хона Медиалента Ёрии расонаии таъҷилӣ: як нашрия дар Тоҷикистон қиссаҳо нақл мекунанду қаҳрамонони он...

Ёрии расонаии таъҷилӣ: як нашрия дар Тоҷикистон қиссаҳо нақл мекунанду қаҳрамонони он хона тӯҳфа мегиранд

Зане моҳи октябри соли гузашта, ба нашрияи хурди интернетии «Оила» -и Душанбе омада гуфт, ки оилааш барои зиндагӣ ҷойи зист надорад. Рӯзноманигорон ӯро ба қаҳрамони қиссаи худ табдил дода, тӯли 24 соат пас аз нашр шудани навор дар YouTube канали нашрия оилаи ин зан ду хонаи тамоман навро аз як соҳибкори маҳаллӣ тӯҳфа гирифт. Ҳоло 13 оила аллакай ҳамин гуна тӯҳфаҳоро гирифтанд ваале дар остонаи дари нашрияи “Оила” ин қадар қаҳрамон навбат мепоянд, ки ҳайати нашрияро барои нақл кардани достонҳои ин одамон чанд сол лозим мешавад.

«Новый репортёр» бо муаллифони қиссаҳо сӯҳбат орост.

Дар умум нашрияи «Оила» зиёда аз 20 сол боз дар бозори расонаии Тоҷикистон фаъолият дорад. Муҳтавои нашрия шаклҳои гуногуни муносибатҳои оилавиро дар бар мегирад. Миёни аксари рӯзноманигорони Тоҷикистон «Оила» обрӯйи чандон хуб надорад. Онро матбуоти «зард» меноманд ва чунин мешуморанд, ки рӯзноманигорон муҳтавои бесифат таҳия карда, меъёрҳои ахлоқиро риоя намекунанд. Вале «Оила» аудиторияи азиме (тибқи меъёрҳои Тоҷикистон) дорад. Масалан, рӯзномаи чопиаш то ҳол тиражи баландро нигоҳ медорад. Вақте ҳайати нашрия ба Интернет омад, пас аз як сол, наворҳояш дар канали YouTube-и ин расона миллионҳо тамошобинонро ҷамъ оварданд.

Оила инчунин аудиторияи бениҳоят қавӣ дорад. Ҳар як қисса дар YouTube канали расона ҳазорҳо шарҳро ҷамъ меорад. Вақте рӯзноманигорон дар бораи мушкилоти қаҳрамонҳои худ қисса мекунанд, миёни корбарон касоне пайдо мешаванд, ки омодаанд ба онҳо кӯмак кунанд. Ҳамин гуна ҳодиса бо зане рӯй дод, ки бо ноумедӣ ба нашрия омада буд.

— Ӯ ба назди мо аз шаҳри Турсунзода омада гуфт, ки бо оилааш дар як фермаи партофташуда, зиндагӣ мекунад ва соҳиби он ҷо ҳоло онҳоро аз ферма берун карданист. Зан аллакай ҳама мақомотро убур карда, ба назди мо омад ва гуфт, ки «Оила» умеди охирини ӯст. Мо ҳама гуфтаҳои ӯро тафтиш карда, ба ферма рафтем ва қиссаеро омода сохтем. Яке аз соҳибкорон ин қиссаро дида, ба оила ду хонаи нав дод ва мардум барои онҳо 180 ҳазор сомонӣ (қариб 18 ҳазор доллари амрикоӣ) ҷамъ оварданд, — мегӯяд роҳбари рӯзномаи “Оила” Шаҳноза Ҳамдамова.

Муҳаррирон инчунин дар бораи кори неки он соҳибкор низ қисса омода карданд. Баъдан одамон ба “Оила” омадан гирифтанд. Дар айни замон, нашрия фавран дарк кард, ки кушодани як лоиҳаи махсус бо номи “Умеди Охирин” зарур аст.

“Садҳо нафар бо мушкилоти шабеҳ ба мо тамос гирифтанд ва ҳамарӯза 5-6 кас ба нашрия меоянд. Мо ҳатто маҷбур шудем, ки як шакли махсуси дархостро ҷорӣ кунем, то қаҳрамонҳо онро пур кунанд ва кори моро осон гардонанд. Мо танҳо онҳоеро интихоб мекунем, ки воқеан ниёз доранд. Вале суханони онҳоро тафтиш кардан лозим аст. Баъзан мо кӯшиш мекунем, ки мушкилоти мардумро бидуни нашрия ҳал кунем. Масалан, беморони вазнинро ба Вазорати тандурустӣ равон мекунем. Нашрия комиссия дорад, ки қаҳрамонҳоро интихоб мекунад”, — мегӯяд Шаҳноза.

