хона Медиалента Журналистика дар Youtube чист? Таҷрибаи Алексей Пивоваров

Журналистика дар Youtube чист? Таҷрибаи Алексей Пивоваров

Дар як ҷаласаи MediaCAMPFest Алексей Пивоваров – муаллифи канали “Редакция” дар бораи он қисса кард, ки журналистика дар YouTube чист, кадом форматҳо истифода мешаванд ва чӣ гуна муҳтаво дар бузургтарин платформаи видеоии ҷаҳон талаб карда мешавад.

Теъдоди пайгирони “Редакция” ба 1,5 миллион кас расидааст.

Ҳар моҳ ба канали “Редакция” аз 80 то 100 000 пайгирон пайваст мешаванд. YouTube платформаи “ростқавл” аст.  Агар муҳтавои шумо ба талаботи он ҷавобгӯ бошад, пас монетизатсия ҳам ба кор медарояду маъруфият низ пайдо мешавад.

– “Журналистика дар YouTube, журналистикаи хуби қадимии телевизионӣ аст, ки дар Русия вуҷуд дошт”, мегӯяд Алексей. – Худи ҳамон журналистикаи телевизионӣ, ки шуҳрати асосии НТВ-и куҳнаро барпо кард. Мо як мактаби бузургу ҷиддии журналистикаи телевизиониро таъсис додем, ки то ҳол зинда аст.

Оид ба аудитория ва муҳтаво дар Youtube

– Ман шубҳа мекардам, ки оё дар YouTube бо фаъолияти журналистӣ кор кардан мумкин аст ё не. Зеро ба ман мегуфтанд, ки ин платформа барои ҳикоя аз шахси аввал кардан аст. Дар ин ҷо холисияти журналистӣ лозим нест.

Маълум шуд, ки тезис иштибоҳ аст. Талабот ба журналистикаи босифат хеле зиёд аст. Талабот ба журналистикаи босифат ва тасвири хуб торафт меафзояд.

– Агар дар бораи шумора сухан ронем, мебинем, ки дар YouTube синну соли аудитория аз миёна ҷавонтар, миёна, инчунин нисбат ба аудиторияи миёна ба таври назаррас калонтар ҷамъ омадаанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки аз телевизион ноумед шудаанд, аммо ба сифати тасвир одат кардаанд. Онҳо дар ҷустуҷӯи муҳтаво мебошанд.

Аз тарафи дигар, ба YouTube насли ҷавоне меоянд, ки ба он одат кардаанд. Дархостҳо дар ин ҷо хеле зуд тағйир меёбанд. Аммо аксарияти онҳо хеле зуд ба журналистикаи босифат муроҷиат мекунанд.

Муҳтавои кӯдакон нақши бузург дорад. Чун кӯдакон такроран барномаҳоро тамошо мекунанд. Аммо зуд кумиронашонро иваз мекунанд. Дар ҷои дуюм – намоишу мусиқӣ, вақтхушӣ, ханда, ва ҳаҷв меистад. Муҳтавои аз ҳама серталаби русзабони YouTube – стендап мебошад.

Ҳоло YouTube ба забони русӣ босуръат ба рӯзномаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ворид мешавад. Талабот ба чунин муҳтаво меафзояд.

– Ин 10 кас ҳангоми гуфтани ибораи “журналистика дар YouTube” дақиқан дар пеши назаи мо аён мешаванд”.

Ин мусоҳибаи классикӣ, имкони монологи тӯлонӣ ва бознигарии жанр мебошад, ки дар телевизион “Таъҷилӣ ва тафтишот” меноманд. Инчунин сужаҳои бузуги журналистикаи телевизионӣ.

Мо аз чӣ оғоз кардем?

– Муваффақияти канали “Вдудь” дар он аст, ки ӯ нишон дода тавонис, ки  бозор ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Илова бар он аудиторияе, ки омодааст муҳтавои баландсифати дарозро қабул кунад, дар баробари он буҷетҳои баландсифат низ пайдо шудаанд. Акнун танҳо дар канал фаъолият карда, онро ҳаматарафа пеш бурдан мумкин аст.

Дар аввал ман фикр мекардам, ки ин мусоҳибаҳо хоҳанд буд. Ҳоло бошад, мо мусоҳибаро ба жанри “манбаъ” иваз кардем. Акнун мо мусоҳибаҳои ҷудогона омода мекунем.

Шумораи нашрия аз якчанд ҷой, наворбардорӣ, мусоҳибаҳои зиёд иборат аст. Ҳамчун қиссаи оддии журналистикаи телевизионӣ.

