ДомойНақди РасонаӣНишастҳои матбуотӣ: кӣ чӣ мегирад?

Нишастҳои матбуотӣ: кӣ чӣ мегирад?

Даври навбатии нишастҳои матбуотӣ бо иштироки мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ ба анҷом расид. Зимнан, аз матолиби дар бораи онҳо нашршуда ба назар мерасад, ки сол аз сол ин нишастҳо камрангтар мешаванд. Ҳамкасбони мо шикоят аз он мекунанд, ки дар як рӯз ва ҳатто як вақт чандин нишасти матбуотии муҳимро таъин мекунанд, то онҳо ширкат карда натавонанд. Илова бар ин, дар баъзе нишастҳо ё раҳбарони аввал ширкат намекунанд ё бисёрии вақтро ба хондани ҳисоботи худ сарф намуда, барои саволу ҷавоб фурсати хеле кам боқӣ мегузоранд.

Ҳамкорамон Мазҳаби Ҷумъа бозтоби нишастҳои хабарии аввали соли 2023 – ро дар расонаҳои гуногун пайгирӣ намуд. Аз тарзи инъикоси нишастҳо ӯ чунин хулоса кардааст, ки расонаҳои хабариро дар ин маврид мешавад ба чанд намуд тақсим кард. Онҳо кадом намудҳоянд ва чӣ сабабҳо боис ба ин тақсимбандиҳо шудааст?

Сафедкунии ниҳод, ё бознашри варақаи матбуотӣ

Ба ин гурӯҳ бештар расонаҳои ҳукуматӣ дохил мешаванд. Онҳо гӯё вазифаи мушаххас доранд: сафедкунанда ё ба истилоҳ “вакили дифоъ”- и ниҳодҳои давлатӣ будан. Дар нишастҳои матбуотӣ журналистони онҳо тақрибан “саволҳои проблемавӣ” намедиҳанд ва ба иттилое, ки дар варақаҳои матбуотӣ пешниҳод шудааст, иктифо мекунанд. Гуфта мешавад, ки аз як ҷониб обуна будани вазорату идораҳо ба нашрияҳояшон ва аз сӯи дигар сиёсати редаксионӣ ба онҳо иҷозат намедиҳад, ки ба мавзуъҳо ҷиддӣ машғул шаванд, вагарна журналистони ҳирфаӣ дар ҳайати ин редаксияҳо ҳастанд.

Воқеан, барои бозтоби нишастҳо онҳо ҳатто гӯшаҳои алоҳида ташкил мекунанд. Шояд барои ҳисобот ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.

Масалан нашрияи расмиии Тоҷикистон — “Ҷумҳурият” бо шурӯи нишастҳои матбуотӣ гӯшаи алоҳидаи “Аз нишастҳои матбуотӣ” ташкил карда, бо ин ки ягона рӯзномаи ҳаррӯза аст, талош дошт ҳамарӯза аз ҳамаи нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, донишкадаву донишгоҳҳо ва шаҳру навоҳиҳо хабар нашр кунад.

Аз ҷумла, рӯзи 1-уми феврал, ин рӯзнома аз нишасти Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб»  чанд хабар нашр кард, ки аксари маълумот аз омори варақаҳои матбуотӣ иборат аст. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои мустақил аз нишасти вазорати кишоварзӣ масъалаи болоравии нархи маҳсулот, махсусан, пиёз, аз Вазорати энергетика масъалаи лимит дар кишвар ва фурӯши барқ ба Афғонистонро баррасӣ карданд.

Дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар, ки журналистон мавзӯи тарки соҳа кардани муаллимонро ба баррасӣ гузошта, аз роҳбарияти вазорат дар робита ба ин масъалаи муҳим посухи мушаххас наёфтанд, хабарнигори “Ҷумҳурият” -ро танҳо тавсеи ҳамкориҳои байналмилиии вазорат ба худ ҷалб кардааст.

Аз нишасти хабарии Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон бошад, “Ҷумҳурият” дар бораи барқарор шудани парвозҳо миёни Душанбе ва Урумчӣ хабар дод. Ҳарчанд расонаҳои мустақил масъалаи гаронии нархи чиптаҳо ва тақрибан аз фаъолият бозмондани ширкати “Тоҷик Эйр” –ро ба баҳс кашиданд.

