хона Лоиҳаҳои мо Вебинар Чӣ тавр трафикро сарфа карда, онлайн омӯхт

Чӣ тавр трафикро сарфа карда, онлайн омӯхт

Омӯзиши фосилавӣ дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон ҳам маъруф  шуд. Дар кишвар суръати интернет ниёз ба беҳбудӣ дорад ва нархаш ҳам дар муҳити пасошӯравӣ баландтарин аст. Дар бораи он ки чӣ  тавр барои гузаронидани вебинар ё конференсияҳои онлайнӣ  метавон омодагӣ гирифт ва руйи кадом афзалиятҳои омӯзиши фосилавӣ ҳисоб кард, дар вебинари махсус ба забони тоҷикӣ директори ИҶ «Маркази технологияҳои иттилоотӣ-комуникатсионӣ» (ТИК) – Талъат Нуъмонов дар вебинаре, ки Internews Tajikistan доир кард, қисса намуд.

Дар ин вебинари махсус Талъат Нуъмонов дар бораи платформаҳои омузишии фосилавӣ, дар бораи чорабиниҳои онлайнӣ нақл кард. Ӯ шарҳ дод,  ки ба кадом барномаҳои кӯмакрасон  ҳангоми омузишҳои фосилавӣ бояд диққат дод ва чӣ тавр қолаби муносиби  чорабиниро дуруст интихоб намуд.

Барои хуб дарк кардани санъати гузаронидани чорабиниҳои онлайнӣ истилоҳотро хуб донистан лозим аст. Ба истилоҳот калимаҳои зерин дохил мешаванд:

On air –  мустақим

Online – бархат

Virtual – маҷозӣ

Software – нармафзор

Hardware – сахтафзор

Чорабиниҳои онлайнӣ чанд намуд мешаванд?

Чорабиниҳои онлайнӣ ва ё бархатӣ ду намуд мешаванд:

  • Вебинар – чорабиние, ки тавассути шабакаҳои Интернетӣ ба таври фосилавӣ, омӯзишӣ, машваративу санҷишӣ гузаронида мешавад.
  • Конфронси бархатӣ – чорабиние мебошад, ки дар он тарафҳо бо боз кардани камера ва микрофон дар атрофи як ё якчанд мавзуъ бо якдигар мушовара мегузаронанд.

Кадом пойгоҳ барои гузаронидани чорабиниҳои фосилавӣ мавҷуд аст?

  •  ZOOM – яке аз пойгоҳҳои серистеъмол барои гузаронидани конфронсҳои бархатӣ миёни корбарон ҳангоми пандемияи коронавирус гардид. Ин пойгоҳ аввалин маротиба дар ИМА, соли 2012 ба истифода дода шудааст.
  • Big Blue Button – ин пойгоҳ барои гузаронидани вебинар аст. Махсусияти пойгоҳи мазкур ин – бо як маротиба пахш кардани тугмачаи зарурӣ гузаштан ба ҷойи лозима аст.
  • WebeX – ин пойгоҳ низ барои гузаронидани конфронсҳои бархатӣ буда, ба ширкати CISCO дахл дорад.
  • Google Meet – пойгоҳи ширкати Google аст.

Дар умум, аз ҳама пойгоҳҳои байналмилалии серистеъмолтарин ин чор пойгоҳ ба ҳисоб мераванд. Дар кишвари мо бошад, бештар версияҳои бепули ин барномаҳо истифода бурда мешаванд. Барои мисол, пойгоҳи WebeX – ро хеле кам истифода мекунанд. Чун нархи ин пойгоҳ хеле гарон буда, на ҳар кас дастрасӣ доранд.

 Кадом пойгоҳҳои миллӣ мавҷуд ҳастанд?

Афзор барои гузаронидани чорабинии бархат:

  • Компютер, ки дар он системаи амалиётии литсензионӣ насб шудааст ва бо микрофон, камера ва садодиҳанда таъмин аст;
  • Пайваст будан ба шабакаи интернет;
  • На кам аз 1Mb/сония будани суръати интернет;
  • Роҳбалад: Google Chrom ё Fire Fox, Safari барои MacOS;

Ҳар амал бартариву камбудиҳои худро дорад. Аз он ҷумла, чорабиниҳои онлайнӣ низ.

Бартариятҳо:

  • Иштирокчиён аз ҳар гӯшаву канори олам иштирок карда метавонанд;
  • Худро озод ҳис менамоянд;
  • Беандоза будани шумораи иштирокчиён;
  • Бидуни ҷорапулӣ барои макони баргузорӣ;
  • Касе дигареро аз буданаш озор намедиҳад;
  • Эҳсосоти манфии ҷомеа ҳис карда намешавад;

Камбудиҳо:

  • На ҳар кас метавонад аз ин дастовар истифода кунад;
  • Суръати заифи интернет;
  • Гарон будани нархи интернет;
  • Бидуни кофе-брейк;

Ҳамчунин, муддати чорабинии онлайнӣ низ бояд ба назар гирифта шавад. Ба пешниҳоди намоишнома низ диққат додан зарур аст. Тақрибан 25-30 дақиқа пешкаш кардани рӯнамоӣ ҷоиз аст. Ба саволу ҷавоб тамошобинонро ҷалб  кардан ҳам намегузорад, ки чорабинии онлайнӣ камфаъол гузарад. Саволу ҷавоби бештар иштирокчиёнро барои ҳалли масъала ҷалб намуда, бетараф намегузорад.

Инчунин дар намоишнома матни кам ва ҳарчи зиёдтар аксҳо истифода бурдан лозим аст. То ки иштирокчӣ дар тафаккури худ, мавзуъро чуқуртар дарк намояд. Беҳуда нагуфтаанд: “Шунидан кай бувад монанди дидан”.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Иштибоҳоти зиёнбори бозорёбҳо. Дидгоҳи Алина Шербинина

Фаъолият дар соҳаи эҷодкорӣ, на танҳо чизҳои навро омӯхтан, балки фаъолияти ҳамкорони худро мушоҳида карданро низ дар бар мегирад. Ин ба шумо дар тамоюл...

Аз сторителлинг ба сторидуинг. Тавсияҳои Марям Охунова

Соли 2009, Роб Уолкер - рӯзноманигори амрикоӣ озмоиши ғайриоддӣ гузаронид: ӯ тақрибан сад ашёи нодаркориро ба монанди як бонкаи холии майонез ё хот-доги дамита...

Дар Тоҷикистон рӯзноманигоронро намемонанд кор кунанд. Чи бояд кард?

Дар интихоботи президентӣ, ки 11-уми октябр доир мешавад, гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" - яке аз расонаҳои Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот аккредитатсия дода нашуд....

Тарҳҳои расонаии занона дар Осиёи Марказӣ

Вақтҳои охир дар Осиёи Марказӣ лоиҳаҳое пайдо мешаванд, ки метавон лоиҳаҳои занона номид. Ин як раванди душвор, вале хеле муҳим аст.- Чаро тарҳҳои расонаӣ...

Сагча-Аркадий: тавсияҳои Роман Анин ба рӯзноманигорони таҳқиқгар

Дар муқоиса бо кишварҳои Аврупо ё ИДМ, таҳқиқоти журналистӣ дар Осиёи Миёна дар ҳоли рушд аст. Ҳоло дар минтақа кӯшишҳои номуваффақ аз кӯшишҳои муваффақ...