хона Худомӯз "Питчинг чист?" Суханронии Таня Рахманова дар Мактаби филмҳои мустанад

«Питчинг чист?» Суханронии Таня Рахманова дар Мактаби филмҳои мустанад

Таня Рахманова, коргардони филмҳои мустанад, муаллими курси кинои Сорбонна, узви ҳакамони озмунҳо дар ҷараёни “Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ” дар бораи чӣ будани питчинг нақл кард. Вай ба коргардонҳои тозакори Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои омода шудан ба пичинг 10 тавсия дод.

  1. Питчро дар навбати охир, баъд аз омода шудани лоиҳа нависед. Питч барои ҷалб кардани истеҳсолкунандагон лозим аст. Питч ин хулосаи идеяи лоиҳаи шумо мебошад, ки вақте ба дигарон онро муаррифӣ мекунед, ба лоиҳаатон ошиқ шаванд. Ин гурӯҳҳои одамон метавонанд хеле гуногун бошанд. Питч матни кӯтоҳест, ки шумо ҳангоми мулоқот бо касе мегӯед. Ин охирин чизе аст, ки шумо ҳангоми омода кардани лоиҳа менависед. Чунин мешавад, ки дар сари шумо питчҳои олӣ ҳастанд. Аммо вақте шумо як лоиҳаро менависед, ин идеяҳо аз сар гум мешаванд.
  2. Бо питчҳои худ, шумо бояд ба ин савол ҷавоб гӯед: «Чаро бинанда бояд инро тамошо кунад ва ё ба он таваҷҷӯҳ зоҳир кунад?» Чунин мешавад, ки ҳама чиз аз номи филм маълум аст. Масалан, филм бахшида ба 100-солагии Тур де Франс. Дарҳол маълум мегардад, ки чаро ҳозир банаворгирии ин филм муҳим аст. Мавзӯъҳое ҳастанд, ки умуман барои аудитория ҷолиб нестанд. Як продюсери канали Бритонияи Кабир гуфтааст, ки «агар марсиҳо урён шуда ба замин фуруд оянд, дар бораи Амрикои Лотинӣ филм фармоиш медиҳам”. Ҳамеша одамон саросари ҷаҳон пеш аз ҳама аз худ манфиатдоранд. Вазъ аз ҷиҳати рӯҳӣ ҳар қадар душвор бошад, ҳамон қадар ҳама ба худ пӯшида мешаванд.
  3. Питче нависед, ки одамонро ба ҳайрат орад ва албатта кори он ҳам аз ин иборат аст. Бо ибораҳои маъмулӣ оғоз накунед. Дар питч шумо бояд пешниҳоди беназири фурӯши қиссаи худро биёред. Он чизе, ки ӯ метавонаду дигар қиссаҳо не. Шумо бояд ончуноне нависед, ки баъд аз хондани сафҳаи аввал хоҳиши хондани идомаи он дар саҳифаи дигар ба вуҷуд ояд. Чун ҳама доимо дар шитобанд ва вақташон кам аст.
  4. То он вақте, ки шуморо намедонанд, мавзӯъ муҳим аст. Вақте ки як коргардон ё продюсери машҳур питч мезанад, ҳама аллакай кори онҳоро мефаҳманд.Аммо муаллифони ҷавон бартарӣ доранд: онҳо озодии бештар доранд, онҳо метавонанд ҳар коре, ки мехоҳанд кунанд. Онҳо ҳанӯз тасниф карда нашудаанд.
  5. Рӯзномаи хабариро ки дар ВАО чӣ навишта шудааст, баррасӣ кунед. Соли гузашта, ба ҳама мавзӯъи ковид ҷолиб буд. Мавзӯъҳои дигар низ ҳастанд, ки имсол ҷолибанд. Ман тавсия медиҳам, ки маҷаллаҳои асосие, ки пеш аз питч дар минтақаи шумо мебароянд, аз назар гузаронед. Дигар одамон ҳам ҳамон маҷаллаҳоро мехонанд. Баъдан шумо мефаҳмед, ки онҳо чӣ фикр доранд. Шумо наметавонед филмҳое ба навор гиред, ки танҳо ба онҳо одамони пулдор таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Шумо бояд филми дилхоҳатонро ба навор гиред ва пас барои он маблағ ҷустуҷӯ кунед. Мавзуъҳои мамнуъ вуҷуд надоранд. Вале таблиғи пинҳонӣ ҳамеша эҳсос мегардад.
  6. Хусусиятҳои кишварро ба назар гиред. Барои баъзе кишварҳо, масалан, ИМА — чизи аз ҳама муҳим дар питч посух додан ба саволи «дар бораи дастрасӣ ба бадан» аст: «Чаро ин қаҳрамон дарро ба рӯйи ман мекушояд?», «Он байни ману қаҳрамон чӣ гуна тамоси истисноӣ эҷод мекунад?»Дар Фаронса калимаи рамзӣ ин аст «ҳеҷ гоҳ бойгонӣ нишон дода нашудааст». Ҳарчанд фаҳмо аст, ки онҳо шояд маълум буданд. Вале онҳо ба таври оҳанрабо амал мекунанд.
  7. Барои майдонҳои гуногун, питчҳои гуногун нависед. Питч барои маблағгузорӣ як қисса аст, питч барои ҷашнвора қиссаи дигар, каме романтикӣ. Ҷашнвораҳо аксар вақт барои тақдири фоҷиабори шахси азиятдида ҷоиза медиҳанд. Ҷашнвораҳо одатан ба филмҳову мазҳакаҳои муваффақи тиҷорӣ мукофот намедиҳанд. Албатта ба Луис де Фюнес намедиҳанд, аммо ба Андрей Тарковский хоҳанд дод.
  8. Аввал питчи худро нависед ва баъд кӯтоҳ кунед. Баъдан боз кӯтоҳ ва такроран кӯтоҳтар кунед. Як шахси рус (касе, ки ба забони русӣ менависад) аз зиёдгӯйӣ азият мекашад. Аввал менависӣ ва баъдан се ҳиссаи онро кӯтоҳ мекунӣ. Кӯшиш кунед, ки питчи худро дар доираи 200 калима нигоҳ доред. Питч ҳадди аксар ним саҳифаи Word мебошад. Агар сужа кӯтоҳ бошад, питч низ кӯтоҳтар бояд бошад. Дилгир набошед, ки питч кӯтоҳ аст. Ҳар як калимаро бояд баркашид. Дар мо ҳар як питч мактубҳои якчанд ҳафта рафту омад дошта мебошанд. Аммо он қадаре дақиқ аст, ки баъдан аз он калимаҳо барои пресс-релиз гирифта мешавад.
  9. Питчро миёни дӯстону наздикон машқ кунед. Шумо мебинед, ки диққати шахс то чӣ андоза тез дигар мешавад. Ӯ чизе, ки дӯст намедорад, ба шумо намегӯяд, аммо шумо дарк мекунад. Агар филмро як шахс барои худ таҳия кунад, пас тамошобинаш худи ӯ аст. Мо бояд бинандаро дар пеши худ бубинем. Дар баробари ин, ҳеҷ гоҳ набояд дониши бинандаро аз будаш зиёд нишон диҳед, балки ақли ӯро низ паст назанед.
  10. Ҳикояи шумо бояд ҳамеша бештар аз он чизеро нақл кунад, ки дар экран нишон дода мешавад.Масалан, филм дар бораи як касе аст, ки коллексияи асал дорад. Ӯ зебо ва мувофиқ аст, гарчанде сиёсат ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намекунад. Зеро дар он идеяи ҳамзистии ду ҷомеа нишон дода мешавад.Асри XI асри мулоқот бо шахси дигар ва сарнавишти ӯ номида мешавад. Маҳз аз ин нуқтаи назар, бояд чунин питчи филм сохта шавад! Дар документалистика мактаб рафтан шарт нест. Шумо бояд чизе, ки гуфтан мехоҳед бигӯед ва ё барои гуфтан чизе дошта бошед.

