Аз санаи 3-юм то санаи 9-уми сентябри 2017-ум дар идораи ширкати телерадиорекламавии «СМ-1» (Хуҷанд, Тоҷикистон) тренинги Денис Бевз – рӯзноманигор, оператор, продюсер, медиатренер, ҷоизадори лауреати «Тэфи» баргузор мегардад.
Дар рафти тренинг масъалаҳои офаридани «телевизиони классикӣ»-и тавоно ва инчунин имкониятҳои нави медиа дида баромада мешаванд. Мувофиқи суханони Денис, ояндаи телевизиони классикӣ зери таҳдиди бузург қарор дорад. Аллакай дар ояндаи нисбатан наздик интернет-телевизион таъсири худро ба қисмати калони бозори реклама, ҳатто шабакаҳои телевизиони минтақавӣ низ мерасонад. Дар ҳақиқат ба аудитория тамошо кардани хабарҳои минтақаи худаш, шаҳри худаш шавқовару муҳим аст. Ин кор бо интернет-телевизион метавонад тавассути дархости одамон амалӣ шавад. Яъне бо ёрии блоггерҳои минтақӣ, на бо кӯмакӣ ҳайъати калони таҳририя.
«Вале телевизион набояд барои бо интернет рақобат кардан кӯшиш намояд. Вазифаи ТВ ин ёфтани мавқеи худ дар байни телевизионҳои классикӣ ва блоггингҳо, на ин ки ба тамошобин гуфтану гуфтушунид кардан», — қайд мекунад Денис.
Маҳз кай аз телевизиони классикӣ ба интернет-телевизин гузариш амалӣ карда мешавад, чизе гуфтан душвор аст, ақида дорад эксперт. Зеро хусусияти истифодабарии медиа ҳоло муайян нашудааст. Имрӯз одам маълумотро аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта, пагоҳ пушаймон шуданаш мумкин. Бо вуҷуди ин азнавтақсимкунии бозор давом дорад. Масалан, дар Русия теъдоди умумии рӯзномаҳо дар солҳои охир боло рафт, аммо аз ҳисоби рӯзномаҳои эълонҳои ройгондошта. Чунин ҳолат бо мағозаҳои китобфурӯшӣ низ рӯй додаст. Бо пайдоиши интернет аз байнравии телевизионҳои классикӣ пешгӯйи карда шуда буд, аммо онҳо ҳоло ҳам аз ҳисоби баланд бардоштани сифати китобҳо ва актсияҳои даврӣ мавҷудияти худро давом дода истодаанд. Телевизион инчунин фаъолияти худро дар шакли телевизиони босифат идома дода истодааст.
Аз дигар тараф, бо назардошти хусусияти медиаистифодабарии истифодабарандагони муосир видеоро ба дастгоҳҳои мобили мутобиқ гардонидан даркор аст. Вале бовуҷуди ин, аллакай ба наздикӣ истифодабарандагон аз ин чиз дилгир шуда, барои мутобиқшавиро давом додан маҷбур мешаванд.
Яъне гуфтан душвор аст, ки оянда чӣ хел мешавад.
Вале қоидаҳои муайяне ҳаст, ки видеохабари Шуморо шавқовару диққатҷалбкунанда мегардонанд. Панҷ маслиҳате, ки ба мухбир барои офаридани видеохабари хуб мадад мерасонад:
- Бояд дарк кард, ки барои чӣ ин видеоро меофарӣ. Бояд фикр кард, ки кӣ тамошобини ин видео аст. Тамошобини худро хуб ва аниқ донистан лозим аст.
- Видео бояд бемисл бошад. Одам мехоҳад ягон хабар ё навигариро тамошо кунад. Видеои беҳамто маънои банаворгирии ягон хабари ғайриоддии кайҳонӣ не! Мо шаҳрро ба навор гирифта метавонем, вале ин амалро бо диду нигоҳи худ ба анҷом расонида метавонем.
- Навор бояд диққатҷалбкунанда бошад. Чӣ қадаре, ки навор аз воқеаву ҳодисаҳо бой бошад, ҳамон қадар имконияти тамошо кардани он аз тарафи тамошобинон зиёд мешавад.
- Муҳимаш қисса қаҳрамони худро дошта бошад ва тасвир одами худро. Муҳим нест, ки он дар намуди синхронӣ ё интервю бошад, онро дар сатҳи нигоҳу назар ва фокус офаридан мумкин аст.
- Ниҳоят аз ҳама муҳимаш барои офаридани видео аз таҳти дил кор кардан ва ба он дода шудан лозим аст. Видеое, ки дили Шуморо тасхир намекунад, барои тамошобинатон шавқовару ҷолиб намегардад. Ин ҳамон як сеҳри телевизион аст.
[youtube youtubeurl=»gu1R6w68J_M» ][/youtube]