хонаХудомӯзМухотабони тарҳи худро чӣ гуна бояд интихоб кард? Вебинари Ержан Сулейменов

Мухотабони тарҳи худро чӣ гуна бояд интихоб кард? Вебинари Ержан Сулейменов

Интернюс як қатор вебинарҳои ройгон дар мавзӯъи тарз ва зарурияти ҷалби мухотабон барои расонаҳоро гузаронд.  Коршиноси расонаӣ, мураббӣ ва продюссер Ержан Сулейменов дар мавзӯъи “Мухотабони (аудиторияи) тарҳи худро чӣ гуна бояд интихоб кард?” сӯҳбат кард.

Коршинос дар бораи тарзи интихоби мухотабон барои расонаи нав ва роҳҳои мутамарказ сохтани мухотабони мавҷуда сӯҳбат кард. Ержан Сулейменов зикр намуд, ки ин суханронӣ бештар бар ҷанбаҳои психологӣ бано гаштааст: ҳама чиз бар асоси эҳсосот аст. Ҷалбкунӣ бар асоси эҳсосот ин як тамоюли замони мост. Бозорёбӣ ё маркетинг ҳамеша аз чунин «асъоре» чун эҳсосот истифода мебурд, вале расонаҳо тоза ба ин кор таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд. Агар шумо аз мушкилу дарди мухотабонатон бохабар бошед, ин ба шумо дар сохтани нақшаи муҳтавоӣ кӯмак хоҳад кард.

Як фарзияеро таҳия кунед

Равиши санҷишӣ- гурӯҳҳои конунӣ (фокус-группа), пурсишҳо. Агар расонаҳои мавҷуда фаъол бошанд — тестҳо, овоздиҳӣ, пурсишномаҳо.

Одамон ба хондану тамошо кардани қиссаҳо дар бораи одамони дигар шавқ доранд ва жанри имрӯз маҳбуби достонпардозӣ ё стори-теллинг маҳз дар ҳамин замина бано шудааст. Агар умумигардонӣ (депертификация) зоҳир шавад, он гоҳ шахс ба як объект табдил мегардад ва бетафовутӣ пайдо мешавад. Бинобар ин дар достонсароӣ қаҳрамони он, ки нисбаташ метавонед эҳсосоти худро (ғазаб / ҳамдардӣ / дастгирӣ / қабул) зоҳир намоед хеле муҳим аст. Ҳамдилӣ яке аз ниёзҳои асосии инсон аст. Агар ҳамдилӣ бошад, ҷалби мухотабон ҳам мешавад, амалҳои аудитория низ пайдо мегардад (достонҳои худро пешниҳод мекунанд, мактуб менависанд, ба чорабиниҳоятон меоянд).

Ба мо чунин омӯзонидаанд, ки мушкилоти одамонро муайян кунем. Истеҳсолкунандагони муҳтаво бошад мегӯянд, ки шумо бояд дарди одамонро ташхис кунед. Тафовут дар чӣ аст? Масъала ё проблема ин он чизе аст, ки мо дар атрофаш фикр мекунем, дар шуур муваққатӣ ҳаст, баён мешавад. Дард ҳамон чизе аст, ки мо эҳсос мекунем, ин як воҳиди тулонӣ дар шуур аст (ҳатто пас аз ҳалли он, хотираҳо мемонанд), он боиси ба вуҷуд омадани дарк, ҳамдардӣ, дастгирӣ мешавад. Дард бар мо бештар асар мекунад.

Мухотабон якпора нестанд ва метавон гуфт, ки як расона метавонад чанд гурӯҳи мухотабон дошта бошад. Мухотабони аслӣ ҳастанд, ки манбаи муҳтаво — як воридаи фурӯш мебошанд. Мухотабони ҷойгоҳӣ (нишевые аудитории) — марбути лоиҳаҳои махсусанд. Инчунин, ҳаргуна ҷомеаҳо ҳастанд, ки мешавад ҷомеасозӣ кард.

Портрети асосии ҳастаи (ядрои) мухотабонатонро эҷод кунед

Тавоноии дарки мушаххасоти мухотабони худ ба шумо метавонад дар интихоби мавзӯъи қобили таваҷҷӯҳи онҳо кӯмак кунад. Баъд аз ин шумо бо мухотабонатон ба як забон гап хоҳед зад.

