Ин ки забони матлабҳои журналистон ҳамеша ҷонибдорон ва мухолифони худро дорад, гапи нав нест. Ҳамеша чунин буд. Аммо се сол пеш, аз моҳи феврал то сентябри соли 2019 дар Тоҷикистон баҳси аҷиб ва ҳатто бесобиқа дар ин замина пеш омад.
“Кумитаи забон аввал худашро ислоҳ намояд!”
13 феврали ҳамон сол раиси вақти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода як нишасти хос баргузор намуд ва гуфт: баъди мутолиаву санҷиши тахминан 40 шумораи ҳафтаномаи «СССР» онҳо аз Прокуратураи генералӣ дархост намуданд, ки барои нақзи қоидаҳои забони давлатӣ ин нашрияро ҷарима бандад! Зеро “дар матлабҳои санҷидашуда истифодаи калимаҳои шевагӣ, истилоҳот аз забонҳои ғайр ва дар мукотибаи идораи ин нашрия риоя накардани меъёрҳои забони давлатӣ ошкор шудааст”, — гуфта буд Гавҳар Шарофзода ва ишора кард, ки «СССР» “зери назорати ҷиддии кумита қарор дорад”.
Барои он ки ба ҷомеа исбот намоянд, ки ҳадафи Кумитаи забон ва истилоҳот фақат ин нашрия набудаву матолибашро барои он насанҷидаанд, ки “СССР”-ро “чап” гирифтаанд, гуфта шуд Кумитаи забон ва истилоҳот даҳҳо расонаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ташхис намуда, ба риоя накардани қоидаҳои забони давлатӣ айбдор кардаанд. Аз ҷумла, аз ҳафтаномаҳои «Фараж», «Тоҷикистон», «Дунё», шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Душанбе, «Сафина» ва «Баҳористон» ном бурда шуд.
Посухи сардабири ҳафтаномаи “СССР” Сайёфи Мизроб ба бархӯрди масъулони Кумитаи забон ва истилоҳот аз як нигоҳ эҳсосӣ ва аз ҷониби дигар мантиқӣ ба назар расид. Ӯ бо ишора ба номаи ба унвонашон воридгардида аз ин кумита гуфт, дар ин мактуб чандин вожаҳои ба истилоҳ бегона, аз қабили “кумита”, “экспертиза”, “почтаи электронӣ” ҷо дорад. “Пас, кумита аввал бояд худашро ислоҳ кунад”
Дертар роҳбарони чанд нашрияи дигар низ зимни сӯҳбат бо ҳамкасбон гуфтанд, ки фаъолияти расонаи зери идораи онҳо ҳам мавриди санҷиш қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, Хуршед Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки дар таркибаш чандин нашрияву сомонаҳо дорад. Ӯ гуфт масъулини кумита нуқсони зеринро дар фаъолияташон пайдо намудаанд:
-Онҳо эрод гирифтанд, ки дар идораи ҳафтаномаи мо комиссияи татбиқи меъёрҳои забони давлатӣ фаъол нест. Мо зуд чунин гурӯҳро таъсис додем. Эроди дигари кумита ба истифодаи калимаҳои ғайр дар нашрияи мо бидуни аломати нохунак буд. Мо дигар калимаҳои ба забони тоҷикӣ бегонаро бидуни аломати нохунак нашр намекунем.
Ҷомеаи Тоҷикистон, хоса ҷомеаи журналистӣ ба иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳот дар мавриди санҷиши нашрияву расонаҳои хабарӣ вокуниши якхела нишон надод. Бархе аз ин иқдом ҷонибдорӣ мекарданд, чун ба гуфтаи онҳо истифодаи калимаву ибораҳои хориҷӣ, шевагӣ ва кӯчагӣ барои баъзе расонаҳои хабарӣ меъёр шудааст.
Қисме аз журналистон бошад, дар иқдоми ин кумита нишонаҳои фишорро эҳсос намуданд. Аз ҷумла, Шаҳло Акобирова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Хома”, ки он вақт ҳамзамон раисии Шӯрои ВАО –и Тоҷикистонро низ ба зимма дошт:
-Ин амрро метавон як навъи фишор ба расонаҳо номид. Дар ҳоле, ки истифодаи калимаҳо аз забонҳои дигар дар расонаҳои ҷаҳон маъмул аст. Масалан дар нашрияҳои Олмон калимаҳои зиёди англисӣ ба чашм мерасад. Магар, олмониҳо ба ин кор мухолифат мекунанд? Не. Дар замони феълӣ як забон имкон надорад ҳамаи мафҳумҳоро дар бар бигирад, — гуфт ӯ.