Рустам Азимӣ, рӯзноманигори «Оила», ки дар ҳама қиссаҳои “Умеди Охирин” зоҳир мешавад, ҳоло миёни мардум ситора аст. Ӯро дар кӯчаҳои Душанбе шинохта изҳори миннатдорӣ мекунанд: «Акаи Рустам, ташаккур барои он коре, ки шумо мекунед!» Вақте Рустам ба мавзӯъи дигар рӯ оварда,  ба таҳияи маводҳо дар бораи ситораҳои эстрада шурӯъ кард, бинандагони вай дар шарҳҳо норозигии худро баён карданд: «Акаи Рустам ба одамони оддӣ баргардед.» Рустам ҳам аз онҳо даст кашиданӣ нест. Алахусус захираи қаҳрамонон барои ӯ муддати дароз кофӣ хоҳанд буд. Худи ҳозир, 180 кас дар  навбат истодаанд ва орзу доранд, ки рӯзноманигор қиссаҳои ғамангезашонро нақл кунад. Ба умеди он, ки яке аз одамони меҳрубону дилсӯз дида, кӯмак кунад.

Ҳар моҳ дар лоиҳаи «Умеди Охирӣ» ду  қисса нашр мешавад. Тими корӣ наметавонад бештар қисса омода кунад. Чун дар нашрия ҳамагӣ се мухбир, муҳаррир, наворбардор ва танзимгар кор мекунанд. Ғайр аз ин, барои омодаи мавод, ба минтақаҳои дурдаст меравад, ки нашрия барои сафари корӣ захира надорад.

«Мо хеле хушҳол мегардем, ки чунин маводҳоро зуд-зуд ба нашр расонем. Вале мо наметавонем, ки мавзӯъҳои дигарро рад кунем. Барои кофӣ кардани чунин муҳтаво маблағи зарурӣ надорем», — шарҳ медиҳад Шаҳноза.

Қаҳрамонон ва хайрхоҳон

Қариб лоиҳаи ба ин монанд, дар шакли чопӣ, аз ҷониби «Оила» ҳанӯз соли 2003 амалӣ карда шуда буд. Муҳаррири нашрия Фирӯза Сатторӣ ба хотир меорад, ки лоиҳа аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии эронии «Имдод» сарпарастӣ мегардид: рӯзноманигорон одамони ниёзмандро пайдо карда, дар бораи онҳо мақолаҳо менавиштанду шарикон онҳоро дастгирӣ мекарданд.

— Он лоиҳа се соли пурра давом кард ва мақомоти расмӣ низ ба он ҳамроҳ шуда буданд. Тими комиссия низ буд, ки ба он, масалан, Хайриниссо Юсуфӣ (ҳоло муовини раиси Ҳизби халқии демократӣ) шомил буд. Аммо баъдан муроҷиатҳо зиёд шуданд, эрониҳо ҳамкориро бо мо ба итмом расониданд ва мо лоиҳаро бастем”, — мегӯяд Фирӯза.

Ин дафъа, сарфи назар аз оне, ки муҳаррири «Оила» то чӣ андоза душвор будани ин корро ба хубӣ медонист, ҳама чиз чунон зуд рух дод, ки фурсате барои андеша кардан ё накардани як лоиҳаи нав набуд. Ҳоло «Умеди Охирин» ҷавонтарин ва яке аз муваффақтарин фарзандони «Оила» мебошад.

— “Кор кардан хеле душвор аст, зеро шумо ҳар як қиссаро аз худатон мегузаронед ва ин бениҳоят душвор аст. Ғайр аз ин, мо бояд ҳамеша бо онҳое, ки муроҷиат мекунанд, муноқиша кунем. Ҳама бовар мекунонанд, ки қиссаашон мушкилтарин аст ва фавран дар бораашон мавод омода кунем. Вале мо садҳо чунин қиссаҳоро доштем”, — мегӯяд Фирӯза.

Вай ба ёд меорад, ки чӣ гуна барои ин лоиҳа ба вилояти Хатлон рафта, бо оилае, ки дар қашшоқии бениҳоят зиндагонӣ дошт, муошират кард: ба ҷои фарш қамише, дар як ҳуҷра ошхона ва хонаи хоб буд ва ҳатто деворҳо ранг надоштанд. Дар ин ҷо бошад якчанд кас, аз ҷумла кӯдакон зиндагӣ мекарданд. Фирӯза мегӯяд, ки рӯзноманигорон натавонистанд соҳиби ин манзилро ба гап дароранд.

