Home Лоиҳаҳои мо Вебинар Тарҳрезӣ ва ба пеш бурдани лоиҳаҳои вижа дар Тоҷикистон

Тарҳрезӣ ва ба пеш бурдани лоиҳаҳои вижа дар Тоҷикистон

Рӯзноманигор, продюсер, барандаи лоиҳаҳои “Салом, соседи“, “В чем сила, сестра?” ва коргардони филми ҳуҷҷатии “Мардикор” – Маҳпора Киромова дар вебинари махсуси Интернюс, ки 9-уми июл доир шуд, чӣ гуна мавзӯи мувофиқро барои як лоиҳаи махсус интихоб карда, аудиторияи мақсадноки худро пайдо кардан мумкин аст, қисса кард.

Тарҳрезии лоиҳаҳои вижа як донишу малакаи хосро талаб мекунад. Ҳамзамон кордонӣ ва заҳмати зиёдро низ. Барои бо муваффақият шудани лоиҳа, вижагии корро бояд донист.

Се омили асосии комёбӣ мавҷуд аст:

  • Аҳамияти ғоя

Ҳар мавзӯе, ки барои худи муаллиф писанд аст, ғояи лоиҳа шуда наметавонад.

  • Форматҳои ҷолибу ҷадид

Ҳирфаӣ будани кори лоиҳаро аслан форматҳои замонавӣ ва ҷолиб нишон медиҳад.

  • Муайянсозии дурусти мухотаб ва платформаи зарурӣ

Дигар омили асосӣ ин – аудитория ва интихоби дурусти платформаи зарурӣ аст, ки дар оянда маводи омодашуда дар он ҷо нашр карда мешавад. Қариб 50% муваффақияти тарҳ ба интихоби дурусти платформа вобаста аст. Агар аудитория нодуруст интихоб шавад, ҳарчанд идеяи тарҳ олӣ бошад ҳам комёб гаштани он номумкин аст.

Тарҳрезии лоиҳаи вижа бидуни ин се омил нодуруст аст.

Идея ва аҳамияти он

Бо ду суоли зерин метавон муайян кард, ки то чӣ андоза идея метавонад муваффақ шавад:

  • Оё идеяи шумо аз дарди ҷомеа (ҳадди ақал аз мушкилоти як қишри ҷомеа) мегӯяд ё не?
  • Оё он ба ҳалли мушкилот мусоидат мекунад ё не?

 Форматҳо

Барои тарҳи вижа ҳама намудҳои маъмули форматҳо ва жанрҳои журналистикаи муосир рост меояд. Ин намуди форматҳоро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд:

  • Сода

Лоиҳаҳои сода аслан дар шакли лонгрид ва ё маводи чандрасонаӣ омода мешаванд. Яке аз намунаҳои ин гуна лоиҳаи ватанӣ лонгриди АИ “Азия Плюс” – “”Чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик тамоми кишварро таъмин мекунанд” аст. Муаллифони маводи чандрасонаии мазкур, рӯзноманигорон Пайрав Чоршанбиев ва Баҳманёр Нодиров мебошанд.

  • Мураккаб

Тарҳҳои мураккаб ин силсилаи маводҳои журналистӣ дар дохили як лоиҳа аст. Барои мисол, лоиҳаҳои “Салом, соседи”, “В чем сила, сестра”.

  • Хеле мураккаб

Формати мазкур ба мавзӯҳои хеле васеъ бахшида мешавад. Одатан ба ин гуна лоиҳаҳо сомонаи алоҳида месозанд. Намунаи лоиҳаҳои мазкур сомонаи Мигрант.news.tj аст.

Аудиторияи лоиҳа

Ҳар як шабакаи иҷтимоӣ аз рӯйи стандартҳои кориашон аз якдигар фарқ мекунанд.  Барои мисол дар Instagram навору аксҳои ба шакли квадрат ва то 1 дақиқа  нашр карда мешавад.  Дар YouTube бошад, формати 16:9 ва муддати бемаҳдуди наворро ҷой додан мумкин аст. Агар лоиҳа бештар аз навору акс иборат бошад, пас пешакӣ нақшаи муҳтаворо доштан лозим аст. Яъне муайян намудан, ки маводи шумо дар кадом платформаҳо бештар тамошобин пайдо карда, маъмул хоҳанд гашт. Аз рӯи омор бармеояд, ки ҳар як платформа аудиторияи худро дорад ва гузариш аз як шабака ба шабакаи дигар хеле кам аст. Барои мисол, аз омори Youtube бармеояд, ки  аз платформаи Facebook ба он ҷо хеле кам гузариш мекунанд.

Ба ақидаи Маҳпора,  он муҳтавое, ки барои аудиторияи Youtube ҷолиб аст, барои аудиторияи Facebook наонқадар мувофиқ аст. Ӯ мегӯяд, дар сегменти тоҷикии Youtube аслан муҳоҷирони меҳнатӣ фаъол ҳастанд ва сатҳи ҷаҳонбиниашон зиёд фарқ мекунад. Дар Facebook категорияи дигари корбарон фаъол ҳастанд. Он ҷо бештар таҳлилу баррасии муҳтаво маъмул аст.  Барои мисол, пеш аз ба навор гирифтани филми ҳуҷҷатии “Мардикор”, муаллифи лоиҳа – Маҳпора Киромова платформаҳои Youtube ва  Facebook-ро барои нашри маводаш интихоб кард. Ин буд, ки филми мазкур яке аз сертамошобинтарин навор дар Youtube  ва пур аз баҳсу таҳлил дар Facebook  гашт.

Агар мехоҳед, ки маводатон дар ҳама платформаҳо яксон сербинанда шавад, пас ин се амалро ба назар бигиред:

  • Мушкилоти ҳамаро фаро гирад;
  • Бо усули ҷадид таҳия карда шавад;
  • Характери аудитория ба инобат гирифта шавад.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

LEAVE A REPLY

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Нақди расонаӣ дар ИМА ва берун аз он: 10 иқтибос аз ҷаласаи Ҷули Саламон

Cоли сеюм аст, ки "Новый репортер" нақди расонаиро дар Осиёи Марказӣ рушд медиҳад. То имрӯз дар сомона зиёда аз 350 мавод бо забонҳои русӣ,...

Пахтачинӣ дар чиллаи зимистон, тоҷикони соҳибкитоб ва рӯ ба давлати рушди устувор. Шарҳи хабарҳои...

Ҳафтаи сипаришуда шабакаҳои асосии телевизионии кишвар - "Тоҷикистон", "Сафина" ва "Ҷаҳоннамо" бори чаҳорум дар бораи «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» қисса карданд, бори сеюм...

Боз сарфакорӣ ва симфонияи «Роғун». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аз 4...

Ҳафтаи сипаришуда мавзуъҳои гузоришҳои барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо» ва «Сафина» чун ҳафтаи пешин ба сарфакунии қувваи барқ, аҳамияти таърихии китоби «Тоҷикон» ва...

Дар интизори муъҷиза: Дар Тоҷикистон бар асоси идеяи Бахтиёр Худойназаров филм ба навор гирифта...

Офарандагони филми нави тоҷикии "Бачаи Обӣ" махсус барои ба навор гирифтани ин филм дар соҳили обанбори сунъӣ як шаҳраки қалбакии моҳидорӣ сохтанд. Баъдан, дар...

Сарфакунии қувваи барқ дар зимистон. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 28...

Ҳафтаи сипаришуда мавзуи гузоришҳои барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо» ва «Сафина» ба сарфакунии қувваи барқ, таъмири заҳбурҳо ва китобхонӣ бахшида шуда буд. Дар...