хона Медиалента «Гап аз гап»: чӣ гуна нахустин ток-шоу ё барномаи гуфтугӯмеҳвари рӯзноманигорони тоҷик...

«Гап аз гап»: чӣ гуна нахустин ток-шоу ё барномаи гуфтугӯмеҳвари рӯзноманигорони тоҷик дар сатҳи минтақаӣ баргузор шуд

Бори аввал рӯзноманигорони тоҷик бо ҳам омада, дар мавзуъи этикаи касбӣ баҳс  оростанд. Дар чорчӯби ҷашнвораи расонаии Осиёи Марказӣ – MediaCAMP Fest бо дастгирии Интернюс ва Your.tj  аввалин ток-шоуи рӯзноманигорони тоҷик таҳти унвони «Гап аз Гап» дар мавзуъи ахлоқи рӯзноманигорӣ ба таври онлайн баргузор шуд. Баҳсҳои барнома ҳамзамон ба забони русӣ тарҷума мешуданд. Муҷрии ин ток-шоу Орзу Исоев,рӯзноманигор ва гардонандаи канали“Орзу” дар YouTube буд, ки пас аз таваққуфи тӯлонӣ рӯйи кор омад.  Қариб 100 – кас ширкаткунандагон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин барнома аз бунсоза ё платформаи ZOOM  ва зиёда аз 90 кас тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ток-шоуро пайгирӣ карданд. Ширкаткунандагони ток-шоу ба «Новый репортер» аз аввалин ток-шоуи рӯзноманигорон қисса карданд.

Дар ин барнома 40 рӯзноманигор, коршиноси расонаӣ, вебнавис ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ гирди ҳам омада баҳс оростанд. Ва бояд қайд кард, ки то ҳол тамошои сабти ток-шоу дар саҳифаҳои Интернюс дар Facebook ва Youtube идома дорад, ки бинандагон шарҳҳои худро менависанд.

Ин гуна гуфтугӯмеҳвари рӯзноманигорони тоҷик бори аввал аст, ки доир шуд ва рӯзноманигорон бо ҳам оид ба мушкилиҳои касбӣ дар саҳнаи минтақаӣ ошкоро сухан ронданд. Ҳамкасбонашонро рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ низ бо тарҷумаи забони русӣ тамошо мекарданд ва дар бунсозаи ZOOM ибрози андеша мекарданд. Ин гуна формат дар кишвар бори нахуст баргузор шуд. Тамошобинон дар пахши мустақими шабкаҳои иҷтимоӣ торафт зиёд мешуданж.  Дар ҷараёни якуним соат дар Facebook  ба таври мустақим аз 46 то 90 кас ток-шоуро тамошо карданд. Бисёр саволҳо аз тамошобинон пешниҳод карда мешуд. Вале аз сабаби он, ки вақт маҳдуд буд, на ҳамаи он саволҳо ҷавоби худро пайдо карданд.

Ба ақидаи Қутбиддин Мухторӣ аввалин ток-шоуи рӯзноманигорон, ки тариқи онлайн баргузор шуд, вазифаашро иҷро кард.

-Баъзеҳо гуфтанд, ки масъалаҳо то ба охир ҳал карда нашуда монданд. Дар ток-шоу масъалаҳо ҳал карда намешаванд. Вазифаи асосии ток-шоу ин проблемагузорӣ аст. Муайян кардан, ки чӣ мушкилиҳо аст, дар бораи он мушкилиҳо гуфтан ва масъалагузорӣ кардан. Ба фикри ман ток-шоу хеле хуб гузашт ва вазифаш ҳам иҷро кард, – гуфт Қутбиддин Мухторӣ.

Инчунин Мухторӣ қайд кард, ки дар ток-шоу коршиносони соҳа зиёд ва андешаҳо низ хеле бисёр буданд. Вақт ҳам камӣ кард.

-Як норасоие дар ток-шоу буд, ки ин доираи масъалаҳо зиёд буданд. Шояд баъзе масъалаҳоро васеътар ва баъзеи онҳоро дар вақти дигар мегузоштем, хуб мешуд, – илова кард Мухторӣ.

-Масъала ва мушкилӣ бисёр аст. Пул ва ё коршинос намерасад, бархе аз ҳамкорони мо рӯзноманигориро тарк мекунанд. Ин ҳама мушкилотро як рӯзноманигор наметавонад ҳалл ва ё баррасӣ кунад. Моро мебояд, ки ҳадди ақалл ҳарфу дарди якдигарро бишунавем. Фарқ надорад, ки рӯзноманигори расонаи тоҷикӣ аст ва хориҷӣ. Фақат қудрати шунидану дарк кардани якдигар лозим асту бас, – гуфт дар оғози ток-шоу Орзу Исоев.

Дар ток – шоу қариб 40 – рӯзноманигору коршиносони соҳа ва донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар “Кохи Суруш” – и шаҳри Душанбе ба ҳам омаданд. Аз сабаби набудани студия барои гузаронидани ток-шоу, Интернюс ва Your.tj дар «Кохи Суруш» – и шаҳри Душанбе студияи махсус омода карданд ва дар он ҷо ток-шоуро баргузор карданд.

Барои ширкат дар ток-шоу Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи «СССР», Абдуқодир Талбаков, ровии телевизион, Қутбиддин Мухторӣ, устоди факултети рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Раҷаб Мирзо, рӯзноманигори мустақил, Иршод Сулаймонӣ, мунаққиди расонаӣ, Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМВАОМТ, Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи «Пайк» ва намояндагони дигар расонаҳову рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват шуда буданд. Вале дар дақиқаҳои вопасин Сайёфи Мизроб ва Абдуқодир Талбаков аз иштирок накардани худ дар ток-шоу хабар доданд.

Миёни онлайн-тамошобинони ток-шоу Уктам Ризаев, рӯзноманигор аз вилояти Суғд буд, ки ток-шоуро ба таври мустақим аз саҳифаи Facebook пайгирӣ кард.

-Ман аз баргузории ток-шоу хабар доштам ва интернети худро барои тамошои он омода кардам. Тамошои ток-шоу тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бароям хеле писанд омад. Агар ин дар телевизион баргузор мешуд, ҳеҷ гоҳ он баҳсе, ки дар ток-шоуи онлайнӣ доир шуд, дида наметавонистем. Ҳамзамон якуним соат ман аз дигар минтақаи кишвар, аз ҷойи кориам нишаставу бо сифати аъло ток-шоуро пайгирӣ кардам. Инчунин бидуни рекламаҳо. Ба ман муяссар омад, ки наздики 1 гигабайт трафик масраф карда, ток-шоуи беҳтарини 10-солаи охирро тамошо кунам, – иброз кард Уктам Ризаев.

Инчунин Уктам қайд кард, аз сабаби оне, ки ӯ ток-шоуро бо формати олӣ тамошо кард, трафик наздик ба 1 Гбайт масраф шуд. Дигар касоне, ки ток-шоуро дар форматҳои миёна пайгирӣ карданд аз  200 то 300 мегабайт масраф карданд, ки барои онлайн тамошо ин наонқадар трафики зиёд аст.

Мавзуъҳои асосии ток-шоу ин ҳамраъйии рӯзноманигорон, Кодекси этикаи журналистӣ, баҳсҳои тунд миёни рӯзноманигорони тоҷик, таъқиби рӯзноманигорону нашрияҳо буд.

Ойинномаи ахлоқи рӯзноманигории Тоҷикистон (2009) муқаррар карда, ки рӯзноманигорон бояд ҳамраъйӣ ва ё ҳамбастагии ҳирфаиро риоят кунанд. Вале ба гуфтаи Зеваршо Муҳаммад, дабири кулли Шӯрои ВАО-и кишвар, додаҳои расонапоӣ, ки ин Шӯро баргузор карда, нишон медиҳанд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ рӯзноманигорони тоҷик 8-9 бор ин муқаррароти Ойинномаро нақз кардаанд. Ин нишондод 6 – моҳа дар қиёс бо соли гузашта 7-8 бор бештар аст.

– Вақте Далер Шарифовро ба додгоҳ кашиданд, бисёре аз рӯзноманигорон дар ҳоле, ки метавонистанд ба ҳимояи Далер як ҳарф бинависанд, ба таҳқиру пешдоварӣ аз худи Далер пардохтанд. Ҳамчунин қазияи Абдуллоҳ Ғурбатиро ҳам метавон мисол овард. Вақте ӯ дуюмин бор дар Хуросон латукӯб шуд, боз ҳам рӯзноманигороне пайдо шуданд, ки худи Абдуллоҳро муттаҳам карда мегуфтанд, ки ин дуюм бор аст ва албатта худаш айб дорад. Яъне, мо рӯзноманигорон худамон шароит фароҳам меорем, ки ба мо ҳамла кунанд. Бале, шояд ҷойе буд, ки худи рӯзноманигор ҳам айбдор аст, вале ҳамбастагиро бояд риоя кард ва агар ҳам дастгирӣ намекунанд, беҳтар аст хомӯш бошанд, – таъкид кард Зеваршо Муҳаммад.

Масъалаи таҳқиру таҳвин ва пархоши лафзии рӯзноманигорон низ яке мавзуъҳои асосии ток-шоу буд. Баҳси Раҷаби Мирзо ва Аҳмади Иброҳим ток-шоуро идома дод. Чанде пеш Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк”, дар вебгоҳи нашрияи Тоҷикистон матлабе бо унвони “Раҷаби Мирзо бемор аст” мунташир кард. Аҳмад Иброҳим дар ин матлаб навишт, ки Раҷаб Мирзо аз зиндагие, ки дар Тоҷикистон дорем, қонеъ нест ва ба демократияи Ғарб гароиш дорад. Аҳмади Иброҳим дар поёни ин матлаб ба Раҷаб Мирзо тавсия карда, ки ба равоншинос муроҷиат кунад. Далели ба шӯр омадани Аҳмади Иброҳим мусоҳибаи Раҷаби Мирзо буда, ки дар он ба хабарнигори Тоҷикистон мегӯяд:

Газетаи «Ҷумҳурият», «Имрӯз Нюс» ва «Пайк» умуман газета намешуморад».

Ба ақидаи Раҷаби Мирзо он нашрияҳо коғазе беш нестанд. Аҳмад Иброҳим ва Раҷаби Мирзо, ки аз рӯзноманигорони куҳанкор ҳастанд, солҳо боз дар расонаҳо бо якдигар даъво доранд. Ба гуфтаи Аҳмади Иброҳим, ин бори аввал нест, ки Раҷаби Мирзо бо ӯ ва нашрия ин гуна бархӯрд мекунад ва ба назар намегирад, ки “Пайк” як нашрияи маҳаллӣ аст. Орзу Исоев аз Раҷаби Мирзо пурсид, ки пас аз нашри он матлаб ҳолаш чи гуна шуд. Дар посух Раҷаб гуфт, ки ин ҳодисаро оромона қабул кард ва аслан интизор надошт.

Дар расонаҳои мо маводҳое ҳастанд, ки аз тарафи муаллифони номаълум ба муқобили рӯзноманигорон навишта мешаванд. Барои мисол, моҳи июни соли равон рӯзномаи “Имрӯз News” мақолае нашр кард, ки дар он Раҷаби Мирзо ба ҳама гуноҳҳои фавт муттаҳам карда мешуд. Мақола дар сомонаҳои рӯзномаи ҳукуматии “Ҷумҳурият” ва Ҳизби Демократии Тоҷикистон нашр карда шуд.

“На гулҳо, на ҳавои тоза ва на хандаи кӯдакон ғайр аз пул ӯро (Раҷабро) хурсанд карда наметавонанд”, – гуфтааст муаллифи мақола Ниёзӣ Абдуллои Абдуқодирзода. Рӯзноманигорони тоҷик ин номро намедонанд, аммо айбномаҳои хиёнат ба Ватан, хидмат ба манфиати дигарон, муҳаббати бепоён ба пул, ки дар матн оварда шудаанд, барояшон шинос аст. Чунин айбномаҳоро ба таври оммавӣ на танҳо Раҷаб, балки дигар рӯзноманигорон низ пазируфтаанд. Дар фазои ВАО-и Тоҷикистон ин гуна силсилаи маводҳо аз “Фабрикаи ҷавоб” ном доранд. Ҳамчунин пеш аз латукӯб шудани Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бораи ӯ ҳам дар шабакаи Youtube “Ғурбатӣ, яъне беватанӣ” – гӯён мавод аз тарафи муаллифи номаълум нашр карда шуд.

Иршод Сулаймонӣ барномаро бо мавзуъи “фермаи ҷавоб” идома дод. Ба гуфти вай, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паст задани рӯзноманигорон аз тарафи аккаунтҳои махсус ва ё “фермаи ҷавоб” бисёр дида мешавад.

– Дар ҷомеае, ки озодии сухан ҳамчун арзиши демократӣ нест, меъёрҳои ахлоқӣ наметавонад риъоят шавад. Чун арзиши баландтарини журналистика – озодии сухан аст, – таъкид кард Иршод Сулаймонӣ.

Дар ин бораи Бахтиёр Ҳамдамов – Раиси Шӯрои ВАО низ фикри худро баён кард:

Фабрикаи ҷавоб» – ин истилоҳ аз шабакаи иҷтимоӣ аст. Ва ин аз он пайдо шуд, ки одамони ғайриихтисос ҷалб шуданд. Бо онҳо дар шабакаҳо баҳс кардан бефоида аст. Яъне шахси ғайриҳирфаӣ ба баҳс ҳамроҳ, ки шуд идомаи он бемаъно аст.

Ба ақидаи Ҳуринисо Ализода – рӯзноманигор ва мунаққиди соҳа, “фермаи ҷавоб” аслан дар шабакаи иҷтимоии Facebook менависанд ва ин шабака ҳанӯз расона ба ҳисоб намеравад.

Инчунин Ҳуринисо Ализода, дар бобате, ки “фермаи ҷавоб” кай ва аз тарафи ки пайдову пуштибонӣ мешавад, гуфт:

“Дақиқ гуфтан, ки кай “фермаи ҷавоб” пайдо шуд ғайриимкон аст. Мо рӯзноманигор ҳастем ва бояд бо далел ҳарф бизанем. Мутаасифона, далел дар бораи оне, ки кай “фермаи ҷавоб” пайдо шуд, надорем. Ҳамзамон гуфта ҳам наметавонем, ки ин “ферма” аз тарафи ҳукумат пуштибонӣ мешавад ва ё аз тарафи оппозитсия. Ман шахсан хостам дар ин бора мавод омода кунам, вале дидам, ки ин амал таҳлили зиёд ва вақт талаб мекунад. Аввал бояд он саҳифаҳои сохтаро муайян кард, ки кадоме аз онҳо дар сафи “фермаи ҷавоб” ҳастанд”.

Ба гуфтаи Ҳуринисо иштибоҳи рӯзноманигорони тоҷик дар он мебошад:  ҷавобе,ки аз ҳукумат пуштибонӣ мекунад, мегӯянд ин ба “фермаи ҷавоб” тааллуқ дорад.

– Ин ҳам исбот талаб мекунад, – иброз кард Ҳуринисо Ализода.

Дигар мавзуъи ток-шоу ин таъқиби нашрияҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Мавзуъе, ки баррасӣ шуд, хабари радиои “Озодӣ” аз 5-уми апрели соли 2020 буд, ки гузориш дод дар шимоли кишвар як мард даргузашта ва ҳамаи пизишкони он минтақаро карантин карданд. Дар он хабари радиои “Озодӣ” аз гирифторӣ ба коронавирус ва марги он мард аз ин вирус ишорае набуд. Аммо вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ ба ин гузориши радиои “Озодӣ” бисёр тунду бадгӯёна буд. Масъулин ҳам дар паи он тасмим гирифтанд 6-уми апрел бо рӯзноманигорон дидору гуфтугӯ кунанд.  Бояд қайд кард, ки дар ин гуфтугӯ бо рӯзноманигорон таъкид гардид, ки сарчашмаи асосии хабар оид ба будан ва ё набудани  вирус дар кишвар танҳо расонаҳои давлатии расмӣ буда метавонанд.

Савол барои баррасии ин мавзуъ ин буд, ки оё рӯзноманигорони радиои “Озодӣ” дар вокуниш ба дашному носазоҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ ҳамдилии худ бо ҳамкоронашонро нишон доданд ва ё на.

Дар ин посух ба ин пурсиш Бахтиёр Ҳамдамов, Раиси Шурои расонаҳо чунин буд:

“На ҳамеша мебояд, ки рӯзноманигоронро аз ҷомеа, балки ҷомеаро аз рӯзноманигорон эмин нигоҳ дошт”.

Ёқуби Ҳалим рӯзноманигори мустақили тоҷик, ки феълан бо яке аз лоиҳаҳои радиои “Озодӣ” чун мутарҷим ҳамкорӣ мекунад, дар ин бора гуфт, ки радио кори худашро анҷом дод ва аудиторияашро ҳушдор дод.

Салим Аюбзод, роҳбари бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” мегӯяд, ки дар ҳама ҳолат бояд рӯзноманигорон ҳамбастагии худро аз даст надиҳанд.

-Ҳамлаҳое, ки дар он шабурӯз нисбати Радиои Озодӣ шуд, барои мо бисёр дардовар буд, зеро як қисми онҳо на аз тарафи одамони нодон ё тролҳо, балки аз номи ҳамкасбони мо садо медод, баъзеи онҳо ҳатто, ба ном, “таҳқиқоти журналистӣ” ва “фактчекингҳо” мегузаронданд, дигаре даъват мекард, Радиои Озодӣ оташ зада шавад, савумӣ ба рондани кормандони он аз кишвар фаро мехонд, чаҳорумӣ орзу мекард, бачаҳои мо бемор шаванд, панҷумӣ аллакай хабар дода буд, ки корманди мо бемор шудааст ва ғайра, инҳо чизҳое ҳастанд, ки дар дили мо мемонанд, зеро аз тарафи касоне гуфта шуданд, ки худро “журналист” мешуморанд. Ман ба ёди рӯзҳое афтодам, ки дар Иттифоқи журналистони Отахон Латифӣ коммунистҳо ва диссидентҳо, ақидаҳои зидди ҳам доштанд, дар нашрияҳои гуногун кор мекарданд, аммо ҳамчун ҳампеша бо ҳамдигар ҳамдилу ҳамраъ буданд. Ҳоло инҳоро чӣ ё кӣ бояд гуфт, намедонам. Бовар ба он дорам, ки ҳамкасбон бояд ҳамдил бошанд ва дар лаҳзаҳои душвор дасти ҳамдигарро гиранд, агар натавонанд, лоақал санг назананд. Бе онҳо ҳам сангмезадагиҳо зиёданд, – мегӯяд Салим Аюбзод.

Дар ҷараёни ток-шоу авзоъ дар замони ҳамагирии коронавирус низ баррасӣ шуд. Ҳангоми сар задани коронавирус дар Тоҷикистон бисёре аз журналистон гирифтораш шуданд. Он журналистоне, ки бемор набуданд, барои анҷоми вазифаи худ шабу рӯз фаъолият мекарданд. Ва мутаасифони миёни онҳо касоне буданд, ки аз ин беморӣ ҷон бохтанд.

Дар поёни барнома аз рӯзноманигорони даргузашта аз COVID-19 ёд карданд ва барои оромиши равонашон дуъо карданд.

Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
Пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Иштибоҳоти зиёнбори бозорёбҳо. Дидгоҳи Алина Шербинина

Фаъолият дар соҳаи эҷодкорӣ, на танҳо чизҳои навро омӯхтан, балки фаъолияти ҳамкорони худро мушоҳида карданро низ дар бар мегирад. Ин ба шумо дар тамоюл...

Аз сторителлинг ба сторидуинг. Тавсияҳои Марям Охунова

Соли 2009, Роб Уолкер - рӯзноманигори амрикоӣ озмоиши ғайриоддӣ гузаронид: ӯ тақрибан сад ашёи нодаркориро ба монанди як бонкаи холии майонез ё хот-доги дамита...

Дар Тоҷикистон рӯзноманигоронро намемонанд кор кунанд. Чи бояд кард?

Дар интихоботи президентӣ, ки 11-уми октябр доир мешавад, гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" - яке аз расонаҳои Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот аккредитатсия дода нашуд....

Тарҳҳои расонаии занона дар Осиёи Марказӣ

Вақтҳои охир дар Осиёи Марказӣ лоиҳаҳое пайдо мешаванд, ки метавон лоиҳаҳои занона номид. Ин як раванди душвор, вале хеле муҳим аст.- Чаро тарҳҳои расонаӣ...

Сагча-Аркадий: тавсияҳои Роман Анин ба рӯзноманигорони таҳқиқгар

Дар муқоиса бо кишварҳои Аврупо ё ИДМ, таҳқиқоти журналистӣ дар Осиёи Миёна дар ҳоли рушд аст. Ҳоло дар минтақа кӯшишҳои номуваффақ аз кӯшишҳои муваффақ...