хона Саводи Расонаӣ Чӣ гуна дар Тоҷикистон рӯзноманигорон ба ҷои ҳамкасбашон гузоришро омода карданд

Чӣ гуна дар Тоҷикистон рӯзноманигорон ба ҷои ҳамкасбашон гузоришро омода карданд

Рӯзҳои  истироҳати ҳафтаи гузашта, рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» Абдулло Ғурбатӣ бо супориши нашрия  ба ҷануби Тоҷикистон, ба деҳаҳое рафт, ки  ду ҳафта қабл  зери сел монда буданд. Номбурда  мехост дар бораи осебдидагони офат нақл кунад, аммо ба ӯ иҷоза надоданд: афроди номаълум Абдуллоро латукӯб карданд ва ба ҷои сӯҳбат бо сокинони деҳа маҷбур шуд бо маъмурони милитсия сӯҳбат кунад. Пас аз чанд рӯз, ҳамкорони ӯ аз дигар нашрияҳои мустақил ба ҷои ҳодиса рафтанд ва  ахиран гузориши Абдуллоро  омода намуданд. Дар  ин бораи  «Новый репортер» нақл мекунад.

Номи рӯзноманигори ҷавон Абдулло Гурбатӣ  дар ҷомеаи рузгоманигорони тоҷик   аз 11 май  боз сари забонҳост. Шоми ҳамон рӯз рӯзноманигор дар назди хонааш аз ҷониби афроди номаълум латукӯб  шуд. Абдулло ҳамларо бо фаъолияти касбии худ рабт дод, ба милитсия шикоят кард ва ба кораш идома дод. Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта, 29 май, бо супориши нашрия вай ба ҷануб ба  ноҳияи Хуросон, ба қишлоқи «XVIII -Партсъезд-» рафт, ки миёнаҳои май  ин  ба  деҳа сел омада буд. Рӯзноманигор мехост дар бораи одамони зарардида нақл кунад, зеро  вақтҳои охир  аз он ҷо паёмҳои ташвишовар меомаданд: пас аз он ки сокинони деҳа хонаҳо ва заминҳои корамашонро аз даст додаанд, онҳо ба  тазоҳуроти номуташаккилона бархостаанд. Анбӯҳи мардумро зуд пароканда карданд ва ҳукуматдорон ба фишор овардан нисбати фаъолон шурӯъ карданд. Абдулло назди  хаймаҳое  одамоне  рафтанӣ шуд, ки  аз хонаву дарашон маҳрум шуда буданд , аммо то манзили муваққатии онҳо нарасида, назди ӯ се мард омаданду кӯшиданд, ки барои сабти гузориш халал расонанд.Ӯ муқовимат кард ва ӯро латукӯб карданд. Боз як бори дигар  дар ҳамин моҳ маҷбур шуд, ки ба полис ариза нависад.

Дар ҳамин ҳол, Абдулло тавонист ҷинояткоронро дар телефонаш  ба навор гирад. Дар шӯъбаи милитсияи ноҳиявӣ вай сабтро нишон дод, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ телефонро гирифтанд ва вақте  онро баргардонданд, аз сабаби кӯшишҳои бемуваффақият барои  ёфтани калиди рамзи  он, телефон масдуд шуда буд.

Пас аз як рӯз дар сомонаи ВКД Тоҷикистон  дар бораи ин ҳодиса хабаре пайдо шуд. Танҳо рӯйдодҳои дар он тасвиршуда аз суханони худи журналист фарқ мекарданд.

«Абдулло Ғурбатӣ, бо вуҷуди розӣ набудани сокинони минтақаи Хуросон аз наздик шаданаш ба хаймаҳо, ки онҳо муваққатан дар он ҷо пас аз офати табиӣ зиндагӣ мекунанд, кӯшиши ворид шудан ва ба навор гирифтани аъзои оилаҳои зарардидагон, алалхусус ноболиғон ва сипас омода кардани «маводи ҳангомасоз», кард. Вай инчунин мехост, ки ҳисси норозигиро дар байни сокинон нисбат ба давлат ва ҳукумат бедор кунад. Сокинонро  ин рафтори хабарнигор хуш наомад ва онҳо Абдулло Ғурбатиро ронданд ва нагузоштанд, ки ӯ дахлнопазирии манзилро вайрон карда, ба ҳаёти шахсии  онҳо дахолат кунад », – омадааст дар сомонаи расмӣ.