Агар гавҳар шарофзодаро ба парлумон намефиристоданд…
Аммо баҳси нашрияи “СССР” ва Кумитаи забон ва истилоҳот бо ҳамин тамом нашуд. Кор то ҷое расид, ки аввалҳои сентябри соли 2019 сардабири ин нашрия Сайёфи Мизроб номаи саркушодае таҳти унвони “Дод аз дасти Гавҳар Шарофзода!!!” навишту онро ба суроғаи Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати ҶТ Султонзода Сулаймон, Президенти Академияи улуми ҶТ Фарҳод Раҳимӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ирсол намуд.
Дар мактуби худ бо ишора ба раиси Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, ки ӯ “аз вазифа суиистифода карда, аз хусумати фардӣ кор гирифта, бо ҳар роҳ мехоҳанд, даҳони матбуоти озодро банданд ва ё дар кори онҳо халал ворид созанд”.
Сайёфи Мизроб ба ин назар буд, ки чунин амалкарди раисабону пас аз як матлаби интиқодӣ нисбати Гавҳар Шарофзода дар нашрияашон оғоз гардид ва аз ин хотир он хусуматбор буда, ҳудуди 1.5 сол давом дошта, “то ҳанӯз бо матбуоти озод муборизаи беамон мебарад”.
Сардабири нашрия навишт, ки ба эродҳои масъулони кумита дар мавриди нақзи қонун онҳо посух дода буданд ва “исбот кардем, ки эродҳои ин ниҳод ба талаботи қонунгузории мавҷуда дар бораи матбуот созгор нестанд ва агар малеҳтар карда гӯем, бесаводонаанд, зеро ин Кумита дар аксари маврид вожаҳои сирф Тоҷикиеро, ки худашон намефаҳманд, русӣ ва хориҷӣ эълон мекунанду журналистонро аз корбасташ манъ мефармоянд, онҳо боз ҳам пофишорӣ доранд, ки гӯиё ба онҳо посух надодаем”.
Хулосаи нашрияи “СССР” чунин буд, ки Кумитаи забон ва истилоҳот феълан ба сифати сензоре баромад дорад, ки забони матбуоти тоҷикро аз рушд бозмедорад:
— Набояд забони имрӯзаро, ки тавассути Интернет ҷаҳонитар мегардад, бо шеваи асримиёнагӣ сензура карду вожаву ибораҳои муосирро зиндонӣ! Бо ин роҳ мо забонро ҳам мекушему миллатро низ! Зеро миллате, ки аз дастовардҳои нанотехнологӣ худро канор мекашад, маҳкум бар маҳв аст!!! Ана ҳамин гуна эродҳоро Шарофзода бар газетаи мо барчидааст. Шояд ин вожаҳоро, ки ба даъвои ӯ газетаҳо бояд корбаст накунанд, дар Академияи Улум ва Институти забоншиносӣ баррасӣ созанд, то матбуоти озод аз ситами ин Кумита раҳо шавад? Бархеро ин ҷо меорем:
-оппозитсия, республика, сиркач, дефицит, редколлегия, газета, коллектив, паспорт, дивизия, бокс, кандидат, фермер, инфаркт, инсулт, руасо, вузаро, сутур, суфуф, уламо, оқсо (шояд Ақсо будагист?)…Ва акнун Русия ва Маскав…низ аз ҷониби ин бону калимаҳои мамнуъ эълон шудаанд.
Пас мо-журналистон бояд чӣ нависем? Шояд ҳар мақолаамонро Шарофзода ислоҳ ва таҳрир кунаду баъд чоп?”.
