ДомойМедиалентаШуморо ба омӯзиши кушода доир ба “малакаҳои бунёдии рӯзноманигорӣ” даъват менамоем

Шуморо ба омӯзиши кушода доир ба “малакаҳои бунёдии рӯзноманигорӣ” даъват менамоем

Рӯзноманигор: як қиссагӯи бетараф ё як иштирокчии фаъоли ҳодисаҳо?

26 май омӯзиши “малакаҳои бунёдии рӯзноманигорӣ” оғоз меёбад. Ҷаласаҳои рӯзи аввали омӯзиш кушода хоҳанд буд – пахш ба забони русиро тавассути аккаунти Internews дар Facebook дидан метавонед. Дастрасӣ ба пахш дар Zoom низ, бо тарҷума ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, кушода хоҳад буд.

Ҷаласаи кушода 26 май аз соати 16:00 то 18:30 ба вақти Алмаато баргузор мегардад.

Аз соати 16:00 то 18:00 шумо фурсат доред суханронии мураббии расона аз Федератсияи Русия Виктор Мучникро дар мавзӯъи “Ахбор чист ва рӯзноманигорӣ барои чӣ лозим аст?”. “Мо барои кӣ ахбор омода мекунем? (мухотабони мо киҳо ҳастанд?)” бишнавед. Аз соати 18:00 то 18:30 бо иштироки се муҳаррир аз се кишвари Осиёи Марказӣ: Айнур Коскина (Қазоқистон), Олга Тутубалина (Тоҷикистон) ва Андрей Тешаев (Узбекистон) як мубоҳиса баргузор мешавад. Муҳаррирон хусусиятҳои ахбор ва тарзи пешниҳоди онро дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Омӯзиш доир ба “малакаҳои бунёдии рӯзноманигорӣ” махсуси рӯзноманигорони навқалам, донишҷӯён ва хатмкардагони шӯъбаҳои журналистика мебошад. Фаъолтарин иштирокчиён  имкони идомаи таҳсилро ба даст хоҳанд овард. Омӯзишро ширкати T.B.D (Қазоқистон) ва Khoma.tj (Тоҷикистон) дар ҳамкорӣ бо Internews ташкил кардаанд.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