Соли гузашта (аз моҳи феврал то ноябр) 44 расонаи чопӣ ва интернетӣ дар Тоҷикистон меъёрҳои ахлоқии журналистиро 384 маротиба вайрон карданд. Аксар вақт, рӯзноманигорон банди «Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама» -ро нодида мегиранд. Риоя гардидани меъёрҳо аз ҷониби Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, созмоне, ки расонаҳоро дар асоси 17 банди меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ назорат мекунад, муайян мегардид. Дар зимн бояд гуфти, ки ҳоло ба ин санад тағйиротҳо ворид карда мешаванд, ки шумо метавонед онҳоро дар ин ҷо бихонед.
Барои гирифтани маълумот дар бораи он, ки рӯзноманигорони тоҷик тӯли 10 моҳи соли 2020 бештар кадом меъёрҳоро риоя накардаанд, ба инфографикаи “Новый репортер” назар кунед.
Дар зимн бояд гуфт, ки риояи меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон ихтиёрӣ аст ва Шӯрои ВАО ҳич абзори фишор ба рӯзноманигоронро надорад. Аммо ин созмон мониторинги риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар расонаҳои Тоҷикистонро роҳандозӣ намуда, шурӯъ аз соли 2021 натиҷаҳои таҳқиқотро дар сомонааш нашр мекунад ва як навъ рейтингҳои риоя нашудани меъёрҳои ахлоқиро тартиб медиҳад. Муаллифони мониторинг умедворанд, ки дар баробари ошкорбаёнӣ масъулият низ хоҳад омад.
Ғайр аз ин, то соли 2021 Шӯрои ВАО танҳо он расонаҳое, ки ба ин созмон шомиланд (68 ВАО) назорат мекард. Ҳоло Шӯро ҳуқуқ дорад, ки шумораи расонаҳоро барои мониторинги ҳармоҳа васеъ кунад.