хонаХудомӯзЧигуна омода кардани дарси мултимедиявии саводнокии расонаӣ: маслиҳатҳои Татяна Голубтсова

Чигуна омода кардани дарси мултимедиявии саводнокии расонаӣ: маслиҳатҳои Татяна Голубтсова

Ҳар як шахсе, ки омӯзиш мегузаронад, барои пешниҳоди ҷолиби ғояҳояш зарурат дорад.  Одатан барои рӯнамоиҳо ҳама аз барномаи стандартии Power Point истифода мекунанд. Чӣ мешавад, ки боре аз ин барномаи муқаррарӣ даст кашида, чизи наверо бисанҷем?

Имрӯзҳо кадом форматҳо мавҷуданд? Чигуна чархи лоторея ё рӯнамоии видеоиро сохтан мумкин аст? Барои ин чи қадар вақт лозим мешавад? Ба ин саволҳо, дар ҷараёни семинари саводнокии расонаии  Эдютон-2021, Татяна Голубтсова мураббии саводнокии расонаӣ, муассис ва сармуҳаррири маҷаллаи «Выбирай. Астана. Караганда» посух дод.

«Новый репортёр» иқтибосҳои зарурии ҷаласаро ҷамъ овард.

Мураббӣ Татяна Голубтсова

Ҷаласаи Татяна Голубтсова дар платформаи Zoom аз чархи фортуна оғоз гардид, ки дар барномаи Wordwall сохта шудааст. Ин барнома ба шумо имконият медиҳад, ки харита, анаграмма ва кор бо дигар форматҳоро ба роҳ монда, таваҷҷуҳи аудиторияро ҷалб кунед. Ба ширкаткунандагони ҷаласа, Татяна рулеткаеро бо номи «Таъби саводнокии расонаии худро нишон медиҳем» пешниҳод кард. Дар рулетка табассумакҳо оварда шуда буданд, ки ин ё он эҳсосотро нишон медоданд. Татяна ширкаткунандагонро даъват кард, ки эҳсосотиро худро дар чеҳраи виртуалиашон нишон диҳанд.

Оё ин эҳсосот ва ҳолатҳо барои шумо ошноанд?

  • Эҳсосоти «Чизе хато шудааст». Дар WhatsApp ба мо дорухати ковидро фиристоданд.
  • Эҳсосоти «Ман ба ин шубҳа дорам …». Зеро ба ман гуфтанд, ки дар кӯчаҳои шаҳрҳои мо шабона аз чархболҳо антисептик мепошанд.
  • Эҳсосоти «Ман хеле хаста шудам». Зеро ба воситаи почта мактуб омад, ки ман лотерея бурд кардам. Ин 250-умин нома дар як рӯз аст.
  • Эҳсосоти «Маро хашмгин накунед». Зеро суроғаи электронии маро шикастанд.
  • Эҳсосоти «Ман шараф дорам». Дӯстон аз номи ман барои фиристодани пул дархост мегиранд. Аммо ҳисоби шахси дигар нишон дода шудааст.
  • Эҳсосоти «Ман доноям». Вақте шуморо ба Эдютон даъват карданд.
  • Эҳсосоти “Ман зебоям! Ту ҳам зебо ҳастӣ». Вақте шумо дар Эдютон ғолиб омадед.

Ширкаткунандагон пас аз ин ҷаласа иқрор омаданд, ки чигуна муҳтаво метавонад ҷолиб бошад. Ҳамзамон ширкаткунандагон аз мураббӣ тавсияҳои зарурии сохтани бозиҳои ба ин монандро гирифтанд.

Скриншоти барномаи Renderforest

Мураббӣ дар ин қисми ҷаласа нишон дод, ки чӣ гуна ҷаласаҳои видеоӣ омода карда, барои баргузории чорабиниҳо скрайбинг месозад. Ҳама барномаҳое, ки дар ин ҷо номбар шудаанд, ройгонанд ё версияҳои ройгон доранд. Кор тибқи нақшаи зерин сурат мегирад:

  • Дарк кунед, ки чӣ гуна захираҳо доред. Дар тим чанд кас ва то баргузории чорабинӣ чӣ қадар вақт мондааст.
  • Чорабиниро ба нақша гирифта, дарк кунед, ки ба аудитория чӣ гуфтан мехоҳед.
  • Ҳангоми сохтани ҷаласаҳои видеоӣ каме ҳазлу шӯхӣ ворид кунед. Чун ҳазл, эҳсосоти мусбӣ ба беҳтар ҳифз кардани иттилоот мусоидат мекунанд.

Масалан, шумо метавонед аз хизматрасонии  Renderforest барои сохтани видеоҳои аниматсионӣ истифода баред. Татяна қайд мекунад, ки барои сохтани як видеои се дақиқагӣ, тақрибан 45 дақиқа вақт сарф кард. Инчунин, дар якҷоягӣ бо аудиторияи онлайнии ҷаласа, ӯ дар бораи ҷаласаи Всеволод Пуля рӯнамоӣ сохт.  Дар рӯнамоӣ ҳафт нуқтаи асосии баромади яксоатаи Пуля ҷой дода шуд.

Фрагменти сохтани рӯнамоии видеоӣ дар барномаи Lumen5

Инчунин аз захираҳои ройгон, шумо метавонед барномаҳои Lumen5 ва Videorobotapp -ро истифода баред. Ба гуфтаи Татяна худи ширкаткунандагон иқрор омаданд, ки ҳамаи барномаҳо ба монанди Power Point хеле одиву фаҳмоанд. Ҳамзамон натиҷаи назаррас доранд! Дар ҷамъбаст, мураббӣ маслиҳат дод: аз 4-5 дақиқа зиёд рӯнамоӣ омода накунед. Зеро рӯнамоии тӯлонӣ шавқи аудиторияро гум мекунад.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии #MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

Редакцияhttps://newreporter.org/
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Даъват барои иштирок дар омӯзиш доир ба масъалаҳои оворагии иҷборӣ ва муҳоҷират

0
Омӯзиш барои рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ “Чӣ гуна инъикос кардани масъалаҳои оворагии маҷбурӣ ва муҳоҷират: тавсияҳо ва захираҳо”.Рӯзи баргузорӣ: 15 июнЗамони баргузорӣ: 14.00 – 15.30 (бо вақти...

Пазироӣ дар ҳаво, қаҳрамонони нав ва занбӯрҳои қафкозӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии...

Мавзӯъи асосии барномаҳои итилоотии шабакаҳои телевизионӣ тайи ҳафтаи сипаришуда - сафари президенти кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон буд. “Ҷаҳоннамо” танҳо ин мавзӯъро пайгирӣ намуда,...

«Дар расонаҳо пул дар куҷост?» Ҳашт сирри пулкоркунӣ аз Алексей Аметов

0
Дар май Business LAB 2021 ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар он 20 даста аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Ҳадафи ин лоиҳа –...

Роғун, кудакон ва чаканпушии Да Силва. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз...

Ҳафтаи сипаришуда ду шабакаи телевизионӣ бештар дар бораи Роғун ва Созмони Ҳамкории Шанхай қариб ки гузоришҳои якхела доданд. Дар “Ҷаҳоннамо” бошад, атрофи фоидаи китобхонӣ...

Расонаҳои Тоҷикистон дар бораи дин: иттилооти зиёд ва таҳлили кам

Дар Тоҷикистон, ки сатҳи диндории аҳолиаш баланд аст, расонаҳо ба мавзӯъи дин таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Расонаҳо атрофи мавзӯъҳое, ки бо дин алоқаманданд, чӣ...