Як рӯз пас дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатнома ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Раҷаб Мирзо (рӯзноманигори тоҷик)  пайдо шуд, ки гуё аз номи сокинони деҳаи зарардида будааст ва  онҳо дар муроҷиатнома шикоят мекарданд, ки Абдулло мехост занҳоро ба навор гирад, аммо онҳо ба ӯ  ин корро иҷозат надоданд ва ӯро ронаданд. Дар зери муроҷиатнома  300 нафар  имзо гузоштаанд.

Рӯзноманигор бо ин ҳама айбномаҳо розӣ немешуд ва исрор мекард, ки ба ӯ ҳатто ба назди  хаймаҳо иҷозати рафтан надоданд.

Ба дастгирии рӯзноманигор сармуҳарири нашрия Умед Бобохонов дар сомонаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ибрози назар кард:

«Мо аз кӯшиши доираҳои муайян доир ба нишон додани рӯзноманигорон ҳамчун душмани давлат ва ҳукумат хеле нигарон ҳастем. Абдулло Ғурбатӣ бо супориши нашрия ба Хуросон рафт, то ҳаёти одамони аз офати табии зарардидаро инъикос кунад. Касе ба рӯзноманигор вазифаи «бедор кардани ҳисси норозигии сокинон аз давлат ва ҳукумат» -ро нагузоштааст.

Ҳамзамон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷомеаи ВАО  ду тақсим шуд: онҳое, ки Абдуллоро дастгирӣ мекарданд ва барои дифои ӯ сухан мегуфтанд ва онҳое, ки рӯзноманигорро дар дасткорӣ ба далелҳо барои гирифтани паноҳгоҳ дар хориҷ бо баҳонаи  фишорҳои мақомот айбдор мекарданд. Дар ниҳоят,  рӯзноманигороне, ки ҳамкасби худро дастгирӣ мекарданд, тасмим гирифтанд, ки ба ноҳияи Хуросон ба ҷойи ҳодиса раванд, то аз сокинони деҳа воқеъиятро фаҳманд ва ба ҳар сурат гузоришеро омода кунанд, ки Абдулло омода карда натавонист.

Иҷозат диҳед, ки иҷозат пурсам, то ба шумо иҷозат диҳам

Солҳои охир дар Тоҷикистон як қоидаи нонавишта ва ғайрирасмӣ пайдо шудааст: агар рӯзноманигорон барои ҷамъоварии мавод аз пойтахт ба минтақа оянд, қабл аз оғози кор онҳо бояд ба мақомоти маҳаллӣ рафта, дар бораи мақсади омаданашон хабар диҳанд, иҷозати сабт ва баргузор кардани мусоҳибаро гиранд. Агар ин тартиб риоя карда нашавад, пас барои журналистон мушкилӣ пайдо мешавад. Дар бораи он ки ба деҳаҳо журналистон омадаанд, мақомоти маҳаллӣ тавассути каналҳои худ дар ҳамон сония мефаҳманд, намояндагони худро мефиристанд, ки аз хабарнигорон ба кадом мақсад омаданашонро, қонуни будани ҳузури онҳоро дар минтақа пурсанд, баҳс мекунанд ва баъзан таҳдид мекунанд. Одатан, сокинони маҳаллӣ чунин манзараҳоро тамошо карда, фавран робитаро бо матбуот қатъ мекунанд. Дар чунин ҳолат на шаҳодатнома ва на истинод ба қонун ёрӣ медиҳанд. Мансабдорони маҳаллӣ ба дурустии корашон итминони комил доранд ва аксари рӯзноманигорон дар зери чунин фишор таслим шудаанд. Онҳо воқеан, ҳангоми боздид аз минтақа,  пеш аз ҳама ба ҳукуматҳои маҳаллӣ  рафта, бо мақомот маслиҳат мекунанд ва агар хеле омад кунад, барои таҳияи гузориш танҳо мераванд. Агар – не, ба хабарнигор як касро ҳамроҳ мекунанд, ки дар ҳузури ӯ гирифтани маълумоти мӯътамад  тақрибан номумкин мешавад.

