ДомойНақди РасонаӣЗамзамаҳои Роғун: чи тавр каналҳои телевизионии Тоҷикистон идҳоро ҷашн мегиранд

Замзамаҳои Роғун: чи тавр каналҳои телевизионии Тоҷикистон идҳоро ҷашн мегиранд

Ҳар вақт ки Тоҷикистон идҳои бузурги давлатиро таҷлил мекунад, каналҳои асосии давлатӣ ба реҷаи кории махсус мегузаранд. Масалан, 9 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Истиқлол ҷашн гирифта шуд, ки ба он имсол оғози кори чархаи дуюми НБО-и Роғун ҳамроҳ карда шуд ва шабакаҳои давлатӣ ба қавле аз хушнудӣ таркиданд. Бо маршҳои тантанавӣ онҳо дар бораи ин чорабинӣ аз субҳ то шом сӯҳбат карданд ва ҳафтаи дигар ҳам ин корро идома доданд.

Пахши мустақим

Пахши мустақим бо нишони шабакаи «Тоҷикистон» дар ҳама каналҳои давлатӣ, аз ҷумла канали кӯдаконаи «Баҳористон», «Варзиш» ва «Футбол», рӯзи 9-уми сентябр аз соати 7-и субҳ шурӯъ шуд. Маҳз дар ҳамин лаҳза чархболи президенти Тоҷикистон, ки навбати дуввуми нерӯгоҳро бояд оғоз медод, ба майдони назди нерӯгоҳи Роғун фуруд омад. Пахши мустақимро се баранда бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шарҳ доданд.

«Мо далерӣ, қувват ва шуҷоъати коргаронро ситоиш мекунем!» — Тантанавӣ (дар чунин ҳолатҳо одатан «овози левитанӣ» мегӯянд), аммо дар ҳолати мо, бо овози занона, муоширати президентро бо коргарони истгоҳ, барандаи маъруфи телевизион Наргис Қосимова шарҳ дод.»This is fantastic moment!», барандаи дигар эҳсосоти худро ба тамошобинони хориҷӣ ,бо забони англисӣ изҳор намуд.

Ин «Лаҳзаи олиҷаноб»-ро дар утоқи мошинҳо, ки маросими ба кор дарвардани чарха он ҷо баргузор шуд, даҳҳо рӯзноманигорон ва наворбардорони хориҷӣ ва се ҳазор коргарони истгоҳ, назорат мекарданд. Барандаҳо таъкид мекарданад, ки оғози марҳилаи дуюми НБО-и Роғун аз ҷониби зиёда аз 140 рӯзноманигори ватанӣ ва хориҷӣ, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз ИМА, Италия, Олмон, Россия, Ҷопон, Британияи Кабир, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва дигар кишварҳо “ба таври васеъ инъикос мегардад”.

Рӯзи дигар, қиссаро нашрияи интернетии давлатии «Ховар» идома дод Дар сомонаи онҳо бо сарлавҳаи зерин мавод нашр шуд: «Агрегати дуюми НБО Роғун ба кор дароварда шуд! Хабар дар ин бора тавассути васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ паҳн шуд», ки дар он рӯзноманигорон «ВАО-и ҷаҳонӣ» -ро номбар карданд: Vesti.ru, АИ «УзА», АИ «Kaбар», «News Asia», «Радиои Озодӣ», АИ «Tренд», «Спутник» ва чанд нашрияи дигар.

Пас аз маросими ифтитоҳ, Эмомалӣ Раҳмон якчанд дақиқа дар утоқи мошинҳо монд; «Президент шӯхӣ мекунад ва коргаронро табрик мекунад», — шарҳ доданд барандаҳои ин маросим. Дар берун, Сарвари давлатро боз даҳ ҳазор нафар интизор буданд: мансабдорони вазифаҳои мухталиф, коргарони истгоҳ, меҳмонон ва сокинони хушсару либоси шаҳри Роғун. Камера ҳамвора гаштаву баргашта боз ҳамон чеҳраҳоро сабт мекард, барандаҳо ба бинандагон хотиррасон мекарданд, ки НБО-и Роғун объекти нодир буда, ифтихори миллат мебошад. Ҳама мунтазир буданд, ки кай президент ба минбар баромада суханронии тантанавиро шуруъ мекунад.

Ин кор дар соати 10-и руз рӯй дод: Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо Рӯзӣ Истиқлол табрик гуфта, дар бораи ин «лоиҳаи тақдирсоз барои халқ» суханронӣ кард, инчунин бинокорон, муҳандисон ва мутахассисони ҷасурро ситоиш намуда, истгоҳро «кохи нур» номид. Суханронии президент 20 дақиқа тӯл кашид ва дар охир ӯ бо эҳсос се бор «Ба пеш, Тоҷикистон» гуфта, такрор кард, ки пас аз он садои қарсаки мардум, ки даҳ ҳазор нафар буданд, бениҳоят баланд садо дод. Садои марши тантанавӣ баланд шуд ва пахши мустақим анҷом ёфт.

