ДомойНақди РасонаӣВақте дар матбуоти бачагона матлаби муносиб намеёбанд

Вақте дар матбуоти бачагона матлаби муносиб намеёбанд

Матбуоти бачагона имрӯз бахши аъзами журналистикаи тоҷикро ташкил медиҳад, вале ба қавли коршиносон ин соҳа имрӯз “бесоҳиб монда” ва “пурмушкил шудааст”. Мунаққиди “Хабарнигори муосир” ин навбат бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки 1-уми июн таҷлил мешавад, матбуоти бачагонаи Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дод.

Мувофиқи санадҳои оморӣ, имрӯз Тоҷикистон зиёда аз 2 млн 232 ҳазор мактаббача дорад ва барои онҳо беш аз 25 номгӯй рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр мерасонад.

Ҳоло расман аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои наврасону кӯдакон рӯзномаву маҷаллаҳои “Чашма”, “Офтобак”, “Зангӯла” ва “Анбоз” пешбинӣ шудаанд, ки мунтазам ба чоп мерасанд. Аммо теъдоди нашри онҳо камтар аст: “Анбоз” 1 500 нусха, “Чашма” ва “Офтобак” 2 000 нусха,  “Зангӯла” 2 500 нусха чоп мешаванд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бошад, барои наврасону хонандагони мактабҳои миёнаи кишвар нашрияи “Пайрав”-ро бо теъдоди рекордии 40 ҳазор нусха ба табъ мерасонад.

Дар ин баробар, нашрияҳои дигаре чун “Истиқбол”, “Гул-гул”, “Гулчин”, “Сомониён”, “Ворисони Сомониён”, “Афсонаҳо”, “Боғи дониш”, “Субҳи дониш”, “Ғунчаҳои умед”, “Парвин”, “Бойчечак”, “Уқувчилар”, “Устоз”, “Замондош” ва ғайра барои кӯдакону наврасон бо теъдоди гунонун — аз 2 000 то 20 000 нусха рӯйи чоп меоянд.

Дар фазои расонаӣ тамоюли зиёд шудани матбуоти бачагона дида мешавад, вале дар баробари ин падидаи мусбат чунин ба назар мерасад, ки дастандаркорони соҳа ин ҷо бештар дунболи фоидаи тиҷоратӣ мебошанд, на маънавиву фарҳангӣ. Дар ин маврид шикваву интиқоди волидони мактаббачаҳо, ки мегӯянд, аз фарзандонашон бо баҳонаи нашрияҳои зиёд ҳар замон пули обуна ҷамъ мекунанд, дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ кам нестанд.

Пас бубинем, ки ин нашрияҳо барои хонандагони худ чӣ мӯҳтаво пешниҳод мекунанд?

Муҳтавои нашрияҳои бачагона

Ҳоло дар матбуоти бачагонаи Тоҷикистон дар қолаби ҳам жанрҳои журналистӣ матлаб дидан мумкин аст ва ҳам дар жанрҳои бадеӣ. Аммо аз рӯи мушоҳидаҳои мо мавқеи жанрҳои бадеӣ бештар аст. Ба ҳар сурат, ин нашрияҳо аксаран ҳикоя, қисса, латифа ва шеърҳои кӯдаконаи гуногун ба табъ мерасонанд. Чистону зарбулмасалу тезгӯякҳо ҳам як ҷузъи муҳими ин нашрияҳоянд.

Ба фарзи мисол, нашрияи “Чашма”,  ки моҳе як бор рӯи чоп меояд, аз замони пайдоишаш то ҳанӯз бештар ҳикоя, афсона, чистон, тасвирҳои гуногун, кроссворд, ҳарфёбак ва бозиҳои дигари интерактивии кӯдакона нашр мекунад. Барои ин маҷалла шояд ин меъёр аст.

Аксари матолиби нашрияи “Зангӯла” бошад, таҳиявӣ аст ва аслан матлабҳои ба унвони редаксия омадаро ба нашр мерасонад.