Дуюми июн як гурӯҳи рӯзноманигорон аз нашрияҳои гуногуни мустақил, ки ба ноҳияи Хуросон рафта буданд, қарор доданд, ки озмоиши хурде гузаронанд: онҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд ва гуруҳи якум, чуноне  бо мансабдорон одат шудааст, ба ҳукумати ноҳия рафт, то ки аз омаданашон  хабар диҳад ва ҳамзамон тафсилоти ҳодисаро дар бораи  латукӯби рӯзноманигорон пурсанд.Гуруҳи дуюм бе огоҳӣ ба ҷойи ҳодиса рафт. Дар гурӯҳи якум сардабири ширкати расонаии «Вечёрка» -Гулнора Амиршоева ҳам буд.

-Мо назди раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода даромадем, ба ӯ дар бораи сабабҳои омаданамон хабар додем, вай моро гӯш кард ва  суханро аз дур сар кард.  Гуфт, ки дар қаламрави ин минтақа ҳамеша офатҳои табиӣ рух медиҳанд,  мақомот ҳамеша ба мардум кӯмак мекунанд, алалхусус президенти Тоҷикистон ва дар айни замон, рӯзноманигорони гуногун омада, ҳама чизро бо ранги сиёҳ нишон медиҳанд, гӯё ҳукумат ягон кор намекунад. Раис  ҳамчунон гуфт, ки ӯ 24 соат дар тамос аст ва  ҳамеша ба зангҳои журналистон посух медиҳад. Як ҳамкори мо гуфт, бале, мебинем, ки шумо як инсони оддӣ ҳастед. Раис  ба ин гуфта розӣ шуд ва гуфт, ки агар шахси оддӣ намебуд, аз минбар поин намеомад ва  дар паҳлӯи мо наменишаст. Ҳамин хел ҳам гуфт, – мегӯяд Гулнора.

Ба қавли ӯ  раиси ноҳия гуфт, ки ӯ аслан дар бораи латукӯби рӯзноманигор ё ҷамъоварии имзоҳо чизе намедонад.

– Вақте мо барои рафтан ба маҳалли хаймаҳо  ва бо сокинон сӯҳбат кардан, иҷозат пурсидем, вай изҳор кард, ки дар он ҷо штаб кор карда истодааст ва ба он ҷо рафтан мумкин нест. Мо ба ӯ гуфтем: ” пас, Шумо иҷозат диҳед, то мо  ба он ҷо биравем.” Ва  Раис гуфт, ки ба ӯ лозим аст, ки аз мақомоти қудратӣ иҷозат гирад ва аз утоқ баромада, бо касе телефонӣ суҳбат кард, баъд баргашт ва ба мо иҷозат дод, то ба маҳалли хаймаҳо равем. Аммо бо ҳамроҳии ёрдамчиаш, – идома медиҳад Гулнора.

Фавран ба  хаймаҳо рафтан ба рӯзноманигор муяссар нашуд, ёрдамчӣ онҳоро ба мактаби маҳаллӣ бурд, ки дар он ҷо ба сокинони минтақаи зарардида кумакҳо – курпаву болиштҳо, белу васоили ошхона тақсим мекарданд.

– Як гурӯҳ занҳо дар он ҷо ҷамъ омада буданд, ман назди онҳо рафтам, онҳо зуд бо ман сӯҳбатро  дар бораи душвориҳои худ нақл кардан гирифтанд, аммо баъд ячанд мард омаданд, онҳоро хомуш карданд ва онҳо якбора  ба ситоиши ҳукумат шурӯъ карданд. Як зан бошад ҳамеша мегуфт, ки ба ӯ маводи сохтмонӣ доданд, аммо онҳо каманд, барои устоҳо пул надорад, ким-кадом сангҳоро надоданд. Дар ҳол  ба назди мо “авангардист”-е (намояндаи созмони ҷавонони  “Авангард” – аз. муалл.) омад ва ҳанӯз нафаҳмида, ки ман кистам, барои чӣ омадам, маро ба он айдор кард, ки гӯё ба ҷои ёрӣ додан ба одамон,  саволҳои ҳархела мепурсам, – мегӯяд Гулнора.