Сармуҳаррири “СССР” дар идомаи номаи худ ишора кард, ки кормандони нашрияи онҳо ҳолатҳои қонуншикании зиёдро дар Кумитаи забон ва истилоҳот ошкор кардаанд. Яъне масъала ҷиддитар шуд ва имкон дошт, “муҳорибаи” байни “СССР” ва раиси кумита пеш ояд. Сайёфи Мизроб гуфт, аз ҷумла, онҳо маълум намудаанд, ки: дар ин кумита одамони ба масъулият номуносиб ҳам кор мекунанд, ба сифати корманд раиси кумита духтари худашро қабул кардааст, ки инро қонунгузорӣ иҷозат намедиҳад, ҳатто инро ҳам маълум кардаанд, ки раиса дар мошини хидматиаш аз меъёр барзиёд бензин истифода мекунад ва барои шанбегиҳо белу каланд нахаридааст, ҳол он ки пул ҷудо мешавад ва раиса дар яке аз донишгоҳҳо муаллимӣ мекунаду дарсҳояшро яке аз кормандонаш мегузаронад…
Номаълум ин баҳс бо чӣ тамом мешуд, агар чанд моҳ баъд хонум Гавҳар Шарофзодаро аз раисии кумита барканор намекарданду дар курсии парламент намешинонданд.
“Диктатор нашавед!”
Албатта баҳси забони матбуот бо ин хатм нашуд. То ҳанӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбароне ҳастанд, ки аз тарзи навишти матолиб дар расонаҳои хабарӣ норозигӣ баён менамоянд. Баъзан журналистонро барои истифодаи калимаҳои душворфаҳми арабӣ ва гӯиши мардуми Эрону Афғонистон танқид кунанд, гоҳи дигар барои корбурди вожаҳои русию аврупоӣ. Ин гуна ақида ҳам ҷо дорад, ки журналистон гӯё бо сабке матлаб таҳия мекунанд, ки фаҳмиши маъноро барои мухотабон душвор мегардонад.
Махсусан услуби навишт дар нашрияи “СССР” то ҳанӯз мавриди баҳсҳост. Устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меҳроб Ҷумъаев дар робита ба забони матбуот кори илмӣ анҷом дод, ки як бахши умдаи онро матолиби “СССР” фаро мегирифт. Ӯ дар монографияи худ ишора мекунад, ки ин нашрия дар навиштаҳои худ “гуфтугӯи кӯчагӣ” –ро истифода мебарад. “Аз ҷумла истифодаи калимаҳои русию аврупоии истеъмолашон мамнуъ ё ба истилоҳ варваризмҳо ба услуби хоси эҷоди кормандони нашрия табдил ёфтааст. Масалан, ба порчаи зерин мутаваҷҷеҳ бошед:
Роғун! Месоземаш! Конечно, месоземаш! Тошканд чӣ ҳам мекунад? Подумаеш, депутатҳои босаводро ҷамъ карда, гилдияи зиддироғунӣ созмон дод. Подумаеш, Роғунро бо пешниҳоди онҳо манъ карданд. Подумаеш, роҳи оҳанро канданд. Зато депутатҳои мо… Кодекси нави андозро қабул карданд, ки дар натиҷаи ин чорабинии ҳаётан муҳим ва судманд, шумо сар аз ҳамин шумора ана ҳамин газетаи мардумиатонро Худо медонад, ки харида тавонед”. (СССР, 03.01.2013).
Сайёфи Мизроб дар посух ба чунин масъалагузориҳо, ки зиёд пеш меоянд, дар мусоҳибаҳояш изҳор менамояд:
-Имрӯз 60-дарсади вожаҳои роиҷи забони тоҷикӣ калимоти арабиянд. Магар забони мо арабист? Не! Дар «СССР» мо ҳамон калимаҳоеро истифода мебарем, ки дар забони омма истифода мешаванд. Дилхоҳ одам вожаҳои «поворот», «остановка», «тормоз» ё «просто»-ро истифода мекунад ва ин маънои онро надорад, ки онҳо моли мо нестанд. Агар чунин гӯем, пас нисфи калимоти забони моро бояд бипартоем, чун дар аввал вожаҳои арабиву юнонӣ ҳам ҳамин гуна, мисли вожаҳои русӣ буданд. Вожаҳои хориҷии тоҷикишуда бояд бе нохунак корбаст шаванд. Вагарна русиву англисиро нохунак забт мекард! Бидонед, ки забонро забондон на, ягон профессору академик на (бинед, забоншиносон унвонҳои худро тарҷумаи тоҷикӣ накардаанд), халқи оддӣ меофарад ва набояд мо – журналистону аҳли қалам аз аввомуннос дурӣ гузинем. Бадбахтии мо-аҳли қалам дар он аст, фикр дорем, ки мо забонсозем, на халқ.
