хона Медиалента Чӣ гуна рӯзноманигорони Қазоқистону Тоҷикистон бо COVID-19 мубориза мебаранд

Чӣ гуна рӯзноманигорони Қазоқистону Тоҷикистон бо COVID-19 мубориза мебаранд

Дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ, Интернюс озмуни грантии “Иттилоот ҳаётро наҷот медиҳад” – ро эълон кард, ки он ба дастгирии васоити ахбори маҳаллӣ дар давраи душвории пандемияи ҷаҳонӣ равона шуда буд. Дар озмун танҳо расонаҳое, ки дар Қазоқистон ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқи иштирок доштанд.  Мақсад аз эълони озмуни мазкур ҳангоми пандемияи COVID-19  истеҳсоли муҳтавои муфид барои аудитория буд.  27 лоиҳаи беҳтарин аз ҷониби ҳакамони мустақил дар ҳарду кишвар интихоб шуданд,  “Новый Репортер” дар бораи онҳо нақл мекунад.

Қазоқистон

Дар Қазоқистон 14 нашрия ғолиби озмуни «Иттилоот ҳаётро наҷот медиҳад»  гардиданд. Пас аз барҳам додани вазъияти фавқулодда дар ҷумҳурӣ рӯзноманигорон дар асоси  ин лоиҳа ба кор шурӯъ карданд.  Ба назар чунин менамуд, ки ҳама рӯзҳои ғамангез  ба поён расидааст. Вале дубора хуруҷи нави COVID-19 дар кишвар сар зад.  Одамон боз ҳам гирифтори беморӣ шуданд, фавтиданд ва ҳукумат маҳдудиятҳоро баргардонд. Хабарнигорон бошанд,  корашонро идома мед оданд, чун аудитория ҳанӯз ба  маълумоти тоза ниёз дошт.
Кормандони редакцияи «Петропавловск.news» дар бораи он, ки шимоли Қазоқистон чӣ гуна эпидемияи COVID-19-ро аз сар мегузаронад, қисса мекарданд. Рӯзноманигорон аз маҳдудиятҳои нав ҳушдор медоданд, оморро назорат  ва ҳатто рӯзномаи беморонро сабт мекарданд. Ҳамкасбони онҳо аз ҷануби ғарби Қазоқистон, рӯзноманигорони идораи Lada.kz дар бораи он мегуфтанд, ки бо вуҷуди вазъи хатарноки эпидемиологӣ, мардум дар соҳилҳои Актау истироҳат мекунанд. Инчунин аудиторияи худро  ҳушдор мекарданд, ки аз ин кор дар ҳолати пандемия худдорӣ кунанд.

Аз сабаби шумораи зиёди фейкҳои марбут ба COVID-19, The Qazaq Times ба аудиторияи худ дар шаклҳои чопӣ ва аудиоӣ дар бораи зарурати риояи қоидаҳои бехатарӣ ва интизор нашудани доруҳои мӯъҷизавӣ ҳушдор дод. Ҳамчунин рӯзноманигорон ба аудиторияи қазоқзабони худ  шарҳи рӯйдоди ҷаҳонро омода мекарданд.

«Новое телевидение» – дар бораи фаъолияти театрҳо ҳангоми пандемия гузориш медод ва дар бораи конфронси TEDx, ки дар Караганда баргузор шуд, қисса  мекард.

Дар аввали моҳи июл, вақте ки сокинони Қазоқистон тақрибан ҳар рӯз дар бораи ҳодисаҳои COVID-19 дар байни хешовандон ва дӯстони наздику дури онҳо бохабар мешуданд, рӯзноманигорони нашрияи қазоқии Malim.kz бо коршиносон ва одамони оддӣ мусоҳибаҳои васеъ баргузор карданд, ки дар фаҳмидани вазъ кӯмак мекард. Масалан, рӯзи 6-уми июл дар вебсайти нашрия мусоҳиба бо як сокини шаҳри Нурсултон – Арнагул Жанатка гузошта шуд, ки ӯ дар бораи чӣ гуна аз  COVID-19 шифо ёфтааст, нақл мекунад. Рӯзноманигорон бо шифокор Елена Хегай мусоҳибаи тӯлонӣ гузаронданд, ки дар он мутахассис оид ба тарзи рафтор дар ҳолати беморӣ, чӣ гуна ба наздикон кӯмак расонидан ва дигар чизҳои муҳим сӯҳбат мекунад.

Сарфи назар аз маҳдудиятҳои ковид, дар ҷумҳурӣ рӯйдоди маъмулӣ ба амал меомаданд, масалан, супурдани ЕНТ. Мухбирони нашрияи “Ак жайык” аз Атирау дар бораи он ки чӣ гуна хатмкунандагони мактаб ин санҷишҳоро супурданд, нақл карданд.

“Дар даромадгоҳ ҳарорати баданро месанҷанд: довталабон, кормандон ва аъзоёни комиссия. Дар толорҳо бошад, масофаи на камтар аз 2 метр миёни ҳар кас риоя карда шудааст», иттилоъ медоданд хабарнигорон.

