Рӯзи Ғалаба – идест, ки сокинони кишварҳои гуногунро ба ҳам меорад. Бо ёрии технологияҳои нав бошад, имкон пайдо шудааст, ки маълумот дар бораи таърих ва ҷонбозиҳову қаҳрамононии шуҷоёни Ватан, боз ҳам амиқу дастрас гардад.
Якчанд манбаъҳоеро, ки дар таҳияи лоиҳаҳои махсуси медиавӣ, аксияҳо ва маводҳои онлайнии ба Рӯзи Ғалаба бахшидашуда муфиданд, баҳратон пешниҳод мекунем.
Аксарияти лоиҳаҳо дар Русия мукаммал гардидаанд, аммо хотирнишон бояд кард, ки 9 май ҷашни байналмилалӣ буда, саҳмияҳо ва ғояҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дахл доранд.
Сомонаи «Живая память» дар Google, дар ҳамҷоягӣ бо ҷамъияти ҳарбӣ-таърихии Русия (РВИO) офарида шудааст.
Дар ин ҷо номаҳои фронтии сарбозони шӯравии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷойгир карда мешаванд.
«Аксарияти номаҳо дар маҷмӯаҳои хусусӣ ҷой дода шуда, ба хониши оммавӣ дастрас нест. Мо мехоҳем, ки ин далелҳои бебаҳои замони ҷангро дар бойгонии ягона якҷоя сохта, ба ҳама имконияти онҳоро мутолиа намудан ва ба қаҳрамонон барои шуҷоатмандиву далериашон сипосмандӣ изҳор карданро диҳем».
Сомона 29 апрел барои тамошо кушода хоҳад шуд, аммо Шумо аллакай метавонед, номаҳои солҳои ҷангиро зеркашӣ кунед.
«Агар Шумо ва ё наздиконатон мактубҳо ва руқъаҳо (открытка)-и Ҷанги Бузурги Ватаниро дар худ нигоҳ медоред, метавонед онҳоро ба сомона ҷойгир кунед. Агар надошта бошед, дар бораи ин лоиҳа хешовандон ва дӯстонатонро хабардор созед. Шояд онҳо чунин номаҳоро дошта бошанд».
Барномаҳои мобилии расмӣ бахшида ба 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945: овози Левитан, сурудҳои ҷангӣ, ахбор ва ғайраҳо. Барои Android ва iOS.
Замима ва ҳамаи имконотҳои он пурра ройгон аст. Қисматҳо ва имкониятҳои замима: “Ахбор”: нашрияҳои вобаста ба таҷлили Рӯзи Ғалаба.
«Ура Победе!»: насби оҳанги занги ройгон ба телефон — суруди пирӯзӣ дар мобилии Шумо.
«От Советского информбюро» (Аз иттилооти бюрои Шӯравӣ): хабарҳои соли 1945, аз ҷониби Юрий Левитан қироатшуда. «Фронтовой альбом»: воқеаҳои солҳои 1941-1945 дар хронология.
«Песни Победы» (Сурудҳои Ғалаба): плеери мултимедиявӣ бо имкониятҳои шунавонидани мусиқаҳои ҷангӣ.
“Фотокарточка”(акс): муҳаррири акс бо филтрҳо ва клипартҳои мавзӯӣ муҷаҳҳазгардида.
«Танзими сафҳа»: пардаи экранҳои мавзӯӣ.
Рӯзи Ғалаба дар шабакаҳои иҷтимоӣ — аллакай дар хештегу # Победа70, дар он метавон хабари марбут ба Рӯзи Ғалабаро пайдо намуд ва дар хештегу # Родной Герой бошад, истифодабарандагон дар бораи хешовандон, дӯстон, шиносҳояшон, ки дар фронт пирӯзӣ ба даст оварда, барои ҳаёт ва ояндаи мо ҷонбозиҳо намудаанд, нақл хоҳанд кард.
Дар сомонаи расмии таҷлили 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар Русия рӯйхати филмҳои бахшида ба давраи ҷанг ҷойгир карда шудааст.
Аксияи «СMС ба МКС: 70,000 сипосмандӣ» — дар давоми моҳ ҳамаи муштариёни «Билайн» (Русия) метавонанд ба рақами кӯтоҳи “4145” ирсоли СМС карда, дӯстон, хешовандон ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро бо ин санаи таърихӣ муборакбод гӯянд.
Ба муштариёни дигар операторони мобилӣ, инчунин сокинони кишварҳои хориҷӣ, ташкилкунандагон пешниҳод мекунанд, ки табрикотро ба воситаи қисмати махсуси сомонаи «Билайн» ирсол кунанд.
Ҳамаи паёмҳо дар флеш-манбаъ сабт шуда, ба МКС ирсол гардида, ба фазои кайҳонӣ сар дода мешаванд. Мувофиқи ақидаи ташкилкунандагон, 15 паёмҳои беҳтарин аз тарафи кайҳонавардони истгоҳи Байналхалқии кайҳонӣ қироат мегардад, иттилоъ медиҳад сомонаи may9.ru.
Аз соли 2012, чорабинии байналмилалии иқдомоти “Бессмертный полк» гузаронида мешавад.
Дар 400 шаҳрҳои ҷаҳон мардум бо аксҳои сарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Гузашти Низомӣ (Парад Победы) иштирок мекунанд.
Сол аз сол, шумораи эътирозгарон рӯ ба афзоиш мениҳад, дар Қазоқистон соли 2014 Бессмертный полк дар Актау, Қизилорда, Петропавловск, Семей, Уралск, Шимкент ва Экибастуз доир гардида буд.
Барои фаҳмидани он ки оё дар аксияи мазкур шаҳре, ки Шумо дар он зиндагонӣ мекунед иштирок мекунад, лозим аст ба сомонаи лоиҳаи Бессмертный полк ворид шавед. Дар ин ҷо шумо метавонед падар ва бобоятонро ба гурӯҳ номнавис кунед, ном, рақами телефон ва суроғаи почтаи электронии ҳамоҳангсоз-(координатор)-и шаҳраки худро пайдо кунед ё ки худатон, агар ҳанӯз Бессмертный полк дар шаҳратон ташкил нашуда бошад, ҳамоҳангсози он гардед.
Мо аксия ва навсозиҳоро назорат бурда, рӯйхати манбаъҳои муфидро, ки ба таҷлили 70-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бахшида шудаанд илова хоҳем намуд.
Сарчашма: http://newreporter.org/