Сардабири “СССР” хулоса мекунад, ки тарзи бархӯрд ба нашрияи онҳо диктатурӣ аст, ҳол он ки ҳадафи онҳо нишон додани воқеиятҳои Тоҷикистон дар бахши забон мебошад:
-Журналистон мегӯянд, журналистика оинаи ҷамъият аст. Он чиро ки ҳаст, нишон диҳад — каму кост ва ё ҳусну ҷамолу қубҳу костро. Чӣ тавр метавонем, оинаро ба самте бигардонем, то хуб ё бади ину онро бинем ва чӣ оинаем, агар забони халқро инкор намоем? Чаро мо бояд забони навиштори хешро сари 9 млн. нафар дикта кунем, ки чун мо гап зан? Диктатура дар ҳама маворид бар зиён аст ва агар мо журналистикаи диктаторем, пас оина нестем ва баръакс.
Кумита то ҳанӯз норизост. Мухотабон ҳам
Ин гуна баҳсу баррасиҳо дар ҳоле сар мезананд, ки замони шӯравӣ забони матбуот ҳамчун намуна ва ҳатто меъёр барои забономӯзӣ шинохта мешуд. Барои ҳамин матбуот тамоми талошашро анҷом медод, то меъёрҳои забони навиштро ҳифз намояд. Рӯзномаҳо барои вайрон кардани меъёру қоидаҳои забон муҷозот мешуданд. Ҳатто аз нашрияҳои марказӣ мисол меоранд, ки барои як иштибоҳ, ки дар натиҷа хатои дағал пеш омад, сармуҳаррирро ба истеъфо фиристоданд. Аз ин ҷост, ки ҳар нашрия мусаҳҳеҳ дошт ва шумораи навбатиро ғайр аз мудири шуъбаву муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррир, ҳамчунин навбатдору “сари тоза” (свежая голова) мехонду аз назар мегузаронд. Чунин шеваи кор ҳоло фақат дар нашрияҳои ҳукуматӣ боқӣ мондааст. Барои ҳамин дар онҳо хатои имлоӣ хеле кам мушоҳида мешавад.
Дар муқобил нашрияҳои хусусӣ тақрибан матлабе надоранд, ки онҳо бе иштибоҳ бошанд. Масъулони нашрияҳои хусусӣ мегӯянд, ки бо сабаби мушкилоти молиявӣ аз гирифтани мусаҳҳеҳ канораҷӯӣ мекунанд. Аммо ба назар мерасад ин баҳонае беш нест, чун онҳо дар замони шароити хуби молиявиашон ҳам мусаҳҳеҳ надоштанд.
Ин як паҳлӯи масъала. Мавзӯи асосӣ набудани меъёри ягона дар забони матбуот аст.
Воқеан, дар забони матбуоти тоҷик аслан пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон (соли 1991), ҳатто пештар аз он, махсусан пас аз қабули қонун “Дар бораи забони давлатӣ” (22 июли соли 1989) дигаргуниҳои амиқ пеш омад. Акнун хеле аз калимаву вожаҳои русиву байналмилалӣ бо забони тоҷикӣ тарҷума шуданд, ё муодили тоҷикии онҳо бо истифода аз адабиёти классикӣ, ё забони меъёр дар Афғонистону Эрон пайдо гардиданд. Дар ҳамон вақт ҳам гуфта мешуд акнун “майлони душворсозӣ” –и забон рӯ ба рӯст. Аз ҷумла, вақте калимаҳои он замон маъмулии “район” ба “ноҳия”, “республика” ба “ҷумҳурӣ”, “магазин” ба “мағоза” ва ғайраҳо иваз гардиданд, гуфта мешуд онҳоро аксарият намефаҳманд ва шояд қабул накунанд. Аммо маҳз матбуоти фаъоли солҳои 90 сабаб гардид, ки ин калимаҳо ва на танҳо онҳо ба зудӣ серистеъмол шаванд.
