«Пул нест, аммо шумо бинависед»: чӣ гуна рӯзноманигорон дар Тоҷикистон ҳангоми мавҷудияти пандемия арзи ҳастӣ мекунад

АП

Рекламадиҳандагон расонаҳоро тарк мекунанд, рӯзномаҳо баста мешаванд, маълумот гирифтан қариб ки номумкин аст ва ин ҳама дар ҳоле ки кори фосилавиро фишорҳои мақомот  ва сифати хеле пасти Интернет бадтар мекунад. Ин як тавсифи тахминии шароити имрӯзаи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон  аст. Васоити ахбори омма дар давраи эпидемияи COVID-19, ки тамоми кишвар онро ба сахтӣ аз сар мегузаронад, дар вазъияти бениҳоят вазнин қарор гирифтанд, ки аз он на  ҳама берун омада метавонанд.

Агар шумо ҳоло аз рӯзноманигорони тоҷик пурсед, ки кадоме аз онҳо «дар саҳро» кор мекунад, чанд нафареро  номбар мекунад, ки аксарияти онҳо хабарнигорони шабакаҳои телевизионии давлатӣ хоҳанд буд. Дар Тоҷикистон вобаста ба эпидемияи COVID-19, ки расман 30 апрел оғоз ёфтааст,ҳеҷ гуна карантин ҷорӣ карда нашудааст; мақомот ҳатто ҷиддан ба гушанишинӣ даъват накарданд, аммо мардум  бо саъйу талоши худ ихтиёран тасмим гирифтанд, ки дар хонаҳо  бимонанд. Дар Тоҷикистон, дар нимаи моҳи май, фавти расмии беморони коронавирус дар минтақа баландтарин буд, беморхонаҳо пур шуданд, аммо қариб ягон маҳдудият вуҷуд надошт. Рӯзноманигорон барои доштани  гузарнома ниёз надоранд, аммо ҳадди аққал онҳо  ба ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва таксӣ ниёз доранд.

-Вақте  ман ба наворбардорӣ  меравам, барои худ воситаҳои муҳофизати шахсӣ мехарам, зеро ман дар бораи бехатарии худ фикр мекунам. Ман аз микроавтобусҳо метарсам ва таксӣ киро мекунам. Аммо ман медонам, ки бисёре аз  ҳамкасбон то ҳол ба маршруткаҳо савор мешаванд ва аз харидани ниқоб ё антисептикҳо худдорӣ мекунанд, зеро ин хароҷоти иловагӣ аст. Тақрибан 15% маоши ман ба воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва таксӣ сарф мешавад, – мегӯяд Абдулло Ғурбатӣ, рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, ки барои наворгирӣ меравад ва ҳатто  лоиҳаи махсусеро бо номи “Навбатдори шаҳр” амалӣ менамояд.

Абдулло Ғурбатӣ

Роҳбарияти редаксияи ӯ  ҳануз дар аввалҳои моҳи апрел ба ҳамаи кормандон имкон дод, ки ба реҷаи кори фосилавӣ гузаранд; дар миёнаи моҳ, қариб ҳама рӯзноманигорон қарор доданд, ки  аз ин фурсат истифода баранд, аммо формате, ки дар он Абдулло кор мекунад, – видео сюжетҳои муҳим аст ва “фосила” ба дард намехурад. Ӯ ва ду рӯзноманигори дигар аз шӯъбаи истеҳсоли видео дар шаҳри нимахолӣ кор мекунанд.

-Ман наметавонам  аз гузоришҳо даст кашам, зеро нони ман аст, ман аз ин  ҳисоб зиндагӣ мекунам. Бо тавсияи роҳбарият мо ба ҷойҳои хатарнок – ба беморхонаҳо, хонаҳои шахсони фавтида ё  мубтало ба ин беморӣ намеравем. Аммо мо  гирифтани наворҳоро идома медиҳем “-мегӯяд Абдулло.

