ДомойМедиалентаДар дунёи рақамӣ тоҷикӣ ҳарф намезананд ва Google забони тоҷикиро хуб намефаҳмад....

Дар дунёи рақамӣ тоҷикӣ ҳарф намезананд ва Google забони тоҷикиро хуб намефаҳмад. Чӣ бояд кард?

Дар дунёи рақамӣ забони тоҷикӣ ва муҳтаво бо ин забон хеле кам аст, агар ин вазъият тағйир накунад, хатари фаромӯш шудани забон ба вуҷуд меояд. Коршиносон гирди ҳам омада, ин мушкилро дар вохӯрии мавзуии муқаддамотии Интернюс мухокима карданд. Ин вохӯрӣ дар доираи лоиҳаи “Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ” (CAIIA) баргузор шуд. Дар вохӯрӣ рӯзноманигорон, кормандони ВАО, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва коршинос ба таври ҳузурӣ ва онлайнӣ иштирок карданд.

Ин мавзуъ масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: муҳтаво бо забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ хеле кам аст, корбарон ҳангоми ҷустуҷӯйи маълумот аз забони тоҷикӣ истифода намебаранд ва дар баробари ин низомҳои ҷустуҷӯйӣ забони тоҷикиро хуб намедонанд. Дигар, истифодабарандагон дастгоҳҳо (гаҷетҳо)-и худро бо забони тоҷикӣ танзим намекунанд. Ба илова, расонаҳо ва нашрияҳо низ ба мутобиқу мувофиқсозии муҳтаво эътибори зиёд намедиҳанд. Ва ин ҳама боиси аз байн рафтани забони тоҷикӣ дар дунёи рақамӣ хоҳад шуд. Бо назардошти он ки ҳамаи самтҳо ва фаъолиятҳо босуръат рақамӣ мешаванд, эҳтимоли “осеб” дидани забони тоҷикӣ дар миён аст.

Вақте гап сари муҳтавои тоҷикӣ меравад, ҳатман кам будани он ва кам будани истеҳсолкунандагон бо забони тоҷикӣ зикр мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар маҷмуъ корбарон дар саросари ҷаҳон дар соли 2021 — 59 зеттабайт додаҳо ё тақрибан 670 триллион филмҳои дарозмуҳлатро тавлид карданд. Ва то соли 2025 ин рақам се баробар зиёд хоҳад шуд. Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, мухотабони забони тоҷикӣ дар интернет ҳастанд, аммо муҳтаво нест.

«Ҳоли ҳозир ман дарРадои Озодӣ фаъолият дорам ва ба ҳамагон маълум аст, ки бахши тоҷикии ин расона дар кишвар серхонандатарин ва сербинандатарин астЯъне, албатта гап сари муҳтаво аст: агар муҳтаво бошад, хонанда ҳам ҳаст. Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар гузашта, ки дар Азия Плюс фаъолият доштам, бахши тоҷикии онро боз карда будем. Ва пас аз он, фарогирии хабаргузорӣ 67 дарсад афзуд. Аз ин рӯ, мо рӯзноманигорон ва расонаҳо бояд омода кардани муҳтаво ва рақамикунонии забони тоҷикиро оғоз кунем, — гуфт Иршод.

Давлат чӣ корҳоро дар ин самт анҷом медиҳад?

Тимур Ёрибек – сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон – дар мавзӯи “Рақамикунонӣ дар Тоҷикистон – манфиати ҳукумат ва корҳои анҷомдода” суҳбат кард.

Вай гуфт, барои рушди иқтисоди рақамӣ чанд қонун ва санадҳои дахлдор аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудааст. Дар робита ба ҳузури забони тоҷикӣ дар Интернет Тимур Ёрибек аз нисбатан беҳбуд ёфтани сифати забон дар ин фазо изҳори хушҳолӣ кард. Ба унвони намуна вай Chat GPT-ро мисол овард, ки ним сол пеш бо истифода аз маҷмӯи вожаҳо ба забони тоҷикӣ посух дода буд ва акнун метавонад, ҷумлаҳои мантиқӣ созад. Дар ҳамин робита Сангалӣ Шерализода, намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиш аз он изҳори ноқаноатмандӣ кард, ки дар интернет маълумоти зарурӣ бо забони тоҷикӣ хеле кам аст.

