хона Медиалента Студия дар долон, мудир дар қабулгоҳ: як расонаи шинохта дар Тоҷикистон дафтари...

Студия дар долон, мудир дар қабулгоҳ: як расонаи шинохта дар Тоҷикистон дафтари корашро аз даст дод

Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» радио, рӯзнома, агентии иттилоотиро дар бар мегирад. Солҳои зиёд корманди ин нашрия дар ду ҳуҷраи маҷмааи “Шарқи Озод” – и Душанбе, ки аксари дафтарҳои расонаҳои маҳаллӣ ҷойгиранд, фаъолият доштанд. Аммо, як моҳ қабл, кормандони “Азия Плюс” аз як дафтари худ берун шуданд: дар он ҷо рӯзноманигорони АМИТ “Ховар” кӯчиданд. Ҳоло қариб 50 корманди гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар як идора ҷамъ омада, фаъолият доранд. “Новый репортёр” дар меҳмонии “Азия Плюс” буд.

– Ҳоло мо ҳама якҷоя кор мекунем ва ниҳоят як нашрияи воқеии конвергентӣ шудем, – мегӯяд, – Манижа Ахмедова, директори радиои “Азия-Плюс”. Ӯ моро ба утоқи кориаш -даъват кард, ки онро саросемавор дар кунҷи қабулгоҳи рӯзнома сохта буданд: рӯзи дигар кормандони радио, шуъбаи таблиғ ва маъмурият ба ин ҷо кӯчиданд. Ҳамин тавр, ҳоло дар ду кабинети бинои як ҳуҷрагӣ қариб 50 кас нишастаанд.

Чанд ҳафта қабл “Азия Плюс” дар бинои 16-ошёнаи “Шарқи Озод” ду ҳуҷра дошт. Дафтари аввал дар ошёнаи дуюми маҷмаа, дуввумаш дар охири бино кор мекард, ки онро соли 2006-ум аз душҳои полиграфии қаблӣ барои худ “Азия Плюс” таъмир ва сохта буд. “Азия Плюс” аз дафтари дуввумаш ифтихор дошт: он дорои таъмири хуб буд. Роҳбарият низ дар он ҷо менишаст. Меҳмонони муҳим, мусоҳибон, шарикон ва таблиғгаронро ба ин дафтар даъват мекарданд. Азбаски даромадгоҳ ба он ҷо аз охири маҷмаа буд, нисфи кормандони гурӯҳи расонаҳоро мебоист, ки ҳамарӯза бинои шонздаҳошёнаи тира, ки ҳам зимистону ҳам тобистон хунук асту то ҳол дар маҷлисгоҳе, ки пардаҳои сурх дорад, убур кунанд. Ҳоло он ҷо танҳо ба ҷои портрети Ленин, портрети Эмомалӣ Раҳмон овехта шудааст.

– Нимаи моҳи ноябр ба мо хабар доданд, то дафтаре, ки дар он радио, шуъбаи таблиғот ва маъмурият кор мекунанд, бояд холӣ карда шавад. Зеро “Ховар” ба “Шарқи Озод” мегузарад. Нахуст, мебоист,  “Ховар” ба ошёнаи 13-уми маҷмаа барояд, аммо баъдан ба мо гуфтанд, ки “Ховар” ба бинои мо мекӯчад. Баъдан мо маҷбур шудем, ки ба ошёнаи 13-ум бароем. Мо ба Дастгоҳи Президент (“Шарқи Озод” дар тавозуни ин сохтор аст) ба номи Озода Раҳмон (роҳбари Дастгоҳ, духтари президент) нома навиштем. Аммо то ҳол посух наомад ва тасмим гирифтем, ки бояд ин ҷойро холӣ кунем, – мегӯяд Манижа.

Ҳарду бино аз ҷониби “Азия-Плюс” аз маъмурияти “Шарқи Озод” ба иҷора гирифта шудааст. Моҳи ноябри соли 2020 шартномаи иҷора ба итмом расид. Аз ин рӯ, касе нест, ки расман даъво кунад. “Азия-Плюс” инчунин бо ҳамкорон худ аз АМИТ “Ховар” дар тамос шуд. Онҳо ишораи бемадор карда, гуфтанд, ки мо одамони дастнигарем ва куҷое гуфтанд, он ҷо ҳаракат мекунем.

