«Бале борҳо дучори садама шудааму, хушбахтона зарари ҷидии иқтисодӣ ва ҷисмонӣ набардоштаам. Хотироте, ки дар таҷрибаи кори паси сар намудам, 8 март рӯзи таваллудам буду қасд кардам то соати сеи пас аз зӯҳр кор карда ба хона бар мегардам, ки бо гуноҳи як ҷавонзани бетаҷриба ба садама дучор шудам. Шавҳари ин зан ба ман гуфт, апа шикоят накун мошинатро дубора барқарор мекунам, мошинамро дар ихтиёри онҳо гузоштам ду соат нагузашта, мошинамро аз пештара ҳам хубтар таъмир карда оварданд, ки ҳайрон мондам, зеро таъмири як мошин одатан рӯзҳо ва ҳафтаро дар бар мегирад. Вақте мошинам назди усто бошад, муштариён ба ман мегӯянд чаро пиёда ҳастӣ, чӣ ба ман пиёдагардӣ мумкин нест магар».