ДомойНақди РасонаӣҲафтаномаҳои Тоҷикистон чӣ гуна фурӯхта мешаванд?

Ҳафтаномаҳои Тоҷикистон чӣ гуна фурӯхта мешаванд?

Ҳафтаи гузашта нашрияи маҳаллии “Пайк” аслан ба дасти хонандагонаш нарасид. Ба ҳар сурат, дар дӯконҳои нашрияфурӯшӣ ва ҳам паҳнкунандагони инфиродии пойтахт дарёфт намудани ин шумораи нашрияи маҳаллии минтақаи Кӯлоб, ки низ дар шаҳри Душанбе бо теъдоди кам ҳам бошад, фурӯхта мешавад, имкон надошт. Гуфта мешавад сабаби чунин серхаридор гардидани ин нашрия ба як матлаби Қурбон Мирзоалиев – раиси собиқи вилояти Кӯлоб ва шахсияти дар солҳои 90 –и асри гузашта таъсиргузори мамлакат иртибот мегирад, ки дар бораи вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода навиштааст. Дар ин матлаб дар бораи кадом “қаҳрамонии” вазири молия сухан меравад, маълум нест. Аммо як чиз яқин аст, ки на ҳар шумораи нашрияи “Пайк”, ки соли шашум аст фаъол бошад ҳам, хонандаи зиёд надорад, чунин серхаридор аст.

Сармуҳаррири нашрия Аҳмади Иброҳим вобаста ба ин ҳолат дар суҳбат бо ҳамкасбони мо чунин изҳори назар намуд:

“Нашрияи худро мо ҳар рӯзи чоршанбе дар чопхонаи шаҳри Бохтар чоп мекунем ва рӯзи панҷшанбе он ба Кӯлоб мерасад. Ҳамон рӯз кормандони мо барои гирифтани шумора рафтанд, аммо маълум шуд, ки шумора вақте ба Кӯлоб расидааст, онро ба пуррагӣ харидаанд. 70% теъдоди нашрия ба воситаи обунаи озод паҳн мегардад. Аз ин хотир, моро зарур шуд, ки пеши обуначиёнамон узр пурсем. Дар ин шумораи нашрия мо мактуби кушодаи соҳибкори маҳаллиеро нашр карда будем, ки вазири молияро интиқод мекард. Муаллиф ба нашрияҳои зиёде муроҷиат намудааст, аммо касе ба чопи он розӣ намешавад. Мо танҳо ба шарте розӣ шудем, ки агар вазири молия пас аз нашри мактуб ҷавоби худро биёрад, онро ҳам чоп мекунем. Чаро ин матлабро чоп кардем? Зеро он моҳияти иҷтимоӣ дорад. Вазир посухашро наовард, вале шумора пурра харидорӣ шуд. Дарвоқеъ, аз соли 2013, ки нашрия фаъол аст, аллакай даҳҳо бор аст, ки шумора то ба дасти хонанда расиданаш, аз дасти нафарони алоҳида ба пуррагӣ харида мешавад”…

Теъдоди нашри «Пайк» — се ҳазор аст, ки ба гуфтаи сардабир, 500 нусхаи онро ба Душанбе барои фурӯш мефиристанд. Нархи як дона нашрия  1.5 сомонӣ (16 сент) аст.

Воқеан, чунин ҳолат, ки “қаҳрамони” матлабҳо як шумораи ин ё он нашрияро бо сабаби интиқод шуданаш ва паҳн нагаштани он, пурра харида бошад, дар таърихи матбуоти мустақили Тоҷикистон кам иттифоқ наафтодааст. Соли 2007 нашрияи “Нигоҳ” матлаби интиқодие дар бораи директори собиқи ТВ “Сафина” Маҳмадсаид Пиров (ҳоло раиси Кумитаи ТВ ва радио Маҳмадсаид Шоҳиён) нашр кард, ки дар рӯзи паҳни нашрияҳо дарёфти он бо мушкилӣ ҳам имкон надошт. Он замон ҳам қаҳрамони матлаб аз ҳамин усул кор гирифт: аз тамоми дӯконҳо ва паҳнкунандагони инфиродӣ ҳамаи тиражро харидорӣ намуд.  Соли 2008 нашрияи “Фараж” таҳти унвони “Оилаи Суғд -2” (“Оилаи Суғд” унвонии матлабест, ки соли 2004 “Рӯзи нав” чоп карда буд) матлабе дар бораи раиси собиқи вилояти Суғд Қосим Қосимов чоп кард, ки “пурра харида шуд”.