Вақте ба нашрия хабар доданд, ки ба ҷои “Ховар” худашон бояд ба ошёнаи 13-ум раванд, тими “Азия Плюс” саркашӣ кард. Гап сари он аст, ки чанд сол қабл дар он ҷо радиои “Азия-Плюс” кор мекард. Кормандон хуб медонистанд, ки ҳангоми оғози эфир аз зина боло рафтан чӣ гуна аст, то дер намонӣ; деворҳои қабати 13-ум бекоранд ва ҳеҷ гуна таъмир фоида надорад. Бесабаб нест, ки ин ҷой ба “Ховар” низ писанд наомад.

– Кормандони ман аз бозгашт қатъиян саркашӣ карданд. Мо чанд сол пеш аз он ошёна кӯчидем, зеро дар он ҷо кор кардан ғайриимкон аст. Ҳоло онҳо тасмим гирифтанд, ки ба ошёнаи рӯзнома гузаранд, ҳадди аққал ошёнаи дуюм аст. Мо дар ин ҷо зимистонро мегузаронем. Мо ҳоло ба идораи нав кӯчида наметавонем, – мефаҳмонад Манижа.

Ду сабаб мавҷуд аст, ки чаро онҳо ба дафтари нав рафта наметавонанд. Якум, радио ба манорае баланде ниёз дорад, ки мисли болои боми “Шарқи Озод” кор кунад. Дар атрофи “Шарқи Озод”, ягон бинои баландошёна вуҷуд надорад. Инчунин мутахассисон мегӯянд, ки ин беҳтарин ҷойи мавҷгирӣ аст. Дуюм, нашрия барои иваз кардани дафтар ва интиқол додани тамоми ашёву чизи худ ба ҷои нав, маблағи кофӣ надорад. Онҳо ба идораи ҳамсоя кӯчиданро ба мушкилӣ иҷро мекунанд. Сол осон набуд ва соҳаи ВАО яке аз минтақаҳои аз ҳама осебдида дар тиҷорат ба ҳисоб меравад.

Масалан, даромади таблиғи радио аз оғози пандемия 60% коҳиш ёфтааст. Дар айни замон, радио локомотиве мебошад, ки қисми зиёди даромади гурӯҳи расонаҳоро ба даст меорад. Ҳоло тиҷорат рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронад ва хароҷоти таблиғотиро кам мекунад. Имсол дар Тоҷикистон шабнишиниҳои солинавӣ манъ карда шуданд ва тамоми соҳа (тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, дӯконҳо) ба таблиғи молу хидматҳои худ ниёз надоранд. Маҳз ҳамин ширкатҳо буданд, ки дар радио фаъолона таблиғ мекарданд, алахусус дар рӯзҳои пеш аз ҷашн.

Искандар Икромӣ, директори иҷроияи “Азия Плюс” мегӯяд, ки дар ҷараёни сол тамоми расонаҳо кӯшиш карданд, ки аз ҷиҳати молиявӣ устувор бимонанд ва ба онҳо ин каме бошад ҳам муяссар омад.

– Аммо ин кӯчидан ҳама чизро пахш кард. Ҳоло мо гуфта наметавонем, ки барои ташкили як ҷои кори дигар чанд миқдор маблағ лозим мешавад. Вале ин миқдори хеле калон аст, алахусус дар шароити кунунӣ, – мегӯяд ӯ.

Манижа ба ёд меорад, ки дар радио прайм-тайми декабри соли гузашта, дар як соат се маротиба таблиғот пахш мешуд.

– Ҳоло чизе нест. Ширкатҳо пулро сарфа мекунанд, фаъолият сифр аст. Бо сабаби кӯчидан мо натавонистем ҳамаи ӯҳдадориҳоямонро дар назди шарикони худ иҷро кунем. Умедворем, ки онҳо моро дарк мекунанд ва баъдтар ҳама чизро иҷро мекунем, – мегӯяд Манижа.