Ҳамин ки гурӯҳи дуввуми рӯзноманигорон аз шоҳроҳи асосӣ ба  роҳе ворид шуд, ки суйи деҳаи осебдидаи «XVIII Партсъезд» мебурд,  мошини онҳоро  “Тойота” -и сафеде гузашта  ва марде дар сари чамбарак бо либосҳои корманди БДА ишора кард, ки мошинро доранд. Сержанти бозрасӣ Алишер Очилдиев аз рӯзноманигорон пурсид, ки онҳо кистанд ва чаро омадаанд ва сипас тавзеҳ дод, ки қабл аз он ки гузорад, ки мо ба  деҳа ворид шавем бояд аз мақомоти баландпоя иҷозат пурсад. Дере нагузашта намояндаи шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ Некрӯз Гулов ба назди хабарнигорон омад  ва боз   сабабҳои омадани онҳоро пурсид ва танҳо пас аз он ба матбуот иҷозаи вуруд доданд. Хушбахтона, бидуни  мурофақа.

– Аммо, далели он, ки журналистон бояд барои иҷрои вазифаҳои касбии худ якчанд марҳилаи санҷишро гузаранд, боиси нигаронӣ аст. Инчунин, ҳар гуна монеа дар кор касро ба фикр водор мекунад , ки  шояд мақомот кӯшиш мекунанд, ки чизеро пинҳон кунанд. Сокинони маҳаллӣ низ аз сӯҳбат кардан бо матбуот худдорӣ мекунанд, – мегӯяд журналист Меҳрангез Турсунзода, ки дар гурӯҳи дуввуми мухбирон буд.

Аз гуфтани номҳояшон одамони деҳаи осебдида худдорӣ мекарданд. Ин амалашонро ба таври оддӣ шарҳ медоданд: “Агар мо ягон чизе гӯем, мақомот моро хоин меноманд.” Дар маҷмӯъ, аз суханони канда кандаи онҳо метавон фаҳмид, ки ба аҳолии маҳаллӣ кӯмаки хеле кам ҷудо шудааст, аммо барои  тазоҳуроташон хуб  ҷазо дода шудаанд.

– Аз панҷ  нафари  пурсидашуда ҳамаашон дар бораи ҳодисаи  Абдулло чизе шуниданд, аммо касе чизеро надидааст. Ҳатто ба хоҳиши он, ки барои фаҳмидани воқеъа аз даҳони шоҳидони аслӣ моро бо  онҳо  шинос кунед, мардум посухи манфӣ медоданд. Онҳо мегуфтанд, ки онҳо ҳеҷ чизро намедонанд ва дар бораи ин ҳодиса аз дигарон шунидаанд, – мегӯяд Меҳрангез.

Бояд гуфт ки, ҳоло дар деҳаи «XVIII Партсъезд », ки дар он сел омада буд, сокинони маҳаллӣ хонаҳои харобшудаи худро бо мақсади наҷот додани маводҳои сохтмонӣ ва дубора истифода бурдани онҳо дар сохтмони манзилҳои нави худ, канда, ҷудо карда истодаанд. Сел бошад оҳиста-оҳиста аз нишебӣ фаромада, боқимондаи деҳаро ба комаш фуру мебарад. Дар харобаҳо асосан мардон кор мекунанд, занҳо ва фарзандони онҳо (ҳамагӣ 70 оила), аллакай дар урдугоҳ дар наздикии деҳа зиндагӣ мекунанд. Дар ҳамон ҷое, ки Абдулло рафтан натавонист ва ҳамкасбонаш пас аз деҳаи осебдида (гурӯҳи дуввуми рӯзноманигорон) дарҳол ба назди хаймаҳо рафтанд, ки  дар саҳро ҷойгир  шудаанд.

