Яке аз бузургтарин онлайн-нашрияҳои Тоҷикистон – «Оила» сюжетеро дар бораи кӯдаки 10-сола нашр кард, ки мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Ин қиссаро дар назди камера худи кӯдак ва модараш ба таври муфассал нақл мекунанд. Рӯзноманигорон чунин меҳисобанд, ки бо ин роҳ онҳо ба қурбониён барои расидан ба адолат кӯмак мекунанд. Аудиторияи (мухотабони) «Оила» интиқоди хашмгинонаи худро ба нашрия фурӯ рехтанд.
Манижа Қурбонова, мунаққиди расонаии «Новый репортер» ин ҷанҷолро баррасӣ намуд.
Сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлони Тоҷикистон, омӯзгор Шоҳона Саидалиеваро акнун шояд тамоми кишвар мешиносад ва ин ба муваффақиятҳои касбӣ ё шахсии ӯ ҳеҷ рабте надорад. Гап сари он аст, ки дар оилаи нопурраи ӯ, ки дар он вай «ҳам зан ва ҳам мард» аст, ғаму андӯҳ рух дод: як марди 23-сола (номаш зикр карда намешавад) писари 10-солаи ӯ М.-ро (номаш зикр карда шуда буд) таҷовуз кард. Бояд зикр кард, ки таҷовуз ду маротиба рух додааст. Инро Шоҳона тасодуфан фаҳмид, вақте ки писараш дар хоб фарёд зад: «Даст нарасон, дард мекунад!» Ҷиҳати бовар кунонидани писарбача барои гуфтани ҳақиқат хеле вақт лозим шуд: ӯ сахт тарсида буд, зеро шахси таҷовузгари ношинос таҳдид кардааст, ки агар сир фош шавад, ӯ ва модарашро ба қатл мерасонад. Аммо, дар охир писар ҳама чизро нақл кард.
Қисса, албатта, даҳшатовар аст. Аз он ҳуш аз сар мепарад ва ҳар шахсе, ки дар бораи он мешунавад, аз фарзандони худ фикр мекунад. Танҳо метавон ба муфаттишоне ҳамдардӣ кард, ки бо ин парванда сарукор доранд, зеро онҳо барои пурра ошкор кардани хусусияти ҷиноят маҷбур мешаванд даҳҳо маротиба аз кӯдаки ноболиғи ҷабрдида саволҳои вазнин пурсанд. Аммо, чунон ки маълум шуд, на танҳо милитсия, балки рӯзноманигорон низ омодаанд, ки ин корро бар уҳда гиранд.
Агар сайти нашрияи «Оила» намебуд, мо дар бораи ин қисса чизе намедонистем. Нашрияи «Оила» на танҳо дар бораи он нақл кард, балки ҳамчунин онро намоиш дод. Дар сюжети видеоии худ рӯзноманигорон талош намуданд, ки тамоми фоҷиаи як омӯзгори ғамзадаи деҳотиро нишон диҳанд. Вай дар кадр гиря мекард ва якҷо бо ӯ писари хурдакаке низ гиря мекард, ки модарро ба оғӯш гирифта буд. Ҳарчанд муаллифони сюжет рӯи писарчаро нишон надоданд, вале онҳо ҳамаи чизҳои дигарро пурра нишон доданд.
«Аз рӯи мулоҳизаҳои ахлоқӣ, мо наметавонем ба шумо чеҳраи писарбачаро нишон диҳем, аммо худи ноболиғ ин ҳодисаро чунин шарҳ дод», — хабар дод садои занона аз пушти кадр.
Кӯдак, чеҳрааш пинҳон карда шуда бошад ҳам, маълум аст, ки дар як ҳолати душвори эҳсосотӣ қарор дорад. Рӯзноманигор (хонум) ба ӯ саволҳои мустақим дод ва аз нигоҳи равонӣ ба ӯ фишор овард, ки хилофи меъёрҳои вуҷуддоштаи кор бо шахсони ноболиғ мебошад. Бо вуҷуди он ки модар эҳтимол розигии худро ба ин мусоҳиба додааст, рӯзноманигорон бояд он нуктаро дар назар мегирифтанд, ки на модар ва на кӯдаки ӯ то охир аҳамияти мусоҳиба ва оқибатҳои маводро барои худ комилан дарк карда наметавонанд.
Дар поён, мо порчаеро аз мусоҳибаи писарбача меорем ва дар зимн огоҳ месозем, ки одамони махсусан ҳассос беҳтараш онро нахонанд.