Оё YouTube телевизионро мекушад?

– Агар кӯтоҳ бигӯем, не. Як муҳтаво метавонад дубора бастабандӣ карда шаваду дар платформаҳои гуногун бомуваффақият арзи вуҷуд кунад.

Одамон ҳанӯз муҳтаворо дар телевизиони калон истеъмол хоҳанд кард – масалан, ҷараёнот. Шоу. Тамошои телевизион бештар шавқовар аст.

Шакли иҷтимоию сиёсӣ шубҳанок аст. Агар вазъ ҳамин гуна идома ёбад, платформаҳои интернет бозорро монополия карда, танҳо таблиғот дар телевизион боқӣ мемонанд.

Дар бораи сензура ва таблиғ

– Акнун таблиғотро бештар ҳамчун як намоиш қабул мекунанд. Тамошобин ба дидани он чизе, ки аён аст, шуруъ мекунад. Самараи пропагандаи телевизион кам мешавад.

Дар маънои телевизиони мо – дар YouTube ягон сензура вуҷуд надорад. Ҳеҷ кас занг намезанад. Аммо шумораи зиёди маҳдудиятҳо мавҷуданд. Масалан, вақте ки муаллифон аз мундариҷаи зӯроварӣ сӯиистифода мекунанд, ба YouTube он писанд нест. Платформа метавонад муҳтавои шуморо қабул накунад. Масалан, мо дар бораи тазоҳурот дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  мавод таҳия кардем. YouTube ин муҳтаворо номуносиб қабул кард.

Оё он бояд сензура ҳисобида шавад? Не. Маҳдудият? Бале. Чунин маҳдудиятҳо зиёданд.

Дар бораи монетизатсия

– Вақтҳои охир гурӯҳи таблиғгароне пайдо шудаанд, ки мегӯянд: ба мо муҳтавои шадиди сиёсӣ лозим аст. Чаро? Бозорёбон назари амиқе оид ба куҷо рафтани аудитория ҳангоми ноустувориро доранд. Дар бозори YouTube кор қонунҳо кор мекунанд.

Дар идома чӣ мешавад?

– Шояд мардуми ВАО муттаҳид шаванду аз рӯйи жанр ширкатҳо созмон диҳанд. Мо ҳоло бо ҳам рақобат мекунем, аммо имкон ҳаст, ки ба зудӣ бо ҳам шуда, фаъолият кунем. Шояд мардум дарк кунанд, ки ин роҳ манфиатнок аст.

Барномаи пурраи ҷашнвора дар ин ҷо аст.

Ҷашнвораи #MediaCAMPFest  аз ҷониби Интернюс дар доираи Барномаи #MediaCAMP, ки аз тарафи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (#USAID) маблағгузорӣ мешавад, баргузор мегардад.

Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Иштибоҳоти зиёнбори бозорёбҳо. Дидгоҳи Алина Шербинина

Фаъолият дар соҳаи эҷодкорӣ, на танҳо чизҳои навро омӯхтан, балки фаъолияти ҳамкорони худро мушоҳида карданро низ дар бар мегирад. Ин ба шумо дар тамоюл...

Аз сторителлинг ба сторидуинг. Тавсияҳои Марям Охунова

Соли 2009, Роб Уолкер - рӯзноманигори амрикоӣ озмоиши ғайриоддӣ гузаронид: ӯ тақрибан сад ашёи нодаркориро ба монанди як бонкаи холии майонез ё хот-доги дамита...

Дар Тоҷикистон рӯзноманигоронро намемонанд кор кунанд. Чи бояд кард?

Дар интихоботи президентӣ, ки 11-уми октябр доир мешавад, гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" - яке аз расонаҳои Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот аккредитатсия дода нашуд....

Тарҳҳои расонаии занона дар Осиёи Марказӣ

Вақтҳои охир дар Осиёи Марказӣ лоиҳаҳое пайдо мешаванд, ки метавон лоиҳаҳои занона номид. Ин як раванди душвор, вале хеле муҳим аст.- Чаро тарҳҳои расонаӣ...

Сагча-Аркадий: тавсияҳои Роман Анин ба рӯзноманигорони таҳқиқгар

Дар муқоиса бо кишварҳои Аврупо ё ИДМ, таҳқиқоти журналистӣ дар Осиёи Миёна дар ҳоли рушд аст. Ҳоло дар минтақа кӯшишҳои номуваффақ аз кӯшишҳои муваффақ...