«Тоҷикистон»

Пас аз пахши мустақим, ҳар як шабака ба кори худ баргашт. Телевизиони «Тоҷикистон», ки шабакаи асосии телевизионии кишвар аст ва тамоми ҷумҳуриро фаро мегирад, инчунин дар хориҷа низ тамошобинон дорад, дар эфир наворҳоро аз майдони сохтмони нерӯгоҳ ва суханони пуршукуҳи барандаҳо ва садои маршҳо пахш намуд, ки бо суруди «Нури Роғун» иваз карда шуданд. Сипас, бо чунин равиш (маршҳо, эпитҳо) наворҳои Душанбе пайдо шуд: боғҳо, муҷассамаҳо, гулҳо. Бори дигар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва сипас боз – Душанберо нишон доданд. Соати 11-и саҳар, як барнома бахшида ба нерӯгоҳ оғоз шуд, пас аз он ахбор пахш шуд, ки боз ҳам сюжети нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар он аввалин буд. Ғайр аз нерӯгоҳи барқи обӣ, дар ин нашр, рӯзноманигорон дар бораи Рӯзи Истиқлол ва дар бораи ба Кӯҳистони Бадахшон ворид шудани таҷҳизоти нав — мошинҳои боркаш, сӯҳбат карданд. Пас аз ин хабарҳо, наворҳо аз майдони сохтмон ва манзараҳои Душанбе идома ёфтанд, аммо дере нагузашта онҳо бо мусоҳиба бо коргарони сохтмон иваз карда шуданд, ки ному насаб ва мансабашон аз ҷониби рӯзноманигорон дарҷ нашуд ва аз он, ки инҳо кормандони Роғунанд, танҳо ҳадс задан мумкин буд. Коргарон ҳамчунин гуфтанд, ки сохтмони Роғун як объекти хеле муҳим аст ва ҳатто андешаҳои худро бо шеър иброз карданд.

Сипас дар фосилаи наворҳо аз майдони сохтмон ва тахтҳои гулҳо, мусоҳиба бо президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ идома ёфт, ки ӯ … дар бораи НОБ ​​ва истиқлол суханронӣ кард. Ногаҳон, дар мобайни намоиши ҷашнӣ барномаи «Имрузи Чаҳон» пахш шуд, ки мавзӯъҳои дар ин барнома ҷамъоваришуда инҳоянд:

Тӯфон дар Канада;

Тӯфон дар ИМА

Ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон;

Ҳамлаи террористӣ дар Буркина Фасо;

Ҳамлаи террористӣ дар Ироқ;

Дар ИМА як киштии боркаш ғарқ шуд;

Дар Марокаш садамаи калон ба амал омад;

Дар Хитой тӯфон;

Дар Хитой заминҷунбӣ;

Дар Ҷопон тӯфон;

Дар Фаронса гармӣ.

Бо ҳамин барномаи хабарҳои ҷаҳонии рӯз ба итмом расид.

Пас аз он боз наворҳо аз сохтмони истгоҳ шуруъ шуданд ва баъдан барандаҳо бо либосҳои шинаму зебо пайдо шуданд, ки навбат ба навбат мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлол бо шеър табрик мегуфтанд.

Инак дар экран як бонуи ҷавону олуфта пайдо шуд, ки дар саҳни китобхона қадамзанон бо эҳсосот ва таваққуфҳои театрӣ, дар бораи он, ки истиқлоли ҷумҳурӣ барои ӯ чӣ аҳамият дорад, сухан мекард ва боз дар ин мавзӯъ як ҷавони сохтмончӣ, сипас рассом, духтур, марзбон сӯҳбат карданд. Номи ин қаҳрамонон маълум нашуд, зеро хабарнигорон муаррифиашон накарданд.

Ғайр аз он, дар бораи истиқлол кормандони соҳаи маориф ва Суди Олӣ сухан карданд. Судяҳо ва муаллимон (рӯзноманигорон номҳои онҳоро гуфтанд) дуру дароз дар бораи он, ки чӣ гуна истиқлол ба самтҳои фаъолияташон таъсири мусбат расонд, сӯҳбат карданд. Пас аз он, боз наворҳо аз Роғун, Душанбе, маршҳои тантанавӣ ва дастовардҳои истиқлол — мактабҳои нав, беморхонаҳо, роҳҳо, нерӯгоҳи Роғун, албатта, ва ғайра.

Тақрибан соати панҷи бегоҳ барномаи «Истиқбол аз Истиқлол» оғоз ёфт. Ровӣ дар бораи истиқлол (таъсири мусбатии он) сӯҳбат кард, пас аз он ҳозирини студия бо навбат, вале бо суханони худ ,ин нуктаро тасдиқ карданд.

Дар фосилаи байни ин барнома ва оғози пахши мустақими дуюм,( ин дафъа аз «Наврӯзгоҳ») ки бахшида ба Рӯзи Истиқлол базм баргузор карда шуд, дар шабака бори дигар наворҳо аз майдони сохтмон ва манзараҳои Душанбе намоиш дода шуданд. Консерт соати ҳафти бегоҳ оғоз шуд ва боз дар ҳама шабакаҳои телевизионӣ пахши мустақим шурӯъ гардид. Ҳунармандони маъруф ва на он қадар маъруф дар саҳна бо сурудҳои худ, инчунин сурудҳои Селин Дион ва Дима Билан баромад карданд. Дар назди онҳо дар саҳнаи калон, донишҷӯёне, ки барои ин консерт дар тӯли якчанд моҳ тамрин карда буданд , мувофиқи завқашон мерақсиданд.

