хона Медиалента Панҷ раванди расонаии соли 2020 дар Тоҷикистон

Панҷ раванди расонаии соли 2020 дар Тоҷикистон

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ соли 2020-ро шӯхиомез чунин тавсиф мекунанд: январ, феврал, март, карантин, декабр. Бемории ҳамагир бар ҳама соҳаҳои зиндагӣ таъсири манфии худро расонд, аз он ҷумла бар  расонаҳо ҳам. Вале дар баробари мушкилиҳо ин сол дастовардҳое низ дошт. Мардум дар ёфтданд, ки расонаву расонанигорӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои ҷомеа аст. Дар ин сол ҳамчунин равандҳои наве дар расонанигории тоҷик пайдо шуданд, ки “Новый репортер” панҷто аз онҳоро инҷо муаррифӣ мекунад.

  1. Подкаст

Pod-cast ё вебово  маҷмуъае аз парвандаҳои рақамие аст, ки дар интернет барои пахш аз дастгоҳҳои пахши мусиқӣ ё роёнаҳои шахсӣ интишор ёфтааст. Нахустин подкастҳо соли 2004 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайдо шуданд. Бино бар омори соли 2019, дар ин сол дар саросари ҷаҳон беш аз 700 ҳазор подкаст офарида шуда, ки камобеш аз 29 миллион бахш ташкил ёфтаву ба наздик ба 100 забон сабт шудаанд.

Акс аз саҳифаи фейсбукии “Три медведя”

Дар кишвари мо подкастҳо аз соли 2020 ва ҳамзамон бо дунёгир шудани коронавирус маъруфият пайдо карданд. Яке аз нахустин подкастҳои маъруф, тарҳи Your.tj видео-подкастҳои “Три медведя” (Се хирс) буд. Муаллифи ин тарҳ рӯзноманигор Зебо Тоҷибоева ва Беҳруз Насриддинов, Искандар Мирзоғаниев ва Фарҳод Холматов – ҳамон се хирс – ҳастанд. Нахустин подкасти дастаи Your.Tj рӯзи 4-уми апрел нашр шуд, ки он саргузашти як зани тоҷикистонии гирифтори COVID-19 дар Австрия буд. Подкастҳо ба забони русӣ сабт шуда буданд. Ин подкаст дар замоне нашр шуд, ки мардум аз густариши коронавирус дар ҳарос уфтода буданд ва ин подкастро, ки мавзуъи мубрами рӯзро матраҳ мекард, хуб пазируфтанд. Махсусан дар сафҳаи Your.tj дар шабакаи иҷтимоии Facebook нахустин подкасти онҳоро чанд ҳазор кас шуниданду беш аз 200 кас ҳамрасонӣ (репост) кардаву фиристаҳои бисёре навиштанд. Барои бори аввал ва жанри нав дар фазои расонаӣ ин нишондод хеле хуб буд. Мавзуъи подкасти дуюми Your.Tj стрессу ҳарос буд ва 22-юми апрел нашр гардид. Меҳмони подкаст равоншинос Фируза Мирзоева буд. Он замон дар Тоҷикистон бемористонҳо пур аз мубталоён ба илтиҳоби шуш гардида буданд ва ин мавзуъ низ ба бинандагон писанд омад. Ин подкаст низ хуш пазируфта шуд, чун он замон ҳама ҳаросзада шуда буданду ниёз ба роҳнамоии коршинос доштанд. Аз ин рӯ, гурӯҳи Your.Tj тасмим гирифт, ки ҳама бахшҳои фасли аввалро дар мавзуъи коронавирус ва таъсири он бар ҷомеъа таҳия кунанд. Пайгирони “Три медведя”, ки ҳоло дар Facebook беш аз 860 кас шудаанд, подкастҳои навбатии онро интизор мешуданд ва бо фиристаҳо дар сафҳаи фейсбукиашон, мавзуъҳо пешниҳоду дархост мекарданд, ки дар барномаи оянда бо фалон меҳмон дар бораи фалон мавзуъ суҳбат кунед. Гурӯҳи “Три медведя” то кунун беш аз 25 навор сабт карда ва пайваста дар платформаҳои подкастӣ, шабакаҳои иҷтимоиву Youtube-канали Your.tj ба шунавандагон пешниҳод кардааст. Бояд гуфт, ки дар платформаҳои подкастиву  Youtube-канали Your.tj подкастҳоро кам гӯш мекунанд. Яке аз подкастҳои  “Три медведя”, ки ба забони тоҷикӣ сабт шудаасту меҳмони он  Додихудо Абдураҳимов, роҳбари сомонаи Rap.tj  аст, беш аз 2900 бор боздид шудааст. Дигар, нахустин подкасти онҳо, ки дар бораи зани тоҷикистонии мубтало ба коронавирус буд, беш аз 2100 бор боздид шудааст. Бақияи подкастҳои онҳо дар Youtube-канали Your.tj аз 70 то 400 борӣ боздид шудаанд. Вале подкастҳои “Три медведя”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд ҳазор борӣ тамошо мекунанд.