«Чаро дар Google (ё умуман системаҳои ҷустуҷӯӣ) маълумотро ба забони тоҷикӣ бояд суроғ кард, вақте ин маълумот мавҷуд набошад? Масалан, дар мавзуъҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, тиббӣ матлаб хеле кам аст. Аз сабаби кам будани муҳтаво бо забони тоҷикӣ, онҳоро камтар ҷустуҷӯ мекунанд. Яъне, масъалаи асосӣ ба кам будани иттилоъ бо забони тоҷикӣ марбут аст”, — гуфт Шерализода ва пешниҳод кард, ки олимону омӯзгорон ва зиёиён пажуҳиш ва мақолаҳои худро дар интернет ба забони тоҷикӣ бештар ҷой диҳанд.

Чӣ гуна лаҳҷаҳо ба рушди забон дар интернет халал мерасонанд?

Дар бораи мушкилоти техникии рақамикунонии забон ва вазъи умумии сомонаҳои ҷустуҷӯй коршиноси самти Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ (ТИК) Асомиддин Атоев қисмҳои зеринро ёдрас шуд: мушкилиҳо дар муҳтавои матнӣ, авлавияти лаҳҷа дар баробари забони адабӣ, шарм доштан аз истифодаи забони адабӣ, омехтани забони тоҷикӣ бо дигар забонҳо, ҷустуҷӯ накардан бо ҳарфҳои ҳ, ғ, ҷ, қ ва ӯ.

«Агар мо мехоҳем, ки забони тоҷикиро системаҳои ҷустуҷӯӣ хуб пазироӣ кунанд, моро мебояд, ки ҳарчӣ бештар бо забони худ дар он ҷойҳо ҷустуҷӯ кунем. Барои мисол, агар мо дар Google ибораи “Рӯзи ҷавонон”-ро ҷустуҷӯ кунем 3000 сарчашма нишон медиҳад ва агар ин ибораро “Рузи чавонон” ин гуна навишта ҷустуҷӯ кунем 230 сарчашма медиҳад”, — мегӯяд Асомиддин Атоев. 

«Чаро дар Google (ё умуман системаҳои ҷустуҷӯӣ) маълумотро ба забони тоҷикӣ бояд суроғ кард, вақте ин маълумот мавҷуд набошад? Масалан, дар мавзуъҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, тиббӣ матлаб хеле кам аст. Аз сабаби кам будани муҳтаво бо забони тоҷикӣ, онҳоро камтар ҷустуҷӯ мекунанд. Яъне, масъалаи асосӣ ба кам будани иттилоъ бо забони тоҷикӣ марбут аст”, — гуфт Шерализода ва пешниҳод кард, ки олимону омӯзгорон ва зиёиён пажуҳиш ва мақолаҳои худро дар интернет ба забони тоҷикӣ бештар ҷой диҳанд.

Ба гуфтаи Атоев, даҳсолаҳои ахир забоншиносон ва рӯшанфикрон таблиғ мекунанд, ки забон барои ҳама дастрас бошад. Аммо, ба назар мерасад, ки одамон ҳамдигарро камтар мефаҳманд ва ин пеш аз ҳама ба гӯишҳои гуногун рабт мегирад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, забони тоҷикӣ яке аз забонҳои нодирест, ки онро ҳам бо хатти сириллик ва ҳам бо хатти форсӣ хонда ва гӯш кардан имкон дорад. Атоев барои ҳалли масъалаи камбуди муҳтаво бо забони тоҷикӣ дар Интернет пешниҳод мекунад, хатти сирилик ва форсӣ дар сатҳи мактаб ҳамзамон омӯзонда шавад. Ин имкон медиҳад, ки ба адабиёти гуногун бо забони тоҷикӣ дастрасӣ пайдо шавад. Пешниҳоди дигари Асомиддин Атоев ин аст, ки корбарон аз истифодаи забони кӯчагӣ ва омехта дар интернет даст кашанд.

Ҳалли мушкилот чист ва кадом корҳоро бояд анҷом дод?

