ДомойМедиалентаВебинари «Ташкили тестҳо, овоздиҳӣ ва пурсиши афкор барои сомона»

Вебинари «Ташкили тестҳо, овоздиҳӣ ва пурсиши афкор барои сомона»

Санаи 19 ноябр, соати 17.00  бо вақти Астана ва Бишкек, соати 16.00  бо вақти Душанбе вебинари Анна Сухачева гузаронида мешавад.

Тестҳо, пурсишҳо, овоздиҳӣ таваҷҷӯҳи аудиторияро ба сомона ҷалб менамоянд.

Дар вебинар мо:

— истифодаи намунаҳои форматҳоро дар ВАО-и гуногун дида мебароем,

— оид ба он сӯҳбат менамоем, ки дар кадом ҳолат тестҳо, пурсиши афкор, овоздиҳӣ – ин ҳама усули беҳтарини пешниҳоди иттилоотанд, гузаронида мешаванд,

— хидматрасониҳои асосиро барои ташкили тестҳо, пурсиши афкор, овоздиҳӣ дида мебароем.

Дар вақти қисми амалии вебинарҳо тести худро месозем. Вебинар ба журналистон, муҳаррирони сомонаҳо муфид хоҳад буд.

Анна Сухачева – муҳаррири портали “Репортёри нав” (Новый репортёр), тренери ВАО (медиа), эксперти хидматрасонӣ барои мултимедиа.

Барои бақайдгирӣ ба вебинари ройгон аз ин истинод истифода баред.

Вебинари «Ташкили тестҳо, овоздиҳӣ ва пурсиши афкор барои сомона» аз ҷониби намояндагии  Internews Network дар доираи дастгирии лоиҳа барои дастрасӣ ба иттилоот ташкил карда шудааст. Он бо шарофати мадади мардуми амрикоӣ, ки тавассути Оҷонсии ИМА барои рушди байналмилалӣ (USAID) таъмин гардид, имконпазир шуд.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