Яке аз махсусиятҳои расонаҳои ҳукуматӣ ин аст, ки аз нишасти матбуотии як ниҳод танҳо як хабар медиҳанд. Шояд дар оянда дар матолиби алоҳидаи худ, махсусан аз омор истифода кунанд, вале аз ҷараёни нишастҳои хабарӣ мисле, ки танҳо ба як хабар иктифо менамоянд.

Чунин ҳолат дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар” ҳам ба мушоҳида мерасад. Ахбори он ҳам анқариб аз “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” фарқ надорад. Тафовути нисбӣ ин аст, ки “Ховар” баъзан хабарҳоро нисбатан зудтар нашр мекунад, ҳарчанд ба назар мерасад фаврият усули кории онҳо нест.

Як бартарии “Ховар” ин аст, ки соат ва ҷойи баргузории нишастҳоро як рӯз пеш нашр  карда, журналистонро аз баргузории он огоҳ менамояд. Ин “махсусият” эҳтимолан ба тасмимҳои мақомот бармехӯрад, ки чанд сол пеш мехостанд “Ховар” –ро ба манбаи ягонаи маълумоти расмӣ табдил диҳанд. Он чӣ ки дар заминаи вокуниши созмонҳои журналистии Тоҷикистон ва байналмилалӣ пешгирӣ гардид…

Албатта дар байни расонаҳои ҳукуматӣ онҳоеро ҳам пайдо кардан мумкин, ки баъзан ахбору матолиби мубрам нашр мекунанд. Аз ҷумла “Садои мардум”, ки дар замони баргузории нишастҳо гӯшаи махсуси “Аз нишастҳои матбуотӣ” таъсис дод. Ин нашрияи парламентӣ дар рӯзи аввали нишастҳои матбуотӣ дар бораи аз қайд нагузаштани беш аз 2 млн. симкортҳо хабар дод, ки дар он шабу рӯз барои ҷомеа таваҷҷуҳбарангез ва муҳим ба ҳисоб мерафт. Дуруст аст, ки расонаҳои мустақил ин маълумотро каме барвақттар нашр карда буданд.

“Садои мардум” аз нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм аз масъалаи камбудии омӯзгорон хабар дод, ҳарчанд тавре гуфтем ҳамкасбонамон аз “Ҷумҳурият” ин хабарро  сарфи назар карданд. Воқеан, дар матлаби “Садои мардум” доир ба омор ва суолҳои беҷавоби рӯзноманигорон дар бораи омори норасоии омӯзгорон ҳарфе нест, вале баррасии ин мавзуъ хеле гап аст.

Омилҳои баланд шудани нархи пиёз аз нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ба заминҷунбӣ тобовар будани биноҳои Душанбе аз нишасти хабарии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, зиёд шудани талоқ ё ақди ниқоҳ дар кишвар аз нишасти матбуотии Вазорати адлия, сирқат дар илм аз нишасти матбуотии Комиссияи олии атестатсионӣ аз мавзуъҳои дигари доғи ҷомеа буд, ки “Садои мардум” аз ҷараёни нишастҳои матбуотӣ бозтоб додааст.

Як махсусияти “Садои мардум”: он шояд ягона расонаи хабарист, ки нишастҳои матбуотии қариб ҳамаи донишгоҳу донишкадаҳои кишварро инъикос намудааст. Бигзор дар ин матлабҳо таҳлилу баррасиҳо ҷо надораду таърифу худсафедкуниҳо бештар ба назар мерасад.

Як нуктаи муҳим  барои роҳбарони нашрияи парламентӣ: хабарҳо аксаран дар рӯзнома нашр ва баъд дар сомона гузошта мешавад,  ки дар ин сурат, хабар фаврият ва муҳимияти худро гум мекунад. Албатта хуб мебуд, ки баръакс бошад…

Дар мисоли ин расонаи давлатӣ мешавад хулоса кард, ки онҳо аз нишастҳои матбуотӣ бештар ба қавле “ахбори мусбат” ва дар асл  муваффақияту дастовардҳоро ҷӯё шуда, пайгирӣ намудаанд. Ҳолатҳое, ки мавзуъҳои муҳим ва қобили таваҷҷуҳи ҷомеаро ба баррасиву баҳс кашида бошанд, агар буданд, хеле кам.