Зимнан, тақрибан дар ҳамон давра ва пас аз он, аз як ҷониб ҷараёни “тоҷикишавии забон” пеш омад, аз сӯи дигар воридшавии калимаҳои бештари хориҷӣ ва жаргонҳо. Ин равандро ба истилоҳ “демократисозии забон” ҳам меноманд. Он бештар вақте авҷ гирифт, ки матбуот аз гирдиҳамоиву эътирозҳо суҳбатҳои ошкорои мардумро ҳамчун “нутқи айнан нақлшуда” нашр мекард ва “қайчӣ” шудани онҳо мустақилияти нашрияро зери суол мебурд. Ҳоло бошад пайдо шудани расонаҳои нав, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ боис ба “мардумӣ” яъне авомона шудани забон гаштааст.
Дар ҳамин ҳол, баъзе нашрияҳое ҳоло пайдо шудаанд, ки маҳз ба хотири “аз ҳад илмӣ” будани забонашон мухотабони кам доранд.
Дар ин моваро Кумитаи забон ва истилоҳот то ҳанӯз маъракаҳои гуногун гузаронида, барои кормандони ВАО тавсияҳо медиҳад, то қоидаҳои имлои забони тоҷикиро риоя намоянд, гуфтугӯҳои лаҳҷавӣ дар расонаҳо роҳ наёбанд, забони матнҳои тарҷумашуда назорат шаванд. Хулоса, “забони рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои ТВ ва радио равон, сода, фаҳмо ва дар доираи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бошад ва ин ҷараён аз ҷониби мақомоти дахлдор назорат карда шавад” мегӯянд масъулини кумита.
“Забони тоҷикӣ қудрат дорад, ки…”
Як масъалаи аслии баҳснок ин тарҷумаи истилоҳоти иқтибосшуда мебошад. Дар робита ба ин, сардабири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ», маъмури гурӯҳи машҳури “Дуруст бинависем” дар шабакаи Фейсбук, номзади илмҳои филология Рустам Ваҳҳобзода мегӯяд, ки калимаҳои хориҷие, ки чун истилоҳ ба забони мо ворид мешаванд, бояд тарҷума карда шаванд. Зеро:
-Агар мо калимаҳои иқтибосиро тарҷума накунем, бо ин суръате, ки истилоҳоти нав дар фазои ахбори ҷаҳонӣ мечархад баъди чанд муддат аз забони мо чизи каме боқӣ мемонад. Забони тоҷикӣ қудрати тарҷумаи калимаҳои нав, аз ҷумла истилоҳоти марбут ба технологияи муосирро дорад, яъне муодили онҳоро ёфтан мумкин аст.
Ӯ ҳамчунин ба ин назар аст, ки аз иқтибосҳои бемавриди забони матбуоти байналмилалие, ки ҳамзабонони мо ҳастанд, бояд даст кашем.
Мавзӯи истифодаи барзиёди калимаҳои душворфаҳми арабӣ низ ҳамеша мавриди баҳсҳост. Профессор Баҳриддин Камолиддинов дар китоби худ «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» ва муҳаққиқ С. Фатҳуллоев дар мақолаи худ «Баъзе мушкилоти татбиқи Қонуни забон» ба ин мушкил таваҷҷӯҳи хос намудаанд.
Онҳо мутмаинанд, ки ба маънои ин гуна калимаҳо на фақат хонандагони оддӣ, балки филолог ҳам бидуни истифодаи луғат даст нахоҳад ёфт. Ин олимони шинохта пешниҳод доштанд, ки муаллифони ин гуна матолиб ақаллан дар қавсайн маънои онҳоро шарҳ диҳанд, шояд барои хонанда андаке кӯмак мекунанд.
Зимнан, бархе ба ин назаранд, ки “васоити ахбори умум на танҳо муҳимтарин дастгоҳи тарғиботи афкор ва идеология, балки тарғибгари забону фарҳанги миллӣ низ мебошанд”. Профессор Камолиддинов дар ин зимн мегуфт:
-Ба ибораи дигар, мардум ба васоити ахбори умум боварию эътиқоди калон доранд ва ба кормандони он зиёд пайравӣ мекунанд. Бисёр вақт ҳар гуфта ё ҳар навиштаи кормандони васоити ахбори умум, сарфи назар аз он ки дуруст аст ё ғалат, аз тарафи мардум ҳамчун меъёр қабул гардида, ба зудӣ оммавӣ мешавад.
