17 марти соли 2015, дар Алма-ато конфронсии байналмиллалии “Медиа дар муҳити рақамӣ: имкониятҳо барои рушд” ба кори худ шурӯъ намуд. Зиёда аз 120 намояндаи ҷамъияти ВАО-и Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия, Кореяи Ҷанубӣ давоми ду рӯз дар мастер-классҳо иштирок намуда, мубодилаи таҷриба карда, мушкилоти рӯзмарраи соҳаи ВАО-ро баррасӣ менамоянд.
Ин – аввалин конфронси байналмиллалӣ, ки дар доираи лоиҳаи сесолаи “Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот” буда, аз тарафи намояндагони Internews Network дар се давлат бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалии ЮСАИД дар Осиёи Марказӣ доир мегардад.
Марат Бигалиев, сардори намояндагии Internews Network дар Қазоқистон:
“Имрӯз рушди ВАО дар Осиёи Марказӣ, инчунин дар давлатҳои ИДМ вобаста ба омилҳои дохилӣ ва берунӣ мебошад. Зуҳуроти бӯҳрони иқтисодӣ, вуруд ба Гумрук ва иттиҳодияи Авруосиё ва ба рушди ВАО дар Қазоқистон ва дигар минтақаҳои он таъсири худро мерасонад
Як мушкилоти иловагӣ барои ВАО таъсири афзоишёфтаистодаи сарчашмаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун манбаи алтернативӣ маҳсуб меёбад.
Усулҳои пешниҳоди иттилоот тағйир меёбад, касбҳои нав дар медиа пайдо мешавад, технологияи рақамӣ дар гирду атрофи мо бештар пайдо мегардад.
Шинос намудани иштирокчиён бо тағйирот дар ҷаҳони ВАО-и муосир, бо имкониятҳо барои рушди устувор дар робита бо ин мушкилот, мақсади мо аст.”
Иштирокчиёни конференсия, роҳбарон ва менеҷерони пешбари медиаи Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, якчанд мавзӯъҳои муҳими муҳокимаро қайд намуданд.
Зинатулло Исмоилов, раиси ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, сардори шабакаи телевизионии СМТ, Тоҷикистон:
“Ба ман фикру назари ҳамкасбон оид ба бӯҳрони иқтисодӣ, молиявӣ ва таъсири он ба ВАО-и электронӣ муҳим мебошад. Мехостам таҷрибаи худро оид ба гузаштан ба пахши рақамӣ ва омӯхтани имконияти мубодилаи контент байни шабакаҳои мустақил дар минтақаҳоро омӯзам”.
Азамат Тинаев, роҳбари студияи журналистикаи амалиявӣ, Бишкек, Қирғизистон:
“Имконияти шинос шудан бо ҳамкасбон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, бо муваффаққият ва дастовардҳои онҳо, гирд овардани таҷрибаи журналистон ва ВАО-и минтақаи худ, ҳамеша ғояҳои нав барои рушди минбаъдаи касбӣ медиҳад”.
Барномаи конфронс – вохӯриҳо, мастер- классҳо оид ба технологияи медиа ва роҳҳои ба даст овардани даромад барои медиаи минтақавӣ мебошад.
Дар ҷараёни муҳокимаи аввал, дар муҳити рӯйдодҳои медиаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳалли муаммоҳое, ки дар ВАО-и Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон рӯ ба рӯ мешаванд, баҳс намуданд.
Зебо Тоҷибоева, иҷрокунандаи сардори Оҷонсии иттилоотии “Азия Плюс”: “Медиа дар кишвари мо зери фишори назорати андоз, Ҳукумат, бӯҳрон қарор дорад. Фаъолият бурдан хеле мушкил аст”.
“Озодии аз ҳад зиёд ба чизи дигар мисли туман (хирагӣ) оварда мерасонад”- чунин меҳисобад сардори студияи журналистикаи амалиявӣ Бишкек, Қирғизистон — Азамат Тинаев.
“Дар Қирғизистон пеш аз интихобот ВАО хеле бисёр бо сарчашмаҳои гуногуни даромади номуайян пайдо гардидиданд. Онҳо аудиторияи худро доранд, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз онҳоро барои нашри мавод маҳдуд намегардонад”.
Ташкилкунандагони конфронс: Намояндаи Internews Network дар Қазоқистон, Фонди дастгирӣ ва рушди ВАО-и Қазоқистон, бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Осиёи Марказӣ (USAID) мебошанд.
Ҳамкорон: Интерньюс-Қазоқистон, технологияи актуалии: ТВ, Фонди Сорос-Қазоқистон, Маркази САҲА дар Қазоқистон, тарабхонаи «Марказ Алма-Ато», Nikon мебошанд.
Манбаъ: http://newreporter.org/