ДомойМедиалентаЧӣ тавр WiFi – и ройгонро тавассути OpenSignal дарёфт намуд

Чӣ тавр WiFi – и ройгонро тавассути OpenSignal дарёфт намуд

Имрӯз дастрасӣ ба Интернет шарти зарурӣ дар фаъолияти рӯзноманигор ба ҳисоб меравад. Ва ҳатто агар ҳамаи кормандони нашрияи шумо бо модемҳои шахсӣ муҷаҳҳаз ва ба Интернети мобилӣ пайваст ҳастанд, замимаи OpenSignal бароятон муфид хоҳад буд.

Махсусан барои мутахассисони соҳаи медиа, ки зуд – зуд берун аз шаҳр/кишвар мебароянд.

OpenSignal барои iOS ва Android ба таври автоматикӣ макони шуморо муайян намуда, дар харита нуқтаҳои наздиктарини дастрасӣ ба WiFi -ро бо маълумоти муфассал – сомонаҳои кушода, пӯшида, координатҳои мушаххаси ин ҷойҳоро, ишора менамояд.

Вазифаи дигари замимаи Coverage ин кӯмак барои ба нақша гирифтани сафар ба ин ё он ноҳия, шаҳр ва ё давлат мебошад. Хадамот интернет – пайвастшавии дастрасро таҳлил карда, натиҷаҳоро дар шакли интерактивии «нуқтаҳои харита» — чӣ қадаре ки суръат баланд аст, ҳамон қадар қитъа дар харита сурх мегардад, мунъакис месозад.

Шумо метавонед провайдери мушаххасро интихоб намоед ва бингаред, ки чӣ гуна минтақаи фарогирии интернет дар ин ё он ҷой васеъ аст.

Фасли «Рейтинг» вуҷуд дорад, ки ин ҷо маълумот дар бораи ҳамаи провайдерҳо бо маълумоти интернет —  пайвастшавӣ ҷамъоварӣ шудаанд.

SpeedTest сомонаи шуморо таҳлил менамояд – суръати боркунии сахифаҳо, видео, IP-телефонияҳоро.  Омори умумии истифодаи интернет дар дастгоҳи мазкур дастрас аст.

Дар сомонаи асосии opensignal.com ҳамчунин маълумотҳо  оид ба сатҳи  сигналҳои WiFi дар минтақаи шумо нишон дода шудааст.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