Гузориши 94-саҳифагии Tow Center of Digital Journalism «ВАО дар платформа: чӣ тавр водии силикон журналистикаро аз сари нав фикр карда баровард», ки дар оғози моҳи апрели соли 2017 нашр гардид, дар бораи чӣ тавр ширкатҳое ба монанди Facebook ва Google дастгоҳи журналистикаро тағйир доданд, нақл мекунад.
«Платформаҳои медиаи иҷтимоӣ ва ширкатҳои технологӣ ба журналистикаи Амрико, бо роҳи ҳатто гузариш аз чопӣ ба рақамӣ таъсири бузург расониданд», — менависанд муаллифон Эмили Белл ва Tейлор Оуен дар гузориш.
Ширкатҳое ба монанди Facebook, Google, Snapchat ва Twitter зуд вазифаи нашриёти анъанавиро қабул менамоянд ва ноаён аст, ки инкишофи онҳо суст шуда бошад.
Муносибати байни ноширон ва ширкатҳои технологиро таҳлил намуда, муаллифон дар давоми 12 моҳи охир беш аз 70 мусоҳиба гузарониданд.
Созиш дар байни фарогирии васеъ ва аз даст додани назорат
Гузориш ошкор намуд, ки табдили ширкатҳои технологӣ ба нашриёт, муассисаҳои иттилоотии анъанавиро дар шубҳа мегузорад, ки дар оянда онҳо кадом вазифаро иҷро хоҳанд кард. Муаллифон дар бораи он мулоҳиза карданд, ки аксари муассисаҳо аз тақсимот даст мекашанд, дар идораи худ ҷойгир ва ба сифати фаъолияти асосиашон дар оянда, чоп мекунанд.
Ҳарчанд афзоиши рақобат байни платформаҳои иҷтимоӣ дар соҳаи истеҳсоли маҳсулот барои ноширон ба редаксияҳои иттилоотӣ имконияти ҷалб намудани аудиторияи зиёдтарро нисбат ба пештара фароҳам ва мушкилоти зиёдеро низ ба миён овардааст.
Дарёфти манфиати ҳар як платформаи инфиродӣ мушкил аст ва бозгардонии сармоягузорӣ аксаран номувофиқ мебошад.
Бо баробари ин, ноширон аз гум кардани бренди худ, набудани иттилоот оид ба аудитория ва ҷараёни даромад аз рекламаҳо, ки дар вақти ҷойгир намудани маводи худ дар платформаҳои иҷтимоӣ ба амал меоянд, нигарон мебошанд.
Таъсир ба журналистика аз нуқтаи назари редаксия
Аммо рушди платформаҳо на танҳо ба фаъолияти муассисаҳои иттилоотӣ, балки ба таври назаррас ба худи журналистика низ таъсир мерасонад.
Ҳавасмандгардонии рушди форматҳои муайян, тасдиқи стандартҳои ороишӣ ё воридкунии тағйирот ба алгоритмҳое, ки ба ҷузъ мувофиқ кардан бо онҳо барои редаксияҳои иттилоотӣ чизе боқӣ намемонад, платформаҳо қудрати таъсиррасониро ба он ки кадом намуди мавод истеҳсол карда хоҳад шуд, ба даст гирифтанд.
Гузашта аз ин, экосистемаи платформа бузургӣ ва имконияти ба ҳам дидани маводро авлотар мешуморад ва ҳамин тавр сабаби паҳншавии маводи пастсифат мегардад ва журналистикаи баландсифати дорои арзиши баланди шаҳрвандиро ба мадди дуюм мегузорад.
Ҳамаи ин ҳолатҳо дар назди муассисаҳои иттилоотӣ мушкилиҳои муҳимеро гузоштаанд.
«Оё онҳо бизнеси серхароҷотро оид ба нигоҳ доштани инфрасохтори нашриёти худ бо аудиторияи кам, аммо бо назорати пурра аз болои даромад, бренд ва маълумот дар бораи аудитория идома диҳанд? Ё онҳо бар ивази зиёдшавии назарраси аудитория, ки Facebook ё дигар платформаҳо пешниҳод менамоянд, назоратро аз болои маълумоти истифодабаранда ва реклама супоранд?»
Гузориши пурраро аз ин ҷо метавонед мутолиа намоед.
Манбаъ: blog.wan-ifra.org.