ДомойНақди РасонаӣДушанбеи «кӯҳна» ва «дигар»: оянда дар бораи пойтахт чӣ хоҳанд гуфт?

Душанбеи «кӯҳна» ва «дигар»: оянда дар бораи пойтахт чӣ хоҳанд гуфт?

Шанбеи сеюми апрелро дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи пойтахт таҷлил менамоянд. Имсол онро 15 апрел таҷлил намуданд.

Дар расонаҳои хабарии марбут ба ҳукумат ва саҳифаҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоии наздик ба шаҳрдорӣ тавсифи “Душанбеи дигар” барвақттар аз Рӯзи пойтахт оғоз гардид. Ин таърифҳо аз январи соли 2017 – замони ба курсии шаҳрдорӣ овардани Рустами Эмомалӣ тамом нашудаанд.

Дар муқобил, одамоне кам нестанд, ки таассуф мехӯранд: аз Душанбеи пешин чизе намонд!

Душанбее, ки аз пропаганда раҳо намешавад…

Дар таърихномаи вобаста ба Душанбе мехонем, ки он то ба пойтахти Тоҷикистон эътироф  гардидан, “ҳарчанд мақоми шаҳрро надошту танҳо аз чанд хонаи деҳотӣ ва мавзеи баргузории бозори ҳафтаина иборат буд, вале мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои бостоншиносӣ, дорои таъриху тамуддуни бою ғанӣ будааст”.

Гуфта мешавад дар Душанбе аз давраҳои қадим бозори фаровону бошукуҳ мавҷуд буд. Дар ин ҷо дар баробари маҳсулоти маҳаллӣ-ҷаву гандум, зағиру пилла, меваю сабзавот, ҳамчунин моҳути англисӣ, абрешими чинӣ, чити русӣ ва амволи дигар низ хариду фурӯш мешуд. Аслан бозор дар ин мавзеъ ҳар ҳафта рӯзи душанбе барпо мешудааст, ки Душанбе ном гирифтани он низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки номи Душанбе бори нахуст моҳи декабри соли 1676 дар номаи хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи давлати рус Романов зикр гардида, дар он доир ба сокин будани аҳолӣ дар мавзеи Душанбе маълумот медиҳад. Чандин аср пеш олим ва муаррихи ибтидои асри VIII Маҳмуд ибни Валии Балхӣ доир ба иқлими мусоид, олами наботот ва ҳайвоноти мавзеи Душанбе ва атрофи он маълумоти фаровон додааст.

Дар замони побарҷоии СССР бошад мегуфтанд, Душанбе то замони шӯравӣ як деҳаи хурде буд, ки ҳудуди он аз Боғи Ирам то Хонаи радио тӯл кашида, сокинони таҳҷоии он бо кишоварзиву чорводорӣ, чармгариву кулолгарӣ, заргариву мисгарӣ, оҳангариву дуредгарӣ ва кафшдӯзиву ресандагӣ машғул буданд.  «Давраи асосии рушди Душанбе ба сифати шаҳр пас аз барқарор гардидани ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ  оғоз ёфта, он аз 21 августи соли 1924 нахуст ба сифати маркази Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ва баъдан, аниқтараш аз 14 октябри соли 1924 баробари таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон пойтахти давлати навтаъсиси шӯравӣ эълон карда мешавад», зикр мекарданд бо ифтихор.

Аммо он замон ҳам одамоне буданд, ки мегуфтанд Душанберо ба як шаҳри ғайритоҷикӣ табдил дода, ба ин восита фарҳанги бегонаи русиву аврупоиро иҷборан ба сари тоҷикон бор кардаанд: ҳеҷ нишонае аз тоҷикият намондааст!

Шаш соли ахир бошад, хонандаву бинандаву шунаванда зери таблиғи “Душанбеи дигар” –и ҷонибдорони Рустами Эмомалӣ монда, эҳтимолан насли наву оянда аз гузаштаи ин шаҳр чизе ба ёдгор нахоҳанд дошт.