Дар редаксияи ШТР «Диёр», воқеъ дар шимоли кишвар,  ки дар Хуҷанд кор мекунад, касе нест, ки гузориш омода кунад. Пас аз эълони COVID-19 дар Тоҷикистон, ҳамаи рӯзноманигорони ин телевизион ба кори фосилавӣ гузаштанд. Директори канал -Фирӯза Мирҷумаева мегуяд, ки вай кормандони худро маҷбур намекунад ба кор бароянд, ба ҷои онҳо ӯ ва шавҳараш Баҳром  коро иҷро мекунанд.

– Мо интизор будем, ки ин воқеъ хоҳад шуд (мақомот мавҷудияти COVID-19 – эътироф мекунанд), мо барномаҳоро бо коршиносон пешакӣ сабт карда, ҳифз кардем. Аммо ба мо хабар лозим буд ва ману шавҳарам ба маҷлису нишастҳо  мерафтем, вақте ки  аллакай эълон карда буданд, ки коронавирус вуҷуд дорад. Табибон,сехҳои духтани ниқобҳоро навор гирифтем; дар бораи сокинони микрорайонҳои Хуҷанд сужетҳо омода намудем, ки дар чунин вазъияти душвор танҳо ба умеди ҳосили заминҳои назди биноҳояшон ҳастанд»,-  мегӯяд Фирӯза.

Пас аз як ҳафтаи  кор бо чунин реҷа Фирӯза ва шавҳараш худро бад ҳис карданд, ҳарораташон баланд шуд ва онҳо дигар ба наворбардорӣ нарафтанд. Онҳо аз санҷиши  COVID-19 нагузашта, дар хона  ба муолиҷа  шуруъ карданд.

– Ҳоло мо аз маркази матбуоти ҳукумат хабарҳоро мегирем, операторони онҳо воситаҳои мукаммали муҳофизати шахсӣ доранд  ва онҳо сужет таҳия карда ба мо медиҳанд ва мо онҳоро пахш мекунем. Алҳол лозим меояд, ки  бо маводи  дигарон кор кунем, – шарҳ медиҳад Фирӯза.

АП

Ҳамкасбони ӯ аз дигар каналҳои мустақил дар Хуҷанд дар ҳамин ҳоланд: мухбирон ба ноҳияҳои худ рафтаанд ва қариб ҳеҷ канале сужетҳоро худаш таҳия намекунад . Аксар журналистон таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ надоранд. Фирӯза мегӯяд, ки як чунин комплект (айнак, респиратор, костюми зидди вабо) дар Хуҷанд қариб 400 сомонӣ (40 доллар)  ва маоши миёнаи як хабарнигори телевизион дар ин ҷо ҳазор сомонӣ (100 доллар) аст.

Дар телевизиони давлатии “Ҷаҳоннамо” роҳбарият ба рӯзноманигорони худ ҳам дастпӯшаку ниқоб медиҳад ва дар мавриди зарурӣ  воситаи муҳофизати инфиродӣ. Бино ба гуфти мухбири ин телевизион, ки нахост номашро бигӯяд, ҳоло тақрибан 20-25% тамоми рӯзноманигорони шабака дар маҳалли ҳодисаҳо кор мекунанд.

-Кор дар ҳама минтақаҳо идома дорад. Ба ҳама ниқобу дастпӯшакҳо медиҳанд. Роҳбарият кӯшиш мекунад, ки ба шахсоне, ки сахт  мӯҳтоҷанд, кӯмакҳои пулӣ расонад, зеро рӯзноманигорони мо маоши кам аз як ҳазор сомонӣ (100 доллар) доранд ”, -тавзеҳ медиҳад  мусоҳиб.

Ҳафтаи гузашта “Рекламная газета” аз чоп набаромад  

Фирӯза мегӯяд, ки на танҳо рӯзноманигорон, балки тамоми редаксия наметавонанд таҷҳизоти муҳофизати шахсиро харидорӣ кунанд. Масалан, дар ШТР “Диёр” ҳаҷми реклама  аз оғози эпидемия 60% кам шудааст. Таҳлилгарони Бонки Осиёии Рушд коҳиши афзоиши ҳамасолаи ММД-ро дар Тоҷикистон дар соли 2020 то 5,5% ва дар соли 2021  то 5% пешбинӣ мекунанд. Соҳибкории хурд ва миёна аллакай бӯҳронро ҳис карданд ва бо мушкилоти пандемия дучор шуда фавран буҷаи рекламаро  кам кардаанд.

