Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия (ITU) маълумотеро оид ба истифодаи Интернет дар ҷаҳон нашр кард. Тавре дар тадқиқот гуфта шудааст, охири соли 2015 истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонии интернет ба 3,2 миллиард нафар расида, аз он 2 миллиард нафарашон аз кишварҳои пешрафта хоҳанд буд.
Ҳисоботи солонаи ITU, маълумоти муфассал оид ба тамоюлҳо дар рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва камбудиҳо дар алоқаи миқёси ҷаҳонӣ мебошад. Дар муқоиса бо соли 2000-ум, дар маводҳои соли равон пешравии назаррас мушоҳида мегардад, вале вазъият дар кишварҳои рушднамуда ногувор боқӣ мемонад.
Барои ҳар як истифодабарандаи Интернет дар ҷаҳони муосир ду истифодабарандагони кишварҳои тараққикардаистода рост меояд, ин маънои онро дорад, ки 4 миллиард нафар сокинони кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта то ҳол ба шабака пайваст нашудаанд.
Навиштаҷот дар тасвир:
Оид ба меҳвари Y — 100 сокинони / хонаҳо.
Шарҳ:
Зард-алоқаи мобилӣ;
Сурхи сиёҳтоб — шахсони воқеӣ, ки интернетро истифода мебаранд;
Норанҷӣ – сокинони ба шабакаи мобилии 2G пайвастшуда;
Сабз – пайвастшавии мобилӣ шабакаи васеъ;
Қаҳваранг – пайвастшавии доимӣ бо шабакаи васеъ;
Кабуд – хонаҳои ба интернет пайваст.
Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия (ITU) интизор аст, ки то охири соли 2015 беш аз 7 миллиард пайвастшавиҳои фаъол дар шабака ба назар мерасад, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2000-ум 738 миллион зиёд хоҳад шуд.
Шабакаи 2G айни замон 95% аҳолиро, 3G — танҳо 69%-ро фаро мегирад, аммо тадриҷан фарогирии минтақаҳои деҳот идома дорад.
Истифодаи интернет дар Аврупо нисбатан баландтар аст, ки дар он 82,1% аҳолӣ дар хона ба он пайваст шудаанд. Дар зинаи дигар ИМА бо 60% қарор дорад.
Корея ҳанӯз дар фарогирии аҳолӣ бо суръати баланд пешсаф аст, баъди он Фаронса, Ирландия ва Дания меистанд. Замбия, Покистон ва Сенегал дар охири рӯйхат, бо суръати пасттарини интернет қарор доранд.
Ҳисоботи пурраи он, инчунин ҳисоботи солҳои гузаштаро метавон дар инҷо пайдо кард.
Аз маводҳои: thenextweb.com.
Матни аслӣ: http://newreporter.org/