Хулоса, ба назар мерасад, ки пойтахти Тоҷикистон ба як майдони тохтутози таблиғотӣ табдил ёфтааст: ҳар кас зӯру тавони худро маҳз дар Душанбе нишон медиҳад!

Дар ин замина, нашрияи “Азия плюс” ибтидои соли 2013 матлаберо нашр намуд, ки баъдан ба як лоиҳаи хеле ҷолиб табдил ёфт. 28 январи даҳ сол пеш дар бахши “Пойтахт” –и ҳафтаномаи мазкур таҳти унвони “Душанбе: таърих дар аксҳо” матлабе дар бораи Почтаи марказӣ нашр шуд ва дар он аз тариқи суратҳои нодир перомуни таърихи ин бино ҳамчун рамзи махсуси пойтахти Тоҷикистон нақл мекард. Ин матлаб он қадар аз ҷониби ҳаводорони нашрия хуш пазируфта шуд, ки ҳафтанома ва муаллифи он таърихшиноси машҳур Ғафур Шерматов тасмим гирифтанд онро ба лоиҳаи махсус табдил бидиҳанд. Акнун дар ин бахш, ки баъдан ба сомонаи гурӯҳи расонаҳои “Азия плюс” ҳам кӯч баст, дар бораи сохтмонҳои нахустин, биноҳои таърихӣ, муҷассамаҳо, корхонаву идораҳо ва одамони оддиву машҳури Душанбе дар замони аввали пайдоиши СССР дар Тоҷикистон ва шахсиятҳои машҳури шӯравӣ ҷо мегиранд.

Азбаски аксари бинову идора ва ҳайкалҳое, ки дар “Душанбеи кӯҳан” таърифашон бо аксҳо сурат мегирад, ҳоло тахриб шудаанд, насли калонсол онҳоро бо дилбастагӣ (носталгия) мебинаду мехонад ва насли нав ба ин восита дар бораи гузаштаи пойтахти кишвар маълумот пайдо мекунад. Аз ин дидгоҳ, ин лоиҳа на танҳо маълумот медиҳад, балки кори савоб ҳам мекунад.

Таърихе, ки акнун нест!

Муаллифи лоиҳа дар сарсухане, ки ҳоло дар сомонаи Азия плюс ҳаст, дар бораи махсусиятҳои Душанбеи замони шӯравӣ нақл мекунад: шаҳри интернатсионалие, ки миллатҳои гуногун ва бо итминону дӯстона зиндагӣ доштанд!

“Мо чун оилаи ягонае зиндагӣ мекардем, ки номаш “душанбегӣ” буд. Акнун таърихи он замон дар хотираи душанбегиҳои асил боқӣ мондааст” – омадааст дар муқаддима.

Воқеан, қисмати аввали матлабҳои ин лоиҳа дар аввал ҳамчун “Душанбе: таърих дар аксҳо” силсиламатлабҳо дорад ва аз тариқи аксҳо таърихи ягон ҳодиса ё раванди навро дар пойтахти Тоҷикистон нишон медиҳад. Масалан 29 сентябри соли 2014 муаллиф дар бораи фаъолияти аввалин автобусҳо дар Душанбе нақл мекунад. Аз ин матлаб маълум мешавад, ки маҳз соли 1929 дар пойтахти кишвар ҳаракати автобусҳо бо хатсайри мушаххас роҳандозӣ шуд. Ӯ ҳамзамон омореро пешниҳод мекунад, ки кадом сол Душанбе чӣ қадар автобус дошт ва ба кадом хатсайрҳо ҳаракат мекард. Тамғаи аввалин мусофиркашҳо ГАЗ-03-30, ЗИС-8 ва ЗИС-16 будаанд, ки муаллиф бо истифода аз бойгонии худ акси онҳоро нишон медиҳад ва бо ин тартиб хонанда тасвири кӯчаҳои солҳои 20- 30 -ро хоҳад дид. Як факти ҷолиб: дар солҳои ҶБВ ҳамаи мусофиркашҳоро ба ихтиёри низомиён доданд ва танҳо соли 1948 автобусҳои нав бо теъдоди хеле кам ба пойтахти Тоҷикистон оварда шуд.

