хона Медиалента Нақди расонаӣ дар ИМА ва берун аз он: 10 иқтибос аз ҷаласаи...

Нақди расонаӣ дар ИМА ва берун аз он: 10 иқтибос аз ҷаласаи Ҷули Саламон

Cоли сеюм аст, ки “Новый репортер” нақди расонаиро дар Осиёи Марказӣ рушд медиҳад. То имрӯз дар сомона зиёда аз 350 мавод бо забонҳои русӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр шудаанд.

Албатта ин танҳо оғози сафари тӯлониву ҷолиб аст. Чун инро аз таҷрибаи дигар кишварҳо ёфтан мумкин аст, ки онҳо солҳост нақди расонаӣ мекунанд. Масалан, Ҷули Саламон, мунаққиди расонаӣ, рӯзноманигор, муаллифи китобҳо аз ИМА 11 сол мешавад, ки дар яке аз маъруфтарин нашрияҳои ҷаҳонӣ – The Wall Street Journal дар ин самт фаъолият мекунад.

Тими кории “Новый репортер” коршиносро ба мулоқот даъват намуда, хоҳиш карданд, ки аз таҷрибаи худ ҳамчун мунаққиди расонаӣ қисса кунад. Ҳоло бошад, 10-иқтибос аз суханронии Ҷулиро пешниҳод мекунем. Иқтибосҳо ба шумо имкон медиҳанд, ки ба кори мунаққиди расонаҳо ва рӯзноманигорӣ бо назари дигар нигоҳ кунед.

  1. Wall Street Journal миёни журналистикаи хабарӣ ва журналистикаи афкор як деворе дошт. Дар ин ҷо ман стандартҳо ва принсипҳои асосии журналистикаро омӯхтам ва ин ба кори ман ҳамчун мунаққиди расонаӣ таъсири назаррас расонид. Чун дар асл, мунаққидон бояд ҳамон қоидаҳоро риоя кунанд. Нақди ман ҳамеша бар он чизҳое буд, ки ман ҳамчун хабарнигор омӯхтам.
  2. Новобаста аз оне, ки мо аз сиёсатмадорон, пешвоёни афкор ва ё каси дигаре мешунавем, бояд дарк кард, ки як қисса ҳамеша тарафҳои гуногун дорад. Вазифаи мо – хоҳ рӯзноманигорон ва хоҳ мунаққидони расонаӣ – нишон додани номувофиқатии байни он чизе, ки ба мо гуфта мешавад ва воқеан рӯй дода истодааст. Шумо наметавонед, ки дар бораи сиёсат, адолати иҷтимоӣ ё ягон мавзуъи дигар бинависед. Бидуни он ки дигарон ба монанди, расонаҳо, вебнависон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин равандҳоро чӣ гуна инъикос мекунанд.
  3. Чанд соли охир дар ИМА журналистони хуб мунаққидони расонаӣ мешаванд. Аз сабаби он, ки дар кишвар тақсимоти васеъи расонаӣ ҷараён дорад. Тақрибан 20 сол қабл, се ё чор расонае вуҷуд доштанд, ки тавассути онҳо ҳама хабару рӯйдод мегузаштанд. Ҳангоми инъикоси рӯйдод, онҳо кӯшиш мекарданд, ки ба миқдори муайяне мувозинатро риоя кунанд. Онҳо ҳисси масъулият доштанд ва барои маводҳои нашркардаашон далелҳо меоварданд. Ҳоло шумораи зиёди нашрияҳо мавҷуданд: пешрафта, либералӣ, муҳофизакор, гуногун. Агар ба маводҳои онҳо таваҷҷуҳ кунӣ, метавон пай бурд, ки онҳо тақрибан чизҳои якхеларо нақл мекунанд.
  4. Яке аз намунаҳои равшан интихоботест, ки дар Амрико мегузарад. Ҳама меъёрҳои пӯшонидани раванди интихобот баръакс шудаанд. Сабабаш Twitter аст. Маълум аст, ки ин як расонаи нав аст. Президент Трамп медонист, ки чӣ гуна аз расонаҳои анъанавӣ канорагирӣ карда, бо аудитория мустақиман суҳбат кунад. Вақте дар бораи нақди расонаӣ мегӯем, сухан дар бораи равишҳои маъмуливу анъанавӣ дар гузориш ва арзёбии иттилоот меравад. Ҳамаи инро бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди аз тиреза ба берун партофтанд, ки он ҷо шумо ҳар чӣ ба саратон ояд, метавонед бигӯед.
  5. Мавзуъи пандемия дар Амрико баҳсҳои шадидро ба амал овард. Вобаста ба он, ки одамон кадом расонаҳоро мехонданд. Оё коронавирус ҳаст? Оё ниқоб пӯшидан лозим аст? Оё ваксина гирифтан ҳатмӣ аст? Ҳамаи ин саволҳо дар гирду атроф ихтилофҳо пайдо карданд. Чун одамоне буданд, ки аз ин беморӣ фавтиданд ва дигарон ба бефоида будани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ боварӣ доштанд. Маҳз вазифаи рӯзноманигор аст, ки чӣ гуна инъикос кардани ин ё он масъаларо муайян кунад.
  6. Ба ҳамаи мо гузашта, таҷриба, маълумот, дар куҷо ва чӣ гуна ба воя расиданамон таъсир мерасонад. Ҳар як зуҳури танқид як шакли зиндагиномаи шахс аст. Тарзи пешниҳоди иттилоот дар бораи он аст, ки мо ҷаҳонро чӣ гуна мебинем. Қисми кори мо аз он иборат аст, ки дар куҷо ин бо таҷрибаи мо таҳриф карда мешавад ва онро дар кори худ бартараф кунем. Мо бояд бозёфтҳоро бо далелҳо нашр кунем, на ба эҳсосоти худ.
  7. Боре ман дар бораи се насли як оила қисса навишта будам, ки тамоми умри худро бо мушкилӣ паси сар кардаанд. Ман бисёр кор мекардам, бо қаҳрамонҳо муошират доштам, ғояамро такмил медодам. Вокуниши аудитория маро он гоҳ ҳамчун як хабарнигори ҷавон, дар ҳайрат гузошт: касе қиссаро ҳамон тавре, ки ман қабул кардам, дарк кард, дигар қисми аудитория ба он оила муносибати манфӣ кард. Ин барои ман як дарсе шуд, ки на ҳама бояд нуқтаи назари маро мубодила кунанд. Коре, ки мекунед, на ба ҳама писанд аст, ҳатто агар шумо онро бо нияти нек ва масъулияти баланд иҷро мекунед. Барои рӯзноманигор, бахусус мунаққиди расонаӣ нафароне пайдо мешаванду кори ӯро қадр мекунанд. Вале касоне низ ҳастанд, ки онҳоро аблаҳ меҳисобанд. Ин муқаррарӣ аст.
  8. Объективӣ будан хеле субъективӣ аст. Агар дигар хел фикр мекунед, шумо худро фиреб медиҳед. Вазифаи шумо ин аст, ки маводро то ҳадди имкон пурратар пешниҳод кунед. Ҳамчун мунаққиди расонаӣ бояд чизҳои хуберо дар маводе, ки дида истодаед, пайдо кунед. Муаллиф метавонад як мутахассиси олӣ бошад, ки ногаҳон ба иштибоҳе роҳ додааст.
  9. Расона чист? Имрӯз он касест, ки смартфон дораду метавонад маълумотеро дар ҷойе нашр кунад. Ин барои журналистон ва мунаққидон душвортарин чиз аст – муайян кардани он, ки чӣ гуна аз байни одамони телефондор фарқ кардан мумкин аст. Ягона вариант нашри маводи боэътимод аст. Умедворем, ки бо мурури замон обрӯи рӯзноманигорон бар ғалоғула дар расонаҳо бартарӣ хоҳад дошт.
  10. Агар нақшаи танқиди чизе ба монанди расонаҳо, китобҳо, филмҳоро дошта бошед, шумо бояд қавӣ бошед. Ҳамзамон ба он омода бошед, ки ба омма чӣ менависед. Инчунин метавонед мавриди танқид қарор гиред. Вақте маро танқид мекунанд, ман онро хеле ҷиддӣ қабул мекунам. Чун ба ман инъикоси худ лозим аст ва ман бояд бубинам, ки одамон ба кори ман чӣ гуна муносибат мекунанд. Агар шумо ба танқид тоқат карда наметавонед, омода набошед, ки худро ба ҷои он касоне, ки шумо танқид мекунед, гузоред, хубаш ин корро оғоз накунед.

Шоми нақди расонаӣ бо Ҷули Саламон дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) баргузор гардид.

Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Аз дарахтшинонӣ то китобхонӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 14 то...

Ҳафтаи сипаришуда шабакаҳои телевизионии кишвар ба ахбори расмӣ бештар аҳамият дода, дар бораи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар нақл намуданд. Дар муқоиса...

Сабти ном барои иштирок дар дарсҳои Коргоҳи онлайн барои мунаққидони расонаии Кишварҳои Осиё Марказӣ...

0
Моҳҳои март-апрели соли 2021 Интернюс барои мутахассисони расонаӣ, филологҳо ва фарҳангшиносоне, ки мехоҳанд самти нақди расонаиро азхуд кунанд ва барои сомонаи “Новый репортер”-у дигар...

Айсбрейкер, «дақиқаи ботинӣ» ва кофе-брейки маҷозӣ. Мастер-класс аз Сергей Штурхетский

0
Дар доираи семинари инноватсионии Эдютон -2021 Раиси Иттифоқи касабаи расонаҳои мустақили Украина, муаллифи дастурҳои саводнокии расонаӣ, этикаи журналистӣ ва бехатарӣ, мураббии расонаӣ -  Сергей...

Абзорҳои онлайнӣ барои ташкили супоришҳои интерактивии саводнокии расонаӣ

Татяна Голубтсова, сармуҳаррир, ношири маҷаллаи “Выбирай.Астана.Караганда” ва муаллифи нахустин бозии трансформатсионии саводнокии расонаӣ - MediaJungle дар бораи абзорҳое нақл кард, ки барои эҷоди сканвордҳои...

Анбӯҳфиристҳо, чорабиниҳои онлайнӣ ва маркетинг. Ҳашт раванди мубрами расонаӣ аз Всеволод Пуля

0
Рӯзи дуюми семинари инноватсионии Эдютон -2021, ки мавзуъи асосии он рушди саводнокии расонаиву рақамӣ мебошад, ҷаласаи дуюми Всеволод Пуля, менеҷери расонаӣ, муҳаррир ва мураббии...