Тафовути нашрияи “Офтобак” бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ — нашр шудани он аст. Он иборат аз 16 саҳифа аст, ки ба шакли зайл тақсимбандӣ шудааст: 4 саҳифа матлаб бо забони тоҷикӣ, 4 саҳифа матлаб бо забони русӣ ва 4 саҳифаи дигар бо забони англисӣ.

Аммо “Офтобак” ҳам таҳиявӣ аст ва ҳамон 5-6 матлабе, ки бо забони тоҷикӣ омода мешавад, ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума мегардад. Яъне, ба назар мерасад, ки дар як шумора тақрибан 4-5 матлаб асту тамом…

Дар ҳамин ҳол, матбуоти бачагонаи Тоҷикистон дар қолаби жанрҳои журналистӣ (ё худ публитсистӣ) хабар, гузориш, лавҳа, мусоҳиба ва очеркгунаҳое ҳам ба нашр мерасонанд.

Дар ин самт фаъолияти бештари нашрияҳои “Пайрав” ва “Анбоз” мушоҳида мешавад. Дар ин ду нашрия хабарҳо дар бораи иштироки кӯдакон дар чорабиниҳои гуногуни бачагона ва дастовардҳои онҳо дар ин ё он озмунҳо, гузоришҳо аз чорабиниҳои фарҳангии бачагона ба нашр мерасанд. Мусоҳибаҳо бо бачагони фаъол ва мутахассисону муаллимону мураббиён рӯйи чоп меоянд. Гоҳо очеркгунаҳое аз ҳаёти кӯдаконаву хонишу тадриси наврасон, ки дар онҳо талоши чеҳракушоӣ аст, вомехӯранд.

Аммо аслан дар ҳар шумораи ин нашрияҳо латифа, афсона, ҳикоя, шеър ва инчунин бозиҳои интерактивӣ бештар нашр мешаванд, ки инро коршиносон меъёри  номувофиқ медонанд. Бештари ин латифаву ҳикояву қиссаҳо дар пасманзари худ проблемагузорӣ, ҳатто хислати тарбиявӣ надоранд ва гӯё танҳо барои “саргармкунӣ” ё саҳифапурнамоӣ ба табъ мерасанд.

Фарқе аз замин то осмон

Агар матбуоти бачагонаи имрӯзро бо замони шӯравӣ муқоиса намоем, фарқ аз замин то осмон аст. Яке аз хусусиятҳои ОНҲО, масалан нашрияи ягонаву таъсиргузори он замон – “Пионери Тоҷикистон” барои навиштани матлабҳои гуногун ҷалб кардану омӯзонидани хонандагони мактаб ба ҳисоб мерафт.

Бачаҳо аз рухдодҳои мактабу шаҳру деҳаи худ хабар менавиштанд ва ба ин восита ҳаққи қалами хуб ҳам мегирифтанду дар натиҷаи нашри матолибашон дӯстони нав ҳам аз шаҳру ноҳияҳо пайдо менамуданд. Зеро он замон мисли имрӯз телефонҳои ҳамроҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ набуд ва насли калонсол нақл мекунанд, ки дӯстони худро маҳз тариқи “Пионери Тоҷикистон” ва “Машъал” пайдо мекарданд: ба суроғаи дар зери хабарҳо чопшуда ба ҳамдигар нома навишта, ҷавоб мегирифтанд ва ҳамин тавр байни онҳо дӯстӣ шакл мегирифт.

“Пионери Тоҷикистон” гӯшаи махсусе бо номи “Қалам” дошт, ки мактаби журналистони наврасро мемонд. Дар он доир ба махсусиятҳои касбӣ ва жанрҳои журналистӣ маълумот дода мешуд, аз китоби профессор, декани вақти бахши журналистикаи ДМТ Иброҳим Усмонов «Рӯзнома чист?…» иқтибосҳо меовард. Хеле аз журналистони ҳоло маъруф мегӯянд, шавқи касби журналистиро аз ҳамин нашрия ва маҳз ҳамин саҳифа дар худ пайдо кардаанд.