Акс аз “Медиашкола – Cabar.Asia”

Ҳоло подкастсозон “Академияи подкастҳои “Три медведя””-ро ташкил додаанд ва ба касоне, ки мехоҳанд подкастҳои худро сабт кунанд, аз таҷрибаи гирифтаи худ ҳаматарафа кӯмак мекунанд.

Дар фазои расонаии кишвари мо ҳамчунин подкастҳои ҳафтаинаи “ZewarshoW”, ки офаринандааш Зеваршо Муҳаммад, рӯзноманигор, дабири кулли Шурои расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон, аст, соли ҷорӣ маъруф шуданд. Мавзуъи подкастҳои “ZewarshoW” мусиқӣ ва достони сохта шудани таронаҳои машҳур, ҳунарҳои намоишӣ, тасвирӣ, синамо ва адабиёт  аст. Дар бахшҳои мухталифи подкастҳои “ZewarshoW” суҳбатҳои адабиёту ҳунар, мусиқии хориҷӣ бо достонҳои ҷолиб, сабки зиндагӣ ва мусоҳибаҳои ихтисосӣ бо овозхононро метавон шунид.

Зеваршо Муҳаммад

Зеваршо пештар танҳо барномаҳои 10-дақиқаии мусиқӣ сабт мекард, аммо аввали соли 2020, пас аз баранда шудан дар озмуни офариниши муҳтавои тоҷикии Internews шуруъ ба сабти подкастҳо ва афзудани ҳаҷми муҳтаво кард.  Ӯ подкастҳояшро дар платформаи Anchor нашр мекунад, ки ин муҳтаворо якрост дар платформаҳои Google Podcasts, Apple, Spotify нашр мекунад. Зеваршо ҳар ҳафта  подкастҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир карда, тавзеҳоте ба хатҳои тоҷикиву форсӣ менависад, аз ин ҷост, ки бештари пайгирҳои ӯ аз кишварҳои форсизабон ҳастанд. Охирин подкасти  “ZewarshoW”  14-уми декабри соли равон нашр шудааст. Ин подкаст бо Аброр Назаров, овозхони тоҷик, фарзанди Далер Назаров аст. Мусоҳиба бо Аброр Назаров 38 дақиқа идома ёфта, дар бораи кору фаъолияти феълии сароянда суҳбат мекунад.

Ҳамзамон наврасони тоҷик низ соли ҷорӣ ба сабти подкастҳо шуруъ карданд. Расонаи ҷавони тоҷик LeadersShip, ки гурӯҳе аз наврасони 14 то 16–соларо дар бар мегирад, дар бораи дарсҳо пас аз карантин дар мактабҳои кишвар подкастҳои худро сабт карданд.  Дар ин подкаст, донишомӯзон дар бораи дуромӯзӣ, шароити нави раванди таҳсил дар замони ҳамагирӣ, дарсҳои изофӣ ва дигар мавридҳо суҳбат мекунанд. Барои мисол, ин подкаст мавзуъи барномаҳои интерактивӣ дар мактаб, фанновариҳои нав, омӯзиши бархатро матраҳ мекунад.