Ғайр аз ин, рӯзноманигорони ин нашрия кӯшиш карданд, ки скептикҳоро бовар кунонанд ва шарҳ медоданд, ки бехабарӣ нисбати вирус ба чӣ оварда мерасонад. Мутаассифона, муносибати нокифояи ҷиддӣ ба эпидемия як падидаи маъмулист, ки бо он рӯзноманигорон бояд мубориза баранд.

Ҳикояҳои оддии инсониро “Наша Газета” нақл кард. Яке аз қаҳрамонони маводи рӯзноманигорӣ – Камила Солежанова, сокини 28-солаи Андиҷон буд. Ӯ дар ҳолати ҳомиладорӣ ҷараёни ду ҳафта дар шӯъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи вилояти Костанай бистарӣ буд.

Бо мақсади роҳнамоӣ кардани хонандагони худ дар интихоби санитария, рӯзноманигорони “Наша Газета” маводҳои муфассал дар бораи  таҷҳизоти муҳофизатӣ омода карданд. Инчунин дар бораи он, ки сокинони вилояти Костанай  чӣ гуна локдаунро сипарӣ намуданд, нақл карданд.

Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ғолибони гранти  «Иттилоот ҳаётро наҷот медиҳад» – 13 редаксия аз минтақаҳои мухталифи кишварро дар бар мегирад. Рӯзноманигорон кори худро ҳамон вақт оғоз карданд, ки дар беморхонаҳои ҷумҳурӣ гирифторони COVID-19 ва пневмония зиёд ва ҳамарӯза истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ барои наздикони худ некролог менавиштанд.  Бо вуҷуди он, ки мақомоти Тоҷикистон карантини умумӣ эълон накарданд, сокинон ихтиёран дар хона монданд. Аммо, рӯзноманигорон “дар майдон” кор мекарданд.

Масалан, гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» лоиҳаи видеоии «Навбатдорӣ дар шаҳр» -ро роҳандозӣ кард. Рӯзноманигорон дар бораи он, ки чӣ гуна замони пандемия дар Душанбе зиндагӣ ҷараён мегирад: фаъолияти тарабхонаҳову толорҳои ороишӣ, велосипедронии шаҳрвандон, риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми боздид аз боғи обӣ ва ғайра нақл мекарданд. Ғайр аз ин рӯзноманигорони “Азия-Плюс Online” боз як лоиҳаи дигар таҳия карданд, ки дар он лоиҳа  рӯзноманигорон дар бораи тоҷиконе, ки дар хориҷ ё дохили кишвар зиндагӣ мекунанд,  роҷеъ ба зиндагии онҳо дар ҷараёни COVID- 19 мусоҳиба мегиранд.

Дар аввали моҳи июл, ширкати расонаҳои “Вечёрка” рӯзномаи ройгон бо маълумоти навтарин дар бораи COVID-19, бо забони тоҷикӣ омода кард. Гурӯҳи корӣ тасмим гирифт, ки нусхаҳои чопшударо ройгон ба мардум тақсим кунад. Зеро арзиши Интернет дар Тоҷикистон нисбат ба тамоми кишварҳои пасошӯравӣ яке аз баландтарин аст ва аксари сокинони кишвар барои пардохт шароит надоранд. Барои паҳн кардани рӯзнома, гурӯҳи кории “Вечёрка” ду бозори калони шаҳри Душанбе ва бозорҳои шаҳрҳои ҳамсоя – Ҳисор ва Ваҳдатро интихоб кард. Инчунин рӯзномаҳоро дар маркази ноҳияи Варзоб, ки 10 километр дуртар аз пойтахт ҷойгир аст, тақсим карданд. Дар ҷараёни чанд рӯз, рӯзноманигорон 20000 нусхаи шумораи махсусро бо мақолаҳо ва инфографикаи коронавирус ба мардуми одӣ тақсим карданд.

Сармуҳаррири “Вечерка” Гулнора Амиршоева рӯзнома тақсим мекунад

Сомонаи “Тироз” тасмим гирифтааст, ки дар бораи COVID-19 аз истифодаи квестҳо бо забони тоҷикӣ нақл кунад. Аз истифодабарандагон хоҳиш карда мешавад, ки худро дар вазъияти хонагӣ тасаввур кунанд. Масалан, онҳо пас аз гаштугузор ба хона бармегарданд ва нахустин амале, ки бояд иҷро кунанд чӣ хоҳад буд: Ман либосҳоямро мекашам, дастонамро мешӯям, либосҳоямро ҷо ба ҷо мегузорам ва ғ. Аз имконоти пешниҳодшуда шумо бояд яке аз онҳоро интихоб кунед, ки дуруст бошад. “Тироз” шашто чунин квестҳоро нашр хоҳад кард, ки нашри аввалаш аллакай бароварда шудааст. Истифодабарандагон метавонанд дониши худро дар бораи COVID-19 озмоиш кунанд ва эҳтимолан барои худ чизи наве ёд гиранд.

ШТР “Азия” як маҷаллаи видеоиро барои канали YouTube сабт мекунад: “Коронавирус: Чӣ гуна дар оянда зиндагӣ кард?” Муҳтаво бо забони русӣ мебошад, ки дар он рӯзноманигорон бо мутахассисон дар бораи вируси нав, аломатҳои он сӯҳбат мекунанд ва ҳатто бо нармӣ дар бораи нишонаҳои  беморӣ ҳазлу шӯхӣ мекунанд: сирпиёз хӯрдан,  аз картошкаи дар об пухташуда нафас гирифтан ва ғайра.  Иштирокчиёни лоиҳаи мазҳакавии “Территория юмора” аз Хуҷанд, ки тамоми Тоҷикистон онҳоро мешиносанду дӯст медоранд, дар ин мавзӯъ саҳнаҳои ҳаҷвӣ омода мекунанд. Дар маҷмӯъ, телевизион шашто чунин маҷаллаи видеоӣ мебарорад.

Ягона шабакаи телевизионии ӯзбекӣ дар Тоҷикистон – “Ғӯлакандоз”, ки дар минтақаи Спитамен (ноҳияи ҳамсарҳад бо Ӯзбекистон)  ҷойгир аст,  ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ чӣ гуна рафтор кардан лозим аст, мавод омода мекунанд.  Онҳо ҳамаи муҳтавои омодашударо  дар эфир нишон медиҳанд ва инчунин онро дар канали YouTube-и худ нашр мекунанд.

Шабакаи дигари телевизионии вилояти Суғди Тоҷикистон “CM1” дар бораи он, ки чӣ гуна минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ҳангоми пандемия ҳаёт ба сар мебаранд, қисса мекунад. Рӯзноманигорон аллакай ба яке аз деҳаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар карда, бо занони одӣ, ки дар натиҷаи эпидемияи COVID-19 зиндагии худро дигар кардаанд, бо бемороне, ки вирусро мағлуб кардаанд сӯҳбат ва дар бораи шароити табобат дар минтақаҳо маълумот гирифтаанд.

Гузоришҳо дар бораи он ки чӣ гуна одамон дар ин замони вазнин зиндагӣ ва кор мекунанд, дар вилояти Хатлон- ҷануби Тоҷикистон низ омода шудааст. Шабакаи хурди телевизионии минтақавии “ТВ Қӯрғонтеппа” дар наворҳояш дар бораи духтурони синну соли нафақа, ки беморони сироятиро табобат мекунанд, дар бораи хадамоти ёрии таъҷилӣ ва ё дар бораи он ки сокинони шаҳри Бохтар дар ҷануб режими ниқобро риоя кардаанд, нақл мекунад.

Ҳама лоиҳаҳо дар давоми се моҳ амалӣ карда мешаванд ва маблағи ҳар як грант 3000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳама иштирокчиёни барнома ҳангоми тайёр кардани муҳтаво бояд қоидаҳои бехатарии COVID-19 – ро риоя кунанд. Маълумоти бештарро дар бораи тадбирҳо метавон дар сомонаи расмии СҶТ пайдо кард.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Чӣ гуна илм дар ВАО сарлавҳа месозад, оламро ба атрофиён омӯзонида, шӯхӣ мекунад

Меъёрҳои журналистӣ  дар олами илм ба кор намеоянд. Расонае, ки дар ин раванд фаъолият мекунад, дигар роҳҳоро истифода мебарад. Александра Борисова, номзади илмҳои кимиё,...

Беҳтарин кейсҳои расонаии анбӯҳфиристӣ дар ҷаҳон

Анбӯҳфиристӣ барои расонаҳо - воситаи хуби маблағкоркунӣ мебошад. Ҳамагӣ ҳазор нафар омодаанд, ки барои муҳтавои муфид ва баландсифат 10 долларӣ пардохт кунанд.  Ин иловаи...

Журналистика дар Youtube чист? Таҷрибаи Алексей Пивоваров

Дар як ҷаласаи MediaCAMPFest Алексей Пивоваров – муаллифи канали “Редакция” дар бораи он қисса кард, ки журналистика дар YouTube чист, кадом форматҳо истифода мешаванд...

Равандҳои тиҷоратӣ барои анбӯҳфиристӣ. Таҷрибаи “Бумага”

Агар шумо анбӯҳфиристиро ҳамчун нақшаи мушаххаси эҷоди маҳсулоти тиҷоратӣ мешуморед, пас ба шумо лозим аст, ки барои корҳои зиёди идоракунӣ оид ба ташкили равандҳои...

Internews ҷашнвораи MediaCAMP Fest ва озмуни MediaCAMP Award 2020 баргузор мекунад

Аз 14-ум то 19-уми сентябр Интернюс фестивали бошукӯҳи расонаии Осиёи Марказиро баргузор мекунад. Фестивал тариқи онлайн доир шуда, дар он беш аз 1000 коршиносони...