Дар ин ҷо ҳеҷ гуна монеа вуҷуд надошт – сокинон оромона ба матбуот манзилҳои муваққатии худро нишон медоданд, мегуфтанд, ки ҳукумат ба онҳо аз 500 то-800 метри квадратӣ замин ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо кардааст ва мардум аллакай сохтмонро оғоз кардаанд. Онҳо гуфтанд, ки ҳукумат ҳамарӯза онҳоро хабар мегиранд ва маҳсулоти хӯрокворӣ меоранд. Аммо, баъд ба ҳар ҳол боз илова карданд, ки масалан, барои ҳар як оилаи осебдида як хайма ҷудо шудааст, ки на ҳама дар он меғунҷанд, бинобар ин онҳо кӯшиш карданд, ки фарзандонашонро ба хонаи хешовандонашон аз деҳаҳои наздиктарин бифиристанд. Боз мегуфтанд, ки зери сел натанҳо ҳонаҳои онҳо монданд, балки муҳимтар аз ҳама заминҳои корами обёришуда, ки онҳо аз ин замиҳо нон мехӯрданд, низ зери сел мондаанд. Ҳоло ба онҳо чанд  порча замин дода шудааст, ки акнун дар онҳо чизе парвариш карда намешавад. Бояд гуфт ки, инҷо ҳеҷ кас  дар бора ҳодисаи Абдулло  чизе намедонад: бале – шуниданд, аммо чизе надидаанд.

Дар ҳамин ҳол, мардум ба зудӣ ошкоргӯиро қатъ карданд: дар аввал  зиддиуфуникунандагон (дезинфекторҳо) бо либосҳои муҳофизатӣ дар назди хаймаҳо пайдо шуданд, баъд ҷавонон  бо куртаҳои сафеди остиндароз. Дере нагузашта дар наздикии  хаймаҳо мошин бо гурӯҳи якуми рӯзноманигорон, ки аввал ба ҳукумат рафта буданд ва нафаре  ҳамроҳиашон мекард, пайдо шуд . Сокинон такрори ба такрор, мисле ки матнро аз ёд карда бошанд дар бораи кӯмакҳои давлат мегуфтанд. Аммо суханони бе ин ҳам чоплусонаи онҳоро боз ҳам  баъзеҳо ислоҳ мекарданд.

– Дар аксари ҳолатҳо, аз номи сокинони оддӣ фаъолписарон ва фаъолдухтарон бо истинод ба он ки, сокинони оддӣ метавонанд ҳама чизро омехта кунанд, ҷавоб мегуфтанд, – мегӯяд журналист Суруш Раҳмонӣ.

“Мо душмани ҷомеа нестем, ва вазифаи касбии худро иҷро карда истодаем”

Гурӯҳи рӯзноманигоронро, ки ба минтақаи Хуросон сафар карданд, инчунин роҳбари Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев ҳамроҳӣ кард. Ӯ дар гурӯҳи журналистоне буд, ки  аввал ба ҳукумат рафта буданд.

– Ҳадафи ин сафар муҳофизат кардани Абдулло набуд, балки фаҳмидани вазъ, мавқеи роҳбариятро муайян кардан ва бо чашми худ дидан, ки дар он ҷо чӣ ҳодиса рӯй дода истодааст. Дар маҷмӯ, ин, албатта, як изҳори ҳамбастагӣ аст, аммо вазифаи мо пеш аз ҳама баҳодиҳии рӯйдод буд, – гуфт ӯ.

Нуриддин гуфт, ки дар ҳукумат ба онҳо зарур омад фаҳмонанд, ки мардум ҳаққи баён кардани фикри худро доранд, даҳони онҳоро бастан зарур нест, зеро ҳама мушкилот танҳо тавассути муколама ҳал карда мешаванд.

– Мо кӯшиш кардем ба мақомот фаҳмонем, ки мо душмани ҷомеаи худ нестем ва мо вазифаи касбии худро иҷро карда истодаем. Ва дар он ҳолатҳое, ки мо ҳозир қарор дорем, дастрасӣ ба иттилоот аҳамияти муҳим дорад,- шарҳ медиҳад Қаршибоев.

