ДомойМедиалентаПурсарусадотарин ҷанҷолҳои расонаӣ дар соли 2019 дар Осиёи Марказӣ

Пурсарусадотарин ҷанҷолҳои расонаӣ дар соли 2019 дар Осиёи Марказӣ

Cоли гузашта бозори расонаҳо дар Осиёи Марказӣ хеле гарм буд: ҳамлаҳо ба рӯзноманигорон, даъвоҳои ҷуброн   аз нашрияҳо бо маблағи миллионҳо  ва инчунин кашмакашиҳо дар атрофи дафтари минтақавии «Радиои Озодӣ», ки ҳатто берун аз Осиёи Марказӣ муҳокима мешуд. Мо дар бораи ҷанҷолҳои пурсарусадотарини соли 2019 сӯҳбат хоҳем кард.

Қазоқистон: ба маҳбас кашиданҳо ва фошсозиҳо

19 марти соли 2019, соати 19:00 бо вақти Остона, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки аз соли 1989 инҷониб ҷумҳуриро раҳбарӣ мекунад, эълон кард, ки ба истеъфо меравад. Ин ҳодиса кишварро ба ларза овард, аммо дере нагузашта эҳсоси шодмонӣ ва ҳузн хотима ёфтанд, чун маълум шуд, ки президент аз кори давлатӣ дур нарафтааст. Одамон худро фиребхӯрда эҳсос карданд ва бо овози баланд норозигии худро баён карданд. Тазоҳурот дар Алмаато ва Остона оғоз шуда, ки аз рафти он рӯзноманигорони қазоқ бо диққат назорат  карданд. Дар митинги пойтахт, ки 22 март баргузор шуд, одамони ношинос бо либоси мулкӣ ба хабарнигорони «Радиои Азаттик» ва лоиҳаи «Настоящее Время», ки рафти боздошти шаҳрвандонро инъикос доштанд, кӯшиши  халал расондан карданд. Ҷавононе, ки худро «донишҷӯ» меномиданд, кӯшиш мекарданд, ки линзаи камераро пӯшонанд ва аз рӯзноманигорон даъват мекарданд, ки сурудҳо ва рақсҳояшонро ба ифтихори Наврӯз ба наворн гиранд, на боздоштшудагонро.

Худи ҳамон рӯз дар Остона  хабарнигори «Настоящая Время» Светлана Глушкова боздошт шуд. Полис исрор мекард, ки аз болои рӯзноманигор  духтаре, ки гӯё Светлана ӯро тела дода бошад, ариза навиштааст. Баъдтар хабарнигорро бе эълони айб ва протокол раҳо карданд. Аммо 31 март вай  дар фурудгоҳи пойтахти Қазоқистон боз дастгир шуд. Пас аз се рӯз, додгоҳи маъмурии Нурсултон ба Светлана Глушковаро ба андозаи 25,250 ҳазор танга  (бо қурби моҳи апрел — 66 доллар) ҷарима кард. Чи тавре ки  дар чунин ҳолатҳо интизор меравад,  ҳамкасбон ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон барои дифоъ аз хабарнигор  садо баланд намуданд; нашрияҳои «Радиои Азаттик» ва «Настощее Время»  матлабҳои зиёде нашр намуданд. Аммо пас аз шаш моҳ, Светлана Глушкова аз «Настоящее Время» ронда шуд  Ӯ нашрияи худ ва  «Радиои Озодӣ»  -ро дар ҳамкорӣ бо Оқорда  айбдор кард.

Ба пуштибонӣ аз ӯ Асем Токаева бархост, ки аз соли 2010 то охири соли 2017, ҳамчун муҳаррири сомонаи русзабони «Радиои Азаттик» кор кардааст. Асем гуфт, ки Светлана муддати дароз дар идораи нашрия таъқиб карда мешуд.

