хонаХудомӯзЧӣ гуна машғули рӯзноманигории тиббӣ шуда, кам ба иштибоҳ роҳ диҳем?

Чӣ гуна машғули рӯзноманигории тиббӣ шуда, кам ба иштибоҳ роҳ диҳем?

“Чаро ман дар сарлавҳаи рӯнамоии худ доир ба “камтар ба иштибоҳ роҳ додан” ҳарф мезанам? Барои он, ки агар шумо рӯзноманигори тиббӣ бошед, хоҳ нохоҳ ба иштибоҳ роҳ медиҳед. Аммо мешавад аворизи иштибоҳотро кам намуда, равандҳоро танзим кард” – иброз дошт дар ҷараёни ҷаласаи худ Даря Саркисян, сухангӯйи Мактаби журналистикаи тиббӣ ва илмӣ, рӯзноманигори тиббӣ, муҳаррири нашрияи интернетии “Meduza”, муаллифи Telegram-канали «Намочи манту» .

  1. Омода бошед, ки на танҳо дар бораи тиб, доруву табибон нависед. Ба таври худкор дар нашрия мавзӯъҳои шумо тарзи ҳаёти солим, масоили иҷтимоӣ ва ҳатто байторӣ мегарданд. Ҳаҷми зиёди иттилооти ҷолиб метавонад на танҳо мавзӯъҳои гуногун бошанд, балки имконияти санҷиши форматҳои мухталиф: мусоҳибаҳо, дастурҳо, кортҳо, саволу ҷавоб бо аудитория гардад. Агар шумо як қиссае доред ва намедонед, ки чӣ гуна онро нақл кунед, метавонед бо муҳаррир инро муҳокима кунед. Ӯ формати мувофиқро ба шумо пешниҳод мекунад.

2. Омодаи далелсанҷии ҳар як ҷумлаатон бошед.

Журналистикаи тиббӣ барои афроди “дилгиркунанда”. Ҳатто табибони касбӣ ҳам метавонанд иштибоҳ кунанд. Далелҳои аз кӯдакӣ ошно шояд комилан нодуруст бошанд. Ба ҳама чиз бояд бо шубҳа нигоҳ кард. Кор бо манбаъҳо, қонунҳо, ҳуҷҷатҳои бузург, мақолаҳои илмӣ. Ин кор  осон нест. Аммо натиҷаи ниҳоӣ маводест, ки бо далелҳои ҷолиб ва муҳим пур шудааст. Ин аст, ки журналистикаи тиббӣ саросемагиро дӯст намедораду гарон мебошад. Рӯзноманигорони тиббӣ бошанд, дар нашрияҳо хеле каманд. Агар шумо шифокор  ҳам  набошед, метавонед дар бораи тиб нависед. Ман маълумоти журналистӣ дорам. Калиди муваффақият ин санҷиши ҳама маълумот аст. Ба дониши худ такя накунед, зеро онҳо метавонанд кӯҳна шуда бошанд.

  1. Пеш аз навиштани мавод дар бораи мавзӯъ мақола, китоб ва иттилоияҳоро бихонед.

Шахсан ман мақолаҳоро бо забони англисӣ, иттилоияҳои шабакаҳои иҷтимоиро бо забони русӣ мехонам. Агар шумо танҳо матнҳои табиб ва ё тиббиро мехонед, пас шумо аксентҳоро намебинед. Шумо бошад маҳз ба «дарди мардум» таваҷҷӯҳ доред. Масалан, ман аз манбаъҳои зерин истифода мекунам:

  1. Бо шурӯъ кардани навиштани мақола иқтибосҳои асосиро ишора карда, дарҳол линкҳоро гузоред, вагарна баъдтар гум карданатон мумкин аст. Шумо бояд бо забони англисӣ хонед. Забони англисӣ забони байналмилалии тиб мебошад, тавсияҳои байналмилалӣ ба забони англисӣ навишта мешаванд, тавсияҳои миллиро низ кишварҳои гуногун ба забони англисӣ тарҷума мекунанд. Инчунин дар интернет бисёр тарҷумонҳое ҳастанд, ки метавонанд зиндагиатонро хеле осон кунанд.
  2. Сарчашмаҳо бо иттилооти тиббиро биомӯзед. Дар Ғарб як намуди ҳамкории на падарона, балки шариконае байни табибу бемор вуҷуд дорад. Одамони бемор худашон мутолеа мекунанд ва худашон қарор қабул мекунанд, ки химиятерапия гузаранд ё маргро интихоб кунанд. Масалан, дастурҳои ба монанди «то кадом фурсат бо худтабобакунӣ машғул шудан мумкин?» мавҷуданд.  Бале, худтабобаткунӣ як ҳолати оддӣ аст.  Дар тамоми ҷаҳон одамон бо як шамолхурдагӣ ба назди духтур намедаванд. Сомонаҳои махсус вуҷуд доранд. Шумо инчунин метавонед ба маълумоти сомонаҳои мазкур эътимод дошта бошед: .gov, .org, .edu, .ac.uk ва сомонаи СУТ (who.int).  Бо таҳқиқот шинос шудан мумкин аст, аммо бо ин оғоз кардан лозим нест: ин миқдори зиёди иттилооти пароканда аст. Барои коркарди ҳамаи ин маълумот вақт ва тахассуси кофӣ надоред. Ҳоло дар Интернет маълумот дар бораи бемориҳое мавҷуд аст, ки мӯд шудаанд. Вале барои тибби расмӣ номаълуманд. Бемориҳоро тибқи таснифи байналмилалии бемориҳо дар сомонаи СУТ ба забони англисӣ бисанҷед, дар сомонаи Вазорати тандурустии Федератсияи Россия ин маълумот бо забони русӣ тарҷума шудааст. Лутфан, дар ҳолати зарурӣ ба ҳуқуқшиноси тиббӣ муроҷиат кунед.

6. Бо саволҳо ба назди коршинос равед. Вақте ки шумо фактҳоро ҷамъ карда, ба назди табибон меравед, хуб аст, агар табиб ба манбаъҳои худ линкҳои заруриро пешниҳод кунад. Бо гузашти вақт, шумо табибонеро хоҳед ёфт, ки метавонанд гуфтаҳояшонро бо линкҳо тасдиқ кунанд.

7. Матни тайёрро ба мутахассис нишон диҳед. Барои он ки ягон чизро аз даст надиҳед ва ё аксентро дар ҷойи нодуруст нагузоред.

8. Матни худро аз рӯйи 10 меъёр бисанҷед: арзиши табобат, афзалиятҳову нуқсонҳо, маҳдудиятҳо (дар ҳайвонот гузаронида мешавад, намунаи хурд), тарсонидан (набояд ингуна бошад), манбаъи мустақил (бояд чунин бошад), алтернативаҳои табобат, мавҷудияти табобат дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, навгонӣ, манбаъи иттилоот (кӯшиш кунед, ки аз рӯйи варақаҳои матбуотӣ нанависед, ба манбаъи асосӣ диққат диҳед), тавозуни бардурӯғ (мутахассисони шумо бояд аз олами илм бошанд).

9. Бо аудиторияи худ то ҳадди имкон ростқавл бошед. Шумо набояд аз худ Худо бисозед. Дар “Meduza” иқтибоси дӯстдоштаи мо ин аст: «Мо намедонем …»

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки  аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

Редакцияhttps://newreporter.org/
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Даъват барои иштирок дар омӯзиш доир ба масъалаҳои оворагии иҷборӣ ва муҳоҷират

0
Омӯзиш барои рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ “Чӣ гуна инъикос кардани масъалаҳои оворагии маҷбурӣ ва муҳоҷират: тавсияҳо ва захираҳо”.Рӯзи баргузорӣ: 15 июнЗамони баргузорӣ: 14.00 – 15.30 (бо вақти...

Пазироӣ дар ҳаво, қаҳрамонони нав ва занбӯрҳои қафкозӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии...

Мавзӯъи асосии барномаҳои итилоотии шабакаҳои телевизионӣ тайи ҳафтаи сипаришуда - сафари президенти кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон буд. “Ҷаҳоннамо” танҳо ин мавзӯъро пайгирӣ намуда,...

«Дар расонаҳо пул дар куҷост?» Ҳашт сирри пулкоркунӣ аз Алексей Аметов

0
Дар май Business LAB 2021 ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар он 20 даста аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Ҳадафи ин лоиҳа –...

Роғун, кудакон ва чаканпушии Да Силва. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз...

Ҳафтаи сипаришуда ду шабакаи телевизионӣ бештар дар бораи Роғун ва Созмони Ҳамкории Шанхай қариб ки гузоришҳои якхела доданд. Дар “Ҷаҳоннамо” бошад, атрофи фоидаи китобхонӣ...

Расонаҳои Тоҷикистон дар бораи дин: иттилооти зиёд ва таҳлили кам

Дар Тоҷикистон, ки сатҳи диндории аҳолиаш баланд аст, расонаҳо ба мавзӯъи дин таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Расонаҳо атрофи мавзӯъҳое, ки бо дин алоқаманданд, чӣ...