Концерт бо фейерверки бошукӯҳ ба поён расид; солҳои охир дар Душанбе дар маросимҳои мухталиф аз солютҳо истифода мекунанд. Пас аз анҷоми фейерверк шабакаи «Тоҷикистон», пахши консерти идонаро, ки тоза ба итмом расида буд, дубора оғоз кард.

«Ҷаҳоннамо»

Шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» низ давлатӣ аст, аммо каме демократитар ҳисобида мешавад, агар чунин гуфтан мумкин бошад ва барои аудиторияи ҷавонон пешбинӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, дар он рӯз ӯ низ аз пафос канорагирӣ карда натавонист ва ғайр аз муҳтавои худ он чизеро пахш кард, ки дар шабакаи «Тоҷикистон» буд ё ба он шабеҳ . Масалан, мусоҳибаҳо бо кормандони истгоҳ, ки исмашон дарҷ намешуд ва суханронии кормандон дар бораи беназир будани ин сохтмон, минҷумла тариқи шеърхониҳо. Бояд қайд кард, ки ин мусоҳибаҳо дар шабакаи «Ҷаҳоннамо» аз шабакаи «Тоҷикистон» дида ҳатто каме пештар пайдо шуданд.

Ба ғайр аз мусоҳибаҳои якзайл, ҳарду шабакаи телевизионӣ мухлисони бузурги формати «Бидуни шарҳ» ҳастанд — қисми бештари пахши идонаӣ «Тоҷикистон» ва «Ҷахоннамо» наворҳо аз сохтмони НБО-и Роғун ё манзараҳои хиёбонҳо ва боғҳои Душанбе, табиати Тоҷикистон — кӯҳҳо, боғҳо, бустонҳо — дар зери маршҳои тантанавӣ ё оҳангҳои лирикӣ мебошанд. Воқеан, ман тамоми рӯз бо воситаи барномаи Шазам мусиқиҳоро дар шабакаи «Тоҷикистон» пайгирӣ кардам, мутаасифона, ин барнома ягон сурудро шинохтан натавонист , аммо дар шабакаи «Ҷаҳоннамо» ин барнома «Ранетки» ва мусиқии «X-Files» пайдо кард. Воқеан, охиринашро кормандони телевизиони тоҷик зиёд дуст медоранд.

Дар пахшҳои хабарии «Ҷаҳоннамо», ба ғайр аз мавзӯъҳои асосии рӯз, инчунин дар бораи корхонаи тавлиди автобус, ки ҳамин баҳор дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, занони ҳунарманд аз минтақаҳои гуногуни кишвар, ки намунаҳои аҷоиби гулдузӣ меофаранд ва дар бораи лимӯҳои машҳури тоҷик гуфтанд, ки баъд аз ду моҳ ҷамъоварӣ хоҳанд шуд.

Гоҳ гоҳ, графикаи видеоӣ бо рақамҳои асосии марбут ба НБО пайдо мешуданд. Бегоҳӣ, дар шабака табрикоти сарони давлатҳои гуногун ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни Истиқлоли ҷумҳуриро пахш карданд. Пас аз он боз як навор аз майдони сохтмони нерӯгоҳ ва Душанбе, сипас пахши мустақими консерт дар «Наврӯзгоҳ».

Бояд қайд кард, ки фейерверкҳои ҷашниро Президенти Тоҷикистон шахсан худаш оғоз бахшид: вай бори дуюм дар як рӯз тугмаро пахш кард ва рақамҳои дурахшони «28» аз ду тарафи саҳна ба осмон рафтанд ва сипас салютҳои маъмулӣ таркиданд. Мардум хушнуд буданд. Аввалан, такрор шавад ҳам — фейерверкҳо дар Душанбе воқеан хеле зебо мебошанд ва дуюм, пас аз поёни ҷашн маълум шуд, ки мардум худ низ “тир холӣ карданд”: донишҷӯён аз тамринҳои бепоён, хизматчиёни давлатӣ   шанбегиҳо ва ман тамошои эфирро ба поён расонидем. НБО Роғун иншооти воқеан ҷиддист, ки миқёси хеле васеъ ва илова бар ин, таърихи хеле тулонӣ дорад, ки солҳои 30-юм шурӯъ шудааст ва хеле таъсирбахшу ҷолиб аст. Ба кор андохтани чархаи дуюм дар рӯзи Истиқлол як амали қобили фаҳм аст, аммо таъсири он бо сабаби аз ҳад зиёд будани пафос дар шабакаҳо коҳиш меёбад. Аз сабаби мадҳияхонии зиёди шабакаҳо, барои таърихи пурра ва объективии он ва барои қиссаҳои ашхоси марбут ба ин неругоҳ ҷой намонд, ҳамчунин маълумоти дастрас ва муназзам дар бораи ин, ки чи рух медиҳад, низ набуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