Иштироккунандагони Эдютони саводи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ, ки аз 19 то 23 декабр дар формати онлайн баргузор шуд, бо тарафи дигари ҳақиқат рӯбарӯ шуданд. Шабакаҳои нейронӣ, алгоритмҳо, саводи синамоӣ, пропагандаи милитаристӣ ва ғайра: созмондиҳандагон якҷо бо мураббиён ва ҳидоятгарон кӯшиш карданд, ки ояндаи наздики моро пешгӯӣ кунанд. Дар соли 2023 чиро интизор шудан мумкин аст? Кадом маҳоратҳо ба мо бештар лозим мешаванд? Ба воситаи кадом афзорҳо метавон худ ва наздикони худро аз таъсири иттилооти бардурӯғ дар амон нигоҳ дошт?
« — Дар тӯли соли охир мо дидем, ки чӣ гуна ҷангҳои иттилоотӣ одамонро бар зидди ҳамдигар қарор медиҳанд. Оилаҳо ва дӯстон аз ҳам ҷудо мешаванд. Ҳамчун ҷомеа, мо дар ҳоли парокандашавӣ ва дасткории осонтар мебошем. Саводи расонаӣ метавонад ба мо кумак кунад, ки роҳҳои идома додани муколама бо ҳамдигар ва муттаҳид монданро пайдо кунем. Ҳадафи асосии Эдютони имсол ҳамин аст.» — гуфт Марат Бигалиев, роҳбари намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ.
34 нафар ҳамроҳи мо ба сафари панҷрӯзаи рақамӣ рафтанд: 16 нафар аз Қазоқистон, 11 нафар аз Тоҷикистон ва 7 нафар аз Ӯзбекистон. Ҳамаи онҳо дар ҷаласаҳои табодули таҷриба ширкат варзиданд, ба коршиносон саволҳо доданд, лоиҳаҳои худро такмил намуда, дар питчинг ба ҳайати доварони мустақил пешниҳод карданд.
Бар асоси натиҷаҳои Эдютон, дар соли 2023 16 лоиҳа дастгирӣ ёфта, амалӣ хоҳанд шуд, ки ин маънои онро дорад, ки сокинони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ низ метавонанд маҳоратҳои саводи расонаии худро такмил диҳанд.
Ғолибонро муаррифӣ мекунем:
Қазоқистон | ||
1 | ОДЮБ им. И. Алтынсарина, Маргарита Бек, Никос Мармалиди | Пигмалиони рақамӣ |
2 | Janasha қоғамдық қоры, Жанылай Базарбай | 50+ Ешқашан кеш емес |
3 | Мактаби санъати Step Clap, Мария Абадиева | Комиксҳои «Қаҳрамонҳо бар зидди пропаганда» |
4 | ОФ AIN Citadel, Ассоль Мирманова | Лоиҳаи «Ҳама чиз дар бораи пропаганда» дар портали Rezonans.Asia |
5 | Руслан Жұбаныш | «Хикая» заманауи өнер кеші |
6 | Kazak Bubble парақшасы, Бибарыс Сейтақ | JüykeFest фестивалі |
7 | ОФ «Центр политических решений», Арман Амир | CoolTóbe ой-талқы алаңы |
Тоҷикистон | ||
1 | Ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон», Сабоҳат Ахмедова | Давраи омӯзишии «Ҳидоятгарони инклюзивии расонаӣ» |
2 | ҶДММ ШТР «САДОИ ХУҶАНД» Уғулой Раҷабова | Барномаи радиоии «Фейк ва факт» |
5 | Салим Саидов, СҒД «Саводи расонаӣ ва фарҳанги рақамӣ» (Хуҷанд) | Эҷоди силсилаи дарсҳои видеоӣ вобаста ба саводи синамоӣ |
6 | Ташкилоти ҷамъиятии «Расонанигор», Гузал Маҳкамова ва Шабнам Холиқова | Давраи омӯзишӣ ва эҷоди видео «Ман — муҳоҷири босаводи расонаиям» |
7 | ҶДММ ТРК «Диёр», Фирӯза Мирҷумъаева | Барнома дар ТВ «Синни сеюм ва интернет» |
8 | Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъиятҳои ӯзбекҳои вилояти Суғд», Уктам Ризаев | Намоиши театрӣ «Агар ман медонистам?» |
Ӯзбекистон | ||
1 | «Саводи синамоӣ. Оё шумо кинои ӯзбекро медонед?» | |
2 | «Саводи расонаӣ аз нуқтаи назари одамони дорои хусусиятҳои инкишоф» | |
3 | «Ба сӯи саводи расонаӣ- иттилоотӣ ба воситаи намоишҳои театрӣ» | |
4 | PLOSSavod | |
5 | Media Lesson |
Ин лоиҳа бо кумаки мардуми Амрико тавассути Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) имконпазир гардид ва дар доираи Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ карда мешавад. Internews барои муҳтавои он масъул аст, ки на ҳатман нуқтаи назари USAID ё ҳукумати ИМА-ро ифода мекунад.