Як қисмати матолиби ин лоиҳа таҳти унвони “Ошноӣ бо Душанбеи “дигар”” нашр шуда, дар онҳо ба гумони аввал доир ба чизҳои нодаркор, аммо дар асл хеле ҷолибу нодир қисса мешавад. Масалан дар матлабе бо номи “Вақти Сталинобод”  муаллиф аз як таърихи ҷолиб – як ҳафта пеш аз сар шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл мекунад. Дар акси гирифташуда санаи 16 июни соли 1941 ишора шудааст ва соати болои мағозаи “Люкс”, ки дар кӯчаи Ленин қарор доштааст, вақтро 11. 25 нишон медиҳад. Аз ҳолати бардоштаи суратгир маълум мешавад, ки он замон одамон эҳсоси хурсандӣ дошта, ҳич кас тасаввур намекард, ки ҳафтаи пешорӯ ҷанги гӯшношунид онҳоро ғамгин менамояд…

Бахши дигари матолиб таҳти унвони “Душанбе ва душанбегиҳо дар солҳои 50, 60, 70” мутаносибан нашр шудааст ва дар ҳар кадоми онҳо муаллиф вижагиҳои он давраро нишон медиҳад. Дар ҳар даҳсола аз тариқи аксҳо дида мешавад, ки дар ҳаёти душанбегиҳо чӣ тағйирот пеш меомад.

Матлаби ҷолиби дигар “Душанбеи нобудшаванда” ном дорад ва дар он муаллиф дар бораи 10 бинои таърихиву фарҳангие нақл мекунад, ки солҳои 30 – юми асри 20 сохта шудаанд ва ба иддаои муаллиф набояд тахриб гарданд. Ӯ дар бораи таърихи ҳар кадоми ин биноҳо маълумоти ҷолиб ва муҳим пешниҳод менамояд. Ғафур Шерматов бо таассуф зикр мекунад, ки аксари ин биноҳо ҳоло тахриб шуда, насли нав аз таърихномаи онҳо бенасиб монд.

Махсусиятҳои “Душанбеи кӯҳан” бо ин тамом намешавад…

Рустами Эмомалӣ 21 – умин аст

Лоиҳаи махсуси “Душанбеи кӯҳан” фақат дар бораи иморату бино ва ҳайкалҳои пойтахти Тоҷикистон дар солҳои гуногун нақл намекунад. Қаҳрамони он ҳамчунин одамони таъсиргузор ва баъзан оддие ҳаст, ки дар сохтусози Душанбе саҳми арзанда гузоштаанд.

Масалан дар матлаби “Пойтахт ва шаҳрдоронаш: то Рустами Эмомалӣ кӣ буд?” дар бораи ҳамаи роҳбарони шаҳри Душанбе маълумот медиҳад. Маълум мешавад Рустами Эмомалӣ 21 – умин шаҳрдор аст.

Ғафур Шерматов талош намудааст дар бораи ҳар кадоми онҳо маълумоти имконпазир пайдо намояд. Мутаассифона дар бораи бархе аз роҳбарони пешин маълумот камтар аст. Аммо дар бораи аксари шаҳрдорон муаллиф бо зикри иқдомоти хос менависад.

Қаҳрамони матлаби “Кист ӯ, созандаи “рӯйи” Душанбе?” меъмори ленинградӣ  Стефан Анисимов аст, ки аз тариқи озмуни хеле ҷиддӣ ба масъулият қабул шуд ва тарҳи аксарияти биноҳои калидии пойтахтро маҳз ӯ кашидааст. Муаллифи тарҳи “хонаи ҳукумат” ё “бинои СК” ва баъдан “қасри президент”, ки новобаста аз баҳсҳои зиёд ахиран тахриб шуд, маҳз ӯ ба ҳисоб меравад. Меъмор аз соли 1936 ба Тоҷикистон омад. Солҳои тӯлонӣ ба ҳайси раиси Кумитаи сохтмон ва раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон фаъолият дошт.   Дар ин давра ғайр аз бинои ҳукумат, ҳамчунин сохтмони иншооти муҳиме чун Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ, Бонки миллӣ, Нишон ва герб дар маркази шаҳр, Фурӯшгоҳи марказӣ (СУМ), вазорати молия, дар маҷмӯъ дар пойтахт ва навоҳии дигари кишвар беш аз 100 иншоот зери тарҳрезӣ ва назорати ӯ бунёд гардиданд. Соли 1985 дар Душанбе вафот карду ҳамин ҷо дафн шуд.