Ҷинси мухотабонатонро тавсиф кунед (ҳамеша бояд дар интихоби танҳо як ҷинсият  тамаркуз кунед), синну сол (доманаи аз панҷ то ҳафт сол, як марҳилаи зиндагӣ), вазъи иҷтимоӣ, ақл, физиология, заминаи иҷтимоӣ, заминаи иқтисодӣ, истеъдод (муаллимони мактабҳои мусиқӣ қайд карданд, ки кӯдакони муосир бо ду даст беҳтар менавозанд, чун онҳо аз хурдӣ дар телефонҳояшон бозӣ мекунанд), манфиатҳои дигар, ҳаёти ҷинсӣ (онҳо ба алоқаи ҷинсӣ чӣ гуна муносибат мекунанд? Оё ин барои лаззат аст ё як ҷараёне барои ба дунё овардани кӯдак?), оила (муносибати онҳо бо институти оила чӣ гуна мебошад? Оё онҳо зери фишори хешовандон қарор доранд?), таҳсилот, хусумат, нигариш (мавқеъ / муносибат ба чизе — ба қудрат ё ҷинс ва ғайра), сатҳи эҳсосии идрок, нирӯи ҳаракатдиҳандаи онҳо.

Се қувваи асосии пешбаранда мавҷуданд:

Ҳангоми интихоби мавзӯъ ба ёд дошта бошед, ки мухотабон эҳсосоти аввалия доранд: дард, тарс, хоҳиш, ҳаловат

Барои мисол: дар Нур-Султон як дӯкони гулфурӯшӣ ба муносибати оғози фаъолияташон дар моҳи феврали соли 2021 як иқдом — бурди мошин ва якчанд телефонро роҳандозӣ кард. Дар натиҷа, 2000 кас одам омаду издиҳоми бузург ба вуҷуд омад, ки ҳаттӣ роҳҳо баста шуданд. Ташкилкунандагон бисёр дақиқ мухотабони худро нишон гирифтанд: пул нест, вале хоҳиши ба даст овардани чизи ройгон ҳаст.

Инчунин эҳсосоти сониявӣ низ мавҷуданд: орзуҳо (чизе, ки дур), мушкилот (чизе, ки шояд худ ба худ ҳал мегардад). Дар расонаҳо ба эҳтимоли зиёд дар мавзӯъи экология аудиторияи асосӣ занон хоҳанд буд.

Гузашта аз ин, онҳо на дар бораи худ, балки дар бораи кӯдаконашон фикр хоҳанд кард: “Мо, калонсолон, як коре мекунем, вале ба кӯдакон чӣ мерос мегузорем? Охир онҳо чангу гардро нафас мекашанд?» Мардҳо дар ин бора камтар фикр мекунанд.

Чигунагии чаҳони мухотабонатонро дарк кунед

Забон / жаргон, афсонаҳо / фолклор («Спанч Боб ва Игра престолов» фолклори муосире мебошанд, ки одамон аз он иқтибосҳо меоранд), ҷуғрофия, шаҷара, фаъолият / касб, нақшҳои ҷинсӣ, либосҳо, ҳаво, наботот / ҳайвонот , хӯрок, маросимҳои солона, технологияҳо, ҳайвоноти хонагӣ, дин / маънавият, ҷодугарӣ (чизҳо ва муносибатҳои одамие, ки шарҳи мантиқӣ додан ба онҳо душвор аст), сиёсат / қудрат.

Дар атрофи қаҳрамон чӣ ҳаст? Кадом шахси боэътимод — кӣ ё чӣ ба қаҳрамон дар интихоб кӯмак мекунад, маслиҳат медиҳад, фикри дурустро пешниҳод кунад? Алоқаи ишқи ӯ чист — чиро дӯст медорад, аз чӣ лаззат мебарад? Мо танҳо нестем, нафароне ҳастанд, ки бо мо ҳамфикранд. Антагонист чӣ гуна аст — кӣ ё чӣ ба шумо барои расидан ба ҳадаф халал мерасонад? Аксар вақт инҳо мушкилоти дохилӣ, тарсу ҳарос, камбудиҳо, заифиҳо мебошанд.

Ба саволи «Мо ба мухотаб чӣ медиҳем?» посух диҳед.

Мо ҳамеша дақиқан мефаҳмем, ки аз аудитория чӣ мегирем/ чиро мехоҳем ба даст орем. Тамошоҳо, кликҳо, хайрияҳо, кӯмак, муҳтавое, ки онҳо менависанду мо бошад аз ин сарфаҷӯӣ мекунем.  Ва мо ин мухотабони худро ба сарпарастон хоҳем фурӯхт. Аммо мо ба мухотабон чӣ чизе медиҳем?

