Cанҷиш
Оё шумо рӯзноманигори
ҳамраъй ҳастед?
Бо истифода аз санҷиши мо, шумо метавонед бифаҳмед, ки оё шумо як рӯзноманигори ҳамраъй ҳастед?
Дар санҷиш баъзе ҳолатҳои воқеӣ аз ҳаёти ҷомеаи расонаии Тоҷикистон истифода шудааст.
Санҷиш
Тасаввур кунед, ки ҳамкори шумо барои расона
и хориҷӣ дар бораи мақомоти маҳаллӣ мақолаҳои манфӣ менависад.
Ӯ дар дохили кишвар барои
гуё паст задани обрӯи давлат таҳти фишори ҷиддии мансабдорон қарор дорад. Амалҳои шумо:
Ман ба таври аланӣ (ошкоро) ҳамкасби худро дастгирӣ мекунам, зеро ӯ кори худро иҷро мекунад
0%
Ман тарафдорӣ мекунам, аммо на ба таври аланӣ
0%
Ман ӯро дастгирӣ намекунам, зеро ҷанҷоли хонаро ба берун баровардан нашояд
0%
Next
Check
Show results
Барои ҳалли як масъалаи муҳими шахсӣ мансабдоре аз шумо ришва талаб мекунад. Гузашта аз ин, ин шахс медонад, ки шумо рӯзноманигор ҳастед. Шумо чӣ
кор хоҳед кард?
Ман пора дода, мушкиламро ҳал мекунам, зеро ин ба кори ман рабт надорад
0%
Ман дар фасод иштирок намекунам, зеро худам аксар вақт ришвахоронро маҳкум мекунам
0%
Ман бар хилофи виҷдонам рафта, пора медиҳам, агар савол воқеан муҳим бошад
0%
Next
Check
Show results
Ҳамкасби шумо бо моддаҳои вазнини Кодекси ҷиноӣ, ки ба фаъолияти касбии ӯ иртибот надоранд, маҳкум шудааст. Аммо коршиносони байн
алмилалӣ
аз ӯ дифоъ
мекунанд ва ба кори ӯ
истинод мекунанд. Оё шумо ҳамкасби худро дастгирӣ мекунед?
Не, зеро додгоҳ ӯро маҳз мувофиқи ҳамин моддаҳо гунаҳкор донист
0%
Ман ӯро ошкоро дастгирӣ хоҳам кард, зеро нуқтаи назари коршиносони байналмилалиро тарафдорӣ мекунам
0%
Ман тарафдорӣ мекунам, аммо на ба таври ошкор
0%
Next
Check
Show results
Намояндагони мақомот ба редаксияи шумо маводе оварданд, ки дар бораи ҳамкоратон аз нашрияи дигар ба таври манфӣ ҳарф мезанад. Онҳо исрор мекунанд, ки шумо матлабро нашр кунед. Шумо чӣ хоҳед кард?
Ман интишори онро рад мекунам
0%
Агар дар матлаб далели гуфтаҳо вуҷуд дошта бошад, он гоҳ чоп мекунам
0%
Матлабро чоп мекунам, зеро то шамол навазад, барги дарахт наменҷунбад
0%
Next
Check
Show results
Яке аз хешовандони шумо бар асари хунукназарии духтурон сахт осеб мебинад ва шумо наметавонед ба адолат бирасед. Ногаҳон шуморо ба нишасти матбуотӣ бо вазири тандурустӣ даъват мекунанд, оё ин мавзуъро ошкоро матраҳ мекунед?
Не, ин масъалаи шахсии ман аст, ман онро бе кумаки расонаҳо ҳал хоҳам кард
0%
Албатта, ман онро ба миён мегузорам, ин масъалаи муҳими иҷтимоист
0%
Ман ба вазир баъд аз нишасти матбуотӣ муроҷиат хоҳам кард
0%
Next
Check
Show results
Шумо бо як ташкилоти бузург шартномаи солона барои ҷой додани таблиғот доред, ҳамкасбонатон дар бораи ташкилот маводи манфӣ менависад. Таблиғдиҳанда талаб мекунад, ки мавод аз нашр гирифта шавад, вагарна шартномаро бо шумо бекор мекунад. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?
Маҷбур мешавем маводро аз нашр гирем, зеро ба даст овардани даромад барои ВАО душвор аст.
0%
Нашр накардан мумкин нест – обрӯ арзиши бештаре дорад
0%
Умуман барои чӣ ин матлабро навишт, охир медонист, ки инҳо шарикони мо ҳастанд...
0%
Next
Check
Show results
Мақомоти кишвар шуморо маҷбур мекунанд, ки аз пӯшиши мавзӯи муайян даст кашед. Агар шумо рад кунед, расонаи шумо метавонад ҳатто баста шавад. Чӣ бояд кард?
Пӯшиши ин мавзуъро бояд бас кард, ҳифз кардани расона муҳим аст
0%
Ба таври аланӣ эълон кардан, ки пӯшиши ин мавзуъ ба шумо манъ аст ва аз инъикоси он даст кашидан
0%
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда пӯшиши мавзӯи муҳимро идома додан
0%
Next
Check
Show results
Ба фикри шумо, оё хабарнигорони расонаҳои мустақил бояд хабарнигорони расонаҳои давлатро ҳимояти ҳирфаӣ кунанд?
Расонаҳои давлатӣ ба дастгирии рӯзноманигорони мустақил ниёз надоранд
0%
Албатта бояд кунанд, ин як ҷомеаи расонаии ягона аст
0%
Оё рӯзноманигорони давлатӣ барои пуштибонӣ аз расонаҳои мустақил омодаанд?
0%
Next
Check
Show results
Ҳамкасби шумо ҳамчун як шахси хеле мураккаб ва ҷанҷолӣ маъруф аст, мақомот ба ӯ фишор меоранд, аммо шумо мефаҳмед, ки сабаби фишор на танҳо фаъолияти касбии ӯ, балки феъли бади ӯ низ будааст. Оё шумо ӯро ошкоро дастгирӣ мекунед?
Албатта, дастгирӣ мекунам, чӣ фарқ дорад, ки феълаш чӣ гуна аст?
0%
Дастгирӣ намекунам, зеро ӯ худаш барои худаш мушкилот меҷӯяд.
0%
Ман тарафдорӣ мекунам, аммо на ба таври аланӣ
0%
Next
Check
Show results
Шуморо мушкил аст рӯзноманигори ҳамраъй номид.
Restart
Шумо метавонед ҳамбастагиро зоҳир намоед, вале на ҳамеша омодаед барои ҷомеаи худ ошкоро мубориза баред.
Restart
Шумо намунаи идеалии рӯзноманигори ҳамраъй ҳастед.
Restart
Made on
Tilda