«Бо вуҷуди дасисаҳои хурду калон нисбати ӯ, Светлана Глушкова ҳамеша гузориши банақшагирифташударо таҳия мекард. Ӯ дурӯғ ва беадолатиро қабул надорад, бо мавқеи принципиалии ҳамеша рост гуфтанаш дар хотир мондааст ”, -навиштааст Асем дар бораи ӯ. Акнун Светлана дар саҳифаи  Facebook-иаш, қариб ҳама постҳояшро  ба фош кардани кори «Радиои Азаттик»  мебахшад. Нашрия бошад ба ин айбдоркуниҳо аксуламал нишон намедиҳанд.

Тоҷикистон: тафтишот ва аз кор озод карданҳо

Аммо дар Тоҷикистон, намояндагии «Радиои Озодӣ»  дар вазъияти боз ҳам душвортар қарор дошт. Дар аввали моҳи феврали соли 2019, беш аз 20 олим ва коршиноси донишкадаҳои мухталифи Амрико, Аврупо ва Осиё бо дафтари марказии RFE/RL муроҷиат карданд, ки  роҳбарияти «Радиои Озодӣ» аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон назорат карда мешудааст.

Пас аз якуним моҳ, 25 марти соли 2019, хадамоти матбуоти «Радиои Озодӣ» изҳороти иҷрокунандаи вазифаи президенти ин созмон Дейзи Синделарро нашр кард. Ба гуфтаи вай, дар робита ба айбдоркунӣ дар фаъолияти ғайрикасбӣ ва дахолати давлат ба кори «Радиои Озодӣ» тасмим гирифта шуд, ки сиёсати нашриявии «Радиои Озодӣ» таҳлил карда шавад.

Таҳқиқот сари чаҳор мавзуъ қарор дошт: инъикоси субъективии ҳаёти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нашри матлабҳои ситоишӣ ва ғайриттилоотӣ дар бораи хонаводаи президент ва мансабдорони баландпоя, сарфи назар кардани гузоришҳои ғарбӣ оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин инъикоси ғаразноки фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ин созмон аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 террористӣ эътироф шудааст) .

«Санҷиш нишон дод, ки дар ҳама чаҳор ҷанбаи фаъолият хадамоти тоҷикии PFE / RL  стандартҳои ин созмонро риоя намекунад ва мо барои ислоҳи ин камбудиҳо аллакай чораҳои зарурӣ андешидаем», — омадааст дар изҳороти дафтари марказии нашрия.

Як рӯз пас аз гузориш, нашрияи Eurasianet таҳқиқоти васеъро дар бораи фаъолияти «Радиои Озодӣ» омода кард, ки дар он  роҳбарияти дафтарро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои  ҳукуматӣ айбдор кард. Дар таҳқиқот гуфта мешуд, ки ҳар субҳ рӯзноманигорони «Радиои Озодӣ» мавзӯъҳои худро ба роҳбари хадамоти тоҷикӣ  Соҷида Мирзо пешниҳод мекарданд ва аз муҳаррир «гузарондани» мавзӯъҳои интиқодӣ дар бораи ҳукумат хеле мушкил буд. Матлабҳо дар бораи наздикони  президент, қариб ки номумкин буданд.

Пас аз чанде Дейзи Синделар иҷрокунандаи вазифаи президенти «Радиои Озодӣ» (RFE/RL) бо ин айбдоркунӣ қисман розӣ шуд. Дар изҳороти худ вай гуфт, ки идораи марказии нашрия таҳқиқи фаъолияти намояндагиро дар Тоҷикистон оғоз кард ва таҳлил нишон дод, ки кори хадамот дар Тоҷикистон ба стандартҳои қабулнамудаи ин созмон ҷавобгӯ нест. Якуми апрели соли 2019 директори «Радиои Озодӣ» Соҷида Мирзо аз кор озод карда шуд.

Узбекистон: таҳқирҳо ва  фишорҳо

Дар Узбакистон низ соли 2019 барои расонаҳо пурҷушу хуруш буд. Дар ин ҷо як рӯйдоди бузурге рух дод, ки тамоми ҷомеаи журналистиро ба ангеза овард. Моҳи августи соли ҷорӣ Kun.uz хабар дод, ки муовини ҳокими ноҳияи Алмазари Тошканд Абдурасул Ваҳҳобов ба хабарнигори нашрия ҳамла кардааст.

Рӯзноманигорон манфиатҳои соҳибкорони хусусиеро ҳимоя мекарданд, ки бо супориши мақомот барои оилаҳои камбизоат дар маркази ноҳияи Алмазар хонаҳои истиқоматӣ сохтаанд, аммо аз ҳокимият маблағеро нагирифтанд, ки  бояд хароҷоти онҳоро ҷуброн мекард. Ҳангоми омода кардани сюжет, ҷонишини раиси ноҳия аз худ баромад ва аз паси наворбардор барои қатъ кардани сабт  давиданро оғоз карда. Ҳамзамон, ӯ доимо аз корманди ВАО мепурсид: » Узбек ҳасти?» Мансабдор инчунин дод зада мегуфт, ки рузноманигоронро  дастгир карда ба додситонӣ супурдан зарур аст. Чунин ҳолат дар ҳузури дигар кормандони ҳокимият ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рух дод. Ба гуфтаи хабарнигорон, мансабдор инчунин штативи онҳоро шикастааст.

Абдурасул Вахобов

Дар аввал мансабдор айби худро эътироф намекард ва мегуфт, ки вай дар бораи ин ҳодиса бори аввал мешунавад, аммо баъд гуфт, ки рӯзноманигор аз ӯ  қитъаи замин талаб кардааст.

Бо дастуруи ҳокими пойтахт Ҷаҳонгир Ортиқходжаев барои нармтар шудани вазъ ва ҳалли муноқиша дар ҳомкимияти шаҳр вохӯрӣ миёни роҳбари хадамоти матбуоти Тошканд ва намояндагони Kun.uz баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Абдурасул Ваҳҳобов иқрор шуд, ки нодуруст рафтор кардааст ва аз кормандони редаксия узр пурсид. Аммо ин кор намояндагони нашрияро қонеъ накард.

Пас аз вохӯрӣ, рӯзноманигорон тасодуфан дар бино ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро вохӯрдаанд ва гӯё байни онҳо сӯҳбате оғоз шудааст ва яке аз хабарнигорон  бе огоҳӣ  диктафонро фаъол карда садои ҳоикимро сабт кардааст ва сипас порчае аз он сабт дар Интернет нашр шудааст.

«Онҳо кистанд? Онҳо пасттарин махлуқотанд! Онҳо фарзандони инсонанд ё аз саг? Бемаслакони ифлос ва бенаво! Петухҳо, ки аз ҳартарф иҳота мекунанд, мекӯшанд, ки ҳамаро шарманда кунанд. Ман кореро карда метавонам, ки маҳалла шуморо қабул намекунад. Ман инро карда метавонам. Чунон кореро мекунам, ки падару модаратонро масхара кунанд. Ман кореро карда метавонам, ки ҳамсоягонатон аз дидани шумо шарм хоҳанд кард. Ман инро карда метавонам. Чӣ, барои ман гей эълон кардан шумо душвор аст? Ин осон аст! Осон! Озодии сухан! Дар шаш сония ман шуморо дар таксӣ бо гейҳо мешинонам ва тамом ! Акс мегиранд ва шуморо “гей” эълон мекунанд”, -мегуяд марде бо забони омехтаи узбекӣ ва русӣ.

Нашрияи Kun.uz рӯзи 17 ноябр дар сомонаи худ изҳор дошт, ки ба паҳнкунии ин сабт ҳеҷ иртиботе надорад. Рӯзи дигараш нашрия эълон кард, ки хабарнигорон бо ҳоким мулоқот карданд ва тамоми масъалаҳоро ҳал карданд.

Джахонгир Артыкходжаев

“Мо расман изҳор медорем, ки тамоми нофаҳмиҳо дар байни рӯзноманигорони дастаи мо ва раиси шаҳр бартараф карда шудаанд. Мо ба ҳамдигарфаҳмӣ ва мувофиқа расидем. Мо аз шарҳи ҳоким дар бораи ин вазъ комилан қаноатмандем. Мо аз ҳамкасбони худ, рӯзноманигорони дигар нашрияҳо ва блогнависон барои дастгирии фаъол изҳори ташаккур мекунем ва хоҳиш мекунем, ки ин масъаларо дигар муҳокима накунанд, зеро мо намехоҳем, ки ин муноқишаи комилан дуҷониба василаи дасти ягон нерӯҳои сиёсӣ ва ҷонибҳо барои манфиатҳои танг ва ғаразнокашон гардад»,- гуфтанд хабарнигорон.

Қирғизистон: даъвоҳои судӣ,

Моҳи ноябри соли ҷорӣ нашрияҳои «Клооп», «Азаттик» ва OCCRP тадқиқоти журналистӣ оид ба  фасод дар байни мансабдорони баландпояи Қирғизистонро нашр карданд. Райим Матраимов, собиқ муовини сардори гумрук,  барои ҳифзи шаъну шараф ва шаъну эътибори корӣ алайҳи «Азаттик», «Kлооп» ва инчунин бар зидди сомонаи хабарии 24.kg, ки тадқиқоти ҳамкасбонашро дар сомонаи худ нашр кардааст, ба суд даъво кард.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон, тӯли солҳои зиёд дар Қирғизистон як шабакаи васеии ҷиноӣ бо иштироки мансабдорони баландпоя амал мекардааст. Клани оилаи Абдукодир (соҳибкорони чинии уйғуртабор) интиқоли яклухти воридоти молро ба бозорҳои Қирғизистон назорат мекарданд ва молро ғайриқонунӣ аз хориҷа меовардаанд ва барои он ки гумрук ба ин чашм пӯшад, ба роҳбарони  гумрук,  хусусан ба Матраимов, ришваҳои калон медодаанд.

Ин шабака вақте ошкор шуд, ки Айеркен Саймаити дар Истанбул  тирамоҳи соли 2019 кушта шуд. Вай ба таври касбӣ ба шустушӯи пул аз тиҷорати бозорҳо машғул буд. Дар тӯли панҷ сол, ба гуфти ӯ 700 миллион долларро тариқи шабакаи курерҳои махсус, ки пулро ҳамчун моли худ нишон дода, ба хориҷа мебурданд, пулшӯӣ кардааст.

Аз ҳар се нашрия оилаи Матраимовҳо 60 миллион сом (850 ҳазор доллар) ҷуброн талаб карданд. 19 декабри соли равон дар Суди ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек мурофиаи пешакӣ баргузор шуд. Судя се дархостро баррасӣ кард: вай аз ифшои номҳои рӯзноманигорон худдорӣ кард, васоити ахбори оммаро барои паҳн кардани тафтишот манъ накард, вале  аксбардорӣ ва наворгириро манъ кард. Гузашта аз ин, масъалаи манъ будани пахши  аудиоӣ аз толори додгоҳ муҳокима нашуда буд ва «Азаттик» аз раванди мурофиа пахши мустақими аудиоиро анҷом дод.

Мурофиаи судӣ 20 январи соли 2020 идома хоҳад ёфт.

Зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти сол президенти Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков, ки 25 декабр баргузор шуд, журналистон наметавонистанд  ин мавзӯъро матраҳ  накунанд.

“Шумо дар бораи Райим Матраимов мегӯед. Ба таври маҷозӣ агар бигӯем, аз солҳои 90-ум чунин шахсони мансабдори фасодзада даҳҳо не, балки садҳо нафар буданд . Шумо корманди оддии гумрукро дидаед? Ба ҳолати ӯ нигоҳ кунед, амволаш яке аз дигараш дида  беҳтар аст. Ин гуна нафарон зиёданд. Ман мегӯям: ба ман кӯмак кунед. Ташаккур ба васоити ахбори омма, ки менависед, шумо ба мо бисёр кӯмак мекунед », -гуфт президент ба хабарнигорон. Ва илова кард: » Мехоҳанд Матраимовро рамзи фасод кунанд ва ба ман рабташ  диҳанд.»

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