хона Лоиҳаҳои мо Вебинар Вебинар: Чӣ гуна дар барномаи ZOOM мусоҳибаҳоро ташкил ва сабт кард?

Вебинар: Чӣ гуна дар барномаи ZOOM мусоҳибаҳоро ташкил ва сабт кард?

Рустам Гулов, мутахассиси саводнокии расонаӣ ва мултимедиаи Интернюс дар Тоҷикистон, дар бораи чӣ гуна дуруст танзим кардани ZOOM барои гузаронидани мусоҳиба, хусусиятҳои иловагии муфиди ин барнома дар вебинари махсус нақл кард.

Дар рафти вебинар, ки худ дар заминаи захираи Zoom баргузор гардид, ҷабҳаҳои асосии техникии ҷурсозии захираи мазкур баррасӣ гаштанд:

  • Насби ZOOM дар компютер
  • Ба нақша гирифтани мусоҳиба ва даъват кардани мусоҳиб ба он
  • Сабт кардани мусоҳиба
  • Истифодаи таҷҳизоти иловагӣ

Агар  ZOOM–е, ки истифода мекунед, дар тарофаи ройгон аст, то 40-дақиқа метавонед конференсия ва ё мусоҳиба гузаронед. Агар тарофаи пулакиашро истифода мебаред, ин махдудият бардошта мешавад.

Ба он касоне, ки дар конференсияи шумо ширкат мекунанд, се – чизи муҳимро фиристон зарур аст:

  • Линки пайвастшавӣ;
  • Идентификатори конференсия;
  • Калидвожа.

Аз ин се қисми муҳим, боз ҳам муҳимтар ин линки пайвастшавӣ аст. Агар ширкаткунандаи конфронс линкро пахш кунад, ба ӯ на идентификатор ва на калидвожа зарур нест. Танҳо иҷозати администратор лозим аст, ки ӯ пайваст шавад. Ин аз ҳама роҳи осони пайваст шудан ба мусоҳибаҳо ва ё конфронсҳо дар ҳамимаи ZOOM мебошад.

Чӣ гуна мусоҳибаҳоро дар замимаи ZOOM сабт кард?

Дар равзани асосии суҳбат тугмачаи махсуси «Запись» мавҷуд аст. Ҳангоми оғози конференсия новобаста аз он, ки  аз чанд кас иборат аст, он тугмачаро пахш карда, метавонед конференсияи худро сабт кунед. Ва ё роҳи дигар якбора тугмачаҳои Alt+R –ро пахш мекунед. Вақте амали сабт кардани мусоҳибаро интихоб мекунем, дар замима ду опсия пайдо мешавад:

  • Сабт дар хотираи серверҳои Zoom;
  • Сабт дар хотираи компютер.

Хуб мешавад, ки опсияи “Сабт дар хотираи компютер” – ро интихоб кунед. Барои он, ки дар ин ҳолат конференсия бо сифати хуб сабт мешавад.

Дигар қисмати зарури сабти сифати хуби конференсия ин интихоби пасманзар (фон) аст.  Замимаи ZOOM дорои якчанд пасманзарҳои виртуалӣ аст. Инчунин шумо метавонед дилхоҳ акс ё видеои кутоҳи худро ба сифати пасманзар интихоб кунед. Ҳангоми интихоби пасманзар аҳамият додан зарур аст, ки ранги либос ва ранги пасманзар фарқ дошта бошад.

Чӣ гуна пасманзари виртуалӣ гузоштан мумкин аст?

  • Аз қисми чапи равзана интихоби тугмачаи “Видео”
  • Аз меню интихоби тугмачаи “Выбрать виртуальный фон”
  • Аз ин равзана интихоби намуди пасманзар

Ҳангоми гузаронидани конференсияҳо хуб мешавад, ки рӯшноиро истифода кунед. Барои мисол равшании офтоб ё равшании сунъиро истифода кунед.

Ҳамзамон метавонем, аз ҷараёни гузаронидани мусоҳиба ва ё вебинар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахши мустақим доир кунем. Айни замон Facebook ва YouTube дастрас мебошанд.

Бояд қайд кард, ки ин амал танҳо дар замимаҳои пулакӣ дастрас аст. Барои ҳамин дар замимаҳое, ки ройгон ҳастанд, ин амалро иҷро карда ғайриимкон аст. Аммо дар ҳолати зарурӣ метавонед аз барномаҳои иловагӣ ба мисоли OBS Studio барои амалӣ намудани пахши мустақим ҳатто дар тарофаи ройгон истифода бурд.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Чӣ гуна илм дар ВАО сарлавҳа месозад, оламро ба атрофиён омӯзонида, шӯхӣ мекунад

Меъёрҳои журналистӣ  дар олами илм ба кор намеоянд. Расонае, ки дар ин раванд фаъолият мекунад, дигар роҳҳоро истифода мебарад. Александра Борисова, номзади илмҳои кимиё,...

Беҳтарин кейсҳои расонаии анбӯҳфиристӣ дар ҷаҳон

Анбӯҳфиристӣ барои расонаҳо - воситаи хуби маблағкоркунӣ мебошад. Ҳамагӣ ҳазор нафар омодаанд, ки барои муҳтавои муфид ва баландсифат 10 долларӣ пардохт кунанд.  Ин иловаи...

Журналистика дар Youtube чист? Таҷрибаи Алексей Пивоваров

Дар як ҷаласаи MediaCAMPFest Алексей Пивоваров – муаллифи канали “Редакция” дар бораи он қисса кард, ки журналистика дар YouTube чист, кадом форматҳо истифода мешаванд...

Равандҳои тиҷоратӣ барои анбӯҳфиристӣ. Таҷрибаи “Бумага”

Агар шумо анбӯҳфиристиро ҳамчун нақшаи мушаххаси эҷоди маҳсулоти тиҷоратӣ мешуморед, пас ба шумо лозим аст, ки барои корҳои зиёди идоракунӣ оид ба ташкили равандҳои...

Internews ҷашнвораи MediaCAMP Fest ва озмуни MediaCAMP Award 2020 баргузор мекунад

Аз 14-ум то 19-уми сентябр Интернюс фестивали бошукӯҳи расонаии Осиёи Марказиро баргузор мекунад. Фестивал тариқи онлайн доир шуда, дар он беш аз 1000 коршиносони...