ДомойМедиалентаAccountablejournalism.org: бузургтарин махзани кодексҳои ВАО дар ҷаҳон

Accountablejournalism.org: бузургтарин махзани кодексҳои ВАО дар ҷаҳон

Шабакаи журналистикаи ахлоқӣ (ШЖА) ва Институти журналистикаи Дональд В. Рейнольдс дар назди Донишгоҳи Миссурӣ сомонаи «Журналистикаи масъул»-ро ба истифода дод, ки он дорои бузургтарин махзани кодексҳои ВАО дар ҷаҳон аз ҷиҳати имконияти ҷустуҷӯи веб-барномаи дӯстона мебошад.

Ҳадафи лоиҳа — ташкил намудани майдони краудсорсингӣ (crowdsourcing), муттаҳидкунандаи кодексҳои ахлоқии ҷомеаи ВАО дар тамоми ҷаҳон аст.

Дар махзани нав истифодабарандагон метавонанд дар байни кодексҳои ВАО-и кишвар, ки дар онҳо кодекс таҳия карда шудааст, мавзӯъ, намуди ташкилот, минтақа ва санаи таъсисёбии кодексро ҷустуҷӯ намоянд.

Айни ҳол дар сомона беш аз 400 кодекс (рамз) ҷойгир карда шудааст. Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби нашрияҳои алоҳида (масалан, рӯзномаҳо), бахши истеҳсоли ВАО (масалан, ҷадвали пахши барномаҳо), иттиҳодияҳо / ассотсиатсияҳои журналистон ё марказҳои матбуотӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.

Баъзе аз кодексҳо ихтисосӣ мебошанд. Аксаран — хислати умумӣ доранд. Онҳо дар дарозии аз ним то ба зиёда аз 50 саҳифа фарқ мекунанд, вале дар принсипҳои асосӣ фарқ ҳаргиз дида намешавад.

Лоиҳаи додашудаи «Журналистикаи масъул» ҳамчунин, кодексҳои иловагии ахлоқӣ ва муроҷиатҳоро дарбар мегирад, ки ба сухани нафратомез марбут аст.

«Аҳамияти кодексҳои ВАО, ба монанди фазои ВАО-и имрӯза, ҳеҷ гоҳ ин қадар зиёд набуд», — мегӯяд  директори ШЖА Айдан Уайт.

«Шумораи бештари овозҳо ва ҳаҷми босуръати табодули назар дар Интернет меафзояд. Журналистикаи ахлоқӣ барои ҳифзи якпорчагии озодии баён зарур аст. Ҳавасмандии рушди кодексҳои ВАО ва усули таъсири онҳо ба журналистика муҳим аст».

Дар бораи лоиҳа, ҳадаф ва вазифаҳои он, баррасии имкониятҳои Шабакаи журналистикаи ахлоқӣ (ШЖА) ва Институти журналистикаи Дональд В.Рейнольдс санаи 23-юми ноябр, соати 15:00 муҳокимаи онлайнӣ гузаронида мешавад. Ҷараёни баҳсро ба таври мустақим аз саҳифаи (ШЖА) дар Google Plus метавон мушоҳида намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