Одамони оддӣ ва бархе олимон, вақте дар бораи мушкилоти забони матбуот суҳбат мекунанд, фақат истифодаи вожаҳои русиву арабиро дар назар надоранд. Онҳо ҳамчунин истифодаи фаровони гӯиши эрониву афғонистониро ҳам танқид мекунанд. Онҳо ба ин назаранд, ки таърихан забони форсӣ дар минтақаҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ҳамдигар фарқи бузурге надошт. Аммо ҳоло масалан, агар эрониҳо дар забони гуфтугӯӣ ва матбуоти худ аз калимаҳои фаронсавӣ ва арабӣ бисёр истифода баранд (“мерси”, “лисонс” ва ҳоказо), тоҷикҳои минтақаҳои пасошӯравӣ аз баъзе калимаҳои русӣ (“самолёт”, “вертолёт” ва ғайра) фаровон истифода мебаранд. Гуфта мешавад албатта хуб буд, бархе аз ин гуна калимаҳо ба забони форсиашон иваз гарданд. Масалан, “ҳавопаймо” ба ҷойи “самолёт”, “чархбол” ба ҷойи “вертолёт” ва ё “сипосгузорам” ба ҷойи “мерси”.
Аммо изҳори нигаронӣ аз ин аст, ки калимаҳои арабии хоси лаҳҷаи эронӣ дар матбуот ва расонаҳои Тоҷикистон афзоиш меёбад. То вақте сомонаи радиои ВВС бо забони форсӣ фаъол буд ва матолиби зиёд нашр мекард, мегуфтанд, ки хеле аз калимаҳои онро намефаҳманд. Вале масъулони ВВС ба ин назаранд, ки онҳо фақат барои Тоҷикистон не, балки қаламрави форсизабонҳо барнома пахш мекунанд ва наметавонанд танҳо ба гӯиши тоҷикӣ тамаркуз намоянд.
Зимнан, аз радиои “Озодӣ” ва сомонаи он ҳам баъзан шикоятҳо мерасанд, ки калимаву вожаҳои душворфаҳмро истифода мебаранд, ҳарчанд ин сомона барои Тоҷикистон равона шудааст.
Роҳи ҳал кадом аст?
Бо ҳамин, то имрӯз роҳи ягонаву мушаххаси ислоҳ намудан, ё ҳадди ақал кам кардани гуфтугӯҳо дар бораи тарзи навишту забони расонаҳои хабарӣ пайдо нашудааст. Ҳарчанд баъзе кӯшишҳо буданд ва ҳоло ҳам талошҳое сурат мегиранд. Масалан дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон барномаҳое роҳандозӣ шудаанд, ки “ Ганҷи сухан”, “Ҳусни баён”, “Дуруст нависем” ном дошта, дар онҳо аз китоби академик Муҳаммадҷон Шакурӣ — «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» иқтибосҳо дар мавриди истифодаи дурусти калимаҳо оварда мешавад. Гурӯҳи фейсбукии “Дуруст бинависем” –и Рустам Ваҳҳобзода низ барои то ҷое ислоҳ шудани вазъ кӯмак мерасонад. Аммо ин раванд ҳамагонӣ нест.
Андешаҳое буданду ҳоло ҳам ҳастанд, ки барои ислоҳи вазъ бояд аз унсури муҷозот истифода намуд. Ин гуна пешниҳод на танҳо аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот, балки аз ҷониби дигарон ҳам садо медиҳад. Масалан, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меъроҷ Ҷумъаев дар монографияи худ навишт: “вақти он расидааст, ки баъзе нашрияҳое, ки дар онҳо меъёрҳои забони адабӣ риоя намешаваду ғалатҳои зиёди забонӣ ба назар мерасад, бо иштироки мутахассисон дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирад ва барои беҳтар шудани забони нашрияҳо чораҳои ҷазо низ татбиқ карда шавад”.
Аммо оё ин роҳи ҳал аст?
Ин ҳам дар ҳоле, ки баъзеҳо мегӯянд: “Журналистон ба хотири “нишон додани доногиашон” аз калимаҳои ғайр ва душворфаҳм истифода мебаранд”.
Оё воқеан чунин аст?
Ман ба ин саволҳо посух надорам…