  1. Веб-сериал

Яке аз қаҳрамонони веб-сериал;
Акс аз саҳифаи фейсбукии “Ҳама барои як кая – як кас барои ҳама”

Барои нахустин бор дар Тоҷикистон тавонҷӯён, яъне касони дорои маъюбият, ошкоро дар бораи мушкилиҳои худ дар веб-сериали “Ҳама барои як кас – як кас барои ҳама” гуфтугӯ карданд. Ин веб-сериалро Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон таҳия кардааст. Тавонҷӯён дар силсилафилмҳои “Ҳама барои як кас – як кас барои ҳама”, ки қаҳрамононаш худашон ҳастанд, дигаронро аз чигунагии бархӯрд бо онҳо огоҳ мекунанд. Касоне онҳоро бемору дардманд мешуморанд, касе бо чашми кам мебинад ва ё дигаре онҳоро куллан ба назар намегирад. Дар ин веб-сериал таъкид мешавад, ки дар миёни тавонҷӯён низ касони боистеъдод бисёр аст ва онҳо орзуҳову ҳадафҳои бузург доранд. Қаҳрамонон дар чаҳор бахши силсилафилм барои баланд бароштани руҳияи дигар камтавонон мегӯянд, ки ҳамин орзуву ҳадафҳо онҳоро тавонманду нерӯманд мекунанд то бо обрӯмандиву ифтихору суботкорӣ мушкилотро паси сар кунанд. Ҳоло 4 бахши веб-сериал ( “Пайвандон”, “Фалак”, “Муаллим”, “Рақси дурахшон”) нашр шудааст, ки офаринандагон онро дар сафҳаҳояшон дар шабакаҳои Youtube, Facebook ва Instagram ҳамрасонӣ мекунанд. Бахшҳои веб-сериал дар шабакаи Youtube аз 145 то 1200 бор тамошо шудаанд. Ин веб-сериал ҳамзамон ба забони имову ишора низ таҳия шудааст.

Акс аз Zamonavi Media

Яке дигар аз веб-сериалҳои маъруфи соли 2020 дар Тоҷикистон веб-сериали “Ишқ, пул, #Душанбе” аз коргардон Набиҷон Пирматов аст, ки аз тобистони имсол, ҳар ҳафта рӯзи якшанбе, соати 20:00 ба вақти Душанбе дар YouTube-канали тоҷикии ZamonaviMedia як бахш аз он пахш мешавад. Ҳар бахше аз филм 20 дақиқа тӯл мекашад ва нақшҳои аслиро дар филм на ҳунарпешаҳо, балки чеҳраҳои шинохтаи шоу-бизнеси тоҷику вебнависон бозӣ мекунанд. Ҳамзамон забони веб-сериал гӯиши содаву равони тоҷикӣ аст. Ин аст, ки ҳар як бахш аз сериал аз 200 000 то беш аз 350 000 бор боздид мешавад. Ин рақам барои бахши тоҷикии YouTube нишондиҳандаҳои бисёр хуб аст. Мардум “Ишқ, пул, #Душанбе”-ро хуш пазируфта, ки гуфтовардҳо аз ин филм дар забони мардум далел бар ин гуфта аст. Ҳангоме, ки намоиши веб-сериал дар канали ZamonaviMedia оғоз ёфт, он камобеш 30 ҳазор муштарӣ дошт. Акнун шумори муштариёни он ба 50 ҳазор кас расидаву рӯз аз рӯз меафзояд. Бинандагон ҳар як бахши нави веб-сериалро пайваста баррасӣ кардаву дархост мекунанд, ки тӯли бахш бештар аз 20 дақиқа шавад.

  1. Филми мустанад

Дувуми июли соли равон рӯзноманигори тоҷик Маҳпора Киромова нахустин филми мустанади худро бо унвони “Мардикор” пешниҳоди бинандагон кард, ки онро ҳамроҳ бо наворбардор Парвиз Турсунзода таҳия кардааст. Ин филм зиндагии якрангу бисёр душвори занҳои яке аз шаҳрҳои Тоҷикистонро намоиш медиҳад, ки аз ноилоҷӣ худро ба бозори кор задаанд. Аксари ин занҳо бори рӯзгорро танҳо мекашанд, зеро ҳамсарони муҳоҷирашон дар Русия муқим шуда, на аз хонавода ёд мекунанду на аз Тоҷикистон. Ин филми мустанад аз замони намоиши пешогаҳияш дар сафҳаи фейсбукии “180 градусов” шарру шӯри бисёреро ба бор овард. Пешогаҳии филм дар Facebook беш аз 1200 бор писандида шуда, камубеш 700 кас онро ҳамрасонӣ кардаву фиристаҳо навиштаанд. Ду рӯз пас аз нашри филм фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳама касоне, ки филм бар онҳо таъсир гузошт, хостанд ба қаҳрамонони филм кӯмаки молӣ расонанд. Пас аз расонидани кӯмак ба қаҳрамонон, ҳамзамон гурӯҳи фейсбукии #вместе победим🤲 қаҳрамонони филмро бо кӯдаконашон ба шаҳри Душанбе даъват карда, як рӯзи фаромӯшнашуданӣ тақдим карданд.