“Ӯ 27 сола буд, ки генплани аввалини Душанберо таҳия кард” матлаби дигарест перомуни як шахсияти дигари таърихӣ Николай Баранов. Тарроҳи генплан соли 1935 ба Сталинободи онвақта омад ва бо якчанд мушкил рӯ ба рӯ шуд: ҳавои гарм, радитасияи аз ҳад баланд, чангу ғубори зиёд ва замини аз ҷиҳати сейсмологӣ хатарзо. Новобаста аз мушкилот ӯву ҳамроҳонаш тавонистанд таи солҳои 1935 – 1937 нақшаи шаҳри имрӯзаи Душанберо тарҳрезӣ намоянд. Дуруст аст, ки шаҳр он замон дар қисмати чапи “Дарёи Душанбе” қомат афрохт, аммо вусъати баъдинаро дар тарафи рости дарё пешбинӣ мекард.

Қаҳрамони дигари лоиҳа духтур Евгений Повловски аст, ки на танҳо беморонро шифо мебахшид, балки харитаи касалиҳои сироятии ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистонро таҳия намуд. Бар замми ин, соли 1932 маҳз бо ташаббуси ӯ дар кишвари мо заминаҳо барои Академияи илмҳо гузошта шуд, ки дар сохтусозаш иштироки фаъол дошт.

Шахсиятҳои машҳури Душанбе дар солҳои гуногун низ дар лоиҳаи “Душанбеи кӯҳан”  муаррифӣ шудаанд. Аз ҷумла ситораҳои санъату варзиш ва фарҳанг…

Хулоса, дар лоиҳаи махсуси “Душанбеи кӯҳан” гуфтан мумкин таърихи ҳар кӯчаву паскӯча ва бинову иморат, ҳайкалҳо ва одамони оддиву таъсиргузор ифода ёфтааст.

Матлабҳои онро на танҳо аксҳои таърихӣ, ҳамчунин шакли зебову хонои навишт ва пешниҳодаш барои хонанда ҷолиб мегардонад. Аз ҳамин ҷост, ки онҳоро дар сомонаи “Азия плюс” аз 20 000 то 66 000 нафар хондаанд.

Матолиби ин лоиҳа махсусан замони овоза ё хабари тахриби биноҳои кӯҳани пойтахт бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирифтанд.

Як нуктаи ҷолиб: вокуниши фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тахриби биноҳои кӯҳан ва таърихии шаҳри Душанбе дар ин авохир камтар ба назар мерасад. Нуктаи авҷ дар ин маврид хабари тахриб кардани осорхонаи Устод Айнӣ ба ҳисоб мерафт, ки пас аз мавҷи вокуниши фаъолон шаҳрдорӣ қарори худро бозбинӣ намуд. Чойхонаи “Роҳат” ҳам, ки як замон овозаи бардошта шуданаш аз маркази пойтахт мавриди баҳсҳо буд ва воқеан қисмате аз он канда ё таъмир мешуд, феълан боқӣ мондааст. Вале вокунишҳо ба тахриби “бинои СК” ё “қасри президент”, Театри русии ба номи Маяковский, ки  нахустин маҷлиси вакилони Душанбе таҳти раҳбарии Чинор Имомов дар ҳамин бино доир шуда буд ва чандин биноҳои дигар бенатиҷа монданд: онҳо тахриб гардиданд!

Чаро акнун чизе намегӯянд?

Шояд акнун биноҳои таърихӣ намонд, ё ҷомеа ба хулосае омад, ки овози онҳоро дигар намешунаванд ва ё пропаганда “кори худро кард”?

Раҷаб Мирзо
Раҷаб Мирзо
Журналисти мустақил, медиатренени ТҶ «Хома»

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