наздик ба ВАО бешубҳа кумак лозим хоҳад шуд. Ба андешаи ман, аз ҳама самараноктаринаш ин эълон кардани моратория ба санҷиши ширкатҳои телерадиопахшкунандаи хусусӣ аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио барои муддати муайян ва кам кардани музди иҷора хоҳад буд. Илова бар ин, ҳоло васоити ахбори омма ниёз ба дастгирии созмонҳои байналмилалӣ  барои истеҳсоли контент ва муҳимтар аз ҳама, барои пӯшонидани хароҷотҳои ҳадди аққали музди меҳнати кормандон дар муддати шаш моҳро доранд, – шарҳ медиҳад Акрам Урунов.

Аслан, тамоми мушкилоте, ки роҳбарони ВАО дар Тоҷикистон ба онҳо ишора мекунанд, падидаи нав нестанд. Бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ, дар шароити бӯҳрони идомадор ВАО-и тоҷик муддати тӯлонӣ қарор дорад: дар ҷумҳурӣ шумораи ками мутахассисон мавҷуданд, буҷаи реклама маҳдуд аст, илова бар ин фишор аз ҷониби мақомотҳо, ки барои эҷод кардани маводи актуалӣ ба журналистон имкон намедиҳанд. Ин шароити вазнин онҳоро қавитар намекунад, балки афгор мекунад ва шояд барои санҷишҳои дигар қувваи онҳо кофӣ набошад. Кормандони ВАО инро хуб медонанд ва аз ин рӯ метарсанд, ки пас аз бӯҳрон сафи онҳо хеле кам хоҳад шуд.

LEAVE A REPLY

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь