хона Худомӯз Равандҳои тиҷоратӣ барои анбӯҳфиристӣ. Таҷрибаи “Бумага”

Равандҳои тиҷоратӣ барои анбӯҳфиристӣ. Таҷрибаи “Бумага”

Агар шумо анбӯҳфиристиро ҳамчун нақшаи мушаххаси эҷоди маҳсулоти тиҷоратӣ мешуморед, пас ба шумо лозим аст, ки барои корҳои зиёди идоракунӣ оид ба ташкили равандҳои бизнес ва ҷалби шарикон дар оянда омода бошед. Ин мавзӯи тренинги навбатии нашрияи “Бумага” аст, ки бо дастгирии Интернюс баргузор гардид. Коршиносони “Бумага”: Кирилл Артеменко – директори генералӣ ва Мария Рзаева – директори лоиҳаҳои махсуси сомона ҷараёни тренинг дар бораи он нақл мекунанд, ки асосан ба чӣ диққат додан лозим асту ин ҳама умуман барои барои чӣ зарур аст.

Чаро расона ба клуб ва анбӯҳфиристӣ ниёз дорад?

Пайгирони ройгон: то он дараҷае содиқанд, ки омодаанд ба шумо почтаашонро диҳанд. Пайгирони пулакӣ: то он дараҷае бовафо ҳастанд, ки омодаанд пардохт кунанд.

Аъзоёни клуб: то он дараҷае вафодоранд, ки бо сарфи вақту маблағи худ кори шуморо дастгирӣ кунанд.  Шумо аз муштарии бетараф, пайгири вафодор омода мекунед.

Ин барои чӣ лозим аст?

  • Ҷалби шунавандагон, афзоиши эътимод ба бренд;
  • Баланд бардоштани сифати журналистика;
  • Баланд бардоштани самаранокии кор;
  • Афзоиши даромад аз пардохтҳои хонандагони мавод;

Ба ибораи дигар, шумо як пойгоҳи мустаҳками одамонеро пайдо мекунед, ки барои шумо хеле заруранд. Шумо на танҳо барои онҳо маҳсулоти босифат эҷод мекунед, балки онҳо ба шумо низ кӯмак мерасонанд.

Ин ҳолат дар “Бумага”:

  • Манбаъҳо, қаҳрамонону коршиносон – миёни дӯстони “Бумага”
  • Дӯстони “Бумага” – нақду алоқаи ҷавобӣ ба ғояҳои мо
  • Модели клубҳо – асоси устувории молиявӣ
  • Дӯстони “Бумага” – алоқаи гарони таблиғ
  • Дӯстони “Бумага”- аудиторияи эҳтимолии маҳсулоти нав

Гурӯҳи эҷодӣ барои анбӯҳфиристҳо

Барои мунтазам сохтану фиристодани анбӯҳфиристҳо ба шумо тим лозим аст:

  • Продакт-менеҷер: барои тиҷорат масъул аст. Ин менеҷери лоиҳа, ки дар назди гурӯҳ вазифаҳо мегузорад, самаранокии реклама ва муҳтаворо назорат мекунад, қарорҳои калидӣ қабул мекунад. Кор дар лоиҳа озмоиш ва иштибоҳи беохир дорад. Агар шумо коре ба анҷом расонидед ва ин натиҷаи заруриро надод, рӯҳафтода нашавед. Ин маъмулӣ аст.
  • Нашрия + муаллифон: барои муҳтаво ҷавобгаранд.
  • Маркетинг: барои зиёд шудани пайгирон ҷавобгӯ аст.
  • Дизайн: ба қисми визуалӣ ҷавобгар аст.
  • Коркард: ба қисми техникӣ ҷавобгӯ аст.
  • Аналитика: муайян мекунад, ки оё мо дуруст амал мекунем ё не.

Вазифаи асосиро шумо иҷро мекунед: шумо истеҳсолкунанда, муаллифи матн, маркетолог ва таҳлилгар ҳастед. Пас аз баровардани андӯҳфиристи аввал, баъдан як каси алоҳида бо ин кор машғул мешавад.

Хулосаву тавсияҳо аз таҷрибаи “Бумага”

Имрӯзҳо “Бумага” бомуваффақият панҷ анбӯҳфиристи пулакӣ ва ду ройгонро омода мекунад. Дар ин муддат ба ҳайати нашрия чӣ чизҳо равшан гардид?

  • Чорабиниҳо пайгирони навро ҷалб намекунанд.
  • Нигоҳ доштани пайгирон аз ҷалби пайгирони нав муҳимтар аст. Аз ин рӯ, нашрия вазифадор аст, ки обунаи солонаро фурӯшад.
  • Дастгирии ҷиддии пайгирон муҳим аст.
  • Моҳи сердаромади сол – январ аст.
  • Маркетинги анбӯҳфиристӣ бозии дарозмуддат аст, ки сармоя, вақт, пул ва як дастаи мутамарказро талаб мекунад.

Чӣ гуна бо шарикон дар доираи анбӯҳфиристӣ кор кардан мумкин аст

Намунаи шарикӣ дар “Бумага”

Бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки кор бо шарикон марҳилаи таъхиршуда аст: шумо рӯйхати анбӯҳфиристҳоро оғозу таҳлилҳоро танзим карда,  натиҷаҳоро мебинед. Пас аз иҷрои ин амалҳои асосӣ, шумо метавонед дар бораи ҷалби шарикон фикр кунед.

Барои чӣ шарикони анбӯҳфирист лозиманд?

  • Даромад (иштирок дар анбӯҳфиристҳо ҳам фурӯхта мешавад).
  • Муҳтаво (коршинос аз миёни шарикон, дар ҳамон ҳоле, ки агар шумо дастурҳоро иҷро кунед).
  • Имкониятҳои истисноӣ барои пайгирон (ҷомеа бояд хусусиятҳои муайяни истисноӣ дошта бошад ва шарикон метавонанд инро ба онҳо пешниҳод кунанд).
  • Тақсимот ва промо (ҷойгиркунии ҳама гуна маълумоту таблиғоти шумо, мубодилаи пойгоҳи тамос, навиштани иттилоия дар шабакаҳои иҷтимоӣ, метавонад имконияти хуб барои муаррифии шумо гардад).

Даромади аз интегратсия

Ин ба мисли як модели рекламаи маъмулӣ кор мекунад: шумо матни мушаххас навишта, баъзе таблиғоти ватаниро дар он ҷо меоред. Пешниҳоди шарик бояд бо мавзуъ, муҳтаво, муаллиф ва равиш алоқаманд бошад. Шумо дар анбӯҳфирист хидмати шина, шаробро таблиғ намекунед.Ин маҳдудияти табиӣ аст. Пайгирони анбӯҳфирист аз трафики сомона гаронтаранд ва онҳо ба тавсияҳои шумо назар ба хонандагони сомона бештар эътимод мекунанд. Шумо диққату эътимодро бештар мефурӯшед. Ва шумо бояд инро ба шарики худ хубтар бифаҳмонед.

Шарикон ба кадом нишондиҳандаҳо аҳамият медиҳанд?

Пешниҳоди шумо барои он, ки диққати шариконатонро сазовор кунад, бояд якчанд маълумоти зеринро дар бар гирад:

  • Шумораи пайгирон. Ин як ҷузъи асосии ба шумор меравад ва бояд аз ин оғоз кард. Ин нишондиҳандаи умумие аст, ки дар бораи миқёси лоиҳаи шумо тасаввурот медиҳад.
  • Пешгӯӣ оид ба шумораи паёмҳои кушода. Ин дар системаҳои таҳлилӣ бо фоиз ҳисоб карда мешавад. Сатҳи муқаррарии паёмҳои кушода 20% -ро ташкил медиҳад.
  • Пешгӯии шумораи кликҳои истинод ба анбӯҳфирист. Баъзе системаҳои таҳлилӣ ин маълумотро пешниҳод мекунанд, ки дар асоси он шумо метавонед пешгӯӣ кунед.
  • Пешгӯии фарогирии эълони паём дар сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ. Ин ҳам як нишондиҳандаи умумист. Аммо агар шумо ин корро ба нақша бигиред, метавонед миқёсро низ нишон диҳед.