Ба ақидаи ӯ, барои дарк кардани ҳодисаи аввале, ки бо Абдулло Ғурбатӣ 11 май ба вуқӯъ пайваст, кормандони милитсия бояд пеш аз ҳама фармоишгари видеоролик алайҳи рӯзноманигорро пайдо кунад, ки ҳануз дар моҳи апрел дар интернет пайдо шуда буд ва дар он ӯро ба ҳама гуноҳони кабира айбдор карда буданд. Гузашта аз ин, милитсия барои дарёфти ин иттилоот тамоми имкониятҳоро дорад. Ғайр аз он, Қаршибаев чунин мешуморад, ки ба маълумоти дар сомонаи ВКД нашршуда, ки дар он Абдулло инчунин ба қонуншиканӣ айбдор карда шудааст, баҳои ҳуқуқӣ додан зарур аст. Ба гуфти раиси НАНСМИТ, ҳамаи ин як маърака барои тарсонидани рӯзноманигорон аст.

Аммо  дар бораи ҳодисаи, 29 май. Худи ҳамон рӯз, вақте  ҳамкорони Абдулло Ғурбатӣ дар ноҳияи Хуросон кор мекарданд, ӯ ва адвокаташ- Абдураҳмон Шарипов дар додгоҳи ин ноҳия буданд.

«Пеш аз оғози мурофиа Абдулло ҳамлагаронро шинохт. Онҳо сокинони ноҳияи Хуросон Сӯҳроб Бобоев, Абдулмаҷид Давлатов ва Қурбоналӣ Ғуломов буданд”, гуфт адвокат ба хабарнигорони «Азия-Плюс». Ҳамлагарон мутобиқи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) айбдор карда шуданд ва ба 10 нишондиҳанда барои пардохт -580 сомонӣ (тақрибан 60 доллар)ҳар як кадомашон ҷарима баста шуданд. Ҳар сеи онҳо бо сокинони деҳаи зарардида ҳеҷ иртиботе надоранд. Ангезаашонро чунин шарҳ доданд, ки онҳо намехостанд, ки рӯзноманигор хаймаҳоро ба навор гирад. Дар сафҳаи аввали рӯзномаи “Азия-Плюс” гузориш дар бораи зиндагӣ дар ноҳияи Хуросон нашр шудааст, ки ба ҷойи Абдулло онро ҳамкоронаш омода карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Чӣ гуна илм дар ВАО сарлавҳа месозад, оламро ба атрофиён омӯзонида, шӯхӣ мекунад

Меъёрҳои журналистӣ  дар олами илм ба кор намеоянд. Расонае, ки дар ин раванд фаъолият мекунад, дигар роҳҳоро истифода мебарад. Александра Борисова, номзади илмҳои кимиё,...

Беҳтарин кейсҳои расонаии анбӯҳфиристӣ дар ҷаҳон

Анбӯҳфиристӣ барои расонаҳо - воситаи хуби маблағкоркунӣ мебошад. Ҳамагӣ ҳазор нафар омодаанд, ки барои муҳтавои муфид ва баландсифат 10 долларӣ пардохт кунанд.  Ин иловаи...

Журналистика дар Youtube чист? Таҷрибаи Алексей Пивоваров

Дар як ҷаласаи MediaCAMPFest Алексей Пивоваров – муаллифи канали “Редакция” дар бораи он қисса кард, ки журналистика дар YouTube чист, кадом форматҳо истифода мешаванд...

Равандҳои тиҷоратӣ барои анбӯҳфиристӣ. Таҷрибаи “Бумага”

Агар шумо анбӯҳфиристиро ҳамчун нақшаи мушаххаси эҷоди маҳсулоти тиҷоратӣ мешуморед, пас ба шумо лозим аст, ки барои корҳои зиёди идоракунӣ оид ба ташкили равандҳои...

Internews ҷашнвораи MediaCAMP Fest ва озмуни MediaCAMP Award 2020 баргузор мекунад

Аз 14-ум то 19-уми сентябр Интернюс фестивали бошукӯҳи расонаии Осиёи Марказиро баргузор мекунад. Фестивал тариқи онлайн доир шуда, дар он беш аз 1000 коршиносони...