Ангезаву арзишҳои оқилона: фавриият, ҳамаҷониба будани хидматрасонӣ, наздикӣ ба хона / сарфаи вақт, хидматрасонӣ дар хона, тахассуси кормандон, нерӯи ҷисмонӣ ва саломатӣ, бехатарӣ, манфиатҳо, тозагии экологӣ, сарфаи пул, асабҳо ва захираҳои дигар.

Ангеза ва арзишҳои эҳсосӣ: муҳаббат ба кӯдак, муҳаббат ба табиат, экзотика, вижагиҳо ва навигарӣ, омӯхтани чизҳои нав, зарурати тӯҳфаҳо, ҳасрату хоҳиш, кӯмак, ҳалли мушкилот, мазза, бӯй, роҳатӣ, зебоӣ, тарсу ҳарос,бозиҳо, хушбахтӣ, романтика ва алоқаи ҷинсӣ, истироҳат, шӯҳратпарастӣ, ҳамдардӣ, мувофиқат ба ҷинсият, ифтихори миллӣ, муроҷиат ба фарҳанги миллӣ, озодӣ, пайвастан ба гурӯҳ, оила, муҳаббат, муҳофизат, қудрат ва таъсир, авантюризм ва далерӣ, тарси танҳоӣ , бартарӣ, танбалӣ, худшиносӣ, озодандешӣ, ҷасорат, бетоқатӣ, ҳасад, тамаъ, гунаҳкорӣ, тарси дард, беҳбудии наздикон, кунҷковӣ.

Инчунин, шаш ангезандаи (ҳадафҳои ниҳоӣ) мавҷуд ҳаст: академикӣ — дониш, утилитарӣ — бозгашти сармоягузорӣ, эстетикӣ — ҳамоҳангӣ ва тавозун, иҷтимоӣ — одамони дигар, инфиродӣ — худӣ, анъанавӣ — ҷой дар система.

***

Фаъолият дар самти ҷалби аудитория барои расонаҳо идома доранд. 25-уми феврал вебинар ба форматҳои мушаххаси лоиҳаҳои ҷалби аудитория бахшида мешавад. Дарси амалӣ дар шакли интерактивӣ гузаронида мешавад.

Рӯзноманигорон метавонанд ин донишҳоро тавассути ширкат дар озмуни грантии ҷалби аудитория барои расонаҳо дар амал татбиқ кунанд. Соли 2021 Интернюс то панҷ лоиҳаи муштараки ВАО ва ТҶ-ро дастгирӣ хоҳад кард, ки миқдори ҳар як грант то 3000 доллари ИМА -мебошад. Дархостҳо то 1-уми марти соли 2021 қабул карда мешаванд.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки  аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

Редакцияhttps://newreporter.org/
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Даъват барои иштирок дар омӯзиш доир ба масъалаҳои оворагии иҷборӣ ва муҳоҷират

0
Омӯзиш барои рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ “Чӣ гуна инъикос кардани масъалаҳои оворагии маҷбурӣ ва муҳоҷират: тавсияҳо ва захираҳо”.Рӯзи баргузорӣ: 15 июнЗамони баргузорӣ: 14.00 – 15.30 (бо вақти...

Пазироӣ дар ҳаво, қаҳрамонони нав ва занбӯрҳои қафкозӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии...

Мавзӯъи асосии барномаҳои итилоотии шабакаҳои телевизионӣ тайи ҳафтаи сипаришуда - сафари президенти кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон буд. “Ҷаҳоннамо” танҳо ин мавзӯъро пайгирӣ намуда,...

«Дар расонаҳо пул дар куҷост?» Ҳашт сирри пулкоркунӣ аз Алексей Аметов

0
Дар май Business LAB 2021 ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар он 20 даста аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Ҳадафи ин лоиҳа –...

Роғун, кудакон ва чаканпушии Да Силва. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз...

Ҳафтаи сипаришуда ду шабакаи телевизионӣ бештар дар бораи Роғун ва Созмони Ҳамкории Шанхай қариб ки гузоришҳои якхела доданд. Дар “Ҷаҳоннамо” бошад, атрофи фоидаи китобхонӣ...

Расонаҳои Тоҷикистон дар бораи дин: иттилооти зиёд ва таҳлили кам

Дар Тоҷикистон, ки сатҳи диндории аҳолиаш баланд аст, расонаҳо ба мавзӯъи дин таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Расонаҳо атрофи мавзӯъҳое, ки бо дин алоқаманданд, чӣ...