ЮНЕСКО ҳисоботро оид ба таҳдидҳои онлайнӣ барои рӯзноманигорон пешниҳод намуд. Дар ин тадқиқот, навиштааст ijnet.org, ҳолатҳои ҳабс, шиканҷа ва куштори хабарнигорони онлайнӣ, ки дар қитъаҳои гуногуни ҷаҳон рух додаанд, муфассалтар дида мешавад. Аз истифодабарандагони Интернет даъват ба амал оварда мешавад, ки «гигиенаи рақамиро омӯхта дар амал татбиқ намоянд».
«Ба хабарнигорон, мисли одамони дигар одатан муносибати хаёлӣ (фантастический) ё беҳушӣ нисбати таҳдидҳои рақамӣ, хос аст. Мо умедворем, ки ин тадқиқот барои фаҳмиш ва ташаккули фаъолияти минбаъдаи онҳо асос мегардад », — иброз намуд Гай Бергер, директори ЮНЕСКО оид ба озодии сухан ва рушди ВАО.
Ijnet.org: «Дар бахши «Общий обзор» (Global Overview) таъриф ва таҳлили таҳдидҳои умумии рақамӣ, аз ҷумла ҷосусӣ, ҳамлаҳои фишингӣ, DOS-ҳамлаҳо, шикастани аккаунтҳо, маълумоти бардурӯғ (дезинформация) ва бӯҳтонӣ, мусодираи мавод ва маълумотҳои ҷамъовардаи журналистӣ, ҷойгир карда шудааст.
Тадқиқот инчунин дар бораи тадбирҳои пешгирикунанда нақл карда, дар ин ҷо маълумот оид ба маводҳои дарсӣ ва курсҳои амнияти рақамӣ, истинод ба муассисаҳо, ки барои бехатарии онлайнӣ мусоидат мекунанд, дода шудаанд.
Гузориш ба забони англисӣ пешниҳод шудааст, бо он метавон дар ин ҷо шинос шуд.
Манбаи акси пешнамоиш: flickr.com.
Матни асли: http://newreporter.org/