Маълум аст, ки “қаҳрамонҳо” чандсад ва шояд чандин ҳазор нусхаи як нашрияро “аз хурсандӣ” намехаранд. Мақсад рӯшан аст: ин матлаб ба мардум ва доираҳои хос нарасад!

Зимнан, ҳолатҳоеро низ ёд дорем, ки соҳибони нашрия, вақте диданд, ки ин шумора ба зудӣ фурӯхта шудааст, онро дубораву себора нашр кардаанд.  Аз ҷумла, “Нигоҳ”. Аз ин ҳисоб ҳам идораи нашрия як қадар вазъи молии худро беҳтар кардааст ва ҳам талош анҷом гирифтааст, ки “иттилои муҳим ба мардум расад”.

Бар илова, солҳои пеш, ки мисолашонро овардем, нашрияҳо сомонаи интернетии худро надоштанд. Сомонаи “Пайк” бо суроғаи payk.tj фаъол аст, аммо матлаби мавриди назари моро аз он пайдо намудан имкон надорад.

Пас чаро “Пайк” онро нашр накард?

Аҳмади Иброҳим бисёр кӯтоҳ посух дод:

-Мо хулоса кардем, ки як зарба бас аст ва ҳамин, ки дар нашрия чоп кардем, аллакай таъсири худро гузошт!

Ҷавобе, ки намешавад гуфт ҳама воқеиятро дар худ меғунҷонад.

Аммо як чиз маълум аст: нашрияҳои Тоҷикистон вазъияти хеле буҳронии молиявиро аз сар мегузаронанд!

Обунаи маҷбурӣ

Мутаассифона адади нашри матбуоти, хоса мустақили Тоҷикистонро мушаххас кардан имкон надорад. То солҳои 2005 -07 нашрияҳои мустақил кӯшиш мекарданд теъдоди нашри худро камтар аз оне нишон бидиҳанд, ки ҳаст. Зеро бандҳои қонунгузории андоз дар ин бобат сахтгир буд. Баъдан, ки дар ин замина тағйирот пеш омад, бархе нашрияҳо теъдоди худро, ҳатто бештар аз оне менавиштанд, ки доштанд. Ин як василаи ҷалби рекломдиҳандагон арзёбӣ мешуд. Ҳоло бошад, аз тамоми нашрияҳои мустақили Тоҷикистон танҳо чанд нашрияро дарёфт кардан мумкин аст, ки теъдоди нашри худро дар ҳар шумора чоп мекунанд. Дар дигарҳояш инро вонамехӯред, ҳарчанд банди 15 –и қонун “Дар бораи матбуот ва дигар ВАО” дар ҳар шумора зикр кардани теъдоди нашрро тақозо менамояд!

Фикр накунам, ки масъулини нашрияҳо аз теъдоди зиёди ҳафтаномаҳои худ ва бархӯрди мақомоти андоз тарс дошта бошанд. Ба ҳар сурат, дар суҳбатҳои расмиву ғайрирасмии худ сардабирони нашрияҳо аз ҳар ҳафта (ағлаби нашрияҳо дар Тоҷикистон ҳафтаинаанд) коҳиш ёфтани теъдоди нашрашон гила мекунанд. Нашрияҳои ҳукуматӣ дар ин замина “оромӣ” доранд. Зеро онҳо, ба ғайр аз оне, ки аз ҷониби буҷаи мамлакат дастгирӣ меёбанд, ҳамчунин бо “обунаи маҷбурӣ” таъминанд: феҳрести нашрияҳоро Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон охири ҳар сол ташкил медиҳад ва вазорату идора ва шаҳру навоҳии мамлакатро вазифадор менамоянду нақша мебанданд, ки бояд чӣ миқдор ба ин нашрияҳо обуна шаванд.

Воқеан, “обунаи иҷборӣ” як сабаби норозигии матбуоти ҳукумативу мустақили Тоҷикистон аст. Намояндагони матбуоти дуввум номбаршуда дар суҳбатҳои худ аз ҳукумат гила ва баъзан талаб доранд, ки агар дар кишвар байни нашрияҳои расмиву ғайрирасмӣ ихтилоф гузоштанӣ нестанд, бояд ба онҳо ҳаққи баробар гузошта шавад: ё ба ҳич кадом обунаро таъмин накунад, ё баробари нашрияҳои ҳукуматӣ онҳоро низ ба феҳрести ҳарсолаи Дастгоҳи Президент ҳамроҳ созанд. Баҳсе, ки ҳарчанд аз нигоҳи мантиқиву ҳуқуқӣ асос дорад, аммо ба поёни худ намерасад.