Пеш аз мавзӯъи питчинг дар мактаб ҷаласаҳо оид ба марҳилаҳои истеҳсоли  филми ҳуҷҷатӣ баргузор гардида буданд: тарзи сохтани логлайн, синопсис, тизер, трейлер ва инчунин тарзи таъйин кардани нақшҳо дар тими корӣ.

Рӯзи 10 уми март “Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ» оғоз шуд. Машғулиятҳои назариявӣ то 15 уми апрел, дарсҳои амалӣ ва дастгирии мураббигӣ то 25 уми июн идома меёбанд. Дарсҳои мактаби онлайнӣ, дар платформаи Zoom баргузор мешаванд. Забони таълимӣ русӣ аст. Ҳамзамон тарҷума ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сурат мегирад. Барои иштирок дар мактаб коргардонони ҷавон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интихоб карда шудаанд. Дар аввал ширкаткунандагон шаш ҳафтаи таълими пуршиддат бо коргардонони машҳури филмҳои мустанад ва мураббиёни байналмилалӣ, супоришҳои хонагӣ, семинарҳо, намоиши филмҳо ва мубоҳисаҳо хоҳанд дошт. Баъдан таҳти роҳбарии мураббиёни мактаб ду моҳ ба наворбардориву танзим, таҳияи филми мустанад машғул мешаванд.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

Редакцияhttps://newreporter.org/
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Се таркиби филми мустанад аз Ҷон Алперти дастон. Вохӯрии эҷодӣ дар Мактаби филмҳои мустанад

14 уми апрел дар доираи “Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ” вохӯрии эҷодӣ бо Ҷон Алперт коргардони шинохта баргузор гардид. Вай хабарнигор ва таҳиягари филми...

Се гузориш аз ҷамъоварии пиёз ва ҷаҳонишавии ҷомеа. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии...

Ҳафтаи сипаришуда дар барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионӣ, ниҳоят масъалаи вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид. Аммо он ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои амният дар минтақа...

Сулҳу суботу осоиштагӣ, ҷангҳои итилоотӣ ва «Ворух-Истиқлол». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон...

Ҳафтаи сипаришуда дар шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» масъалаҳои амнияти Афғонистон, пирузии дастаи “Истиқлол” ва ҳатто обшавии пиряхҳоро баррасӣ намуданд, аммо доир ба вазъияти муташанниҷ дар...

Голи Манучеҳр ва муаррифии Мистер Чен. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз...

Барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои асосии кишвар рӯз аз рӯз пурмуҳтаво ва шавқовар шуда истодаанд. «Тоҷикистон» (ТВ «Тоҷикистон») ғайричашмдошт дар қатори хабарҳои расмӣ аз пирӯзии футболбозони...

Санҷиш: Оё шумо як хабарнигори соҳибахлоқ ҳастед?

Дар Тоҷикистон баҳсҳо перомуни меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ зиёд нестанд, аммо агар  чунин иттифоқ афтад, баҳсу муҳокимаи доғро мушоҳида мекунем. Этика як категорияи динамикӣ аст...