— Ӯ он қадар азоб кашида буд, ки ҳатто сухан гуфта наметавонист ва як чизро такрор мекард: «Зиндагӣ кардан барои мо хеле душвор аст». Ӯ дигар чизе гуфта наметавонист. Вай ҳатто гиря карда наметавонист, гӯё тамоми ҳиссиёташ аз байн рафта бошанд. Аммо ҳамин, ки мо қиссаеро дар бораи ин оила ба канали худ нашр кардем, ба онҳо фавран як хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим карданд, — мегӯяд Фирӯза.

Баъзан аудитория ҳатто пеш аз баромадани қисса амали хайр анҷом медиҳанд. Масалан, чанд моҳ қабл, як марди маъюб ба нашрия муроҷиат кард. Вай гуфт, ки бо зану фарзандонаш дар хонаи иҷораи хобгоҳ зиндагӣ мекунад ва нафақа барои пардохти манзил намерасад. Пеш аз таҳрир, рӯзноманигорон ин қиссаро ба яке аз соҳибкорон нақл карданд ва ӯ тасмим гирифт, ки кӯмак кунад.

— Мо тамоси қаҳрамонро ба он соҳибкор додем. Ин соҳибкор рафт, мулоқот кард ва ин оила ба ӯ сахт таъсир расонид: онҳо хоксорона зиндагӣ мекунанд, ҳамсараш шавҳари маъюбашро мисли кӯдак нигоҳубин мекунад. Вале аз чизе шикоят намекунад. Соҳибкор ба онҳо як манзили нав дар маркази шаҳр (80 квадрат) бо тамоми таҷҳизот ва бозичаҳову либосҳо барои кӯдакон харидорӣ кард, — ба ёд меорад Фирӯза.

Хайрхоҳоне, ки ба қаҳрамонони “Оила” тӯҳфаҳо тақдим мекунанд, масалан, тоҷирони маҳаллӣ ё соҳибкорон аз Тоҷикистон мебошанд, ки ҳоло дар Русия ё Амрико кор мекунанд. Миёни хайрхоҳон муҳоҷирони меҳнатӣ хеле зиёданд, ки гарчанде онҳо аз ватани худ дур бошанд ҳам, ба ҳодисаҳои ин ҷо бетафовут нестанд; сокинони оддии кишвар низ кӯшиш мекунанд, ки кӯмак расонанд. Агар тамоми ин нерӯ ва захираҳоро дар як муассиса ҷамъ оварем, он кори худро чунон ба роҳ мемонд, ки мардум дигар маҷбур намебуданд дар назди «Оила» ба умеди ба даст овардании ёрии касе ба навбат наистанд. Ва он гоҳ на қурбонӣ, на хайрхоҳ, балки як ҷомеаи мустаҳками шаҳрвандӣ мебуд.

Лилия Гайсина
Журналист, медиакритик; в журналистике 12 лет, большую часть из этого времени проработала в медиа-группе «Азия Плюс» (Таджикистан, Душанбе)

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ

Се таркиби филми мустанад аз Ҷон Алперти дастон. Вохӯрии эҷодӣ дар Мактаби филмҳои мустанад

14 уми апрел дар доираи “Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ” вохӯрии эҷодӣ бо Ҷон Алперт коргардони шинохта баргузор гардид. Вай хабарнигор ва таҳиягари филми...

Се гузориш аз ҷамъоварии пиёз ва ҷаҳонишавии ҷомеа. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии...

Ҳафтаи сипаришуда дар барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионӣ, ниҳоят масъалаи вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид. Аммо он ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои амният дар минтақа...

Сулҳу суботу осоиштагӣ, ҷангҳои итилоотӣ ва «Ворух-Истиқлол». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон...

Ҳафтаи сипаришуда дар шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» масъалаҳои амнияти Афғонистон, пирузии дастаи “Истиқлол” ва ҳатто обшавии пиряхҳоро баррасӣ намуданд, аммо доир ба вазъияти муташанниҷ дар...

Голи Манучеҳр ва муаррифии Мистер Чен. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз...

Барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои асосии кишвар рӯз аз рӯз пурмуҳтаво ва шавқовар шуда истодаанд. «Тоҷикистон» (ТВ «Тоҷикистон») ғайричашмдошт дар қатори хабарҳои расмӣ аз пирӯзии футболбозони...

Санҷиш: Оё шумо як хабарнигори соҳибахлоқ ҳастед?

Дар Тоҷикистон баҳсҳо перомуни меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ зиёд нестанд, аммо агар  чунин иттифоқ афтад, баҳсу муҳокимаи доғро мушоҳида мекунем. Этика як категорияи динамикӣ аст...