Пас нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ҳоло бозори худро чӣ гуна меёбанд?

Фурӯши озод, он тавре, ки дар мо ҳаст, агар воқеиятро гӯем, кӯҳна шудааст. Ба он хотир, ки 25 соли охир нашрияҳои шахсии кишварро аслан паҳнкунандагони инфиродӣ мефурӯшанд. Онҳо аслан аз кампиру мӯсафедоне иборатанд, ки соли 1994 раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон марҳум Акбари Саттор – баробари фаъол кардани аввалин нашрияҳои пасазҷангии кишвар – “Дайджест – пресс” ва “Чархи гардун” фаъол карда буд. То солҳои наздик он як навъ “почтаи мустақил” ба ҳисоб мерафт.

Воқеан, баҳси ташкил намудани як почтаи мустақил солҳои 2007 -2010 идома дошт. Ниҳоят соли 2010 бо дастгирии САҲА кооперативе низ ташкил карда буданду чанд мошини хурди хитоии дар Тоҷикистон машҳури Тангем барои ин харидорӣ намуданд. Мисле, ки ба ин масъала бархӯрд ҷиддӣ набуд.

Ба ҳар сурат, ин кооператив умри дарозе надид…

САҲА чанд соли ахир ба нашрияҳои мустақил коғаз ҷудо менамояд, то онҳоро ба қадре аз нигоҳи моливу моддӣ кӯмак намояд. Аммо, ба фикри ман, агар ҳадафи нашрияҳо бештар кардани теъдоди ҳафтаномаҳост, беҳтар буд, ки бо ин коғази кӯмакӣ як муддат барои ноҳияҳои дурдаст нашрияҳоро ройгон тақсим намоянд. Зеро то ҳанӯз матбуоти Тоҷикистон аксаран дар шаҳрҳо паҳн мешаванд. Аммо ҳоло дар шаҳрҳо аксарияти мардум бо интернет дастрасӣ доранд ва шояд ба нашрияҳо таваҷҷуҳи хос сурат нагирад. Дар сурати дар деҳоти дурдаст ройгон паҳн шудани нашрияҳо имкон дошт, ки ҳам онҳо худро муаррифӣ намоянд ва ҳам мардуми аксаран бекори деҳотро бо газетахонӣ “водор” намоянд…

Рейтинг ва иқдомҳо

Масъулияти коҳиш ёфтани теъдоди нашри ҳафтаномаҳо аксари вақт ба хабарнигорони онҳо вогузор мешавад. Яъне, чун матолиби хуб наменависед, нашрияҳоро низ намехаранд. Дар ин сурат журналистон ва муҳаррирон кӯшиш мекунанд василаҳои гуногуни ҳифзи теъдоди ҳафтаномаҳоро мекунанд, то ҳади ақалл аз коҳиши теъдод пешгирӣ шавад.

Масалан, “Фараж” ва “Самак” – нашрияҳои Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон чандин сол аст, ки озмунҳои гуногун ташкил мекунанд: “Касалхонаи беҳтарин”, “Прокурори беҳтарин”, “Мактаби беҳтарин”, “ШКД –и беҳтарин”, “Овозхони беҳтарин” ва мисли ин. Ҳамин тавр, тавассути анкетаҳои хос бояд ҳар яке аз муассисаҳои ёдшуда миқдори зиёди нашрияҳоро харидорӣ намоянд ва ба ин тартиб теъдоди муайяне аз ин ҳафтаномаҳо ба фурӯш мераванд. Ба ин васила то ҷое теъдоди нашри худро ҳифз мекунанд. Вале, таври маълум, хонандагони воқеии нашрияҳо дар ин гуна озмунҳо ширкат намеварзанд.

Озмунҳои нашрияи “Тоҷикистон” каме фарқкунандаанд. Масалан, озмуне доштанд дар мавриди шеъри беҳтарин бахшида ба Истиқлолияти Тоҷикистон, ки хонандагон ашъори худро мефиристанд, нашрия онро чоп намуда, баъдан ғолибонро муайян мекард. Воқеан, дар ин озмун вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Ҳамро иштирок карда, ҷои сеюмро соҳиб шуда буд.