Долонро чӣ гуна бояд муҷаҳҳаз кард

Ҳуҷрае, ки радио бо таблиғгарону роҳбарият кӯчидан, аз як идораи хурди муҳаррир, як майдони кушод барои рӯзноманигорон, як макони қабул ва аз як ошхонаи хурд иборат аст. Бояд гуфт, ки ошхонаро соли гузашта таъмир карда буданд.  Дар “Шарқи Озод” ҳеҷ гоҳ қаҳвахона ё ошхонаи хубе набуд ва аз ин рӯ, таъмири ошхона барои кормандони “Азия-Плюс” як ҳодисаи хотирмоне гашт.  Ҳоло дар ин ҷо видеокамераҳо кор мекунанд. Дар наздикии он, дар утоқи қабул ду котиб ва ду мудир нишастаанд. Онгунае нест, ки ҳар як мудир бо котиби худ утоқи алоҳида дорад. Акнун котибони Манижа ва Искандар дар як утоқ муқобилашон нишастаанд. Дафтари хурди муҳаррир ба сармуҳаррир Умед Бобохонов боқӣ мондааст. Ин ҷо ягона фазои озод аст, ки ҳама истифода мекунанд. Хабарнигорони “Азия Плюс” ба ин ҷо омада, бо мусоҳибони худ дар телефон сӯҳбат мекунанд. Инчунин дар он ҷо бо меҳмонон вомехӯранд.

Студияи сабти овоз ва пахши мустақимро дар долон бо деворҳои пластикӣ насб карда, тақсим кардаанд. Дар долон ҳаво сард аст ва аллакай коргардони овоз бемор шудааст. Гарчанде дар зери пойҳояш гармкунак гузошта буданд.

– Дар студияи пахши мустақим мо ғилофи хуб доштем. Аммо ин ҷо ҳоло онро ба даст оварда наметавонем. Шунавандагон аз он шикоят мекунанд, ки ровиёни мо ҳоло мисли дар даруни бонка бошанд, сӯҳбат мекунанд. Албатта, сифати садо паст шудааст. Вале ҳеҷ коре карда наметавонем, – мегӯяд Манижа.

Тамоми тими “Азия Плюс” барои кӯчидан кӯмак мекунад: мебел мебаранд, тақсимот мегузоранд, ранг мекунанд. Искандар мегӯяд, ки аз нуқтаи назари роҳбарият истифода бурдани рӯзноманигорон дар корҳои ҷисмонӣ нодуруст аст, аммо бояд маблағро сарфа кунем.

– Садоқати кормандони мо хеле баланд аст. Бисёриҳо то субҳ дар нашрия мемонанд. Ҳама мехоҳанд, ки зудтар корҳоро ба анҷом расонида, ба таври муқаррарӣ ба кор шуруъ кунанд, – шарҳ медиҳад Искандар.

Ба фазои кушоди рӯзноманигорони сомонаву рӯзнома, гурӯҳи таблиғотӣ ва операторони пурғавғоро ҷой карданд. Рӯзҳои аввал рӯзноманигорон, ки менавиштанд, дар ҳайрат буданд. Вале баъд онҳо одат карданд, гарчанде ки на ҳама метавонанд дар шароити нав кор кунанд.

– Бо сабаби сар задани пандемия, мо аз моҳи апрел ба кори фосилавӣ гузашта будем. Аммо моҳҳои охир вазъи коронавирус беҳтар шуд ва мо тасмим гирифтем, ки ба дафтар баргардем. Кормандон аз кор дар хона хаста шудаанд. Чун баъзеҳоро кӯдакон нороҳат мекунанд, баъзеҳо дар хона интернети бад доранд. Аммо ҳоло дафтари мо бо сабаби таъмир ва кӯчидан хеле пурғавғо аст.  Наҳама метавонанд ин тавр кор кунанд, баъзе ҳамкорон бошад, боз ба кори фосилавӣ баргаштанд, -мегӯяд Баҳманёр Нодиров, ки муваққатан Олга Тутубалина, сармуҳаррири нашрияро иваз мекунад.

Искандар мегӯяд, ки хушбахтона, ин иқдом то ҳол сабаби тарк кардани кори ягон кормандон нашудааст. Хабарнигорон корашонро идома медиҳанд. Сарфи назар аз он, ки ҳоло нашрия бештар ба як анбори корхона шабоҳат дорад. Масалан, барои он ки дар назди қабули мудирон ду нафар пароканда шаванд, яке бояд ба паҳлӯ истад.

Бояд қайд, ки нашрия хеле сард аст ва суръати Интернет паст. Сифати пасти Интернет дар Тоҷикистон маъмулӣ мебошад. Ғайр аз ин, ҳамаи кормандони “Азия Плюс” бояд ҳамеша VPN-ро фаъол нигоҳ доранд. Гап сари он аст, ки сомонаи нашрия чанд сол боз дар қаламрави Тоҷикистон масдуд аст. Дар аввал “Азия Плюс” “меҷангиданд” – онҳо мактубҳо, изҳорот менавиштанд. Вале мақомот мегйфтанд, ки сомона баста нест, балки танҳо “мушкилоти техникӣ” дорад.