Коршиносон дар вохӯрӣ ба ин хулоса омаданд, ки заминаи асосии ҳалли ин мушкилот ва рақамикунонии забони тоҷикӣ бидуни роҳбарии мақомоти давлатӣ номумкин аст. Яке аз ин мақомот метавонад Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон бошад, ки риояи сатҳи забонро ҳам дар фазои рақамӣ ва ҳам гуфтугӯӣ назорат кунад. Ёқуб Ҳалимов, журналист ва коршиноси расонаӣ пешниҳод кард, адабиёти тоҷикӣ, асару матолиби зарурӣ аз шакли чопӣ ба электоронӣ табдил дода шавад. Ин коршинос мегӯяд, аз тарафи Ҳукумати кишвар заминагузорӣ ва гуруҳи махсусе барои ин кор вазифадор шавад.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, роҳбари GIPI, дар тақвияти суханони Ёқуб Ҳалимов, аз ширкатҳои телевизион ва радиоии ватанӣ даъват намуд, филм, афсона ва барномаҳои радиову телевизиониро, ки ба забони тоҷикӣ пахш мешаванд, дар интернет бештар ҷо диҳанд. Ҳамин тариқ, матолиби тоҷикзабон дар интернет афзоиш ёфта, мардум ба истифодаи низомҳои ҷустуҷӯӣ бо забони тоҷикӣ одат мекунанд. Ибодуллоев ҳамчунин пешниҳод кард, як “плагин”-е таҳия шавад, ки аз хатти форсӣ ба сириллик бозгардонӣ кунад. Ин имкон медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон ба мутолиаи адабиёт ба забони модарии худ дастрасии бештар пайдо кунанд. Дӯстмуроди Саид, яке аз муҳаррирони Википедияи тоҷикӣ, ки дар ин мизи гирд ширкат дошт, даъват кард, барои рушди забони тоҷикӣ дар интернет муттаҳид шаванд. Ӯ ҳамчунин ба муҳаррирони сомонаҳои тоҷикзабон муроҷиат кард, то онҳо ба кори бойгонии вебсайтҳои худ бештар таваҷҷуҳ кунанд. Зеро, Википедиаи тоҷикӣ мақолаҳоеро тасдиқ мекунад, ки дорои истинод ба манбаъҳои ибтидоӣ бошанд.

Агар манбаи аслии иттилоот «мурдааст«, яъне аз байн рафта бошад, Википедиа аз ин онҳоро огоҳ карда, матлабро нест мекунад.” -гуфт ӯ.

Раҷаб Мирзо, журналист ва аъзои гуруҳи корӣ гуфт, рушди забон дар дунёи рақамӣ ҳам аз паҳлӯи амниятӣ ва ҳам иқтисодӣ барои як давлат муҳим аст. Хоса барои давлату миллатҳои соҳиби таъриху фарҳанги қадимӣ.

“Яъне, як давлати соҳибистиқлол бояд забони миллии худро аз ҷумла дар интернет рушд диҳад. Дар сурати ғайр ҷои онро забони дигар мегирад. Ҳамчуноне ҳоло адабиёту маълумот бо забони тоҷикӣ бисёр кам аст. Дар сурати бештар будани маълумоти зарурӣ бо забони тоҷикӣ одамон ба рунет ва сегментҳои дигари интернет камтар муроҷиат мекунанд, ки ин аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳам барои як давлат манфиатдор аст, чун маблағ ба хориҷа намеравад.”, — афзуд ӯ.

Гуруҳи корие, ки ташкил шудааст, бо масъулони давлатӣ ва коршиносон чаҳор вохӯрӣ баргузор мекунад. Баъдан хулосаҳои ин нишастҳоро барои ҳалли мушкилот ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард. Инчунин дар ин нишаст пешниҳод шуд, ки санади махсусе тартиб дода ва дар он истилоҳот ворид шаванд. Ва дар он санад тамоми калимоту ибораҳои наву куҳнае сабт шаванд, ки истифода мегарданд. Зеро маълум аст, муродифҳои гуногуни як калима ё ибора мавҷуд аст ва ҳангоми тарҷума ҳар кадом тарҷумон онҳоро дар алоҳидагӣ ва бо завқу салиқаи худ тарҷума мекунад. Дар сурати ташкил шудани чунин санад кори тарҷумонҳо осон ва заминаҳои рушди забон фароҳам мешавад.

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