Аммо нашрияҳои ҳозира, то ҷое маълум кардем, на ба муаллифони худ ҳаққи қалам медиҳанд, ва на василаи шиноссозии мактаббачаҳо ба ҳамдигар мешаванд (хонандагони мактаб телефону интернет надоранд, теъдоди нашрияҳо низ чашмгир нест).

Пас ин нашрияҳо чӣ рисолатро пеши худ гузоштаанд? Дар посух ба ин савол, муассисони нашрияҳо дар бораи чизҳое мегӯянд, ки волидон онҳоро эҳсос намекунанд.

Зимнан, масъулони нашрияҳои бачагона бо баъзе масъалагузориҳо розӣ буда, мушкилотро бо сабабҳои ба худ хос шарҳ медиҳанд…

Чанд мушкили матбуоти бачагона

Абдувоҳиди Зевар, рӯзноманигор ва мутахассисе аст, ки дар матбуоти бачагона  30 сол ба ин сӯ фаъолият дорад. Ӯ мушкилоти соҳаро ба 3 қисмат ҷудо мекунад:

Якум, набудани кадрҳои мувофиқ. Ҳарчанд ҳоло факултаву бахшҳои журналистӣ хеле зиёданд, аммо дар ягонтои он барои ВАО-и кӯдакона мутахассис тайёр карда намешавад. Таҷрибаомӯзони факултаҳо низ ба ин нашрияҳо намеоянд.

Дуюм, муҳтавои нохуби матбуоти бачагона. Матолиби нашрияҳои бачагона ба худ махсусиятҳо дорад, ки онро на ҳар кас навишта метавонад. Аммо ин масъала бо сабаби камбуди кадр ҳалли худро намеёбад.

Сеюм, сифати нашри матбуоти бачагона. Он ҳам махсусиятҳо дорад ва дар аксари матбуоти бачагона риоя намешавад.

Абдувоҳиди Зевар инчунин меафзояд, ки дар бораи забон, ҳуруфот (шрифт), расм, жанр, формат (андоза), мавқеъ ва ҷузъҳои дигари матбуоти бачагона эродҳои ҷиддӣ гирифтан мумкин аст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки муассисони нашрияҳои кӯдакона ба ин мушкилу масъалаҳо аслан таваҷҷуҳ накарда, мехоҳанд теъдоди чопи нашрияҳоро афзоиш диҳанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки якчанд нашрия таъсис доданианд, ё аллакай додаанд. Яъне, фақат аз нашрияҳои бачагона умеди пул доранд, дар ҳоле, ки ҳеҷ гуна меъёру талаботро риоя намекунанд.

— Ҳоло мӯд шудааст, ки ду нафар як нашрия ташкил мекунанду ҳам менависанду ҳам нашр менамоянду ҳам паҳн менамоянд. Ҳол он ки матбуот кори коллективист, хоса нашрияҳои бачагона, ки вижагиҳо доранд ва онро як касу ду кас ба ҳеҷ ваҷҳ амалӣ карда наметавонад, — мегӯяд Абдувоҳиди Зевар.

Шояд дар мо фикр доранд, ки ба воситаи ин нашрияҳои зиёди ба талабот номувофиқ насли ба замон мувофиқ тарбия мекунанд?

Дар ин бора ҳам бояд фикр кард, ки чаро волидони зиёд барои фарзандонашон аз китобхонаҳо маҷаллаву нашрияҳои кишварҳои дигарро харидорӣ мекунанд, ки ҳам намуди зебо доранд ва ҳам мӯҳтавои муносиб?

Аммо фаромӯш намекунем, ки ҳар давлат метавонад, аз ҷумла ба воситаи матбуоту адабиёти бачагона идеологияи худро тарғиб намояд…

Ё инро ҳам дар мо муҳим намеҳисобанд?

Меҳрофарин Наҷибӣ
Меҳрофарин Наҷибӣ
Рӯзноманигор. Аз соли 2019 инҷониб дар расонаҳои Тоҷикистон кор ва ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло дар ОИ “Азия-Плюс” фаъолият дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