Акс аз саҳифаи фейсбукии “180 градусов”

Филми мустанади “Мардикор” барои создандагонаш нахустин кӯшиш дар заминаи мустанадсозӣ буд ва дар феҳристи чанде аз барномаҳои байналмилалӣ ҷой гирифт, ки “FemAgora 2020” ва “Artdocfest” аз он шуморанд. Дар паи намоиши ин филм ҳукумати маҳаллӣ барои корбозори занон бому соябон сохт. Чанд рӯз пеш бошад, вазири кор Ширин Амонзода бо он занон дидору гуфтугӯ кард. Бояд ёдварӣ кард, ки филми “Мардикор” зернависҳои русӣ ва англисӣ дорад. Ҳамзамон созандаи филм Маҳпора Киромова ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи башар барандаи Ҷоизаи ҳуқуқи башар гардид. Умуман, филми мустанад дар соли 2020 дар кишвари мо падидае шуд, ки ҳам бинандагонро шигифтзада кард ва ҳам раванди наверо дар расонанигорӣ падид овард.

  1. Тарҳҳо дар шабакаҳои иҷимоӣ

Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шабакаи Facebook ва Instagram тарҳи аксии Grain рӯйи кор омад, ки онро видео-рӯзноманигор Таҳмина Ҳакимова ва Фаррух Сафарзода тарроҳӣ кардаанд. Онҳо дар муаррифии худ чунин гуфтаанд: “аслан мо аз офаридани тасвирҳои бефосила ба монанди филмҳо лаззат мебарем”. Акнун чанд моҳ аст, ки ин тарҳ саргузаштҳои ҷолиби одамонро бо аксу наворҳо бозгӯ мекунад. Ин як формати нав дар рӯзноманигории тоҷик аст ва муштариён низ ин тарҳро хуб қабул карданд. Тарроҳони Grain тавонисанд, ки дар якуним моҳи фаъолият дар сафҳаи Instagram 1000 муштарӣ гирдоварӣ кунанд. Феълан онҳоро дар инстаграм беш аз 1600 кас ва дар  Facebook камубеш 800 кас пайгирӣ мекунад.

Тим Ғаниев, акс аз Grain

Нашри ҳар маҳсули Grain -ро коршиносон низ муфасал баррасӣ мекунанд. Яке аз саргузаштҳои Grain дар бораи Тим Ғаниев, муҷрии ҷавони радио аст, ки ҳам дар радио ва ҳам дар бар кор мекунад. Саргузашт бисёр одӣ ва аз зиндагии рӯзмарраи ҷавонон аст ва пайгирандагон низ онро хуш пазируфтаанд.

Тарҳи дигари иҷтимоӣ ПЛЮС ОДИН ном дорад, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram матолиби худро нашр мекунад. Ин тарҳ мушкилоти иҷтимоиро ба сабки кэпшн-видео бозгӯ мекунад. Шиори тарҳ “Қаҳрамононе, ки мо аҳамият намедиҳем” аст. Ин тарҳро дар  Facebook камобеш 600 кас ва дар Instagram камобеш 2000 кас пайгирӣ мекунанд.

Акс аз саҳифаи фейсбукии ПЛЮС ОДИН

Яке аз қаҳрамонони онҳо Рустам Ҳасанов аст, ки бо фалаҷи мағзи сар зиндагӣ мекунад. Дар навор худи Рустам аз бархӯрди мардум бо ӯ дар ҷомеа ва орзуҳои худ суҳбат мекунад. Пас аз нашри навор пайгирони тарҳ хостанд ба Рустам ёрии молӣ расонанд ва дар се рӯз 40 000 сомонӣ барояш ҷамъ оварданд.

  1. Видео-мусоҳиба ба забони тоҷикӣ

Рафаел Гулов, корманди пешини ТВ “Баҳористон”, яке аз вебнависоне аст, ки шумораи пайгирандагон дар соли 2020 аз 5 ҳазор кас якбора ба саду чанд ҳазор кас афзоиш ёфт. Ӯ блоги худро дар Youtube (74 ҳазор пайгир) ва Instagram (107 ҳазор пайгир) пеш мебарад. Далели маъруф шуданаш мусоҳибаҳои видеоӣ ҳастанд, ки бо чеҳраҳои шинохтаи шоу -бизнес сабт карда буд. Нахустин наворе, ки Рафаелро маъруф кард, пӯшиши барномаи дарёфти ҷоизаи  радиои “Ҳамсадо” буд, ки дар як ҳафтаи аввал наздик ба 300 ҳазор бор боздид шуд. Ҳоло ин навор бо 700 ҳазор бор боздид – пурбинандатарин мусоҳибаи видеоӣ дар сафҳаи ютюби Рафаел аст. Рафаел тарҳи худро “Тоҷик-бача шоу” номгузорӣ кардааст. Далели пурбинанда шудани мусоҳибаҳои Рафаел ба гуфти пайгиронаш – соддаву фаҳмо будани забони матолиби ӯ аст.

Акс аз Рафаел Гулов

Пас аз маъруф шудани мусоҳибаҳои видеоии Рафаел, дигар вебнависону расонаҳо низ ба сабти видео ба забони тоҷикӣ оғоз карданд.

Яке аз ин барномаҳо – мусоҳибаи видеоии “Корзина” аз Pressa.tj мебошад. Ин мусоҳибаҳо бо ширкати чеҳраҳои шинохта ва намояндагони шоу-бизнеси тоҷик баргузор мешаванд. Муҷрии ин барнома Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ аст.

Акс аз Pressa.tj

Забони барнома омехтаи адабӣ ва гуфторӣ аст. Нахустин нашри “Корзина” бо муҷрии номдор Мубориз Усмонов сабт шуда, беш аз    12 000 бор боздид шудааст. Аммо ин рақам барои канали Pressa.tj, ки беш аз 60 ҳазор муштарик дорад, чандон натиҷаи хубе набуд. Вале нашрҳои баъдии он бо рэпсаро Шон МС беш аз 50 000 ва бо Саидмурод Давлатов – соҳибкори тоҷик камубеш 100 000 бор боздид шудаанд.

Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Чигуна ва барои чи рӯнамоиҳои интерактивӣ эҷод кардан лозим аст

Дар ҷараёни семинари инноватсионии Эдютон 2021, мураббии саводнокии расонаӣ, сармуҳаррир ва ношири «Выбирай. Астана. Караганда» Татяна Голубтсова аз таҷрибаи эҷоди рӯнамоҳои интерактивӣ қисса кард....

Аз дарахтшинонӣ то китобхонӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 14 то...

Ҳафтаи сипаришуда шабакаҳои телевизионии кишвар ба ахбори расмӣ бештар аҳамият дода, дар бораи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар нақл намуданд. Дар муқоиса...

Сабти ном барои иштирок дар дарсҳои Коргоҳи онлайн барои мунаққидони расонаии Кишварҳои Осиё Марказӣ...

0
Моҳҳои март-апрели соли 2021 Интернюс барои мутахассисони расонаӣ, филологҳо ва фарҳангшиносоне, ки мехоҳанд самти нақди расонаиро азхуд кунанд ва барои сомонаи “Новый репортер”-у дигар...

Айсбрейкер, «дақиқаи ботинӣ» ва кофе-брейки маҷозӣ. Мастер-класс аз Сергей Штурхетский

0
Дар доираи семинари инноватсионии Эдютон -2021 Раиси Иттифоқи касабаи расонаҳои мустақили Украина, муаллифи дастурҳои саводнокии расонаӣ, этикаи журналистӣ ва бехатарӣ, мураббии расонаӣ -  Сергей...

Абзорҳои онлайнӣ барои ташкили супоришҳои интерактивии саводнокии расонаӣ

Татяна Голубтсова, сармуҳаррир, ношири маҷаллаи “Выбирай.Астана.Караганда” ва муаллифи нахустин бозии трансформатсионии саводнокии расонаӣ - MediaJungle дар бораи абзорҳое нақл кард, ки барои эҷоди сканвордҳои...