Махсус таъкид бояд намуд, ки ин ҳафтанома яке аз нашрияҳоест, ки теъдоди нашри худро зикр мекунад ва, агар ба он бовар кунем, рақами кам нест – ҳудуди 15 000 нусха. Эҳтимол  аз обуна низ кор бигиранд. Ҳарчанд масъалаи “обунаи иҷборӣ” барои ин нашрия, ки дар як матлаби Иршод Сулаймонӣ зикр шуда буд, аз ҷониби масъулини “Тоҷикистон” сахт эҳсосӣ мавриди вокуниш қарор гирифт. Муҳаррири нашрия Усмон Ниёзов дар шумораи дигари нашрия посухи сахт эҳсосие навишта, махсус ба ин маъно таъкид кард, ки бархе аз ҳамкасбонамон гӯё ба созмонҳои байналмилалӣ “донос” доданианд, ки «Тоҷикистон» аслан ҷонибдори ҳукумат аст ва аз ин хотир барояш грант надиҳед, кормандонашро барои таҷриба ба хориҷи кишвар нафиристед. Ва боз чизҳои дигар…

“СССР” ягона нашрияе буд, ки то соли равон обуна надошт ва сардабири он Сайёфи Мизроб мегуфт намехоҳад худ ва нашрияи худро побанди обуна намояд. Аммо имсол ба назар мерасад, ки маҷбур шудааст ба маъракаи обуна ҳамроҳ шавад. Дар омади гап, ин нашрия солҳои аввали пайдоишаш иқдомҳои ҷолибе анҷом дода буд. Масалан, вақте бозори фурӯши лампаҳои каммасраф “гардон” шуд, ин нашрия дар чанд бозори Душанбе фурӯши арзону босифати онро ташкил кард. Фурӯши чанд навъи ғизо тариқи анкетаҳои “СССР” низ мисле, ки таъсирнок буданд. Аксияҳои охирини баргузорнамудаи ин нашрия “Раиси мардумӣ” ва “Вазири мардумӣ” ном дошт ва ҳамонеро “раису вазири мардумӣ” номиданду диплом доданд, ки барояшон аз ҳама зиёд анкетаи нашрия ворид шудааст…

Мухотабони худро чӣ гуна бояд ёфт?

“Азия плюс” низ, гуфтан мумкин нест, ки аз буҳрони молиявӣ “қафо” мондааст. Ҳоло ҳам теъдоди саҳифаҳояш 24 саҳифа кам шудаанд (пештар 48 саҳифа буд), ҳам ба назар мерасад, ки реклом дар он камтар аст, агарчӣ аз нашрияҳои дигар бештар аст. ..

Воқеан,  “Азия плюс” чанд сол пеш иқдоми ҷолибе дошт. Охири ҳар сол ё аввали соли нав Умед Бобохонов гуруҳи коршиносонро аз бахшҳои мухталиф: иқтисод, фарҳанг, варзиш… ҷамъ меоварду онҳо хостаҳои худро аз “АП” ва мушкилоти мавҷуда дар ин нашрияро баррасӣ мекарданд. Барои ин “интиқодот” онҳо ҳаққи қалам ҳам мегирифтанд. Чанд бор ин иқдомро “Нигоҳ” ҳам анҷом дод.

Бар илова, охири сол ё аввали солҳои пеш “Азия плюс” анкета барои хонандагон нашр мекард ва дар натиҷаи он бурду бохти нашрияро баҳогузорӣ менамуд.

Солҳои охир ин гуна иқдомҳо дар редаксияи нашрияҳо сурат намегирад. Ба назар мерасад, ки нашрияҳо маҳз ҳамон матолиберо чоп мекунанд, ки ба онҳо писанд аст. Як сабаби кам шудани теъдоди нашр шояд дар ҳамин бошад. Эҳтимол ин майлони нави замон аст ва мардум  ҳамин тавр аз нашрияҳои чопӣ канор мераванду фаъолияти журналистонро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ назорат мебаранд. Ин эҳтимол ҳам ҷо дорад, ки хонанда аз саҳифаи нашрияҳо матолиби барои худ муҳимро пайдо накарда, ҳамин тавр эътимод ба онҳоро гум кардааст. Дар натиҷа, ин шумораҳои камро дар шакли комил онҳое мехаранд, ки  намехоҳанд мардум дар бораи “қаҳрамониашон” огоҳӣ ёбанд.

Раҷаб Мирзо

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