Ҳамин тавр, чӣ гуна амал кардани шахси таҷовузгар бо кӯдакро аввал худи рӯзноманигор нақл кард, сипас муаллифони сюжет сабти аудиоии мусоҳибаи писарбачаро фаъол карданд. Дар тӯли мусоҳиба, ӯ гирякунон бори дигар дар бораи далели таҷовуз ба таври муфассал нақл кард: чӣ гуна таҷовузгар таҳпӯши ӯро кашида, рӯяшро ба тарафи девор гардонид (амалҳо дар як қитъаи партофташуда дар ҳудуди мактаб сурат гирифтаанд), чӣ гуна «амалеро анҷом дод, ки он бисёр дарднок буд ва мақъад ба сӯзиш даромад». Вақте ки таваққуф сурат гирифт, шахси мусоҳибакунанда пурсид: «Пас чӣ шуд?» «Пас аз он ман таҳпӯши ифлосро дар оби облӯла (водопровод) шуста, онро пӯшидам ва ба хона гурехтам». Вақте ки ин мусоҳиба идома дошт, муаллифон пойҳои кӯдакро нишон доданд, ки дар курсии нашрияи «Оила» нишаста буд ва писарбача чунон ба ҳаяҷон омада буд, ки ҳатто наметавонист пойҳояшро ба фарш гузорад. Пас аз нақли писар, модараш ҳамон як қиссаро боз ҳам муфассалтар нақл кард. Ҳангоми нақл кардани қисса зан гиря мекард ва кӯдак ҳар дафъа ба ӯ часпида ҳамчунин ба гиря медаромад.
Модару кӯдак ҳамаи лаҳзаҳои мудҳиштарини зиндагиашонро дар назди аудиторияи бузурги «Оила» такрор ба такрор аз сар гузарониданд. Дар поёни сюжет рӯзноманигорон қайд карданд, ки барои онҳо муҳим аст, ки мақомот ба мушкили таҷовузи кӯдакон таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. «Оила» тавонист ҷомеаро ба изтироб андозад: дар “YouYube” бештар аз 400 ҳазор тамошо ва бештар аз чор ҳазор шарҳ мавҷуд аст. Танҳо як корбари Фейсбук Салимҷони Ансорӣ видеои «Оила”-ро бо муроҷиати кӯтоҳе ба раиси парламент Рустами Эмомалӣ ва прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон барои кӯмак дар таҳқиқи ин парванда нашр карда, бештар аз 44 ҳазор тамошо, 713 шарҳ ва 918 репостро дарёфт кард!
Бо вуҷуди ин, дар шарҳҳо, қисми назарраси аудитория бар зидди ин гуна сюжетҳо назари худро баён намуда, ба муаллифон хашми зиёди худро фурӯ рехтаанд.
«Қурбониёнро бояд нишон намедоданд ва номҳояшонро бояд пинҳон медоштанд. Он чизе, ки бо кӯдак рух додааст, Худо онро нишон надиҳад. Аммо онҳое, ки дар бораи он иттилоотро паҳн кардаанд, лутфан тавре кор кунед, ки касе ин одамони бечораро нашиносад. Зеро кӯдак калон мешавад ва ҳамаи ин дар оянда ба обрӯи ӯ таъсир мерасонад”, — навиштааст корбар Руслан.
Марҷона Гаварова низ бо ӯ ҳамраъй аст ва ӯ навиштааст, ки «ҳеҷ кас дар бораи ояндаи кӯдак фикр намекунад, ки бо ин зиндагӣ хоҳад кард».
Дар воқеъ, дар моддаи 16 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёти шахсӣ муайян карда шудааст: «Қонун бояд ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, хона, муошират ва обрӯ (ё номи неки кӯдакон)-ро аз ҳар гуна дахолат ҳифз намояд». Дар бораи ин ҳамчунин дар моддаи 11-и Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» гуфта шудааст, ки дар он ҳуқуқи кӯдак ба дахлнопазирӣ, шаъну шараф ва ҳаёти шахсӣ муайян карда шудаанд.
Қисми дигари корбарон пас аз тамошои сюжет дар канали «Оила» дар Ютуб ба ҷустуҷӯи координатаҳои дақиқи «муаллима Шоҳона» шурӯъ карданд, то ки ба ӯ шахсан кӯмак кунанд. Охир, дар сюжети видеоии эмотсионалӣ зани ҷавони зебо на танҳо дар бораи фоҷиа, балки дар бораи зиндагии оилавии нокоми худ бо шавҳари собиқаш нақл кард, ки қисми зиёди ҳаёти оилавиро дар муҳоҷирати меҳнатӣ сипарӣ намудааст ва ҳангоми ба хона баргаштан бо таҳрики доимии модар ва бародараш занашро латукӯб мекард. Шоҳона дар ҳодисаи рухдода ҳамчунин шавҳари собиқашро гунаҳкор медонад. «Агар фарзандони ман падар медоштанд, ҳеҷ кас ҷуръат намекард, ки моро озор диҳад», — зан гирякунон дар кадр такрор мекунад. Ва шаҳрвандоне, ки ба омӯзгор ҳамдардӣ мекунанд, пас аз фаҳмидан дар бораи он ки тарбияи ду фарзанд барои модари танҳо то чӣ андоза душвор аст, барои дарёфти нишонии дақиқи ӯ ҷиҳати расонидани кӯмак шитоб мекунанд.
Қиссаи духтаре аз Панҷ
Воқеан, қиссаи вазнини «омӯзгор Шоҳона» дар портфолиои нашрияи «Оила» аввалин нест. Рӯзноманигорони ин нашрия пеш аз ин низ аз ҳамаи равишҳои дар боло тавсифшуда истифода намудаанд, то ки дар бораи қурбониёни зӯроварӣ/таҷовуз нақл кунанд. Ба таври мисол, сюжет дар бораи ҳодисаи даҳшатноки таҷовуз ба номуси духтари 16-сола аз ҷониби падари худ, ки дар соли гузашта нашр шуда буд?
Боз «Оила» кӯшиш кард, ки қоидаҳои одобро риоя кунад – дар кадр духтари ҷабрдида аз пушташ сабт карда шудааст, то ки чеҳраи духтар ба фикри муаллифони сюжет шинохта нашавад. Аммо, аз тарафи дигар, номи пурраи духтар нишон дода шудааст, ҳамчунин номи волидайни ӯ, нишонии истиқомат ва рақами мактабе, ки дар он духтари ҷабрдида таҳсил мекунад – ҳамаи ин нишон дода шудааст. Муаллифон бо саволҳои кунҷковонаи худ духтарро маҷбур мекунанд, то тавсиф намояд, ки дар тӯли чаҳор моҳ падараш бо ӯ чӣ кор кард. Ӯ ба саволҳои рӯзноманигорон ба таври муфассал ҷавоб медиҳад ва ба эҳтимоли зиёд дарк намекард, ки дар пеши вай на муфаттишон, балки намояндагони касби дигар ҳузур доранд. Ғайр аз ин, муаллифон тавонистаанд гувоҳии бародари ҷабрдида, инчунин писари ноболиғро сабт кунанд ва ӯро пурра нишон диҳанд. Ҳатто кӯшиш накардаанд, ки рӯи ӯро пӯшонанд. Дар сюжет ҳамчунин акси шахси гумонбар нишон дода шудааст (дар он вақт тафтишот ҳанӯз оғоз нашуда буд) ва илова бар ин, дар матни пушти кадр нисбат ба ӯ тавсифҳои (эпитет) таҳқиромез истифода шудаанд.
Сюжети мазкур низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ миллион тамошо ва бештар аз се ҳазор шарҳ дарёфт намудааст. Бо вуҷуди ин, дар шарҳҳо муаллифони сюжетро на танҳо барои паҳн кардани ин гуна маводҳо сарзаниш кардаанд, балки ҳатто лаънат хондаанд.
Ба ҳар ҳол, меъёрҳои ахлоқӣ нисбат ба кӯдакон-қурбониёни зӯроварӣ на танҳо аз ҷониби рӯзноманигорони “Оила”, балки ҳамчунин аз ҷониби дигар расонаҳои кишвар вайрон карда мешаванд. Ба таври мисол, қиссаи даҳшатовари таҷовуз ва куштори бераҳмонаи духтари ҳаштсола, ки як моҳ пеш тамоми Тоҷикистонро такон дод. Он вақт акси кӯдакро қариб ҳамаи расонаҳо нашр карданд, танҳо чанд расона рӯи ӯро пӯшонида буданд. Ин дар ҳолест, ки вай хоҳари дугоник дорад. Вале рӯзноманигорон ҷеҳраи ӯро низ нишон доданд.
Боз кӣ дар кадри «Оила» гиря мекунад?
Қурбониёни ашк бар чашми ноболиғ – ин ҳоло ҳама чиз нест. «Оила» аз ин ҳам пеш рафтааст: муаллифон ҷасади кӯдаконро нашр карда, ба рӯҳияи корбарони худ фишор овардаанд. Дар соли гузашта, дар Рӯзи истиқлолият дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон фоҷиаи мудҳише рух дод: Назокат Тоироваи 30-сола вақти дар кор будани шавҳараш чор писари ноболиғашро кушта, қисман хонаро оташ зад. Нашрияи «Оила» тасмим гирифт, ки тафтишоти худро гузаронад ва ошкор намояд, ки оё зан воқеан тавонистааст чунин кореро анҷом диҳад. Мо ҷузъиёти ин маводи видеоиро шарҳ намедиҳем, танҳо қайд мекунем, ки рӯзноманигорон аксеро бо тасвири чаҳор кӯдаки мурда нашр карданд, ки дар миёни ҳуҷра хобида буданд. Бале, онҳо рӯйҳои кӯдакон ва рӯи модари онҳоро пӯшонида буданд ва чунин шумориданд, ки ин кофист, аммо ба ҳар ҳол ҳазорҳо шарҳҳои хашмгинро аз корбарони худ ҷамъ оварданд. Чаро рӯзноманигорон ин аксро ба аҳли ҷомеа нишон доданд, тахмин кардан осон аст: сюжети мазкур бештар аз ним миллион тамошо ба даст овард, ки ин дастоварди бузург барои расона дар Тоҷикистон аст.
Бо вуҷуди ин, муаллифони «Оила» на танҳо ба қурбониёни ҷиноятҳо, балки ҳамчунин ба кӯдакони оилаҳои камбизоат низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва онҳо низ дарди рӯҳии худро ба оммаи мардум нишон медиҳанд. Бо интишори чунин қиссаҳо, рӯзноманигорон ният доранд, ки ба оилаҳои камбизоат барои дарёфти хайрхоҳон кӯмак кунанд ва бо ин роҳ барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии онҳо мусоидат кунанд. Ва онҳо воқеан дар пайдо кардани хайрхоҳон кӯмак мекунанд, вале бо кадом қимат? Бешубҳа, метавон бо тарзҳои камтар осебовар ба ин натиҷаҳо ноил шуд.
Ба таври мисол, дар сюжети видеоии «Падар дар зиндон ва кӯдакон дар кӯча» дар бораи сарнавишти талхи як зани дорои биноии заиф ва ду духтари ноболиғи ӯ нақл карда мешавад. Яке аз духтарон низ мушкилоти биноӣ дорад ва ҳар сеи онҳо дар кадр зор-зор гиря мекунанд ва кӯмак дархост менамоянд. Ҳамин гуна қиссаҳо дар сюжети «Рӯзҳои сиёҳи Шарифамоҳ ва чор кӯдаки ноболиғи ӯ», сюжети «Зиндагӣ дар ҳезумхона» ё дар ролики «Дасти Мадина ва кӯдакони ятимашро кӣ мегирад?» вуҷуд доранд. Дар ҳар сюжет корбарон азоби воқеии инсониро мебинанд, ки қаҳрамонони онҳо маҷбуранд бо саволи навбатии рӯзноманигор ва бо хотираҳои шахсии худ саргузашташонро дубора аз сар гузаронанд.
Албатта, мақсад аз истифодаи кӯдакони гирякунанда дар кадр расидан ба «ҳадаф» аст: дар кишвар одамони дилсӯз бисёр мебошанд. Аз ин рӯ, муаллифон фавран дар мавод рақами телефонҳои занон ва суратҳисоби бонкии онҳоро нишон медиҳанд, ки ба он кӯмак фиристодан мумкин аст. Бо вуҷуди ин, ба назар чунин мерасад, ки ҳеҷ яке аз рӯзноманигорони “Оила” дар бораи он фикр намекунанд, ки кӯдакони машҳуркардаи онҳо бо чӣ метавонанд рӯ ба рӯ шаванд.
Дар моддаи 3-юми Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак қоидаи тиллоӣ пешбинӣ карда шудааст, ки бояд аз ҷониби одамони бо кӯдакон коркунанда, аз ҷумла рӯзноманигорон риоя гардад: «Дар раванди қабул кардани қарорҳо, калонсолон бояд дар бораи он андеша намоянд, ки чӣ гуна қарорҳои онҳо ба кӯдакон таъсир хоҳанд расонид».
Кормандони сайти “Оила” ва ҳамаи онҳое, ки бо иштироки кӯдакон сюжетҳои нороҳаткунанда омода мекунанд, бояд ин қоидаи тиллоиро дар ёд дошта бошанд. Аммо, ҳатто агар он кор накунад, яъне қоидаи умумиинсоние, ки бисёре аз мутахассисон, аз ҷумла рӯзноманигорон онро риоя мекунанд ва дар ҳамаи динҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар дини Ислом навишта шудааст – ин қоидаи «зарар нарасон» аст ”. Ҳамаи рӯзноманигорон ҳангоми кор дар мавзуъҳои вобаста ба кӯдакон бояд инро дар назар дошта бошанд.