ДомойМедиалента«Содда накардан, ҷустуҷӯ накардани гунаҳкорон ва паҳн накардани даъвоҳо». Тавсияҳои Инга Сикорская...

«Содда накардан, ҷустуҷӯ накардани гунаҳкорон ва паҳн накардани даъвоҳо». Тавсияҳои Инга Сикорская барои инъикоси вазъият дар Афғонистон

Дар фестивали сеюми ҳарсолаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP 2021, муҳокимаи “Марзҳо ва ҳадҳо. Гуфтугӯи ошкоро перомуни душвориҳо ва имкониятҳо барои рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ  дар инъикоси вазъияти Афғонистон» («Границы и грани. Откровенный разговор о сложностях и возможностях для журналистов из Центральной Азии в освещении ситуации в Афганистане») баргузор гардид. Модератори мулоқот омӯзгори Донишкадаи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон Берунӣ Алимов буд. Меҳмонон директори барномавии Мактаби сулҳофарӣ ва технологияҳои расонаӣ дар Осиёи Марказӣ Инга Сикорская (Қирғизистон), рӯзноманигор, муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон Лола Олимова ва сармуҳаррири портали қазоқии “HOLA News” Зарина Аҳмадова (Қазоқистон) буданд.

Коршиносон таассуроти худро дар бораи сафар ба Афғонистон бо якдигар ва мухотабон (аудитория) мубодила карданд, плюрализми фикру андешаҳоро дар расонаҳои Афғонистон қайд карданд ва ҳамчунин даъват намуданд, ки дар паси ҳар гуна рӯйдодҳо пеш аз ҳама инсон дида шавад. Рӯзноманигори «Новый репортёр» аз Инга Сикорская дар бораи сарчашмаҳои таваҷҷуҳи ӯ ба Афғонистон, душвориҳо ҳангоми инъикоси ҳодисаҳо дар ин кишвар ва ҳамчунин принсипҳои муҳиме пурсид, ки рӯзноманигорон бояд онҳоро риоя намоянд.

-Инга, ба назари шумо, душвориҳо ҳангоми инъикоси вазъият дар Афғонистон дар чист?

— Аввалан, воситаҳои ахбори оммаи Осиёи Марказӣ дар дохили Афғонистон дафтарҳои доимии хабарнигорӣ (корреспондентский пункт) надоранд, то ки ҳодисаҳоро дар маҳал инъикос намоянд. Мухотабон дар воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ба забонҳои маҳаллӣ дар бораи ин кишвар, дар бораи мардуми он ва мушкилоти воқеъӣ иттилооти объективиро дарёфт накардаанд. Инъикоси ҳар гуна мавзӯъи Афғонистон (на танҳо аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи Осиёи Марказӣ, балки ҳамчунин дар дигар кишварҳои ҷаҳон) аксари вақтҳо бо таҳияи тасаввуроти қолабӣ (стереотипҳо), эҷоди образи душман, истифода аз забони нафратомез нисбат ба ин кишвар ва мардуми он ҳамроҳӣ карда мешавад. Рӯзноманигорони мо таҷрибаи инъикоси ҳодисаҳои ин кишварро надоштанд. Шояд баъзе маводҳои ҷудогона вуҷуд дошта бошанд, вале ин манзараи умумиро ифода намекард. Мавзуъи Афғонистон дар расонаҳои Осиёи Марказӣ – аксари вақтҳо ё нашри такрорӣ, аз ҷумла аз расонаҳои таблиғотӣ ё пешгӯиҳои сиёсатшиносони маҳаллие мебошад, ки онҳо ин мавзуъро аз фосилаи дур таҳлил мекунанд.

Сониян, ҳоло мо дар пешниҳоди маводҳо оид ба Афғонистон бо бесарусомонии воқеъӣ рӯ ба рӯ шудем. Тавре ки режими нав дар Кобул аз аъзоёни гурӯҳи террористие иборат аст, ки дар кишварҳои мо ва бисёр кишварҳои дигар мамнуъ мебошад, барои рӯзноманигорон саволи оқилона пайдо мешавад: «Акнун пешниҳоди ин гуна мавод бояд чӣ гуна бошад?» Дар стандартҳои вуҷуддоштаи инъикоси масъалаҳои терроризм омадааст, ки дар чунин ҳолатҳо расонаҳо бояд муносибати худро ба ҳангомаҳо (сенсация) ислоҳ кунанд, воҳима накунанд, муҳтавои (контенти) визуалии иборат аз террористҳоро нусхабардорӣ/паҳн накунанд ва иқтибос наоранд. Аммо мо ҳолати баръаксро дар расонаҳои ҷаҳонӣ мебинем. Ғайр аз ин, ман фикр мекунам, ки бештари рӯзноманигорон аз инъикоси ин мавзуъ метарсанд, зеро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои паҳн кардани муҳтавои мамнуъ (ки ба он ҳамчунин созмонҳои террористии мамнуъ дахл доранд) ҷавобгарии ҷиноятӣ вуҷуд дорад.

-Оё имкониятҳо вуҷуд доранд?

— Вуҷуд доранд ва шумораи онҳо зиёд аст. Рӯйкардҳои (подход) муосири журналистикаи сулҳ барои инъикоси низоъҳо, ҷангҳо ва терроризм ҳангоми қарор доштан ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он вуҷуд доранд. Ғайр аз ин, имкони дарёфт намудани иттилоот дар вақти воқеъӣ тавассути интернет, дигар воситаҳои коммункатсия, маълумоти боз, шабакаҳои сулҳофарӣ ва таҳияи баррасиҳои таҳлилӣ бар асоси таҳқиқи муҳтавои (контент) расонаҳои инсайдерӣ ва байналмилалӣ вуҷуд дорад. Дар ниҳоят, коршиносон ва фаъолони зиёде ҳастанд, ки дар барномаҳои муштарак оид ба Афғонистон иштирок менамоянд ва онҳо низ метавонанд ҳамчун манбаъи хуби иттилоот хидмат кунанд.

-Чаро шахсан ба шумо машғул шудан ба мавзуъи Афғонистон ҷолиб аст? Таваҷҷуҳ ба он чӣ гуна пайдо шуд?

— Ҳамаи сафарҳои ман ба Афғонистон бештар ба лоиҳаҳои сулҳофарӣ робита доранд, на ба лоиҳаҳои журналистӣ. Ҳарчанд бештар аз 15 соли таҷрибаи кори ман дар журналистика осори худро гузоштааст ва ҳамеша маро дар муҳити журналистӣ нигоҳ медорад: ман наметавонам нанависам. Аз ин рӯ, ҳар гуна мавзуъ, махсусан мавзуъи ҳассос, вобаста ба низоъ ва мавзуъе, ки дар тасаввуроти қолабӣ (стереотипҳо) печидааст, таваҷҷуҳи махсуси маро ба вуҷуд меорад. Пас, чӣ гуна баъд аз боздид аз Афғонистон дар бораи он чизе нанависед ва нақл накунед, ки метавонад тасаввуроти мухотабонро оид ба баъзе андешаҳои вуҷуддошта иваз намояд? Ин берун аз қувваи ман аст!

Дар соли 2012, пас аз сафар, ман китоби дарсии кӯтоҳ «Чӣ гуна рӯзноманигори зан метавонад аз Афғонистон гузоришҳои визуалӣ таҳия намояд»- ро («Как женщине-журналисту делать визуальные репортажи из Афганистана») навиштам, ки ба он таҷриба ва тавсияҳои муфиди худро дохил намудам. Баъдтар ман фотоэссеи «Тарафи дигари ҷанг»- ро («Обратная сторона войны») таҳия кардам ва ҳоло дар аввали моҳи август тасмим гирифтам, ки «Рӯзномаи Кобул: ду ҳафта пеш аз аморати Толибон»- ро («Кабульский дневник: за две недели до талибского эмирата») бо аксҳо дар шакли кӯтоҳ нашр намоям.

Умуман, таваҷҷуҳи ман ба мавзуъи Афғонистон ба чанд нукта робита дорад.  Ихтисоси ман – ин журналистикаи шарқ аст, ман дар ибтидо ва нимаи солҳои 90-ум чунин таҷрибаомӯзиҳо доштам; таваҷҷуҳи ман ба кишварҳои Шарқи Наздик, Осиёи Ҷанубӣ аст, зеро Осиёи Марказӣ аз рӯи бисёр хусусиятҳои фарҳангӣ ба ин ҷаҳон наздик мебошад.

Дар солҳои 1994-1995, вақте ки ман ҳамчун рӯзноманигор дар радио ба кор шурӯъ намудам, на он қадар дуртар аз дафтари мо дар Бишкек, маркази адабиёти форсӣ «Ал-Ҳудо » кушода шуд ва ман ба он ҷо барои омӯхтани забони форсӣ рафтам, танҳо ба хотири он ки ин бароям ҷолиб буд. Ман ҳамчунин ба фарҳанги исломӣ ҳамин гуна таваҷҷуҳ доштам. Медонед, дар он солҳо ман яке аз ғолибони озмуни донистани рукнҳои ислом будам. Чунин чорабиниро он вақт сафорати Туркия дар Бишкек ташкил карда буд. Пас аз он, ҳатто ба ман пешниҳод намуданд, ки дар Донишгоҳи исломӣ ба таври ройгон таҳсил намоям… Аммо ман мехостам танҳо ба рӯзноманигорӣ машғул шавам ва ин донишҳо ба ман ҳангоми кор дар минтақаҳои низоъ ва дар таҳқиқотҳо, таҳияи китобҳои дарсӣ ва тренингҳои худ дар бораи инъикоси масъалаҳои вобаста ба дин, низоъ, сулҳ ва терроризм сахт кӯмак карданд.

-Бештар аз 10 сол пеш шумо Мактаби сулҳофариро боз намудед. Мактаб чӣ корҳоро анҷом дод? Шумо махсусан бо чӣ ифтихор мекунед?

—  Мавзуъи ифтихори махсуси Мактаби сулҳофарӣ  дар он аст, ки маҳз мо аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ мониторинги расонаии (медиамониторинг) доимии забони нафратомезро таъсис додем, як қатор методологияҳоро бар асоси таҷрибаҳои хориҷӣ бо дарназардошти воқеиятҳои маҳаллӣ таҳия намудем ва ин таҷрибаро ба шумораи зиёди одамон интиқол додем. Таҳқиқотҳо ва тавсияҳои мо дар кишварҳо ва соҳаҳои гуногун истифода мешаванд. Мо аввалин шуда дар давраи сулҳ ва низоъ дар Қирғизистон ба журналистикаи танаввуъ (журналистика многообразия) замина гузоштем, дар ин соҳа курси калонеро таҳия кардем ва то ҳол аз як қатор абзорҳо истифода мебарем. Пас аз хушунатҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон, ки дар соли 2010 рух дод, мо як қатор лоиҳаҳоро оид ба журналистикаи сулҳофарӣ роҳандозӣ намудем ва таҳияи гузоришҳои гурӯҳиро таълим додем. Мо дар Қирғизистон, вақте ки ҷаҳон бо афзоиши радикализатсия ва терроризм рӯ ба рӯ шуда буд, аввалин шуда қоидаҳо, роҳнамои амалӣ барои расонаҳои Осиёи Марказиро оид ба роҳ надодани таблиғи экстремизм таҳия намудем. Мо ҳамеша дар мавзуъҳои ҳассос ва низоъ кор мекунем, ин мушкил, бомасъулият, вале пурмаҳсул ва муфид аст.

Ҳоло Мактаби сулҳофарӣ – бештар сохтори таҳлилӣ дар соҳаи ВАО аст. Мо ба таҳқиқи масъалаҳои низоъ ва сулҳ, забони нафратомез, табъиз дар ВАО, интернет ва гуфтугӯи оммавӣ (публичный дискурс) машғул ҳастем, таҷрибаомӯзиҳои таҳқиқотӣ ташкил мекунем, маводҳои таълимӣ ва тренингиро таҳия менамоем.

-Дар яке аз мусоҳибаҳо шумо мегӯед, ки муҳим аст диққат на ба ҷанг, балки ба сулҳ равона карда шавад. Инро чӣ гуна метавон анҷом дод? Охир, ҳамон тӯйи афғонҳо дар саҳифаҳои расонаҳо ҷой нахоҳад ёфт, вале гузориш дар бораи ҳамлаи террористӣ ҷойгир карда хоҳад шуд

— Гузориш дар бораи ҳамлаи террористӣ он хабаре нест, ки расонаҳо бояд аз он лаззат бибаранд. Ин соддатарин чиз аст: нишон додани террор ва амалҳои хушунатомез. Чунин гузоришҳо аксари вақтҳо иштибоҳҳои журналистиро нишон медиҳанд:

БЕПАРВОӢ, ҲАНГОМАОМЕЗ БУДАН, нодида гирифтани омори воқеЪӣ, таҳрифи истилоҳот ва иваз кардани мафҳумҳо, қаҳрамон НиШОН ДОДАНИ ОБРАЗҲОИ террористҲО, қонунигардонии гурӯҳҳои террористӣ.

Журналистикаи сулҳ – дар бораи тӯй нест. Ин дар бораи чӣ гуна пешниҳод кардани низоъ аст, ҷалб накардани диққати мухотабон ба худи низоъ, истифода накардани рӯйкарди таблиғотии «мо-онҳо», балки равона намудани диққат ба пайдоиши низоъ, таваҷҷуҳ ба далелҳо, омма ва роҳи ҳалҳо мебошад. Қоидаи се «НЕ» вуҷуд дорад:

  • содда накардани низоъ;
  • ҷустуҷӯ накардани гунаҳкорон дар низоъ;
  • нусхабардорӣ/паҳн накардани фикру андешаҳо ва даъвоҳо ҳамчун далелҳои муқарраршуда.

Фарқи байни журналистикаи сулҳ ва журналистикаи ҷанг дар он аст, ки журналистикаи сулҳ ба роҳи ҳал ва журналистикаи ҷанг ба ғалаба нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, рӯйкарди хушунатомез ба инъикоси ҳодиса (вақте ки дар расонаҳо хун, даҳшатро паҳн мекунанд) дарро барои ҷанги нав боз мемонад, дар ҳоле ки рӯйкардҳо дар журналистикаи сулҳомез ба оқибатҳо, роҳи ҳал ва барқарорсозӣ диққат медиҳад. Формулаи журналистикаи сулҳофарӣ вуҷуд дорад ва он чунин аст:

сулҳ = набудани зӯроварӣ + эҷодкорӣ

Рӯзноманигори мусолиматомез бояд дар тафаккури таҳлилии худ ду тарафи низоъро ба гурӯҳҳои хурди бисёр «ҷудо» намуда, шумораи зиёди ҳадафҳоро пайгирӣ кунад ва барои ба даст овардани як қатор натиҷаҳо потенсиали бештар эҷодиро боз намояд. Он гоҳ метавон дар гузориши худ чанд роҳи ҳалро пешниҳод кард.

-Имрӯз, дар бештари онлайн-расонаҳо фастфуд-журналистика ҳукмфармо аст: “нусхабардорӣ кардан-гузоштан-каме бознавис кардан” (копи-паст-слегка рерайт). Чӣ гуна метавон идеяҳои шуморо дар чунин ҳолат инкишоф дод?

— Идеяҳо бояд бар асоси стандартҳои касбӣ инкишоф дода шаванд. Ҳамон “нусхабардорӣ кардан-гузоштан-каме бознавис кардан”, тавре ки шумо мегӯед, бояд ба контексти муносиб мувофиқат кунад, ба хотири маълумот додан ба мухотабон, ба кор дар режими “no comment” (бидуни шарҳ) роҳ надиҳед, махсусан ҳангоми истифода аз муҳтавои корбар дар ВАО . Беҳтар аст, ки ҳамаи инро ҳамчун асос қабул кунед ва ба пайгирии (follow up)-ҳикояҳо диққат диҳед.

Барои он ки рӯзноманигор ба забони нафратомез роҳ надиҳад, тавсия дода мешавад, ки ба стандартҳои ахлоқи журналистӣ такя кунад, таҷдиди назарҳоро дар соҳаи забони нафратомез пайгирӣ кунад, ихтисоси худро такмил диҳад, аз тести дорои чанд монеа истифода кунад ва дарк намояд, ки забони нафратомез на мустақим, балки ғайримустақим мешавад ва ҳама чиз аз контексти иҷтимоиву сиёсӣ, ки дар он нафрат пахш карда мешавад, инчунин аз дараҷаи маълум будан дар миёни омма ва мақоми паҳнкунандаи нафрат вобаста аст, агар шумо сухани ӯро иқтибос оред. Рӯзноманигор бояд фаҳмад, ки сухангӯ (спикер) ё посухдиҳанда кист (ки ӯро дар маводи худ ҷойгир мекунад) ва чӣ гуна сухани нафратомези ӯ метавонад ба ин ё он гурӯҳ ё ақаллиятҳое осеб расонад, ки онро шахси кинадӯз (бадбин) мавриди ҳадаф қарор додааст. Кам нест, ки паҳнкунандагони кинаву адоват суханони нафратомезро тавассути расонаҳо паҳн мекунанд. Рӯзноманигор бояд масъулияти худро дар назди мухотабон ҳис намояд.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