– Масалан, мо як рекламадиҳанда дорем, ки онро воқеан қадр мекунем – ин истеҳсолкунандаи нӯшокиҳои ташнагишикан аст ва ногаҳон онҳо рекламароо қатъ карданд, гарчанде ки ҳоло мавсими онҳост:  алҳол моҳи рамазон ва дар пеш гармои тобистон. Аммо онҳо гуфтанд, ки онҳо газ надоштаанд  ва қаблан интиқол аз Ӯзбекистон буд ва акнун онҳо барои харидани он рафта наметавонанд. Дар Тоҷикистон газ мавҷуд аст, аммо  хеле гарон аст ва онҳо истеҳсолро  боздоштаанд. Ба онҳо гуфтем, ки мо рекламаро аз эфир намегирем, зеро ҳоло дар анборҳояшон чунин маҳсулот ҳануз ҳаст ва мо онро таблиғ мекунем “,- мегӯяд Фирӯза.

Шаҳноза Ҳамдамова, сардабири нашрияи “Оила”, ки ҷузве аз ҳолдинги расоние бо ҳамин ном аст, низ мегӯяд, ки даромади реклама коҳиш ёфтааст.

– Ҳафтаи гузашта “Рекламная газета” -и мо чоп нашуд, зеро мо эълону  рекламаи кофӣ ба даст оварда натавонистем, пас  муҳокима кардем ва қарор додем, ки онро нашр накунем. Адҳол  бар онем, ки дар як моҳ ду маротиба нашр шавад, вагарна  фоидаовар нест. Теъдоди худи “Оила” қариб 20% коҳиш ёфтааст, вазъи рӯзномаи “Тоҷикистон”  муътадил аст,зеро тариқи обуна паҳн мешавад. Хуб, дар маҷмӯъ,   буҷаи  рекламаамон 60% кам шуд, рекламадиҳандагони калон  барои 2-3 моҳ  таблиғоташонро қатъ карданд ва  фикр мекунам, ки  дар моҳи май нишондиҳандаҳоямон манфӣ мешаванд, – мегӯяд Шаҳноза.

Мирсаид Сатториён, «Оила»

Илова ба теъдоди ками чоп, рӯзноманигорони ин нашрия шумораи мундариҷаи видеоконтентҳора дар сомонашон низ кам карданд. Дар охири моҳи апрел  аз ҳайати таҳририяи панҷ нафар, аз ҷумла худи Шаҳноза ҳам ,  бемории илтиҳоби шушро аз сар гузаронданд, ҳоло  беҳтар шудаанд, аммо дигар ҳамкоронро зери хатар монданӣ нестанду ҳама дар хонаҳо нишастаанд.

Дигар нашрияҳои мустақил  ҳам дар ҳамин вазъ ва  ё ҳатто бадтар ҳастанд. Онҳо дар бораи коҳиш ёфтани даромадҳо якуним моҳ пеш  гуфта буданд. Аз сабаби паст будани маош дар расонаҳои маҳаллӣ, рӯзноманигороне, ки дар ин ҷо кор мекунанд, бо кӯмаки моддӣ (ба ғайр аз маош) аз ҷониби роҳбарияти худ ё  бо лоиҳаҳое, масалан, аз созмонҳои байналмилалӣ ё Осиёи Марказӣ (пеш аз ҳама аз Қазоқистон)  руз мегузаронданд.  Ҳоло ин ду манбаи даромад барои рӯзноманигорони тоҷик қариб ки дастнорасанд.

– Имрӯз мо бо кормандони ТВ5, аз Конибодом  гуфтугӯ кардем ва онҳо аз ман пурсиданд, ки оё имкони дастрас намудани 10 ниқоб ҳаст. Даҳ ниқоб! Ин барои онҳо муҳим аст. Бисёриҳо барои  кӯмак муроҷиат мекунанд:  қомати рӯзномаҳо  шикаст,  теъдоди  нашр кам шуд, рӯзноманигорон бе касби маъош мондаанд. Чанд руз қабл, Хуршед (Атовулло, сармуҳаррири рӯзномаи “Фараж”) ва Сайёф (сардабири рӯзномаи “СССР”) орд, равған, маводи зиддиуфунӣ ҳамчун кӯмак ба рӯзноманигорон ба бинои Маҷмаи рузномаву маҷаллаҳо оварданд,  ва тақрибан 15 дақиқа баъд чизе намонд, ҳол он ки миқдорашон кам набуд,- мегӯяд Наби Юсупов, роҳбари созмони Медиа-консалтинг.