Расонаҳои “бемушкил”

Ба ин гурӯҳ қаблан ҳам расонаҳоеро шомил мекарданд, ки ҳарчанд моликияти хусусианд, вале ба ин ё он шакл ба ҳукумат наздикӣ доранд. Аз ҳамин рӯ, онҳо кӯшиш мекунанд, мавзуъҳои дар нишастҳои хабарӣ баррасишавандаро бозтоб диҳанд, аммо хеле боэҳтиёт. Баъзе мавзуъҳое ҳам вуҷуд дорад, ки ҳарчанд дар нишастҳои хабарӣ баррасӣ мешаванд, дар ин расонаҳо бозтоб намеёбанд. Шояд норасоии кадрӣ ҳам ба ин ҳолат таъсиргузор бошад, чун баъзан, агар аз нишастҳои хабарӣ чизе нашр мекунанд, ҳарчанд матлаби расонаҳои дигари хабарист, аммо ба онҳо истинод намешавад.

Як махсусияташон ин аст, ки онҳо бештар масоили иҷтимоиро пайгирӣ менамоянд ва он ҳам то сарҳади мушаххас. Ё аз ҷараёни нишастҳои матбуотӣ ҳам масъалаҳоеро инъикос мекунанд, ки бавосита ё бевосита ба фаъолияти онҳо дахл мекунад. Бовуҷуд, баъзан ба назар мерасад хеле баҷуръат ҳам мешаванд…

“СССР” дар Хатлон ба кӣ нафорид?” аз камтарин матолибест, ки нашрияи СССР аз ҷараёни нишастҳои матбуотӣ нашр кардааст.

Дар ин матлаб ду масъалаи вобаста ба нишастҳои матбуотӣ баррасӣ шудааст: 1) Дар он ширкат накардани иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва 2) ба нишасти баргузорнамудаи муовини раиси вилоят  даъват намудани журналистон аз “рӯи рӯйхати пешакӣ тартибдодашуда”.

“Рӯзи нишаст маълум шуд, ки номи газетаи мардумии СССР рӯйхати булаҷаби ин нишаст нест!!!

Ин дар ҳолест, ки тамоми вазорату кумитаву раисони шаҳру навоҳиву вилоятҳо то ин дам аз журналистон хоҳиш мекарданд, ки ба нишасташон оянд, зеро ин ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ аст, на ҳавову ҳаваси худи раисон!!!

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро номи газетаи СССР, ки тӯли 16 соли фаъолияташ дар саргаҳи набардҳои итиллотӣ истода, бо душманони дохилию хориҷӣ мубориза мебарад ва то ин дам бо раҳбарияти вилояти Хатлон ва 25 шаҳру навоҳии он ҳамкории хубу ҳасана дошту дорад, имрӯз ба рӯйхат ворид нагардид? Мо нафаҳмидем. Шояд нахостанд? Аммо кӣ нахост? Суолест ба роҳбари Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Муҳаммадҷон Орифзода!” навиштааст муовини сармуҳаррири “СССР” Ҷамила Ҳусейнова.

Дар матлаби “тиҶОРат” –и худ Хуршед Атовулло — роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки нашрияи “Фараж” ҳам ба он марбут аст, мавзӯи маълумотномаи ба ҳамдигар мухолифи вазорату ниҳодҳои масъул дар мавриди содироти молро, ки дар нишастҳои матбуотӣ баррасӣ шуданд, ба интиқод мегирад.

“Магар метавон бо ин рақамҳои ба якдигар зид, соҳибкореро ҷалб кард то талаботи моро масалан ба шакар омӯхта аз пайи сохтани заводи шакар шавад? Магар то сохтани завод мо метавонем технологияи ворид мешударо мисли баррачаҳои ҳамсояи чӯпони мо гум накунем? Фикр дорам то замоне мо думболи додани ҳисоботи мусбати қалбакӣ дар вазоратхонаҳою ниҳодҳо ҳастем, бо ин нишондодҳои дурӯғин ба ҷое намерасем. Чӣ гуфтед?” менависад муаллиф.

