Решаи маънои калимаи «илҳом» маънии «нафаси тоза кашидан» аст. Маҳз ин нафаси ҳаётбахш дар ҳаёти ҳаррўзаи пурпечутоби мо журналистон намерасад. Мо ончунон ба корҳои кўҳна ва супоришҳои муҳаррир ғўта задаем, ки гоҳо вақт намеёбем то ки ягон чизи наву нодирро дарёфт намоем.
Ибораи «аз мақола ба мақола» ба як ҷараён омехта гардида, ҳар мавод аз рўи 2-3 схема таҳия мешавад, ки мо моҳирона онро ба кор мебарем. Якуним сол муқаддам ман худро дар ин ҳолати ногувор дарёфтам. Ҳамааш аз рўи қолаб буд. Дар бораи инкишофи нутқ умуман чизе набуд. Ман он вақт ибораи дерина «Биенналаи Венетсиании санъати муосир»-ро шунидам. Албатта дар ин бора ман қаблан медонистам. Аммо, ҳамеша аз назару андешаҳо дур ва дастнорасоу ғайривоқеӣ буд. Масалан, чун «Дисней Ленд» барои барои бачагони СССР. Аммо, чаҳорчўба танҳо дар сари мо аст! Мана пас аз ду ҳафта ман байни рассомону нозирон ва мунаққидон аз тамоми ҷаҳон мегаштам.
Кафолат медиҳам, ки баъди иштирок дар ин чорабинӣ назари шумо нисбати он маводе, ки аз болояш кор мекунед, дигар мешавад. Таҷрибаи бой ҳосил карда, вақти худро ба таври фаромўшнашаванда сипарӣ менамоед.
Имсол биеннале дар Венетсия санаи 9 май сурат мегирад. Маълум, ки барои ВАО намоишҳои пешакӣ тақрибан 6-8 май оғоз мешаванд. Маълумотҳои сомонаи расмии чорабиниҳоро пайгир бошед. Окуи Энвезор нозири лоиҳаи асосии биеннале-2015 қарор дод эътибори арт-ҷамоаро ба муносибатҳои капиталистӣ, инъикос ва таҳлили вазъи кунунӣ дар ҷаҳон ва гуногунрангӣ дар биниши оянда дар шароити доимо тағйир ёфтани вазъият равона созад. Шиори Намоиш имсол чунин хоҳад буд: тамоми вариантҳои ҷаҳони оянда!
Имконияти иштирок дар яке аз воқеаҳои муҳими марбут ба санъати муосирро аз даст надиҳед. Зеро, чорабинии ояндаро 2 сол интизорӣ кашидан лозим мешавад.
Дигар чорабиниҳои шавқовар барои ҳамагон, ки санъати муосири ҷаҳониро дахл мекунад, дар ин санаҳо баргузор мегарданд:
15.03 – 17.03.2015 — Art Basel Hong Kong (Хитой)
18.03 – 21.03. 2015 — Art Dubai
01.05 – 03.05.2015 — Art Beijing (Хитой)
14.05 – 17.05.2015 — Frieze New York (ИМА)
27.08 – 27.09.2015 – ARTBAT FEST (Қазоқистон)
05.09 – 01.11.2015 — Istanbul Biennial
17.09 – 20.09.2015 — abc art berlin contemporary (Олмон)
14.10 – 17.10.2015 — Frieze London (Бритониёи Кабир (Англия)
Чорабиниҳо, ташкилотчиёне, ки ҳанўз бо санаҳои дақиқ муқаррар нашудаанд:
Бинналеи санъати мусоир дар Москва (Русия)
Намоиши меъморӣ (Архстояние) (Русия)
VIENNAFAIR The New Contemporary сомона (Австрия)
Маблағи чипта ва меҳмонхонаро худам пардохт мекунам. Лекин тамоми хароҷотҳоям рўйпўш мешаванд. Зеро, ман қаблан бо нашрияҳои гуногун дар бораи инъикоси чорабиниҳои барояшон маъқул маслиҳат кардам. Муҳим рақобатро фаромўш кардан лозим нест. Маводҳоро ба нашрияҳои рақобаткунанда набояд пешниҳод кард ва такрор кардан нашояд.
Масалан, аз як чорабинӣ барои якчанд мақола вобаста ба тахассус мавод ҷамъ овардан мумкин аст: барои иқтисодиёт дар бораи арзиши чорабинии мегузаронида, нархи кор, бозори саъати муосир ва ғайра, маҷаллаҳои ҷилодор (глянц)- гузориш аз ҷои воқеа, намудаҳои мўдии рассомон ва нозирон, барои лайфстайл-нашрия номгўйи таомҳо ва ғайрау ҳоказо. Вариантҳо хеле бисёранд. Муҳим нотарсона амал кардан лозим аст!
Суратҳои муаллиф аз Биенналаи соли 2013