Ба гуфтаи Хуршед Атовулло,  маблағ барои  кӯмак ба рӯзноманигоронро аз соҳибкорони маҳаллӣ  дарёфт кардааст. Дар маҷмӯъ,  1900 дона маводи зиддиуфунӣ, 500 ниқоб, 80 халта орд, 40 шиша равғани растанӣ харидаанд. Хуршед ҳамаи ин кӯмакҳоро на танҳо ба рӯзноманигорони Душанбе тақдим кард, балки як қисми онро ба минтақаҳо интиқол дод.

– Журналистон пул надоранд, барои ҳама мушкил аст. Дар ин ҷо соҳибкорони маҳаллии мо, дӯстони ман ҳастанд – Ман ба онҳо муроҷиат кардам, аз онҳо кӯмак пурсидам ва онҳо рад накарданд. Бо онҳо сипос. Вазъият дар  мо , гуфтан мумкин аст,  вазъи изтирорист,зеро тақрибан 70% журналистони ман   беморанд ва  имруз (16 май – эзоҳи муаллиф) мухбири минтақавиамон Рузимат Тоҳирӣ аз Восеъ бо илтиҳоби шуш  вориди бемористон  шуд, сипас инсулт ва ҷон дод,-мегуяд Хуршед.

Касе ба шаҳодномаи  журналистии шумо аҳамият намедиҳад »

Абдулло Ғурбатӣ, пеш аз он ки мақомот расман  мавҷудияти вирусро дар ҷумҳурӣ эътироф кунанд, мавзӯъҳои марбут ба пандемияи COVID-19-ро пайгирӣ мекард. Дар сужетҳояш  аз коршиносон мепурсид, ки чаро дар мактабҳо карантин ҷорӣ  намешавад, бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатие суҳбат мекард, ки дигар ба сабаби пандемия  барояшон наздиконашон маблағ  намефиристанд ё мегуфт, ки баъзе намудҳои маҳсулот ба сабаби якбора боло рафтани нархҳо дар бозор ба андозаи маҳдуд ба фурӯш  бароварда мешаванд. Як ҳафта пеш ду марди ношинос ба Абдулло ҳамла карданд. Онҳо ӯро хомӯшона лату куб карданд,  ба чизҳои шахсии ӯ даст нарасонданд ва вақте  ӯ бо  доду фарёд  аз атрофиён имдод хост, нопадид шуданд. Пас аз ҳамла Абдулло ба полис шикоят кард, полис парвандаи ҷиноӣ боз кард ва сипас рӯзноманигор ба ҳамкасбонаш гуфт, ки ӯ ҳамларо бо фаъолияти касбиаш рабт медиҳад. Ва ҳамкорон ин изҳоротро мантиқӣ ҳисобиданд: ҳама видеоҳои ахири пайдоишашон номаълумро дида буданд, ки дар шабака пайдо шудаанд ва дар онҳо Абдуллоро бо чи гуноҳҳое ки айбдор намекунанд.

– Ман табиатан  одами тарсу нестам, ман дар ҷое таваллуд шуда ба воя расидаам, ки чунин ҳолатҳо ҳеҷ чиз нестанд, аммо  ба  ман ин ҳама маъқул нест. Дар аввал, ин видеоҳо дар шабака пайдо шуданд, баъдан дучори таҳдидҳое  шудам, ки ба ман мегуфтанд, ки “сағера дахолат накун”  ва акнун  тавассути  хешовандони дури ман, ки  дар полис кор мекунанд,  ба ман мерасонанд, ки  ба “ҳар кор” даст назанам ва ман намедонам, ки “ҳар кор” чи маънӣ дорад? Онҳо намегӯянд: “аз Абдулло хоҳиш кунед, ки дар бораи нархи картошка гап назанад”,  балки  мегӯянд: “аз Абдулло хоҳиш кунед, ки  ҳар кореро  накунад.” Онҳо бо ман  метавонистанд  суҳбат кунанд, шояд ман чизеро намефаҳмам, аммо онҳо ҳама чизеро, ки ман зиндагӣ мекунам ва нафас мекашам, нобуд мекунанд, – мегӯяд Абдулло.