Нашрияи “Тоҷикистон” бошад, дар матлабе таҳти унвони “Мошин, хона, бӯстонсаро… Раисони Хатлон боз чӣ доранд?”  мавзӯи дороии мансабдорони вилояти Хатлонро баррасӣ намудааст. Воқеан, дар бораи амволи онҳо дар ҷараёни нишастҳои матбуотӣ хабарнигорон пурсида буданду хабар доданд ва посухи онҳоро хабарнигор Машраби Аловуддин дар як матлаб ҷамъ намудааст. Файзулло Баротзода — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар гуфтааст, хонае дорад, ки аз падар мерос мондааст. “Як нақлиёти шахсӣ дораму халос. Дигар маоши давлат асту хизмати халқ аст”,- афзуд вай.

Қурбоналӣ Қувватзода — раиси ноҳияи Вахш, ки дар гузашта соҳибкор будааст, нисбатан боэътимод посух дод: то таъин шудан ба ин вазифа хона ва ҳам мошини шахсӣ доштааст.

Хол Раҳмон — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳам дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки як мошин ва як хона дар ҳамин ноҳия дораду халос.

Мирзодавлат Сабурзода — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён дар нишасти хабарии хеш бо фарқ аз раисони дигар гуфт, ки дороии бисёр дорад ва барои ин аз фарзандонаш миннатдор аст.

Бахтиёр Шарифӣ — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки “дороии ман зан, фарзанд ва ватан аст”. Ӯ гуфт, то ҳол ҳар чӣ дорад, моли падараш аст ва худаш то ҳол ҳеҷ чиз нахаридааст.

Дар охири матлаб хабарнигор хулоса кардааст, ки “тибқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид “Бар зидди коррупсия” аз соли 2003, ки онро ҳам Тоҷикистон шуруъ аз соли 2008 эътироф кардааст, мансабдорони тоҷик вазифадоранд ҳар сол то 1-уми апрел вобаста ба дороиҳояшон ба нозироти андоз эъломия пешниҳод кунанд. Феълан имкони тасдиқи дурустии маълумоти додаи раисони чанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон вобаста ба дороиҳояшон нест. Посухи онҳо ба суол дар бораи дороӣ қариб ки якранг аст. Вале дар ҷомеаи мо аксар ба ин назаранд, ки баъди ба мансаб расидан дороии онҳо зам мешаваду кам не…”

Расонаҳои “дардисарсоз”

Ин гурӯҳи расонаҳо дар кишвар зиёд нестанд ва журналистонашон кӯшиш мекунанд, ки дар нишастҳои матбуотӣ мавзуъҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсиро баррасӣ кунанд. Онҳо дар нишастҳои матбуотӣ ҳам яке дигариро пур мекунанд.

Масалан, хабарнигори радиои “Озодӣ” дар нишасти матбуотии вазорати маориф ва илм мушкили норасоии омӯзгоронро ба муҳокима гирифт. Аҷиб буд, ки вазир саволро инкор кард, аммо масъала бо ин тамом нашуд.  Хабарнигори “Азия-Плюс” дубора ба пурсиш баргашт, вале он ҳам беҷавоб монд. Хабаргузории “Азия Плюс” худи ҳамон замон дар “Телеграм-канал”-и худ ба забони тоҷикӣ ва русӣ дар бораи пешниҳод накардани омори норасоии омӯзгорон аз ҷониби вазири маориф хабари кӯтоҳ нашр кард. Баъди нишаст Радиои Озодӣ як гузориши калон ҳам дар ин робита пахш намуд.

Дар нишасти матбуотии вазорати энерегитика ва захираҳои об низ айнан чунин ҳолат пеш омад. Хабарнигори радиои “Озодӣ” аз вазир дар бораи ҳаҷм ва нархи фурӯши барқ ба Афғонистон пурсид, аммо ӯ посух надод. Саволро хабарнигори “Азия-Плюс” такрор карда бошад ҳам, на вазир ва на раиси ширкати “Барқи тоҷик” посухи мушаххас надоданд. “Азия-Плюс” ин бор ҳам дар “Телеграм-канал”- и худ навишт, ки чунин иттилоъро вазир ва роҳбари ширкати “Барқи тоҷик” ба журналистон пешниҳод намекунад.

Воқеан, яке аз вижагиҳои “Азия-Плюс” ин аст, ки аксари иттилоъи зарурӣ ва нутқи ҷолиби баромадкунандаро аз нишастҳо аввал ба таври кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоии худ, махсусан “Телеграм-канал” нашр мекунад ва баъди ин, тадриҷан дар сомонааш мегузорад.

Як вижагии дигар: Агар хабарнигори расонаҳои ҳукуматӣ дар нишастҳои матбуотӣ ба як савол иктифо кунанд, расонаҳои мустақил чанд савол додаву чанд хабари муҳимро пахш мекунанд. Аз ҷумла, “Азия-Плюс” дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати энерегетика ва захираҳои об, Прокуратураи генералӣ, Судӣ олӣ ва чанд ниҳодҳои муҳими дигар аз 2 то 5 хабар нашр кард.

Ҳамин тариқ, радиои “Озодӣ” ҳам дар як нишаст чанд хабар нашр мекунад. Масалан аз нишасти Суди олӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, хориҷӣ ва меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз 2 то 4 хабар пахш карданд.

Пахши мустақим ва мушкилоти он

Пахши мустақим аз дигари трендҳои нави нишастҳои матбуотӣ аст ки давоми се-чаҳор соли охир муд шуд ва аксаран расонаҳои мустақил (баъзан расонаҳои наздик ба ҳукумат ё ҳукуматӣ ҳам) ин корро мекунанд. Дар натиҷа мухотабон метавонанд мустақиман рафти нишастро тамошо кунанд ва масъулият ҳам барои роҳбарон бештар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, чанд вазорату идора монеи пахши мустақим дар рафти нишастҳои матбуотӣ гардиданд. Онҳо аз рӯзноманигорон талаб мекарданд, ки пахши мустақимро боздоранд. Вале ин талаб иҷро нашуд ва кор ба ҷое расид, ки намояндаи як ниҳоди қудратӣ интернетро дар дохили бино қатъ кард. Албатта бо ин журналистон аз баҳри пахши мустақим нагузаштанд. Вале роҳбарони вазорату идораҳо барои гурехтан аз посухи журналистон ҳар роҳу равишҳои навро истифода мекунанд.

Масалан, агар солҳои пеш роҳбарони аввал дар нишастҳо ҳозир намешуданду танҳо муовинони хешро равон мекарданд ва ё аз додани баъзе омори шубҳанок худдорӣ мекарданд, имсол вазъ комилан ранги дигар гирифтааст. Акнун вазирону раисон дар нишастҳои матбуотӣ саволҳои рӯзноманигоронро инкор мекунанд, аҳамият намедиҳанд ва ҳатто дар аксари ҳолатҳо муовинонашонро намегузоранд, ки ба суолҳо посух диҳанд. Албатта ҳамаи ин ҳолатҳо ба гирифтани маълумот барои хабарнигорон мушкил эҷод карда, инъикоси масоили муҳимро баъзан номумкин мегардонад.

Аз ҳар мушкили бавуҷудомада дар нишастҳои матбуотӣ Ассотсиатсияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (маъруф ба НАНСМИТ) матлаб омода карда, пешниҳод менамояд. Аммо ин ҳама талошҳо чизеро дар муҳити мушкили хабаргириву хабарсозӣ тағйир медиҳад ё не, номаълум хоҳад монд.

Нишастҳои матбуотӣ бошад, барои баъзе ҳамкасбон бештари вақт ҳоло бо “кофе – брейкҳои” –и пурбор ва “конвертҳои вазнину сабук” –и баъзе идораҳо қиссаҳо меофараду  бас. Воқеан, дар ин бора баъзеҳо баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё расонаҳои худ менависанд. Шӯрои ВАО ҳам соли гузашта бо муроҷиатномаи хос дар ин бора баромад кард. Мисле ки то ҳоло ба ҳадаф нарасид…

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