Рӯзноманигорон тақрибан муборизаро барои сомонаашон қатъ кардаанд. Онҳо тамоми маводҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. Шумораи муштариён меафзояд ва ба назар чунин мерасад, ки “Азия-Плюс” аз ӯҳдаи он баромадааст. Дар ҳар сурат, дар бозори ВАО-и Тоҷикистон, миёни расонаҳои маҳаллӣ, “Азия Плюс” то ҳол яке аз ҷойҳои ҷолибтарин барои рӯзноманигорон ҳисобида мешавад. Дар ин ҷо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки шароити нисбатан муносиби кориро фароҳам оранд: хабарнигорон ин ҷо маблағи хуб кор карда метавонистанд, роҳбарият ҳеҷ гоҳ овози худро ба зердастон баланд намекард ва рухсатии бемориву рухсатии меҳнатиро пардохт мекард ва ғайра. Дар чунин шароити гарм,  ин ҷо рӯзноманигорони касбӣ ба воя мерасиданд, ки аввал наметарсиданд бо сармуҳаррири худ баҳс кунанд, сипас матолиби интиқодӣ бинависанд.

Мутаассифона, дар шаш соли охир Тоҷикистон дар рейтинги озодии матбуот 46 зина поин рафта, миёни 180 кишвар дар зинаи 161-ум қарор гирифтааст. Соли 2014 ҷумҳурӣ дар зинаи 115-ум қарор дошт, пас мавқеашро аз даст додан гирифт. Тақрибан дар ҳамин вақт, сомонаи “Азия Плюс” ба басташавӣ сар кард. Рӯзноманигорон ба эҳтиёткорӣ шуруъ карданд. Намехостанд ба нашрияи худ осеб расонанд. Аз ҳама шадидаш, онҳо ором шуданд. Онҳо гуфтанд, ки каме интизор мешаванд ва ҳама чиз тамом мешаваду боз ба қоидаҳои маъмулии худ бармегарданд. Аммо, афсӯс, ки баргаштан ғайриимкон буд. Чун ҳоло рӯзноманигорон на орзуи озодии сухан, балки орзуи як ошёнаи гарму тозаро мекунанд.

Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Чигуна ва барои чи рӯнамоиҳои интерактивӣ эҷод кардан лозим аст

Дар ҷараёни семинари инноватсионии Эдютон 2021, мураббии саводнокии расонаӣ, сармуҳаррир ва ношири «Выбирай. Астана. Караганда» Татяна Голубтсова аз таҷрибаи эҷоди рӯнамоҳои интерактивӣ қисса кард....

Аз дарахтшинонӣ то китобхонӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 14 то...

Ҳафтаи сипаришуда шабакаҳои телевизионии кишвар ба ахбори расмӣ бештар аҳамият дода, дар бораи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар нақл намуданд. Дар муқоиса...

Сабти ном барои иштирок дар дарсҳои Коргоҳи онлайн барои мунаққидони расонаии Кишварҳои Осиё Марказӣ...

0
Моҳҳои март-апрели соли 2021 Интернюс барои мутахассисони расонаӣ, филологҳо ва фарҳангшиносоне, ки мехоҳанд самти нақди расонаиро азхуд кунанд ва барои сомонаи “Новый репортер”-у дигар...

Айсбрейкер, «дақиқаи ботинӣ» ва кофе-брейки маҷозӣ. Мастер-класс аз Сергей Штурхетский

0
Дар доираи семинари инноватсионии Эдютон -2021 Раиси Иттифоқи касабаи расонаҳои мустақили Украина, муаллифи дастурҳои саводнокии расонаӣ, этикаи журналистӣ ва бехатарӣ, мураббии расонаӣ -  Сергей...

Абзорҳои онлайнӣ барои ташкили супоришҳои интерактивии саводнокии расонаӣ

Татяна Голубтсова, сармуҳаррир, ношири маҷаллаи “Выбирай.Астана.Караганда” ва муаллифи нахустин бозии трансформатсионии саводнокии расонаӣ - MediaJungle дар бораи абзорҳое нақл кард, ки барои эҷоди сканвордҳои...