Рӯзноманигор тавзеҳ медиҳад, ки ҳама гуна мавзӯи марбут ба пандемия боиси норозигии мақомот мегардад ва ҳоло ҷамъоварии иттилоот барои гузоришҳо хеле душвор аст.

– Одамон аз гуфтан метарсанд, ҳама дар атроф аз ҳама чиз метарсанд – одамони оддӣ, табибон, коршиносон. Полис вазифаи худ мешуморад, ки бипурсед, ки кӣ ҳастед ва чӣ наворбардорӣ мекунед, агар шумо ҳуқуқҳои худро намедонед, онҳо метавонанд сабтҳоро нест кунанд. Шумо дар назди камераатон барои  гузориш, гӯё ки дар майдони ҷангед. Шумо аз ҳар чараф ба чашм мерасед. Ҳеҷ кас шуморо муҳофизат намекунад, касе ба шаҳодтномаи журналистии шумо аҳамият намедиҳад, онҳо ҳатто ба қонун ва Конститутсия аҳамият намедиҳанд. Агар роҳбарияташон ба онҳо гуфт, ки ин  манъ аст, тамом,пас манъ аст », -мегӯяд Абдулло.

АП

Фирӯза Мирҷумаева аз ШТР “Диёр” низ бо мушкилоти гирифтани иттилоот ошно аст. Вай дар шабака рӯйхати духтуронеро ёфт, ки омодаанд бо тоҷикон  тариқи машваратҳо кумак кунанд ва тасмим гирифт, ки аз  онҳо барои сюжетҳояш шарҳу маслиҳат бигирад, аммо қариб ҳамаашон аз  мусоҳиба худдорӣ намуданд.

– Танҳо як духтур аз Санкт-Петербург розӣ шуд. Духтурҳо ҳоло гуфтугӯро бо рӯзноманигорони мустақил комилан қатъ карданд, Ман аз маркази матбуоти шаҳр хоҳиш кардам, ки  духтуронро розӣ  кунанд, мо онҳоро дар студия сабт хоҳем кард, ҳеҷ кас дар онҷо ғайри онҳо нахоҳад  буд ва  тамоми система ба таври худкор  фаъол аст ва ҳоло ҷавобро интизорем. То ба имрӯз тавзеҳи муфассали як пизишки эронӣ аз Амрико пахш шудааст, ки онро журналистони “Ҷаҳоннамо” чанд ҳафта қабл сабт карда буданд. Одамон ба чунин иттилоот ниёз доранд, то ҳадди аққал  ба худтабобаткунии зараровар машғул нашаванд, – мегӯяд Фируза.

Дар омади гап, мусоҳибон қайд мекунанд, ки айни замон трафик дар тамоми сомонаҳо меафзояд: мардум ба маводи ватанӣ ниёз доранд ва онро ҷустуҷӯ мекунанд. Вақти он расидааст, ки бо аудиторияатон муносибатҳо барқарор ва онҳо ҷалб карда шаванд . Аммо бо сабаби суръати пасти Интернет, рӯзноманигорони тоҷик дар шароити “дурдаст” ҳатто наметавонанд бо ҳам робита барқарор кунанд. Мушкилоти Интернет боз як фалокати дигарест, ки ҳамарӯза журналистонро азият медиҳад. Одатан, кормандони ВАО дар хона аз коммуникатсияҳои арзон ва пастсифат истифода   мебаранд; интернети хубро  нашрияҳо танҳо  дар  идораҳояшон доранд. Кай журналистон ба он ҷо бармегарданд ва оё бармегарданд, ҳанӯз маълум нест.

LEAVE A REPLY

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь