хона Медиалента Сабти ном барои иштирок дар дарсҳои Коргоҳи онлайн барои мунаққидони расонаии Кишварҳои...

Сабти ном барои иштирок дар дарсҳои Коргоҳи онлайн барои мунаққидони расонаии Кишварҳои Осиё Марказӣ оғоз гардид

Моҳҳои март-апрели соли 2021 Интернюс барои мутахассисони расонаӣ, филологҳо ва фарҳангшиносоне, ки мехоҳанд самти нақди расонаиро азхуд кунанд ва барои сомонаи “Новый репортер”-у дигар лоиҳаҳои интернетии Интернюс мавод таҳия кунанд, коргоҳи онлайнии омӯзишии нақди расонаӣ доир мекунад. Ширкаткунандагон дар асоси озмун аз рӯйи анкетаҳои пуркардаашон интихоб карда мешаванд.

Охирин муҳлати қабули дархостҳо – 1-уми марти соли 2021, то соати 22:00 ба вақти Душанбе мебошад.

Афзалият ба муаллифоне дода мешавад, ки бо забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ кор мекунанд ва ҳамзамон забони русиро дар сатҳе медонанд, ки метавонанд мударрисонро ба таври кофӣ дарк кунанд.

Нақди расонаӣ – як шохаи пӯёи  журналистикаи муосир буда, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва ҷанбаҳои дигари тавлиди иттилоотиро арзёбӣ мекунад.

Интернюс дар сомонаи осиёмарказии “Новый Репортер” майдони нақди расонаиро таҳия мекунад. Лутфан пеш аз пур кардани дархост бо маводҳои сомона шинос шавед. Мо барои баргузории коргоҳи онлайнӣ, на танҳо ширкаткунандагон, балки шахсони ҳамфикрро меҷӯем, ки баъдтар муаллиф ва муҳаррири бахши “Нақди расонаӣ”-и “Новый репортер” мегарданд ва бар асоси кормузд мунтазам дар сомона мавод нашр мекунанд.

Коргоҳи онлайнӣ дарсҳои омӯзишӣ, кори инфиродиро бо мураббиёни Internews ва омӯзиши мустақили маводро таъмин мекунад. Дарсҳои омӯзишӣ рӯзҳои 15, 17, 29-уми марти соли ҷорӣ аз соати 16:00 то 18:00 (ба вақти Нур-Султон) баргузор мешаванд.

Пас аз ширкат дар семинар, иштирокчиёнро мебояд, ки дар асоси гонорар 2 мавод таҳия кунанд.

Агар шумо мехоҳед, ки дар коргоҳи онлайнӣ ширкат варзед, лутфан дархости онлайниро то 1-уми марти соли 2021 пур кунед. Барои ширкат дар семинар, шумо бояд дастрасии муътадил ба Интернет ва компютер дошта бошед, то барои иштирок дар дарсҳои онлайнӣ мушкилот пеш наояд. Баъд аз итмом Шаҳодатномаҳои коргоҳи омӯзишӣ тақдим мегарданд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Редакцияhttps://newreporter.org/
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Санҷиш: Оё шумо як хабарнигори соҳибахлоқ ҳастед?

Дар Тоҷикистон баҳсҳо перомуни меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ зиёд нестанд, аммо агар  чунин иттифоқ афтад, баҳсу муҳокимаи доғро мушоҳида мекунем. Этика як категорияи динамикӣ аст...

Дар кадр – мурғу қулфинайпарвар. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 11...

Барномаҳои ҷамъбастии «Тоҷикистон» (ТВ «Тоҷикистон»), «Ҷамъбасти ҳафта» (ТВ «Сафина») ва «Ҳафт рӯз» (ТВ «Ҷаҳоннамо») ин ҳафта моро бо пешниҳоди гузоришҳои гуногунранг каме хурсанд намуданд....

“Питчинг чист?” Суханронии Таня Рахманова дар Мактаби филмҳои мустанад

0
Таня Рахманова, коргардони филмҳои мустанад, муаллими курси кинои Сорбонна, узви ҳакамони озмунҳо дар ҷараёни “Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ” дар бораи чӣ будани питчинг...

Ёрии расонаии таъҷилӣ: як нашрия дар Тоҷикистон қиссаҳо нақл мекунанду қаҳрамонони он хона тӯҳфа...

Зане моҳи октябри соли гузашта, ба нашрияи хурди интернетии "Оила" -и Душанбе омада гуфт, ки оилааш барои зиндагӣ ҷойи зист надорад. Рӯзноманигорон ӯро ба...

Логлайн, конспект, тизер ва трейлер барои чӣ лозиманд? Ҷаласаи Мактаби филмҳои мустанад

0
Рӯзи 30 юми март дар доираи Мактаби филмҳои мустанад, мураббиён, коргардонҳои филми мустанад Шаҳида Тулаганова ва Елена Демидова дар мавзӯъи “Логлайн, конспект, тизер ва...