Намунаи матни пешниҳод

 

Шакли ягонаи иттилоияро муайян кардан лозим аст. Ҳама чиз бояд стандартӣ бошад. Агар шумо ҳама ҷузъро ба низом дароварда бошед, вақтро сарфа мешаваду интизориҳои пайгирон равшан (метавонед намуна нишон диҳед). Ҳамзамон саволе ба миён намеояд, ки чаро шумо ин тавр ва дигарон бошанд, он тавр мекунанд. Шумо пешопеш омода бошед:

  • Дар куҷо, чӣ гуна ва чанд маротиба зикр шудани шарикон
  • Бахши шарикӣ ба чӣ монанд аст: андозаи матн, тасвирҳо, ҷойгоҳ дар паём
  • Чӣ гуна мизоҷ таъин карда мешавад: шарики намоиш, сарпараст, “бо дастгирӣ”
  • Чӣ гуна интегратсия бо муҳтавои мактуб иртибот дорад

Шумо бояд ин нуктаи муҳимро ба шарики худ бифаҳмонед.

Даромад аз фиристодани анбӯҳфиристӣ ва бренд

Ин намуди мушкили шарикӣ аст. Бо ин роҳ шумо ҷалби аудиторияро ба роҳ монда наметавонед.

Консепсияи анбӯҳфиристӣ якҷоя бо шарикон сохта мешавад. Аммо оғози кор бидуни ӯ сурат намегирад.   Ҳангоми сохтани консепсия, шумо идеяи ҷолиби иловагии худро дар назар дошта бошед – дар ҳолате, ки шарик хоҳиши иҷрои ин амалро гум мекунад ва ё буҷа коҳиш меёбад. Қоидаҳои ҳузури шарикон муқаррар карда шудааст: брендинг, мақом, ҷой ва формати интегратсия. Ин ҳама бояд дар оғози кор муҳокима карда шуда бошад.

Имкониятҳо барои пайгирон

Шарикон метавонанд барои осоиш дар гурӯҳ кӯмак расонанд – масалан, бо аксияву тахфифҳо, озмунҳои муштарак ва чорабиниҳо. Асосан ин ҷо сухан дар бораи мубодила меравад. Чизи асосие, ки бояд дар хотир нигоҳ дошт, ин аст, ки шумо наметавонед барои мубодилаи молӣ ва пул ба ҳамон миқдор хидматрасонӣ кунед. Барои мубодила – қисман хидматрасонӣ кунед ва барои пул – бештар.

Ҳама маводҳо оид ба чорабинии омӯзишии “Анбӯҳфиристҳо” -ро аз ин ҷо пайдо кунед.

Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Иштибоҳоти зиёнбори бозорёбҳо. Дидгоҳи Алина Шербинина

Фаъолият дар соҳаи эҷодкорӣ, на танҳо чизҳои навро омӯхтан, балки фаъолияти ҳамкорони худро мушоҳида карданро низ дар бар мегирад. Ин ба шумо дар тамоюл...

Аз сторителлинг ба сторидуинг. Тавсияҳои Марям Охунова

Соли 2009, Роб Уолкер - рӯзноманигори амрикоӣ озмоиши ғайриоддӣ гузаронид: ӯ тақрибан сад ашёи нодаркориро ба монанди як бонкаи холии майонез ё хот-доги дамита...

Дар Тоҷикистон рӯзноманигоронро намемонанд кор кунанд. Чи бояд кард?

Дар интихоботи президентӣ, ки 11-уми октябр доир мешавад, гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" - яке аз расонаҳои Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот аккредитатсия дода нашуд....

Тарҳҳои расонаии занона дар Осиёи Марказӣ

Вақтҳои охир дар Осиёи Марказӣ лоиҳаҳое пайдо мешаванд, ки метавон лоиҳаҳои занона номид. Ин як раванди душвор, вале хеле муҳим аст.- Чаро тарҳҳои расонаӣ...

Сагча-Аркадий: тавсияҳои Роман Анин ба рӯзноманигорони таҳқиқгар

Дар муқоиса бо кишварҳои Аврупо ё ИДМ, таҳқиқоти журналистӣ дар Осиёи Миёна дар ҳоли рушд аст. Ҳоло дар минтақа кӯшишҳои номуваффақ аз кӯшишҳои муваффақ...